Муаллиф: Қудратов Комрон
Дар мақолаи мазкур марҳилаҳои таърихӣ ва заминаҳои меъёриву ҳуқуқии ташаккули комплекси минтақавӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз охири солҳои 50-уми асри ХХ то замони мо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Таърихи пеш аз таъсиси созмонҳои умумиминтақавӣ тавсиф гардида, ба омилҳое, ки барои ташаккули комплекси минтақавӣ мусоидат намуда буданд, баҳо дода мешавад. Дар мақолаи мазкур моҳияти ташаккули консепсияи иттиҳоди АСЕАН ва қисмҳои алоҳидаи он тавсиф мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои аъзои АСЕАН барои барқарор намудани робитаҳои дохилиминтақавӣ ва ташаккули ҳувияти махсус дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ равона гардида, ба ташаккули комплекси минтақавӣ мусоидат намудаанд, ки омӯзиш ва таҳқиқи он дар масъалаи рушд додани равандҳои ҳамгироӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз ба он бештар ниёз доранд, мубрам ва таҳлили он саривақтӣ ба ҳисоб меравад.