Абдулборӣ Атвон, таҳлилгари саршиноси ҷаҳони араб ва сардабири рӯзномаи "Раъй ал-йавм" аз кишварҳои арабӣ хост ба ҷойи режеми саҳюнистӣ бо Эрон муттаҳид шаванд ва аз ин кишвар ёд гирифта ва саноеъи низомӣ роҳандозӣ кунанд ва ба худкифоӣ бирасанд ва мушакҳо бисозанд ва артиш эҷод кунанд.
Ба гузориши Шафақно ба нақл аз Ирно, Атвон дар видеои ҳафтагии худ, ки ба таҳлили масоили муҳимми ҷаҳон ихтисос дорад, сездаҳумин давраи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар Эронро мавриди баҳс ва баррасӣ қарор дод ва гуфт, ки ин интихобот муодилоти зиёдеро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ тағйир хоҳад дод.
Вай бо ишора ба инки Эрон тавонист таҳримҳоро пушти сар бигузорад, таъкид кард: "Таҳримҳои Америка натавонист бар азм ва иродаи Теҳрон таъсир бигузорад".
Атвон ба музокирот в-ин ишора карда ва изҳор дошт: "Эрон ҳамчунон бар мавозеъи усули худ дар ин музокирот таъкид дорад ва дар муқобил, амрикоиҳо хостори бозгашти Теҳрон ба тааҳҳудоти ҳастаии худ бар асоси Барҷом ҳастанд ва барои расидан ба ин мавзӯъ бетобӣ мекунанд.
Сардабири " Раъй ал-йавм" аз таҳдидҳои ҳамешагии Бенямин Нетаняҳу нахуствазири собиқи режеми саҳюнистӣ алайҳи Эрон ҳам сухан гуфт ва изҳор дошт: Нетаняҳу ҳам, ки доиман аз Барҷом ва Эрон мегуфт, имрӯз куҷост? На ҳамлае кард ва на метавонад ҳамла кунад, чун медонад ҳатто ҳарифи Ғазза ҳам нест он ҳам Ғаззае, ки 240 километри мураббаъ масоҳат дорад. Аҳолии Ғазза, Исроил ва Гунбади оҳанинро шикаст доданд, баъд Нетаняҳу мехоҳад Эронро шикаст диҳад.
Атвон бо ишора ба изҳорот мақоми муаззами раҳбари дар иртибот бо интихобот гуфт: Миллионҳо эронӣ дар интихобот ширкат карданд. Эрон ҳукумат дорад. Ба ин мегӯянд як ҳукумати воқеӣ.
Абдулборӣ Атвон бо баёни инки ҳар кас дар ҷаҳони араб аз Эрон ҳимоят кунад, муттаҳам мешавад, идома дод: Нагӯед Атвун аз Эрон ҳимоят мекунад.. На … Ман таҷзия ва таҳлил мекунам! Онҳое, ки моро муттаҳам мекунанд имрӯз куҷоианд? Аз Эрон ёд бигиред. Шумо намедонед сандуқи раъй чист ва фақат сандуқи сабзиҷотро мешиносед пас аз Эрон ёд бигиред.
Вай дар поён аз кишварҳои арабӣ хост ба ҷой режими саҳюнистӣ бо Эрон муттаҳид шаванд ва аз ин кишвар ёд гирифта ва саноеъи низомӣ роҳандозӣ кунанд ва ба худкифоӣ бирасанд ва мушак ва паҳпод бисозанд ва артиш эҷод кунанд.
Баргардон аз хатти форсӣ: Зиёев С.Н., таҳлилгар