Муаллиф: ИОМДОА
Пас аз се даҳсола мо тағйироти муҳими иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣро, ки бар мабнои иқтисоди бозаргонӣ мутобиқ аст, мушоҳида менамоем. Дини ислом ба ҳама мавзӯҳои асосии бозори ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, василаи талабот барои исиқлолияти фард дар замони ҷаҳонишавӣ қарор гирифтааст.
Барои соҳибкорони нави исломӣ, сабаби пешравии иқтисодӣ бахшиши илоҳӣ мебошад. Мантиқан, ин пардохти пайваста, ки дар асоси принсипҳои исломӣ бунёд ёфтааст, дар он пули “дуруст дастрасшуда” тавассути закот пок мегардад.
Оид ба зиёдшавии низоми сармоягузории исломӣ ва таъсири он ба масоили муҳоҷират дар кишварҳои Халиҷ ду таҳлилгар андешаҳои худро дар рисолаҳои илмии худ баён кардаанд, ки хулосаашро пешкаш менамоем.
Пажуҳишгар дар бахши омӯзиши барномаҳои ҳуқуқи исломӣ дар Донишгоҳи ҳуқуқи Ҳорворд, Айсалкун Ботоева оид ба истифодаи маблағ тавассути сармоягузорони низоми исломӣ ва ояндаи он назарашро дар рисолаи илмиаш таҳти унвони “Оянадаи ахлоқ-эҳёи тиҷорати исломӣ дар низоми иқтисодии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ” баён кардааст.
Ин хонум бар асоси таҳқиқот, низоми сармоягузории исломиро, ки саҳми соҳибкорон, кормандони давлатӣ ва диндорон роҷеъ ба бозаргонии исломист, овардааст. Исломи миллӣ, сармоягузорӣ ва ирфонӣ чун се усули асосӣ дар низоми сармоягузории исломӣ аз ҷониби муҳаққиқ ҳамчун оянда ахлоқӣ шарҳу эзоҳ гардидааст.
Моҳият ва арзиши сармоягузории исломӣ дар Кирғизистон бар асоси фикру андешаҳои олими турк Фатҳулло Гюлен аз ҷониби муаллиф зиёдтар баррасӣ шудааст. Натиҷаи саволҳои таҳияшудаи солҳои 2012-2015, оид ба сармоягузории исломӣ, роҳҳои нави рушд, пешрафт ва ҳадафи расидан ба ояндаи хуб ва ахлоқи ҳамида, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Тибқи ин модели исломӣ аксари сармоягузорон амволи худро дар сохтмони мактаб, масҷид ва дигар лоиҳаҳои рушд, ки мухолиф ба давлат аст, сарф намудаанд. Назар ба дигар усулҳои зикршуда, ин модел сармоягузоронро ба сӯи амалҳои холисона ва бовар доштан ба натоиҷи ахлоқии бадастомада, тавассути пардохти исломӣ, роҳнамоӣ мекунад.
Таҳлилгар ва устоди Институти омӯзиши масъалаҳои Африқо ва Осиёи Донишгоҳи Ҳумболти Берлин, Манҷа Стефан Емрич оид ба ин мавзӯъ чунин иброз кардааст:
-Табақаи нави миёнаи мусулмонон чун ҷомеаи тавлидкунанда дар илми инсоншиносӣ арзёбӣ шудааст. Ин синф ба монанди афроди асил дар лоиҳаҳои расмии миллӣ дида мешаванд. Ӯзбекон ва тоҷикони нави Осиёи Миёна низ аз ин қабиланд, зеро онҳо чун қавм ё миллати сармоягузори ҳоким дар собиқ Шӯравӣ мебошанд. Эътиқоди миллӣ ва заминаи эҳсосоти онҳо дар он, бо роҳҳои гуногун мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Омӯзиши сармоягузории исломӣ ва муҳоҷирати кории тоҷикон ба Халиҷ ва шакли таъсири музокираи он ба руҳияи исломӣ дар хориҷ низ баррасӣ гардидааст.
Шароити озоди иқтисодии Дубай ба мардум мустақилияти фардӣ, бозаргонӣ, равобити ахлоқӣ ва хонаводагӣ фароҳам оварда, ҷомеаи ҷаҳонии исломӣ шахсиятҳои тиҷоратӣ, элитӣ, бозаргонӣ ва фарҳангиро эҷод мекунад. Чун фарди мусалмони донишманд, ботаҷриба ва боахлоқ тоҷикони муҳоҷир дороиҳои соф ва покизаашонро дар лоиҳаҳои рушди кишварҳои хориҷ сармоягузорӣ мекунанд.
Хотиррасон бояд кард, ки 29-уми январи соли ҷорӣ аз ҷониби муассисаи “Henry Luce Foundation” семинари илмӣ-амалӣ (workshop) таҳти унвони “Сармоягузории исломӣ, рушди динӣ ва ахлоқӣ дар байни мусулмонони АвруОсиё” баргузор гардид.
Тарҷумаи М. Раҳмонов
Сарчашма:
http://voicesoncentralasia.org/the-rise-of-the-islamic-middle-class/