26 октябр рӯзи қабули Қонуни Конститутсионӣ инчунин Иди миллии  Австрия

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

26 октябри — рӯзи қабули Қонуни Конститутсионии федералӣ аз соли 1955 дар бораи бетарафии доимӣ инчунин Иди миллии Ҷумҳурии Австрия мебошад.
Австрияро ҳамчун «шаҳри мусиқии Моцарт», «шаҳри муҷассамаҳои таърихӣ” ва “шаҳри гулафшон” мешиносанд.
Ҷумҳурии Австрия дар Аврупои Марказӣ ҷойгир буда, узви Иттиҳоди Аврупо (аз соли 1995) аст.
Сохти давлатии Австрия ҷумҳурии федеративӣ, порлумонӣ мебошад. Сардори давлат — Президенти федералӣ, ки дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ ба мӯҳлати 6 сол интихоб мешавад (ҳуқуқи як бор аз нав интихоб шудан дорад). Мақоми олии қонунбарори ҳокимият — порлумони дупалатагӣ мебошад: Шӯрои миллӣ, ки дар ҳайати 183 намоянда ба муҳлати 4 сол ва Шӯрои федералӣ — Бундесрат, ки дар ҳайати 63 намоянда ба мӯҳлати 4 — 6 сол вобаста ба муҳлати ваколаташон аз ҷониби порлумонҳои музофотҳо ландтагҳо интихоб мешаванд.
Ҳокимияти иҷроияро Президент ва Ҳукумати федералӣ сарвараш — канслери федералӣ мебошад, вазифаро дар маҳалҳо ва ландтагҳо ба ҷо меоваранд. Ҳар кадом музофотҳои федералӣ конститутсия, ландтаг ва ҳукумати худро дорад. Ҳокимияти судӣ аз Суди олӣ, Суди административӣ (маъмурӣ) ва Суди конститутсионӣ иборат аст. Австрия узви СММ, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Комиссияи Дунай аст.
Австрия мамлакати индустриявию аграрии ба дараҷаи баланд тараққикардаи Аврупо мебошад. Иқтисодиёти он бо давлатҳои Аврупои Ғарбӣ алоқаи зич дорад. Иқтисодиёти Австрия яке аз пурқудраттарин дар Аврупо ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки Австрия дар иқтисодиёти рақобатпазири ҷаҳонӣ миёни кишварҳо дар зинаи 21 бар байни 141 мамлакат қарор дорад. Тибқи натиҷаи соли 2019 буҷаи Австрия зиёдшавии фоида аз хароҷот ба маблағи 1 млрд евро ташкил намуд
Дар Австрия ба рушди илм диққати махсус дода мешавад. Бо тадқиқоти илмҳои фундаменталӣ Академияи илмҳои Австрия (соли таъсисаш 1847), донишкадаҳо, коллеҷҳои махсусгардонидашуда, институтҳои тайёрии касбӣ машғуланд.
Донишҷӯёни хориҷӣ дар як семестр 363,36 евро маблағ месупоранд. Таҳсили донишҷӯёни раводиди дарозмуддат дошта ва муҳассилини Донишгоҳи Вена — шаҳрвандони Арманистон, Белоруссия, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистон ройгон аст.
Аз 25 марти 1992 Австрия бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ дорад. Барои пешбурди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии байни Тоҷикистон ва Австрия Комиссияи байниҳукуматӣ таъсис дода шудааст.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Қаландар Идибек мебошад.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Нур-Султон) Герҳард Сайллер мебошад.
Соли 2011 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд.
Соли 2013 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Австрия ҷаноби Ҳайнтс Фишер ба Тоҷикистон барпо гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия машваратҳои сиёсӣ ва фаъолияти Комиссияи муштараки иқтисодиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд.
Дар муносибатҳои муосир алоқаҳои байнипарламентии ҳарду кишвар инкишоф меёбанд.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат беш аз 13 созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.
23 сентябри соли 2019 Машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Сардори Департаменти Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, сиёсати ҳамҷавории шарқии Иттиҳоди Аврупо ва шарикии шарқии Аврупои марказии Вазорати федералии Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Австрия хонум Катарина Визер баргузор гардиданд.
Зимни машваратҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва амният баррасӣ гардида, ҷонибҳо рағбати худро ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона баён карданд ва инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ низ матраҳ гардиданд.
Аз соли 1972 то ин ҷониб шаҳри Клагенфурти Австрия  ва Душанбе бародаршаҳр мебошанд.
Ногуфта намонад, ки тирамоҳи соли 2007 як гурӯҳ олимони Австрия бо роҳбарии ноиб президенти Академияи илмҳои Австрия Ҳервиг Фризингер ва директори Институти Эроншиносии Австрия академик Берт Фрагнер меҳмони собиқ Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон  буданд. Созишномаҳо оид ба ҳамкории Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Австрия ба имзор расид.
Тибқи ин созишнома чанд нафар олимон аз Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Донишгоҳҳои Австрия сафар карданд.
Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар ояндаи наздик ҳамкориҳо дар самтҳои гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Австрия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш ёфта бевосита ҳамкориро бо Интитути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ба роҳ монда хоҳад шуд.
Адабиётҳо
  • Воцелка К.История Австрии. Культура, общество, политика. М. 2007.
Brook-Shepherd, Gordon (1998). The Austrians: a thousand-year odyssey. New York: Carroll & Graf Publishers, Inc. ISBN 978-0-7867-0520-7.
  • Rathkolb, Oliver. The Paradoxical Republic: Austria, 1945—2005 (Berghahn Books; 2010, 301 pages). Translation of 2005 study of paradoxical aspects of Austria’s political culture and society.
  • Jelavich, Barbara (1987). Modern Austria: empire and republic 1815—1986. Cambridge: Cambridge University Press. ISBN 978-0-521-31625-5.
  • Санавбарбону Воҳидова “Тамаддуни Эрониёну Тоҷикон дар таърихнигории мамолики Олмонизабони Аврупо” (XVll-авв.XXl) анбе 2007 сах 301-304.
 
Санавбарбону Воҳидова,
мудири Шуъбаи Аврупо ва Амрико
д.и.т. проф.

БОЗГАШТ