30 - соли ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

Муаллиф: Турсунов Ҳусен

Расм

Ҷумҳурии Туркия яке аз давлатҳое ба шумор меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзҳои аввали расидан ба Истиқлолият ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр эътироф намудааст. Дар ин зимн, ҳукумати Ҷумҳурии Туркия 16-уми моҳи ноябри соли 1991 соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф намуда, 29-уми январи соли 1992 байни Тоҷикистону Туркия “Протокол барои таъсис додани муносибатҳои дипломатӣ дар байни ду давлат” дар шаҳри Москав ба имзо расид.

Ҳамин тариқ, шурӯъ аз соли 1992 Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ба фаъолияти худ оғоз намуд. 1 марти ҳамин сол бошад дар шаҳри Душанбе ҷонибҳо “Мувофиқатномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи фарҳанг ва иттилоот”-ро ба имзо расониданд.

То соли 1995 ҳамкориҳо миёни тарафайн густариш наёфтанд, ки бархе аз омилҳои онро мухтасар ба таври зайл шарҳ медиҳем:

  1. Бо мақсади зудтар пайдо кардани роҳи ҳалли ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои “Созишномаи Сулҳ ва Ризоияти Миллӣ” дар саросари кишвар, бештар бо давлатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Федератсияи Россия ҳамкориро ба роҳ мондани Тоҷикистон. 2) Дар ҳамин замина ҷой доштани камбудиҳои зиёд дар самти ҳуҷҷатгузории давлатӣ, фаъолияти пурпечутоби бюрократӣ, ба талаботҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ набудани низоми бонкдорӣ ва гардиши асъорӣ хориҷӣ дар Тоҷикистон дар солҳои навтаъсисёбӣ, қисми дигари мушкилоте буд, ки садди роҳи рушди ҳамкориҳои ду давлат мегардиданд. 3) Аз ҷониби дигар, дар ин давра Ҷумҳурии Туркия нисбати ҳамкориҳо бо давлатҳои турктабори пасошӯравӣ (Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон) диққати аввалиндараҷа медод. Аз ин рӯ муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия ба марҳилаи дуюм гузошта шуд.

То имрӯз дар заминаи ҳамкориҳои сиёсӣ-дипломатӣ Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия 7 сафари расмӣ (1996, 1998, 1999, 2006, 2009, 2010 ва бори охир 2012) ва ҷавобан бар он Президентҳои Ҷумҳурии Туркия бошанд (4 маротиба) соли 1995 Сулеймон Демирал, соли 2001 Аҳмед Реҷдет Сезер, соли 2009 Абдулло Гул ва бори охир соли 2019 Раиси Ҷумҳури ҳозираи Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған чиҳати таҳкими дӯстии кишварҳо ва тавсеаи ҳамкориҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Дар натиҷаи ин мулоқотҳо ҷонибҳо созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва маблағгузорӣ дар соҳаҳои хоҷагидорӣ, саноати сабук ва вазнин, корҳонаҳои бофандагӣ ва пахтатозакунӣ, истеҳсол ва коркарди алюминий, ташкили корхонаҳои гуногуни туркӣ барои баланд бардоштани истеҳсолот дар Тоҷикистон, ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои зиёдтар кардани гардиши савдо ва дигар масъалаҳои сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодӣ ба имзо расониданд. Илова ба ин ҷонибҳо ҳамкориҳои дӯстӣ миёни парлумонҳои ду давлатро таъсис доданд, ки мақсади асосии ин, ҳамкорӣ намудани вакилони ҳарду кишвар дар масъалаҳои гуногуни давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки то ба имрӯз идома дорад.

Соли 1995 собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров аз Ҷумҳурии Туркия боздиди расмӣ ба амал овард, ки дар натиҷа қарордоди таъсиси сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба имзо расида, сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия соли 1996 фаъолияти намояндагии худро оғоз намуд. Соли 1996 Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Туркия боздиди расмӣ кард ва бо розигии Ҳукумати Тоҷикистон ҷасади Анвар Подшоҳ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоки Туркия интиқол шуд.

Пас аз амали террористии 11-уми сентябри 2001, 7-уми ноябри соли 2001 президенти Туркия Аҳмет Неҷдан Сезер зимни сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кайд намуд, ки бидуни ҳамкориҳои амниятӣ ва пурзӯр намудани роҳҳои мубориза бар зидди амалҳои террористӣ ва экстримистии муштарак бо ҳукумати Тоҷикистон дар Осиёи Миёна мубориза бо чунин ҷиноятҳои фаромилӣ имконнопазир аст. Дар ҳамин асос байни ин ду давлат аввалин бор ҳамкориҳои амниятӣ мавриди баҳс қарор гирифт. Аммо чанд муддат ин самти ҳамкориҳо бо сабабҳои гуногун миёни ҷонибҳо зери корбарӣ қарор нагирифт. Сипас санаи 21 июни соли 2021 Вазири Мудофиаи Миллии Ҷумҳурии Туркия бо сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд. Дар давоми ин сафар Вазири Мудофиаи Миллии Ҷумҳурии Туркия бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Генерал Полковник Шералӣ Мирзо мулоқот намуд. Дар мулоқотҳо ҷонибҳо масоили амниятии минтақа ва ҳарду кишварро баррасӣ намуданд. Дар ҷавоб бошад, Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерал Полковник Шералӣ Мирзо санаи 21 апрели соли ҷорӣ бо сафари корӣ ба Туркия ташриф намуд. Дар ин сафар ӯ бо ҳамтои худ Ҳулуси Акар мулоқот намуд. Дар мулоқот ояндаи ҳамкориҳои низомӣ ва роҳҳои тақвият бахшидани он дар амал баррасӣ гардид.

Соли 2003 Сарвазири Туркия Раҷаб Тайип Эрдоған аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд, ки дар натиҷа охирин нобовариҳои иқтисодӣ ва сиёсии ду давлатро аз байн бурд. Дар ҳамин замина бидуни раводид сайёҳати озоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон ба Ҷумҳурии Туркия ва инчунин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорон ва сармоягузорони турк, додани раводиди бисёрмаротиба истифодашаванда ҷорӣ карда шуд. Маҳз дар ин давра ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар созмонҳои байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуда аз ҳамфикр будани якдигар дар сиёсати хориҷии сатҳи ҷаҳонидошта пуштибонӣ намуда, бо дастгирии Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳо аз ҷумла, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ гардид.

Робитаҳои иқтисодию гуманитарӣ низ дар баробари ҳамкориҳои сиёсӣ, яке аз самтҳои муҳим ва фарогири ҳамкориҳои тарафайн ба ҳисоб мераванд. Зеро густариши ин самти ҳамкорӣ ба манфиати тарафайн мебошад, зеро Тоҷикистон дар баъзе самтҳо, хусусан дар саноати сабуку вазнин ва инноватсиякунонии соҳаҳои мухталифи кишвар ба ҷалби технологияи баландсифат ва нархи наонқадар гарондошта эҳтиёҷ дорад ва мушкилоти худро тавассути густариш додани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Туркия бартараф кардан мехоҳад.

Аз ҷониби дигар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин роҳ кӯшиш менамояд, ки пайвандҳои иқтисодию тиҷоратии худро бо кишварҳои аврупоӣ аз тариқи қаламрави Туркия ба роҳ монад. Густариши робитаҳои иқтисодию гуманитарӣ барои Туркия низ аз манфиат холӣ нест. Зеро ки Ҷумҳурии Туркия дар раванди ғасбшавии бозори калонҳаҷми Осиёи Марказӣ аз ҷониби давлатони абарқурдат бенасиб будан намехоҳад. Ва густариши ҳамкориҳои иқтисодию гуманитарӣ бо Тоҷикистон ба Туркия имкон фароҳам меоварад, то ин ки дар ин минтақа ҳам аз ҷиҳати иқтисодию сармоядорӣ ва ҳам аз ҷиҳати таблиғу тарғиби фарҳангу ойини туркӣ ба худ ҷойгоҳи махсусро касб намояд.

Ин буд, ки 8 - уми апрели соли 1993 “Созишнома барои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ” миёни ҳарду кишвар ба имзо расид. Дар айни замон тибқи моддаи IX – и ҳамин созишнома “Комиссияи муштараки иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркия” таъсис дода шуд, ки ин комиссия то имрӯз 12 нишасти худро барпо намудааст.

Натиҷаи ҳамаи ин кӯшишу талошҳои тарафайн буд, ки ҳаҷми тиҷорати тарафайн дар охири соли 2013 ба 655 млн. доллари амрикоӣ расид, ки дар таърихи ҳамкории тиҷоратии ду кишвар то имрӯз ҳамчун нишондоди рекордӣ боқӣ мондааст. Дар соли 2020 бошад новобаста аз таъсири манфии пандемияи COVİD -19 ба иқтисод ва гардиши молу маҳсулот дар байни кишварҳо, гардиши молу маҳсулот дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия нисбат ба соли пешин 17% зиёд шуда ба ҳаҷми 323 милион доллари амрикоӣ расид. Тоҷикистон аз Туркия маҳсулотҳои саноатӣ, масолеҳи сохтумонӣ, озуқаворӣ, таҷҳизотҳои гуногун ва пӯшокаро ворид намуда, ба Туркия алюминий, абрешим ва пахтаи коркардкардашуда, равғанҳои саноатӣ ва пӯсту чарм содир менамояд.

Дар давоми 20 соли охир ширкатҳои сохтумонӣ ва саноатии туркӣ зиёда аз 120 лоиҳаро дар ҳаҷми 600 млн долларии ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонидаанд. Дар айни ҳол бошад зиёда аз 80 ширкатҳои туркӣ дар соҳаҳои гуногун алахусус саноати вазнин ва сабук, нассоҷӣ ва ғайра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти озоди худро ба роҳ мондаанд.

Ҳаҷми сармоягузорӣ аз ҷониби Туркия дар солҳои 2007 – 2020 бошад 221,7 млн. доллари амрикоӣ ва ё худ 2%- и хизматрасонии молиявӣ, саноат ва савдоро ташкил медиҳад. Дар соли 2021 бошад сармоягузории Туркия – 25,2 млн. доллари амрикоӣ худ 7,4 фоизи сармояи хориҷиро ташкил медиҳад, ки асосан ба истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, истеҳсоли обҳои минералӣ ва дигар обҳои зарфшуда, истеҳсоли мошинҳо ва таҷҳизотҳои таъиноти умумӣ равона карда шудааст. Бояд тазаккур дод, Ҷумҳурии Туркия аз миёни сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон дар соли 2018 ҷойи 2- юм ва дар соли 2019 бошад ҷойи 4 -умро касб намуда буд.

Ҳукумати Туркия тавассути Агентии Туркӣ оид ба Ҳамкорӣ ва Ҳамоҳангсозӣ (TİKA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 ба фаъолият шурӯъ намуда то имрӯз як қатор лоиҳаҳоро дар самти пешбурди соҳаи маориф, тандурустӣ ва рушди хоҷагии халқ, обёрӣ, таъминоти базаҳои техникӣ барои ВАО ба таври кӯмаки бебозгашт амалӣ карда истодааст, ки тибқи маълумоти омории соли 2021 ин Агентӣ то имрӯз зиёда аз 400 лоиҳаҳои худру бузургро ба маблағи зиёда аз 30 миллион доллари амрикоӣ барои пешбурди соҳаҳои гуногун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонид.

2 – юми сентябри соли 1992 миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати хусусии таълимии “Шалола” – и Туркия Созишнома дар бораи таъсис додани Литсейи муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва дар ин замина аз соли 1992 то соли 1998 шаҳри Душанбе 4 мактаби туркӣ ё литсейҳо (дар ш. Турсунзода 1), (дар ш. Қурғонтеппа 1), ( дар ш. Хуҷанд 1), (дар ш. Кӯлоб 1) кушода шуд, ки он то соли 2014 фаъолият намуд.

Барои боз ҳам наздик кардани ҳалқиятҳои ду давлат бошад Маркази омӯзиши забони туркӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд, ки ба хоҳишмандон имконияти ройгон ва пурра аз худ намудани забонро фароҳам овардааст. Илова бар ин Ҳукумати Туркия барои таҳсил дар донишгоҳҳои Туркия ба зиннаи бакалаврия, магистратура ва доктор-Phd бурсияҳои байниҳукуматӣ ҷудо намудааст, ки бо ин роҳ ҳар сол тақрибан 40-50 нафар донишҷӯёни тоҷик дар макотибҳои олии касбии Туркия ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бинобар маълуматҳои оморӣ дар соли хониши 2018-2019 дар Ҷумҳурии Туркия 649 донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шадаанд.

Дар баробари ин пешравиҳо дар самти ҳамкориҳои тарафайн омилҳое мавҷуд мебошанд, ки суръати густариши ҳамкориҳоро коҳиш медиҳанд. Яке аз инҳо мавқеи ҷойгиршавии Тоҷикистон аст. Зеро масофаи хеле дур барои Туркия хароҷотҳои иловагиро ба миён меорад. Инчунин кам будани ҳамкориҳои тарафайн дар ташкили намоишҳо, фаъолиятҳои характери тарғиботидошта ва навиштаҳои илмие, ки дар натиҷаи татқиқотҳо аз тарафи коршиносон омода шудаанд (дар онҳо имкониятҳо ва афзалиятҳо барои рушди ҳамкориҳо фароҳам оварда ба таври возеҳ шарҳ дода шудааст) метавон дар қатори дигар омилҳое, ки монеи густариши ҳамкориҳо мегарданд, ҷой дод. Аз ин рӯ моро мебояд, ки баҳри зиёд намудани маълумотҳо аз тарафи мутахассисону коршиносони соҳаҳои иқтисодиёт, таърих, фарҳангшиносӣ ва технологияю саноат дар барои вазъи кунунии ин соҳаҳо дар ҷумҳуриамон бо забони хориҷӣ фаъолиятро пурзӯртар намоем.

 

Турсунов Ҳусейн,

ходими хурди илмии ШШМН

 

БОЗГАШТ