Александр Шишов - табибе, ки таърихи тоҷиконро навишт

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Шарқшиноси машҳури рус Шишов Александр Поликарпович (15.12.1860 – 30.05.1936) агарчи муҳаққиқи таърих ва этнография набуд, ба ҳар ҳол, дар илми шарқшиносии рус тавассути чопи китобҳои «Сартҳо» ва «Тоҷикон» нақши босазои худро гузоштааст.

   Бояд гуфт, ки А. Шишов ба Туркистони тоинқилобии кишвари Русия ҳамчун духтури ҳарбӣ омадааст. Сараввал дар беморхона (лазарет)-и қисми ҳарбии Хуқанд, баъдтар – аз соли 1897 ба ҳайси сардухтури баталёни якуми Туркистон дар шаҳри Тошканд кор кардааст.

    А. Шишов, бегумон, инсони соҳибистеъдод будааст, ки ба таъриху фарҳанги халқҳои Осиёи Миёна, махсусан этнография ва антропология  мароқи зиёд доштааст. Ў дар Тошканд – шаҳре, ки дар гузашта маркази фарҳангӣ-сиёсии тамоми минтақа маҳсуб мешуд, ба фаъолият пардохта, дар як вақт маводи чопшудаи зиёдеро дар бобати ҷуғрофиёи Осиёи Миёна, таърих, фарҳанг, этнография, антропологияи халқҳои минтақа ҷамъоварӣ намуд. Натиҷаи ҷустуҷўҳои зиёди вай дар ду китоб - «Сартҳо» ва «Тоҷикон» ба табъ расиданд. Аз рўйи андешаи муаллиф китоби «Тоҷикон» низ бояд аз ду ҷилд таркиб меёфт, аммо танҳо як ҷилди он – дар бораи этнографияи тоҷикон соли 1910 дар Тошканд ба нашр расид (ниг: Лунин Б.В. Средняя Азия в дореволюционном и советском востоковедении. Тошканд: «Фан», 1965. с 285-396, 407). Ҷилди дуюми ин китоб чоп шуд ё не, ба мо маълум нест.

   Зикр бояд кард, ки  қисмате аз ҷилди аввали «Тоҷикон» соли 1911 дар маҷаллаи «Средняя Азия», ки дар шаҳри Тошканд чоп мешуд, ба табъ расид. Шишов тадқиқоти худро дар бораи этнография ва антропология дар давраи Ҳукумати Шўравӣ идома дод. Дар ин давра доир ба ўзбекҳо мақолаҳои гуногун навишт (маҷаллаи «Медицинская мысль Узбекистана». 1928, №4; 1929, №1).

                                            

   Китобҳои А. Шишов тадқиқоти махсуси илмӣ нестанд. Онҳо асосан фишурдаи матни адабиёти мавҷудаи ба муаллиф дастрас ҳастанд. Бо вуҷуди ин, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки кори вай – «Тоҷикон» нахустин асари ҳаҷман калоне оид ба этнография, фарҳанги маишӣ, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, урфу одат, ахлоқу одоби тоҷикон – қадимтарин халқи сокини минтақа, дар бораи алоқаҳои мутақобилаи онҳо бо дигар халқҳо, махсусан, бо ўзбекҳо мебошад.

   А. П. Шишов нахустин бор бисёр аниқ ва ҳамаҷонибаю дақиқ маводи зиёдеро дар бораи этнография ва фарҳанги рўзгордории тоҷикон ҷамъоварӣ намуд. Қисмати асосии маводе, ки ў истифода бурдааст, дар асри XIX ва дар аввали садаи ХХ дар нашрияҳои гуногун дарҷ гардидаанд ва ҳоло ҳуҷҷатҳои китобшиносӣ (библиографӣ)-и нодир маҳсуб мешаванд, ки барои хонандагон ва мухлисони сершумор дастрас нестанд. Дар китоби А. Шишов на танҳо маводи бузурги этнографӣ гирд оварда шудааст, балки боз маводи аҷиб ва азиму арзандае дар хусуси ҳаёти маънавию ҷаҳонбинии мардуми кишвар ҷамъоварӣ шудааст. Арзиши олии китоби «Тоҷикон» низ пеш аз ҳама дар ҳамин хусусияти он нуҳуфтааст.

   Дар китоб асосан дар хусуси рўзгори фарҳангии тоҷикони кўҳистони Осиёи Миёна – Қаротегин, Вахё, Дарвоз, Шуғнон, Рўшон ва болооби Зарафшон – Мастчоҳ, Яғноб, Фалғар, Киштуд, Моғиён ва ғайра дар охирҳои садаи XIX  ва оғози асри XX маълумот дода шудааст. Ҳамзамон тавассути ин асар хонанда метавонад доир ба фарҳанги ба худ хос ва урфу одати тоҷикони водиҳо, махсусан шаҳрҳо, ки қисми асосии аҳолии ин ҷойҳоро ташкил медоданд, маълумоти нодир пайдо намояд.

   Китоби «Тоҷикон» бо фарохии доманаи мавзуот, тасвири воқеаю ҳодисот ва фарогирии ҷузъиёти таърихи миллати тоҷик аз даврони қадим то ибтидои асри ХХ хеле ҷолибу хонданист.

   Дар китоб муаллиф нисбат ба тоҷикони Афғонистон гуфтааст, ки дар Афғонистон тоҷикон дар тамоми мамлакат паҳн шудаанд, онҳо ҳамчун авлодони мардуми эронинажод маҳсуб мешаванд, ба замин эҳтироми хоса доранду заминро дўст медоранд, аз ҷиҳати шумора нисбат ба дигар миллатҳо хеле зиёд, бештар аз 1 миллион нафаранд. Дар Афғонистон ҷойҳое, ки тоҷикон бештар он ҷо муқимӣ ҳастанд, ин музофотҳои шимол, қад-қади Амударё ва шохобҳои он мебошанд.  

    Муаллиф менависад, ки сокинони водиҳо бародарони ҳамхуни худ – тоҷикони кўҳистонро ғалча меноманд, ҳарчанд, ки худи кўҳистониён худро тоҷик мегўянд ё бо номи он маҳалле, ки истиқомат мекунанд, худро муаррифӣ мекунанд. Ба ғайр аз лаҳҷаи маҳаллӣ, ки бо он кўҳистониҳо танҳо байни худ, барои он ки суханони онҳоро бегонаҳо нафаҳманд, гуфтугў мекунанд, онҳо дар аксар ҳолатҳо бо форсӣ ҳарф мезананд. Лафзи онҳо мулоим, ифоданок ва хушоҳангу форам аст, махсусан забони сокинони деҳаҳои соҳилҳои дарёи Панҷ (қисматҳои водии Шоҳдара ва Ғунд), ки дар он ҷойҳо калимоти қирғизӣ умуман шунида намешаванд…

   Шишов мегӯяд: “Либоси тоҷикони водиҳо бештар озодаву ороста аст, он ранги дурахшонтар дорад ва нисбат ба либосҳои мардуми кўҳистон хеле беҳтар аст. Либоси тоҷикони ҳамвориҳо айнан мисли либоси сартҳост. Онҳо дар сарашон тоқӣ мемонанд, ки он аз матоъҳои гуногун дўхта мешавад; ба тоқӣ салла печонда мешавад. Сару либоси тоҷик аз куртаву шалвор иборат аст. Вақти аз хона баромадан тоҷик мўза мепўшад, пойҳояшро бо пойтоба мепечонад. Ҷўроб надоранд. Дар ҳамаи обу ҳаво аксарият калўш мепўшанд. Ҷелак либоси рўпўшӣ аст. Шумораи ҷомаҳои тоҷикони доро то се адад мерасад, ки онҳо гўё камзулчаи беостин (жилет), камзул (сюртук) ва палторо иваз мекунанд. Ҷелаки таг (дуюм) ва тобистон бошад куртаи камбағалон бо камарбандҳои зебу ороёфта аз миён баста мешаванд; камбағалон бо фута, ки аз матои дароз иборат аст, миёни худро як чанд бор печонда, мебанданд, дар ин ҳол ду нўги фута ба таги худи он халонда мешавад.

   Аммо либосҳои занона аз мардона ба гуфтаи муаллиф каме фарқ доранд: ҳамон хел курта, танҳо бо он тафовуте, ки куртаи занҳо то буҷулаки по мерасад ва аз пеши бар чоке дорад. Баъд изор, пас аз он чорўқ – мўза, ба ҷойи ҷелак кафтон (як навъ камзули дароз), ки дар миёнаш аз пеш мўнисак дорад ва дар охир чакман ба бар мекунанд. Сару либоси занона аз суф, абрешим ё адрас дўхта мешавад, ки он вобаста ба дороӣ аст, чакман бошад, аз пашм аст. Занон сарашонро бо рўймол мебанданд. Занҳо дар ин ҷо, хилъатҳои дароз намепўшанд (мисли занони водиҳо) ва рўяшонро бо тўри сиёҳ намепўшонанд.

   Аз назари муаллиф кўҳистониҳо пўшокҳои зиёди эҳтиётӣ надоранд, зеро дороии онҳо ҳамагӣ аз як ҷуфт либоси таг, ҷўроби пашмин, як ҷуфт мўза, арақчини сар аз матои суф ба ҷойи салла, хилъати пашмини рўпўш (чакман), шими пашмин – чунин аст либоси мардон дар давоми як сол; барои занҳо бошад, як ҷуфт либоси суфи таҳпўш бо сарандози суф, як куртаи яктаки пашмин аз рў ва калўш кофист.

    Дар бораи аслиҳаи мардуми тоҷик чунин гуфтааст: “аслиҳаи қадимаи кўҳистониҳо аз камонғӯлак ва тирҳои он, табарзин ва сипари гирди чармӣ иборат буд. Онҳое, ки васоити молӣ доранд, ҳамчунин, зиреҳ ва кулаҳхўд (тоскулоҳ)-и оҳанӣ мепўшанд. Камонғӯлак ва табарзин дар ҳоли ҳозир ба милтиқи чақмоқӣ ва шамшер, ки ҳоло гоҳ-гоҳ вомехўрад, иваз карда шудаанд. Ҳарчанд омода кардани доруи камон он қадар кори мушкил нест, аммо мили милтиқ аз Кашмир ва Бадахшон оварда мешавад, аз ин рў, ҳангоми шикор аз камонғӯлак ва тирҳои он истифода мебаранд. Камонғӯлак аз як рахи шох, ки дар об мулоим карда ва бо ҳам пайванду алоқаманд карда шудааст ва як аслиҳаи бақуввату мустаҳкам ва томеро ба вуҷуд овардааст, сохта мешавад. Табарзин дар ҷойҳои мухталиф ҳар гуна намуд дорад; баъзеи онҳо бо нуқра андуда шудааст, дар дигарҳояш хатҳои ороишӣ кандакорӣ шудааст. Аслиҳаҳои қадима хуб нигоҳдорӣ карда мешаванд. Дар вақти тўйҳои арусӣ домодшавандае, ки ба назди хусури худ бе табарзин ҳозир мешавад, пас гардонда, барои овардани он фиристода мешавад; агар онҳо имкону қудрати пайдо кардани табарзинро надошта бошанд, бояд барои ин махсус пул диҳанд”.  

   Нисбати ғизои мардум муаллиф менависад: “дар гармои тобистон тоҷикон ба хўрок он қадар талабот ва майлу рағбат надоранд, бо нону харбуза ё ангуру чой қаноат мекунанд ва танҳо дар арафаи ид (рўзи ҷумъа) ба худ хўрдани гўштро раво медонанд. Зимистон талабот ба хўрдани хўроки гўштӣ ва равғани ҳайвонот хеле меафзояд... Ва ноне, ки тоҷикон мехўранд, бо хамирмояи турш омода шуда, дар танур пӯхта мешавад. Дигар нон – нони ҷуворӣ бо иловаи каме орди гандумӣ пухта мешавад. Намудҳои гуногуни нон мушоҳида мешавад, ки аз ҷиҳати ҳаҷму андоза ва маззаю лаззат фарқ мекунанд.

    Шишов менависад, ки дар хонадони тоҷикон ширро хеле зиёд истеъмол мекунанд, аммо аз сабаби он ки онро зиёд нигоҳ доштан имкон надорад, ширро ҷўшонда, аз он ҷурғот (мост) тайёр мекунанд. Аз шир панир, равған (маска) ва қаймоқ истеҳсол мекунанд, ки дар хонадон истифода мешавад ва барзиёдаш ба фурўш бароварда мешавад.

   Мева бошад ба қавли ховаршинос дар байни тоҷикон хеле серистифода аст. Ҳанўз аз аввали баҳор тамоми мардум, чӣ камбағалу чӣ сарватманд ба хўрдани мева шуруъ мекунанд ва онро ҳатто нимхом ҳам истеъмол мекунанд. Хусусан зардолуи хом талаботи хоса дорад.

   Ҳамчунин, меваю полезиҳо ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам хушк истифода мегарданд. Хурбуза, тарбуз, зардолу, шафтолу, себ, нок (амруд), гелос, олу, олучабандак, ангур, анор фаровон истифода мешаванд. Меваҳои хушк – мавиз, зардолу, харбузақоқ (дилаи харбузаи дар офтоб хушконидашуда) хеле серистифодаанд ва дар болои дастархон воситаи хуби меҳмондорӣ мебошанд; ба онҳо боз чормағз, писта ва бодом зам мегардад.

 Дар масъалаи занон муаллиф менависад, ки ҳар қадар ба дарунтари кўҳҳо биравӣ, ҳамон андоза зан бештар соҳибҳуқуқ ва озод аст ва ў ба қонуну қоидаҳои шариат ва таълимоти муҳаммадӣ камтар ҳам бошад побанд аст. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки ҳаёту зиндагии мардони кўҳистон ба қоидаҳои ҳаёту зиндагии муқаррарӣ наздик аст. Муносибатҳои байни зану мард табиӣ ва сода мешавад, ки ин аз ҳаёти мусулмонони водиҳо тамоман фарқ дорад.

   Ў менигорад, ки зани муқимии кўҳистон дар кўчаҳои деҳа рўяшро напўшида мегардад. Мардҳо занонеро, ки ба онҳо писанд афтодааст, ба занӣ мегиранд. Дар симои зани озод ў ёрдамчиеро мебинад, ки дар корҳои заминдорӣ ва дигар корҳои рўзгор дасти ўро мегирад. Дар он ҷойҳое, ки мардон ҷамъ меоянд, занон низ ғун шуда метавонанд.

БОРГИРӢ: http://www.kmt.tj/sites/default/files/pdf_files/Shishof-A-Tojikon.pdf 

Умед Пудинаев,

ходими илмии

Институт

БОЗГАШТ