Муаллиф: Дороншоева Некбахт
Устод Оймаҳмадов Маҳмадамин 4 декабри соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби ҳаштсола, соли 1964 ба техникуми кооперативии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм намуда, соли 1968 ба шуъбаи савдои факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шудааст. Соли 1972 баъд аз хатми Донишгоҳ, бо роҳхати Вазорати савдо ба шаҳри Норак сафарбар карда мешавад. Дар тӯли 9 соли фаъолияти корӣ дар шаҳри Норак дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намудааст. Соли 1979 ба вазифаи раиси Ҷамъияти матлуботи шаҳри Ваҳдат интихоб шуда, 4 сол дар ин вазифа фаъолият менамояд. 4 майи соли 1982 ба вазифаи директори анбори яклухти ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе таъйин мешавад ва то соли 1986 дар ин вазифа фаъолият намуда, 18 июни ҳамин сол ба ҳайси корманди илмии Донишкадаи иқтисодии Академияи улуми Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон ба кор шуруъ намуда, соли 1987 рисолаи илмии худро бо мувафаққият ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст. Худи ҳамин сол моҳи март ба вазифаи сардори Сарраёсати савдои молҳои саноатии Тоҷикматлубот таъйин мешавад. Баъди 4 моҳ ба вазифаи инструктори шуъбаи савдои Комитети Марказии партияи комунистии Тоҷикистон, таъйин мегардад. 6 октябри соли 1988 ба узвияти Шӯрои Ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон пешбарӣ гардида, 18 октябри соли 1988 дар рафти ташкили корҳои муттаҳидсозии вилояти Кулоб ва вилояти Қурғонтеппа, вакилони маҷлиси якҷояи ду вилоят, ӯро ба вазифаи ҷонишини аввали раиси Ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон интихоб менамоянд. 18 декабри соли 1989 ӯро аз нав сардори Сарраёсати савдои Тоҷикматлубот таъйин менамоянд. 28 марти соли 1991 бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон ба вазифаи ҷонишини Вазири робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, 3 майи соли 1992 ба вазифаи мовини Вазири робитаҳои хориҷӣ, 19 январи соли 1993 ба вазифаи ҷонишини аввали раиси Кумитаи давлатии робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 марти соли 1993 ба вазифаи ҷонишини аввали вазири робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст. 23 январи соли 1995 ӯро ба вазифаи мудири шуъбаи робитаҳои хориҷӣ ва назорати асъори хориҷии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуданд.
Бо мақсади вусъат додани робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ӯро 5 ноябри соли 1998 ба вазифаи ҷонишини раиси намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва 3 августи соли 2004 ба вазифаи ҷонишини раиси намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъйин намуданд.
Оймаҳмадов М. бо истифода аз ин вазифаҳо ба Тоҷикистон сармоягузорони зиёдеро ҷалб намуда, дар бунёди корхонаҳои муштарак ва иштирок дар сохтмонҳои азими ҷумҳуриявӣ, ба онҳо мадад ва роҳнамоӣ намудааст. Аз 12 апрели соли 2011 ба вазифаи раиси Ҷамъияти саҳҳомии Пушидаи Қарзии "Арзиш" ва аз 16 августи соли 2011 дар вазифаи ҷонишини раиси Шӯрои нозирони Бонки сармоягузории “Конт" фаъолият намудааст.
Ӯ аз 16 августи соли 2011 то 12 феврали соли 2013 дар вазифаи директори ҶДММ "Конт импекс таъминот" ва аз 12 феврали соли 2013 то 1 июли соли 2015 дар вазифаи ҷонишини аввали директори генералии ҶСП "Холдинг конт групп Тоҷикистон" фаъолият намудааст. Аз соли 2018 ӯ ба ҳайси мудири шуъбаи Иттиҳоди давлатҳои мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуда, аз соли 2019 инҷониб дар шуъбаи Осиёи Марказии Институт ба ҳайси ходими пешбари илмӣ фаъолияти илмӣ намудааст. Инчунин ӯ роҳбари илмии лоиҳаи “Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: самтҳои асосии ҳамкорӣ, мушкилот ва дурнамо” (2019-2023)-и шуъбаи Осиёи Марказии Институти мазкур буд.
Оймаҳмадов М. номзади илмҳои иқтисодӣ буда, олими шинохта, иқтисоддони варзида ва яке аз ходимони давлатии тоҷик, дипломати муваффақ мебошад. Ӯ умри пурбаракати худро дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ сарф намуда, дар таҳия ва омода сохтани тамоми қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакат, сармоягузории хориҷӣ, ҳимояи шаҳрвандони хориҷӣ, соҳибкорӣ ва омода сохтан ва ба имзо расонидани созишномаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии байни давлатҳои муштаракулманофеъ ва зиёда аз 40 давлатҳои хориҷии дур, омода намудани созишномаҳои ҳамкорӣ бо Бонкӣ Ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмиллалии Асъор, Бонки Уврупоии Рушд ва Таҷдид, Хазинаи Кувайт иштирок намуда аз худ чандин осори гаронбаҳои илмӣ дар самти иқтисодиёт ва гумрук боқӣ гузоштааст.
Доираи фаъолияти илмии Оймаҳмадов Маҳмадамин васеъ буда ғайр аз масоили мубрами иқтисодӣ оид ба гумрук низ соли 1997 китоби дарсии худро ба номи "Асосҳои фаъолияти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо забони русӣ ва тоҷикӣ таҳия ва ба чоп расонидааст. Соли 1997 бо супориши намояндагии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади дастраси сармоягузорони хориҷӣ гардонидани қонунҳои қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хоҷагии қишлоқ, китоби худро бо номи “Қонун ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ” бо ду забон (тоҷикӣ ва англисӣ) ба табъ расонидааст. Инчунин, асарҳои ӯ дар самти иқтисодиёт ба мисли "Асосҳои фаъолияти соҳибкорӣ", "Асосҳои фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва китоби рӯимизии кормандони банк ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи "Фарҳанги истилоҳоти бонкдорӣ"-ро бо се забон (тоҷикӣ. русӣ ва англисӣ) ва китоби "Иқтисодиёти Ҷаҳон"-ро таълиф намудааст. Инчунин ӯ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳамчун афсари эҳтиётӣ дар қисми низоми артиши тирандозии механикакунонидашуда номнавис шуда, дорои рутбаи лейтенанти калон мебошад.
Оймаҳмадов М. аз мутахассисони шинохтаи самти иқтисоди кишвар буда, дар рушди муносибатҳои байналхалқӣ низ саҳми худро гузошта дар ин замина асари арзишманде таҳти унвони “Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”-ро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таълиф намуда дар созмондиҳӣ ва пешрафти муносибатҳои дипломатӣ низ саҳми назаррас гузоштааст.
Ин олими пуркор барои дастовардҳои илмӣ дар самти иқтисоди кишвар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳое, ки кору фаъолият намудааст ҳамчун корманди содиқ, меҳнатдӯст ва ватандӯст бо як қатор сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардида, инчунин барои саҳми арзанда гузоштанаш дар соҳаи илм бо ифтихрномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нисбати даргузашти узви вобастаи АМИТ сахт андуҳгин буда, ба наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.
Дороншоева Н.Ш.
номзади илмҳои сиёсӣ,
мудири шуъбаи Осиёи Марказии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ