Муаллиф: Беков Комилҷон
Ҳикмати Синову ҷоми Ҳофизу Хайём ҳам,
Баҳри таскини дили мо ҷуз тасалло беш нест!
Ошноии чандинсола бо адабиёти илмӣ ва адабии муосири араб, ки баъди мусофират ва кор дар Республикаи Мисри Араб, Республикаи Ямани Араб ва Республикаи Халқӣ Демократии Яман ба муаллифи ин сатрҳо даст дода буд, сабабгори ин чанд мулоҳизаи мухтасар роҷеъ ба шуҳрати Абӯалии Сино дар ҷаҳони имрӯзаи араб гардид.
Мардуми имрӯзаи араб Абӯалии Синоро асосан ба сифати файласуф мешиносанд. Чунончӣ, Қадрӣ Ҳофиз Тӯқон дар «Мероси илмии араб дар соҳаи риёзиёт ва фалак» (Димишқ, 1954) ном асараш навиштааст: «Ибни Сино, ба гуфтаи муаррихи илм Ҷ.Сартон, бузургтарин ва машҳуртарин олими ҷаҳон аст. Баъзе аврупоиён ба Сино лақабҳои «Арастуи ислом» ва «Буқроти ислом»-ро додаанд. Сино аз ҷумлаи шахсиятҳое буд, ки бо асри худ аз наздик шинос шуд ва натиҷаи ин шиносоист, ки рӯҳи замон дар эҷодиёти ӯ нақши худро гузошт. Ақл барои Сино як мабдаи (сарчашмаи) муқаддас ба шумор мерафт, зеро ба ақидаи ӯ ақл баландтарин қувваи нафсии инсоният буда, оромиш ва сукунро намепазирад. Сино аз ақидаҳои Афлотун ва Арасту он чиро, ки ба мизоҷи шахсии хеш муносиб ва маъқул ёфт, қабул намуд ва он чиро, ки хилофи ақидаи шахсии худ дид, рад кад. Сино гуфтааст: «Файласуфҳо ҳам ба мисли одамони дигар саҳву хатоҳо доранд. Намешавад онҳоро аз хато ва иштибоҳ бенасиб гумон кард». Ин аз қабили он эътирофҳои нодир ва камёфтест, ки пешгузаштагони Сино ва олимони баъди ӯ ҷуръати баёнашро надоштанд. Сино бо ҷуръати мардона ин ҳақиқатро эътироф кард. Ҳамин ҷуръати Сино далели истиқлоли шахсӣ ва маънавии ӯст, ки мехоҳад рӯҳи инсонро аз вобастагиҳо ва тобеият озод намояд... »
Ибни Сино танзимкунанда ва ба тартибоварандаи фалсафа ва илм дар ислом аст. Ӯ ба навиштаҳои Арасту иловаҳо намуд. Системаи фалсафии Арастуро пурратар, доираашро васеътар ва силсилабандии онро устувортар кард. Мусаннифи аврупоӣ Де Бур таъсири Синоро дар асрҳои миёнаи масеҳӣ баробари таъсири Арасту медонад. Ба эътирофи Ҷ.Сартон, «фикри Сино идеали олии фалсафа дар асрҳои миёна ба шумор меравад...» Акнун мулоҳиза фармоед, ки Сино бо чӣ рӯҳе озодипараст ва истиқлолталаб ба мероси гузаштагон муносибат кардааст. Ӯ навиштааст: «Бас аст навиштани шарҳу эзоҳот ба осори донишмандони гузашта, акнун вақти он расидааст, ки мо фалсафаи шахсии худро ба вуҷуд оварем» (саҳ 290).
Муаллифи китоби «Чанд файласуфе аз Шарқ ва Ғарб» (Бейрут, 1968) Мустафо Ғолиб доир ба Ибни Сино навиштааст: «Ҳар як муаррихе, ки барои навиштани тарҷумаи ҳоли Ибни Сино қалам ба даст мегирад, қатъи назар аз қувваи таъбир ва матонати услуб, хоҳу нохоҳ дар назди ии нобиғаи ҷаҳонишумул сари таъзим хам мекунад.
Дар асре, ки баҳсҳои назарӣ, мазҳабҳои фалсафӣ ва мактабҳои ҳикмат ва тасаввуф ҳама ҷо доман густурда буданд, нури ҷовидонии ин нобиғаи бемислу монанд саросари оламро фаро гирифт. Ин нури сармадӣ (ҷовидонӣ) роҳи олимон ва файласуфони Шарқу Ғарбро равшан намуд. Таърихи башарият бо ҳамаи илмҳо, фалсафаҳо ва бузургиҳои ояндаи худ ҳам номи ҷовидонии Ибни Синоро дар саҳифаҳои дурахшони худ таҷассум хоҳад кард» (саҳ 59).
Муҳаққиқи дигари муосир Тайиб Тайзинӣ дар китоби «Фалсафаи асримиёнагии араб аз дидгоҳи нав» (Димишқ, 1971) доир 6а Ибни Сино чунин навиштааст: «Ибни Сино яке аз шахсиятҳои намоёни таърихи афкори асримиёнагии араб ба шумор меояд, ки дар шахсияти худ олими барҷаста ва сиёсатмадори моҳирро таҷаллӣ додааст. Аз тарҷумаи ҳолаш пайдост, ки нерӯи халлоқаи ӯ ҳама гуна мушкилиҳои илмиро бартараф мекард. Ба назари мо чунин менамояд, ки Ибни Сино ба мисли Фаусти олмонӣ бо шӯру шавқи азиме майли oн дошт, ки ҳама чизро дар олам фаро гирад» (сaҳ. 309).
Муҳаққиқи дигар Ҳусайн Мурувва дар асари «Тамоюлоти материалистӣ дар фалсафаи исломии араб» (Бейрут, 1979) роҷеь ба шахсияти маънавии Абӯалии Сино гуфтааст: «Файласуф ҳам ба мисли санъаткор истиқлоли шахсӣ дорад. Албатта, ин истиқлоли шахсӣ маъное надорад, ки онҳо аз ҳудуди муҳити иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии замони худ тамоман берун рафта бошанд. Ҳаргиз ин тавр нест. Бо вуҷуди ин чунин ба назар мерасад, ки гӯё Ибни Сино то андозае аз ин қоида истисно бошад» (саҳ. 555).
Дар олами фалсафа, махсусан таълимоти фалсафии Абӯалии Сино аз бисёр ҷиҳат тадқиқ шудааст. Дар ин бора асарҳои Аҳмад Фуод Ал-Аҳвонӣ, Аббос Маҳмуд Ал-Аққод, Муҳаммад Козим Турайҳӣ, Фуод Саид, Ҷамил Салибо, Ҳусейн Алӣ Аъзамӣ, Муҳаммад Мустафо Ҳилмӣ, Шаҳота Қанавотӣ, Муҳаммад Юсуф Мӯсо, Муҳаммад Усмон Наҷотӣ, Ҳамуда Ғароба ва Тайсир Шайх-ул-Арз далолат мекунанд.
Барои намуна ва мисол аз муаллифи китоби «Муқаддима доир ба фалсафаи Ибни Сино» Тайсир иқтибос меорем. Ин китоб иборат аз 520 саҳифа буда, соли 1967 дар Бейрут ба табъ расидааст.
Тайсир гуфтааст: «Ман аввалин касе ҳастам, ки дар ҷаҳони араб доир ба фалсафаи Ибни Сино таҳқиқоти нав бурдаам. Агар пурсанд, ки он таҳқиқоти нав чӣ гуна аст, вай ҷавоб медиҳад: Таҳқиқотест, ки дар он масъалаҳои ҳалталаби зиндагии Ибни Сино дар ҳамбастагӣ бо таҳлили шахсияти вай ҳамчун фарди муайяни таърихӣ мавриди баҳсу андеша қарор доранд. Аз ҷумла масъалаҳои зерини тарҷумаи ҳоли Сино мавриди муҳокима қарор гирифтаанд:
Оё рост аст, ки Ибни Сино китобхонаи султон Нӯҳ ибни Мансурро оташ зада буд ё ки ин нисбат дар ҳаққи вай туҳмат на буҳтон аст? Вақте ки назди амир Қобус рафт, чӣ мақсад ва ё хоҳише дар дил дошт? Бо кадом сабаб сарбозони Шамсуддавла ба муқобили вай шӯридаанд? Чаро Ибни Сино ба фитнагариҳои сиёсӣ машғул мешуд? Яъне чаро бо ёрии Алоуддавла ба муқобили амирони Ғазна бархост? Оё дар ҳақиқат Ибни Сино зиндиқ буд ва ё ин ки қасдан хост, ки Алоуддавларо ба туҳмати зиндиқӣ гирифтор кунад? Оё дуруст аст, ки Ибни Сино дар синни камтар аз бист дар ҳамаи илмҳои замони худ дастболо шуда буд?» (саҳ. 8).
Тайсир ба ин саволҳо аз шахсияти маънавии Ибни Сино ҷавобҳо ҷуста, фактҳои мувофиқро асоснок мекунад ва ривоятҳои мухолифро рад менамояд.
Ӯ доир ба шахсияти Сино суханашро давом дода навиштааст: «Лақаби «Ар-раис» лақаби сиёсии Ибни Сино мебошад, зеро ӯ муддатҳо машғули корҳои сиёсӣ буд ва вазирӣ ҳам чанд боре насибаш шуда буд. Лақаби «Шайх» ба он далолат мекунад, ки ихтисоси аслии ӯ илм ва фалсафа будааст» (саҳ. 73).
Саволи ман ин аст, ки оё аз ростӣ Ибни Сино китоби «Моваруттабиа»-и Арастуро ҷиҳил мартаба хондааст, вале мақсади онро нафаҳмидааст? Ман дар ростии ин гуфтаи Сино ба таври ҷиддӣ шубҳа дорам. Аз тарафи дигар оё рост аст, ки Сино мегӯяд: «Он чи ҳозир медонам, он аст, ки он вақт медонистам ва чизи наве ба дониши ман илова нашудааст» («Уюн-ул-анбо», ҷилди 2, саҳ. 3). Оё чунин шуданаш мумкин аст? Ман ба ин эътирофи Сино то андозае шубҳа мекунам...» (81).
«Ибни Сино эҳтимол аз касалии саръ ва қуланҷ (апендицит) худро табобат карда метавонист, вале ғуломони турк ба ӯ хиёнат карданд. Дар доруҳои ӯ пинҳонӣ миқдори зиёде афъюн омехтаанд. Ва ин сабаби марги ӯ гардид. Таҳқиқоти муосири тиббию психологӣ ба он далолат мекунанд, ки ҳолатҳои асабият сабаби он шудаанд, ки Ибни Сино ба касалии қуланҷ гирифтор гардад ва аз он ба ҳалокат расад...» (саҳ. 102-103). Хуллас, ҳар як муҳаққиқ мувофиқи завқ ва муставои маънавии хеш хостааст, ки назари худро доир ба шахсияти Ибни Сино баён кунад...
Мақсад аз ин чанд мулоҳиза фароҳам овардани намунаҳои зарурӣ барои хотирнишон кардани мақоми Ибни Сино дар ҷаҳони имрӯзаи араб буд. Тамоми илми муосири араб бо номи Сино пайвастагие дорад. Мақоми Синоро дар олами муосири араб муайян кардан, маънои онро дорад, ки мақоми илму ҳикмати араб дар тамаддуни инсонӣ мавриди баҳсу андеша қарор дода мешавад.
Муҳаққиқони муосири араб нисбат ба фарзанди бузурги халқи мо Абӯалии Сино қадрдонӣ зоҳир намуда, дар тарғиби осори ин алломаи Машриқзамин саҳм мегузоранд. Насли навраси араб Ибни Синоро дар китобҳои дарсии худ ба сифати яке аз шахсиятҳои барҷастаи илму ҳикмати исломӣ ва инсонӣ меомӯзанд. Дар мамлакатҳои имрӯзаи араб бисёр ҷойҳо ба номи Ибни Сино гузошта шудааст. Рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва ҳама гуна нашрияҳои даврӣ доир ба Ибни Сино маълумотҳо чоп мекунанд. Ибни Сино барои онҳо мавзуи доимист. Ҳатто бе ҳеҷ муносибат ҳам бисёре аз маҷаллаҳои олами имрӯзаи араб суратҳои хаёлии Ибни Синоро дар саҳифаҳои аввали худ чоп намуда, бо ин роҳ эътибор ва маъруфияти маҷаллаи худро нигоҳ доштанӣ мешаванд.
Шуҳрат ва маъруфияти Ибни Сино дар ҷаҳони имрӯзаи араб тасодуфӣ нест. Халқи араб табиатан мардуми фалсафимашраб аст, зеро асосҳои этникию таърихии фикри онҳоро озодии мутлақи бодия, саҳрои бепоён, осмони соф ва офтоби тобони нимҷазираи Арабистон ташкил додааст. Фалсафа ҳам илми озодипараст аст: озодӣ аз марг, аз хурофот, аз зулм, аз ғуломии моддӣ ва маънавӣ. Барои ҳамин ҳам мардуми имрӯзаи араб Ибни Синои файласуфро дӯст медоранд, ва эҳтиром мекунанд. Ибни Сино дар давраи ҳаёти худ ҳарчанд ба ягон давлати араб сафар накарда буд, боз ҳам илму адаб ва забони онҳоро дӯст дошту аз худ кард ва ба ин забон аксари асарҳои худро таълиф намуд. Мардуми араб зарбулмасале доранд: «Ҳар кас ки забони қавмеро аз худ кард, ба он қавм мансуб мешавад». Барои ҳамин ҳам мардуми имрӯзаи араб Синоро шахси худӣ меҳисобанд.
Бузургдошти Ибни Сино дар ҷаҳони муосири араб ҷанбаҳои фалсафии худро низ дорад, зеро тамоили умумии фикри муосири араб давомдиҳандагони кори худро пайдо кардааст. Барои исботи фикр маълум бошад, ки илмҳои пешазисломии араб иборат аз илми дин, илми насаб ва илми таъриханд. Муҳаққиқи муосир метавонад барои муқоиса хотирнишон кунад, ки дар ҷаҳони имрӯзаи араб доир ба таърих ҳамчун илм ва доир ба фалсафа чи миқдор китобҳое навишта шудаанд. Он гоҳ маълум хоҳад шуд, ки таҳқиқоти таърихӣ дар нисбати таҳқиқоти фалсафӣ хеле ночиз аст.
Фалсафаи муосири араб дар симои Аббос Маҳмуд Ал-Аққод, Таҳо Ҳусейн, Тавфиқ Ал Ҳаким, Абдураҳмон Бадавӣ, Закариё Иброҳим, Аҳмад Амин, Алӣ Сомӣ Ан-Нашшор, Муҳаммад Алӣ Абу Риён, Умар Фаррух, Ҳусейн Мурувва, Иброҳим Мадкур ва дигарон давомдиҳандагони кори Ибни Синоро дорад.
Мардуми араб низ барои озодӣ мубориза мебаранд. Фалсафа ва шахсияти Сино фалсафаи озодӣ ва истиқлолият аст. Ҷидду ҷаҳд дар бузургдошти фалсафа ва шахсияти Ибни Сино ҷидду ҷаҳдест дар роҳи озодии моддӣ ва маънавии мардуми имрӯзаи араб.
Комил Бекзода
сарходими илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик