Дар ҷаҳони мураккаби имрӯза, ки дар он амният, иқтисод ва сиёсати хориҷӣ дар ҳоли таҳаввулоти босуръат қарор дорад, кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ саъй доранд. Ҳамоишҳои қолабии “С5+1” лаҳзаҳои таърихе башумор мераванд, ки ҳар як ҳамоиш барои худ бо авлавияти масъалаҳо ва мавзӯъҳои рӯзнома фарқ мекунанд. Бо таваҷҷуҳ ба тағйироти геополитикӣ ва коҳиши нуфузи Русия дар баъзе манотиқи олам, ин ҳамоиш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои Кремл аҳамияти стратегӣ ва сиёсӣ пайдо кардааст. Яке аз чунин иқдомҳои муҳими сиёсӣ ҳамоиши “Русия ва Осиёи Марказӣ” аст, ки ба як платформаи калидии муколамаи сиёсӣ ва иқтисодии Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон табдил ёфтааст.
«Markaziy Osiyo – Rossiya» sammiti ishtirokchilari qo‘shma harakatlar rejasi va kommunikeni imzoladilar /// Манбаи электронӣ: https://uzlat.fergana.media/news/141354/. Санаи дархост: 10.10.2025