Соли равон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизи мо 30 сола шуд. Ба ин муносибат тайи солҳои охир, бахусус, солҳои 2019-2021, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои «рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуда буд, садҳо объектҳои ҷашнӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ сохта шуда мавриди истифода қарор гирифтанд ва ҳанӯз ҳам ин иқдоми хайр идома дорад.
Ҷашни 30 солагии Истиқлол ба ҷашни умумидавлатӣ ва умумимиллӣ табдил ёфт ва онро тамоми мардуми сулҳпарвари ҷумҳурӣ бо шӯру нишоти хосса ҷашн гирифтанд. Кишварҳои минтақа низ ба ин ҷашни мо саҳим буда, онро бо мо якҷоя ҷашн гирифтанд ва бо мо шодишарик буданд.
Имкон дорад, саволе ба миён ояд, ки кишварҳои минтақа ба ҷашни давлатии мо чӣ рабте ё саҳме доштанд? Ба ин савол метавон чунин ҷавоб дод: Кишвари мо баъд аз ба даст овардани истиқлолият, мутаассифона бо дахолати душманон, вале бо дастҳои худи мо гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Таи панҷ соли ҷанг, тибқи маълумотҳои оморӣ бештар аз 150 ҳазор сокинони ҷумҳурӣ кушта шуда, миллионҳо нафар ғурбату муҳоҷиратро дар кишварҳои хориҷи дур ва наздик ихтиёр намуданд. Маҳз ҳамин кишварҳои минтақа буданд, ки фирориёни моро дар кишварҳои хеш ҷой додаву бо сарпаноҳ таъмин карданд. Иддае аз ҳамин ҳамсоякишварҳо буданд, ки аҳолии боқимонда дар ватанро бо маводи хӯрокаву пӯшок ва дигар маводи ниёзи рӯзгор таъмину дастгирӣ намуданд. Қисме аз ҳамин кишварҳо буданд, ки барои расидан ба сулҳу салоҳ миёни тарафҳои даргир миёнҷигарӣ намуда, барои гуфтушуниди тарафҳо майдон ва шароити мусоид фароҳам оварданд.(Ҳарчанд боз кишварҳое ҳам буданд, ки ба осиёби ҳар ду ҷониб об ва ба оташи ҷанги миёни тарафҳо равған низ мерехтанд).
Дар давоми ҷанги шаҳрвандӣ чандин санаҳои таърихиро метавон номбар намуд, ки барои ба сулҳу салоҳ расидани тарафҳои даргир дар ҳақиқат таърихӣ ва фаромӯш ношуданианд. Яке аз ҳамин рӯзҳо бо ҳамаи тарафҳо ва ҷанбаҳояш рӯзи 24 октябри соли 1992 мебошад.
Аз моҳи майи соли 1992 сар карда дар қисмати ҷанубии кишвар оҳиста–оҳиста ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ тамоми вилоятҳои собиқи Қурғонтеппа, Кулоб ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро фаро гирифт. Қувваҳои аҳриманӣ бо дастгириии ҳамаҷонибаи хоҷагони хориҷии хеш дар тамоми ин минтақаҳо пешрав буда, ба бедодгарӣ, қатлу куштор ва ғорати аҳолӣ машғул буданд. Сулҳу осоиш аз ин минтақаҳо бор баставу ин навоҳиро тарк гуфта буд.
Ба ном ҳукумати Муросои миллӣ, ки асосан аз мухолифини Сохти қонститутсионӣ таркиб ва ташкил ёфта буд, аз уҳдаи идораи давлат ва паст намудани шиддати вазъият набаромада, баръакс тавассути Садову Симои ҷумҳурӣ аз пешравиҳои ҷангиёни мухолифин хабарҳо пахш намуда, рӯҳан онҳоро дастгирӣ менамуд. ТМТ-телевизиони миллии Тоҷикистонро он рӯзгор мардум телевизиони Мирбобову Тураҷонзода шарҳ медоданд.
Роҳҳои таъминотӣ ва рафту омад ба вилояти собиқи Кӯлобро аз ҳама ҷониб баста, аҳолии вилоятро ба гуруснагӣ шинонида, маҷбур ба он карда буданд, ки ҳар гуна донаву хӯрокиҳои заҳрдорро маҷбуран истеъмол намоянд. Ҳисоби маргу мири бачагону мӯйсафедон ва занон аз имкон берун буд. Ҳадафашон ҳам нест кардани аҳолии вилоят ва пур кардани он бо аҳолии манотиқи ҷонибдорашон буд.
Дар ҳамин гуна як шароити сахту сангин, бо мақсади пешгирӣ аз ҷанги умумиҷумҳурӣ ва маҳв нашудани аҳолии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, роҳ надодан ба пора-пора шудани хоки кишвар ва ба сари қудрат наомадани ҳукумати террористиасос, аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ашхоси боирода, ватанхоҳу ватандӯст ва тарафдорони сарсахти Сохти Конститутсионӣ қад алам карда, бар зидди қувваҳои аҳримании пуштибонишаванда аз ҷониби созмонҳо ва ташкилоти террористии хориҷӣ, ба мубориза бархостанд.
Яке аз ҳамин гурӯҳҳои иборат ва муташаккил аз ҷавонмардони сарбаланди ш.Душанбе, водии Ҳисор, вилояти Кӯлоб, вилояти Қурғонтеппа, чанде аз ноҳияҳои вилояти собиқ Ленинобод, ба хусус, ноҳияи Айнӣ ва манотиқи дигар дар минтақаи зебоманзари Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ ҷамъ омада, нақша ва роҳҳои мубориза бо ин қувваҳои бадхоҳу бадниҳодро мавриди баҳс қарор доданд. Роҳбарии ин гурӯҳро марҳум С. Кенҷаев ва генерал-лейтенант, собиқ Котиби Шӯрои Амнияти Миллӣ Амирқул Азимов ба ӯҳда доштанд.
Гурӯҳ тобистони соли 1992 дар ин мавзеъ бо дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми маҳал, омодагиҳои лозимро дида, тирамоҳи ҳамон сол бо дарназардошти маҳкам шудани роҳи ағбаи Анзоб (он солҳо ханӯз туннел набуд ва роҳи ағба аз моҳи ноябр то охири моҳи май баста ва ғайри қобили рафтуомад мегардид), ба мавзеи Ширкенти ноҳияи Турсунзода тағйири макон намуд.
Барои чӣ маҳз ба ин мавзеъ? Ба ин хотир, ки ин ноҳия ноҳияи сарҳадӣ бо ӯзбекистон буд ва он солҳо ҳанӯз ӯзбакистон бо Тоҷикистон (албатта бо ҳукумати расмии кишвар), муносибати хуб дошт ва Ҷабҳаи халқӣ дар ин водӣ (водии Ҳисор) тарафдорони зиёд дошт ва роҳи таъминоти Ҷабҳа боз буд. Ғайр аз ин, ягона роҳи оҳане, ки Душанберо бо ҷумҳуриҳои дигар мепайваст, аз ҳамин мавзеъ мегузашт ва ин роҳ аз назари стротежӣ беназир буд. Ҷабҳаи халқӣ баробари омадан ба ин ноҳия расман бо номи «Фронти Халқии Тоҷикистон» сабти ном карда, соҳиби мӯҳр ва бланкаи худ гардид ва фаъолияти хешро расман ва бар асоси қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ба роҳ монд.
Акнун Ҷабҳа ҳамчун «Фронти халқии манотиқи ҷанубу ғарбии Тоҷикистон» бо зершӯъбаҳои худ дар тамоми навоҳии вилояти собиқ Қурғонтеппа ва баъзе аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ алоқа барқарор намуда, бо «Фронти халқии навоҳии собиқ вилояти Кӯлоб» дар тамоси доимӣ буда, бо маслиҳати ҳамдигар анҷоми вазифа менамуд. Раҳбарони ин Ҷабҳаҳо дар мавзеҳои гуногун дар вилояти Кӯлоб, водии Ҳисор ва ҳатто дар ноҳияҳои сарҳадии ӯзбекистон мулоқоту дидорҳо ба амал оварда, нақшахои фаъолияташонро ҳамоҳанг менамуданд. Акнун роҳи ҳавоӣ барои кӯмак ба мардуми вилояти Кӯлоб боз шуда буд ва тавассути ин роҳ аз вилояти Суғд ва ӯзбекистон маводи ниёзи мардум то андозаи имкон интиқол меёфт.
Ҷабҳа аз лаҳзаи аввали сабти ном гаштан ба таблиғи мақсаду мароми хеш шурӯъ намуд. Мақсаду мароми Ҷабҳа тавассути муроҷиатномаҳо ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ ба мардум расонида мешуд. Мардум ҳам, ки аз ҷабру ҷафои мухолифин ба дод омада буд, баъд аз ошноӣ бо мақсаду мароми ҷабҳа даста-даста, гурӯҳ-гурӯҳ ва ё ба таври инфиродӣ роҳи ситоди Ҷабҳаро пеш гирифта, худро номнавис мекарданд. Мардум ва ташкилоту созмонҳое, ки ин мақсаду маромро мепазируфтанд, ҳам худашон омада худро аз қайд мегузарониданд ва ҳам мувофиқи имкон ба Ҷабҳа кӯмак мекарданд.
Ҷабҳа бо роҳбарияти Ӯзбекистон, Қазоқистон, Россия ва дигар ҷумҳуриҳо тамосҳои корӣ барқарор намуда буд. Рӯз аз рӯз тарафдорони Ҷабҳа зиёд мешуд. Ҳамзамон бедодгарии ҷангиёни мухолифин меафзуд. Роҳбарияти ҷабҳаҳо дар чанд мулоқоташон масъалаи якҷоя ба Душанбе ворид шудан ва водор намудани ҳукумати Муросои миллӣ барои даъвати сессияи 16-умро баррасӣ намуда, ҳатто рӯзи ворид гаштанро ҳам дақиқан таъйин карда буданд. Аммо ҳар дафъа бо пеш омадани сабабе ё баҳонае ин амал ба таъхир андохта мешуд.
Рӯзи 23 октябр, тақрибан соати 12-и рӯз марҳум Рустами Абдураҳим, ки яке аз чеҳраҳои калидии Фронти халқии Кӯлоб ба ҳисоб мерафт, ба Ширкент-ситоди Ҷабҳаи қисмати ҷанубу ғарбии кишвар ташриф овард. ӯ изҳор дошт, ки Ҷабҳаи минтақаи Кӯлоб тасмим гирифт, ки пагоҳ саҳар соати 06.00 дохили Душанбешаҳр хоҳад шуд ва аз ҷабаҳоти дигар хоҳиш дорад, ки онҳо низ пагоҳ дар ҳамин соат худро ба Душанбе расонанд. Аз ҳамин лаҳза омодагиҳо барои вориди Душанбе шудан оғоз гардид. То бевақтии шаб омодагиҳо идома ёфтанд ва қарор шуд, ки субҳи зуд ба роҳ мебароем.
Бармегардем ба ҳукумати Муросои миллӣ ва иқдомҳову чораҳои дар баробари Ҷабҳаҳо андешидааш. Ҳукумати Муросои миллӣ аз ҳар иқдоми Ҷабаҳот дар ҷараён буд ва аз ин сабаб рӯзи 23-уми октябр дар қаламрави ш.Душанбе ва атрофи он шабона соати коментантӣ ва қоидаҳои шабгардиро эълон намуда буд. Ҳеҷ кас тибқи ин қоида ҳақи ҳаракати шабона аз як ҷо ба ҷойи дигарро надошт. Аммо субҳи рӯзи 24-ум вақте, ки қисме аз аъзои Ҷабҳа савори нақлиёти гуногун ба самти Душанбе ҳаракат намуд, аз ин қоида ному нишоне дар роҳ набуд ва маълум мегардад, ки ин қоидаро онҳое, ки бояд иҷро ва назорат мекарданд, амдан фаромӯш кардаанд. Ба таври дигар, фармони ҳукумати Муросои миллиро қасдан иҷро накардаанд.
Субҳи 24-ум Ҷабҳаи мардумии қисмати чанубу гарбии мамлакат бехабар аз он, ки ҷабаҳоти дигар аз ҷойи буду бошашон ҳанӯз ҳаракат накардаанд ва нияти ҳаракат карданро низ надоранд, ё онҳоро шахси маълуме иҷозаи ҳаракат намудан надодааст, вориди Душанбешаҳр гардиданд. Баъдҳо маълум гардид, ки танҳо Лангарӣ Лангариеви қаҳрамон аз итоати он шахс ё гурӯҳи мухолифи дохили ҷабҳа берун омада, ҳаракатро аз роҳи Данғара-Душанбе оғоз кардааст. Ҳамин амали ӯ сабаб бар он гардидааст, ки дар дуроҳаи Душанбе-Норак мавриди ҳамла қарор гирифта сахт маҷрӯҳ гардад ва аз саф барояд.
Роҳбарияти Ҷабҳаи вориди Душанбегашта, аз лаҳзаи аввал кӯшиши мулоқот бо роҳбарони ҳукумати Муросои миллӣ оид ба муайян намудани сана ва даъвати сессияи набатии 16-уми Шӯрои Олиро намуд. Бо мушкилоти зиёд ҳам бошад, (мо ин ҷо оид ба ноҷавонмардӣ ва хиёнати роҳбарони ҷабаҳоти дигар чизе ёдрас карданӣ нестем) Ҷабҳаи халқии водии Ҳисор тавонист, ки имзои роҳбарияти ҳукумати Муросои миллиро бигирад ва ба талафоти ҷониву равонии зиёд нигоҳ накарда аз уҳдаи иҷрои вазифаи дар пеш гузошташуда бо сарбаландӣ барояд. Натиҷа ҳамин шуд, ки Сессияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардид ва ҳукумати имрӯза сари кор омад. Аз ҳамон лаҳзаҳои аввал ҳукумати нав таҳти сарварии фарзанди баруманди миллати тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон барои сарҷамъии мардум, аз бунбастҳо берун овардани ҷумҳурӣ, шиносонидани Тоҷикистон ба тамоми ҷаҳон, барқарории сулҳу суббот ва таъмини амнияту таҳкими ваҳдати миллӣ тамоми чораҳои муассирро бияндешад.
Маҳз ҷоннисориҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки умеди аз даст рафтаи мардум аз нав зинда гардида, боварӣ ба фардо, яъне имрӯзи пурсаодат барқарор гардад. Мардуми Тоҷикистон дигар он рӯзҳои мудҳишро торафт фаромӯш карда истода (ҳарчанд, ки он рӯзҳо дар таърихи навини Тоҷикистон ба он шакле, ки лозим аст, таҷассум ёфтаанд), барои фардои нек ва зиндагии шоиста қадам бардошта истодааст.
Кори дигари бесобиқае, ки Фронти халқӣ дар ҷумҳурӣ баъд аз таъсиси ҳукумати нав таҳти Раёсати Эмомалӣ Раҳмон анҷом дод, ин таҳвили аъзояш ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо мақсади ташкил ва таъсиси ин Қувваҳо ва ташкили ниҳодҳои наве чун Вазорати дифоъ ва дигарҳо мебошад. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бешак гарави боэътимоди таъмини амният ва бехатарии ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон мебошанд.
Он гурӯҳҳое, ки бо даромадани ин Ҷабҳа ба Душанбе ва гирифтани имзои роҳбарияти ҳукумати Муросои миллӣ оид ба баргузории сессияи 16 Шӯрои Олии кишвар, баргузории Шӯрои Олӣ ва тағйироти куллӣ дар роҳбарият ва ҷомеаи Тоҷикистон аз манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии хеш маҳрум гардиданд, баъд аз марги С.Кенҷаев-муаллифи китоби бисёрҷилдаи «Табаддулоти Тоҷикистон» нисбати ӯ ва Фронти ҳалқӣ ба пахш намудани ҳар гуна бӯҳтон ва тӯҳматҳои беасос сар карданд. Аз ҷумла, онҳо роҳбарияти Ҷабҳаро пеш аз ҳама, ба он гунаҳкор карданӣ мешаванд, ки гӯё онҳо узбектаборонро барои ҳамла ба Душанбе овардаанд. Ман ҳамчун шоҳид ва аъзои Раёсат ба ин тӯҳмати ингунаҳо ҷавоби зерро лоиқ медонам. Аҳолии Тоҷикистон аз миллатҳои гуногун иборат аст ва ӯзбектаборон аз ҷиҳати шумора баъд аз мо тоҷикон дар ҷойи дувум қарор доранд. Тибқи Қонуни Асосии кишвар ҳамаи ин миллияту халқиятҳо дорои ҳуқуқҳои баробар ҳастанд ва Қонуни Асосии кишвар ҳимояти ҷониву молии ҳамаи онҳоро кафолат медиҳад. Пас будани онҳо дар сафҳои Ҷабҳаи мардумӣ ва муборизаи онҳо дар баробари мо тоҷикон ва намояндагони дигар халқияту миллиятҳо барои ҳимояи Сохти Конститутсионӣ мутобиқи Қонуни Асосии мамлакат мебошад. Мисли он, ки дар ҳоли ҳозир мо бо Толибон дар ҳамин масъала мухолифат дорем.
Аз ин лиҳоз, ман мутмаинам, ки рӯзе мерасад ва Рӯзи 24-уми октябр дар қатори дигар рӯзҳои ҷашнӣ дар тақвим бо ранги сурх навишта хоҳад шуд.
Н.Холназаров,
ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ