Ҷаласаи 13-уми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи СААД баргузор шуд

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  18 августи соли 2022 дар Маскав таҳти раёсати Вазири мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиии Федератсияи Русия Александр Куренков ҷаласаи сездаҳумини Шӯрои ҳамоҳангсози ҳолатҳои фавқулоддаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  бо ширкати раҳбарони ниҳодҳои ҳолатҳои фавқуллодаи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.
  Дар назди ширкаткунандагони ҷаласа Валерий Семериков, муовини дабири кулли СААД суханронӣ кард. Ӯ дар бораи вазифаҳо дар доираи ҳолатҳои фавқуллода барои соли 2023, инчунин дар бораи корҳое, ки дар Созмон доир ба таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ваколатдори кишварҳои узви СААД оид ба масъалаҳои амнияти биологӣ анҷом дода шудааст, маълумот дод.
  Иштирокчиёни ҷаласа маълумотро оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкории мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2020 шунида, нақшаи мувофиқи дахлдор барои соли 2023-ро тасдиқ намуданд.
  Ҷонибҳо номзадии вазири оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи  Ҷумҳурии Беларус Вадим Синявскийро ба ҳайси раиси навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқуллодаи кишварҳои узви СААД - ро тасдиқ карданд.
  Қарор шуда буд, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Қазоқистон машқҳои «Харсанг-2023» ва «Харсанг-2024» гузаронида шаванд.
  Созишномахое, ки дар рафти мулокот ба даст омадаанд, дар протоколи хулосавӣ инъикос гардиданд ва  имзо шуданд.
  Бо даъвати вазири мудофиаи шаҳрвандӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиии Федератсияи Русия Александр Куренков, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқуллодаи СААД дар Намоишгоҳи байналмилалии «Амнияти маҷмуъии – 2023» иштирок намуданд.
 
  Баргирифташуда ва тарҷумашуда  аз сомонаи расмии СААД: https://odkb-csto.org/news/news_odkb/sostoyalos-13-e-zasedanie-koordinatsionnogo-soveta-po-chs-odkb/#loaded
                                                                                 
Муҳаббатшо Қобилов
ходими калони илмии
шуъбаи Осиёи Марказӣ

БОЗГАШТ