Муаллиф: Меҳр Собириён
Барои ҷойгоҳи арзанда пайдо кардан дар бозори ҷаҳонӣ, ҳар як кишвар маҷбур аст, бо таъмини рақобати озод дар дохил рақобатпазирии ширкатҳои худро боло барад. Ин ҳадаф метавонад дар танҳоӣ амалӣ шавад ва ё дар ҳамкориҳои зичи иқтисоди бо дигар кишварҳои минтақа. Ду кишвари ҳамсоя Тоҷикистону Ӯзбекистон низ ҳадафҳои ба даст овардани рушди босуръату устувор ва баробар шудан ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро доранд. Расидан ба ин ҳадафҳои нек кори заҳматталаб буда, аз давлатҳо ва соҳибкорон фаъолияти бештар ва ислоҳоти имиқтар дар иқтисодро талаб менамояд.
Хушбахтона, солҳои охир муносибатҳои ду кишвари ҳамҷавор ранги дигар гирифта, саҳифаи нави ҳамкориҳои ду кишвар кушода шуд. Дар чанд соли охир чандин созишномаҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расиданд, ки тиҷорату сафар ва сармоягузорӣ дар ду кишварро осонтар намуд. Дар ин миён мардуми ду кишвар аз ҳама зиёд Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро истиқбол намуданд. Ин созишнома ба шаҳрвандон имконият медод, ки бе виза ба кишварҳои ҳамдигар сафр намуда то 30 рӯз ҳузури қонунӣ дошта бошанд. Бе шубҳа, он дар рушди сайёҳӣ дар ҳар ду кишвар таъсири бузург расонид. Дигар созишномаву тавофуқномаҳое, ки дар ин чанд соли охир миёни ду кишвар ба имзо расидаанд, ҳамагӣ ба манфиати ҳамдигар буда, имкониятҳои моро барои расидан ба рушди иқтисодии устувор зиёд намуданд.
Маълум аст, ки дар оғози шаклгирии соҳаи саноат дар як кишвари рӯ ба рушд давлат маҷбур аст, ки маҳдудиятҳои тиҷорати хориҷӣ ҷорӣ намуда, то ҷое ширкатҳои дохилиро ҳимоя кунад. Вале ин равиши кор набояд дароз давом кунад. Чунки ширкатҳои дохилӣ дар чунин вазъият ангезаи боло бурдани сифати мудирият ва маҳсулотро надоранд ва заиф мегарданду аз ҳисоби зиёни аҳолӣ мавҷудияти хешро ҳифз менамоянд. Ин аст, ки пас аз як муддати кутоҳи ҳимоят давлат маҷбур аст маҳдудиятҳоро кам намуда, рақобатро дар бозор бештар намояд. Дар чунин ҳолат ширкатҳои дохилӣ маҷбур мешаванд бо тақвият додани мудирият ва боло бурдани сифати маҳсулоти худ рақобатпазир бошанд ва саранҷом ба бозори ҷаҳонӣ роҳ пайдо намоянд. Дар ин раванд қадами аввал метавонад кам кардани маҳдудиятҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои минтақа бошад, ки он дар шакли Минтақаи имтиёзноки тиҷоратӣ ва ё Минтақаи тиҷорати озод бошад.
Минтақаи имтиёзноки тиҷоратӣ шакли ҳамгироиест, ки дар он маҳдудиятҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои аъзо кам карда шудаанд ва Минтақаи тиҷорати озод шакли ҳамгироии иқтисодиест, ки дар он ҳама маҳдудиятҳо барои тиҷорат миёни кишварҳои аъзо бардошта шудаанд, вале онҳо имкон доранд ба таври худ талаботи гумрукиро бо дигар кишварҳои ҷаҳон муайян менамоянд. Қадам ба қадам кам кардани маҳдудиятҳои тиҷорат ва оқибат расидан ба тиҷорати озод дар минтақа имкониятҳои моро барои расидан ба рушди устувори иқтисодӣ ба маротиб зиёд месозад. Ду кишвари ҳамсоя Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд дар шароити имрӯзаи муносибатҳои хуби сиёсиву фарҳагӣ муносибатҳои иқтисодии худро тақвият дода, тариқи ба роҳ мондани тиҷорати озод иқтисоди худро рақобатпазир намоянд ва дар бозори ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муносиб пайдо намоянд.
Дар пасманзари сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бори дигар зарурати сухан гуфтан аз аҳамияти рақобати озод дар рушди босуръату устувори иқтисодӣ пайдо мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки дар шароити иқтисоди бозаргонӣ танҳо давлатҳое муваффақ мегарданд, ки тавонистаанд тиҷорати озодро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монда бошанд. Барои дар бозори ҷаҳонӣ танҳо истеъмолкунанда набудан дар солҳои аввали ворид шудан ба пайраҳаи рушд мумкин аст, ки маҳдудиятҳои тиҷоратӣ ҷорӣ намуда, ширкатҳои навтаъсиси ватаниро ҳофз намуд. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки ин муҳофизати сунъӣ танҳо дар кутоҳмуддат манифатовар буда метавонад. Пас аз як муддати кутоҳи дастгирӣ бояд бозори дохилӣ тадриҷан барои ширкатҳои хориҷӣ кушода гардад. Танҳо дар чунин ҳолати ширкатҳои дохилӣ ангезаи тақвият додани корхонаҳои худро пайдо намуда, худро барои рақобат кардан бо дигарон омода месозанд. Ин раванд оқибат ширкатҳои дохилиро ба бозори ҷаҳонӣ ворид карда, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии давлатро таъмин карда метавонад. Дар акси ҳол бозори дохилӣ ба сукут мувоҷеҳ шуда, имкони пайдо шудани монополистҳо зиёд мегардад. Вақте, ширкатҳо дар бозор мавқеи монополистиро ишғол карданд, қонунҳои бозор дигар ба манфиати халқу давлат кор карда наметавонанд.
Бо назардошти ин воқеият, интизор меравад, ки дар ояндаи наздик масъулони ду кишвари ҳамсоя Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҷараёни вохӯрии навбатӣ масоили иқтисодӣ ва тиҷоратии дуҷонибаро бештар баррасӣ намуда, маҳдудиятҳоро дар ин ҷода камтар менамоянд. Албатта, дар ин миён ширкату корхонаҳои заиф дар ду кишвар ба муфлисшавиву аз миён рафтан дучор мегарданд, вале дигар корхонаҳо маҷбур мешаванд дар мудирияту сифати маҳсулоти худ тағйирот ворид намуда, қавитар гарданд ва ба бозори ҷаҳонӣ роҳ пайдо намоянд. Бе тай кардани ин зинаҳо ва ҷойгоҳи арзанда пайдо кардан дар бозори ҷаҳонӣ ҳеҷ кишваре наметавонад, ба рушди босуръату устувор даст ёбад. Таҷрибаи аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ заминаи қавие барои расидан ба сатҳи болои рушди иқтисодиву технологӣ мебошад. Ҳатто кишварҳои бузург дар баробари доштани бозори калони дохилӣ натавонистанд бе роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ рушди устувори худро таъмин намоянд. Масалан, Ҳиндустон ва Чин дар аввал маҳдудиятҳои зиёде дар тиҷорати хориҷии худ доштанд, ки оқибат ба буҳрони иқтисодӣ гирифтор шуданд. Танҳо баъди тадриҷан кам кардани маҳдудиятҳо онҳо тавонистанд ба зинаи дигари рушду тараққиёт ворид шуда, рушди босуръату устувор дошта бошанд. Имрӯз ин ду кишвар иқтисоди рақобатпазир дошта, дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи арзандаи худро доранд. Агар сари вақт аҳамияти кушода шудан ба бозори ҷаҳониро дарк намекарданд ва маҳдудиятҳоро намебардоштанд, шояд онҳо низ ба монанди Иттиҳоди Шӯравӣ ба шикаст мувоҷеҳ мешуданд ва ба монанди баъзе кишварҳои африқоӣ ба “даври ботил”-и нокомиҳо ворид мегаштанд.
Хулоса, Тоҷикистону Ӯзбекистон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ бо ҳамдигар наздик буда, имкониятҳои зиёде барои тақвият додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни ҳамдигарро доранд. Ҳукуматҳои ду кишвар иродаи сиёсии дар амал татбиқ намудани ин имкониятҳоро доранд ва блокҳои иқтисодӣ дар ҳарду давлат бояд саривақт лоиҳаҳои нави ҳамгироии иқтисодиро таҳия созанд. Мо дар якҷоягӣ метавонем иқтисоди худро барои рақобат кардан дар бозори ҷаҳонӣ омода созем ва заминаи рушди босуръату устоворро барои кишварҳои худ муҳайё созем. Умедворем, дар вохӯриҳои ояндаи сарварони ду давлат ин масъалаҳо баррасии амиқтар шуда, қадамҳои навбатии устуворе дар ростои ҳамгироии бештари иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон бардошта мешаванд.