Ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон инкишоф меёбанд

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар Паёми навбатии соли 2021 Пешвои миллат  ба  масъалаи   таҳким  бахшидани  муносибатҳои  сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ – маърифатӣ бо кишварҳои  ҳамҷивори  минтақа  бори  дигар  таъкид  намуданд. Ҷумҳурии  Узбекистон  ҳамсояи наздиктарини мо мебошад. Таърихи робитаҳои  дуҷонибаи мо чандин  садсолаҳоро дарбар мегирад.     
Дар тӯли ду соли охири марҳилаи навини муносибатҳо,  Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи иқтисоду савдо ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Чунончи, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо шарикии тоҷирони Тоҷикистон 24 корхона ба фаъолият шурӯъ кард. Дар Тоҷикистон бошад  бо  шарикии соҳибкорони Ӯзбекистон 9 корхонаи нав таъсис ёфтанд.
Дар чорчӯбаи иҷрои созишнома байни мақомоти Ҳокимияти давлатии ш. Тошканд ва Душанбе доир ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фарҳангию гуманитарӣ барои солҳои 2020-2021, бо иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2020 ширкати корхонаи «Артел» - и ш. Тошканд дар ш. Душанбе сохта ба кор шуруъ кард. Инчунин, оид ба сохтмони «Маҷмааи  парвариши гулу ниҳолҳо» - и ш. Тошканд бо ҳаҷми то 25 млн. гулу ниҳол, ташкили намоиши маҳсулоту хизматрасониҳо, тақвияти иқтидори саноатӣ ва ғайра,  мувофиқаи тарафайн ҳосил гардидааст.
Соҳибкорони Тоҷикистон бо ширкати «Прогресс бизнес индастри» - и  вилояти Тошканд, ки  дорои 30 га гармхонаи замонавӣ, 1500 га  боғҳои  интенсивӣ мебошад, меморандум оид  ба ҳамкорӣ  имзо карданд.
Тибқи маълумоти Омори Давлатии Ӯзбекистон вазъи умумии гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳашт моҳи соли 2020 317 млн. доллари ИМА - ро  ташкил  дод. Ҳаҷми умумии  содироти Узбекистон  ба Тоҷикистон  ба 255 млн доллари  ИМА ва воридот  ба 61,9 млн. доллари ИМА расонида шуд.
Соли  2020 ба  ҳамкориҳои  дутарафаи  иқтисодиву тиҷоратӣ  байни  кишварҳоямон  пандемияи  коронавирус  таъсири  манфӣ расонид. Ба  ин  нигоҳ  накарда, ҳарду  кишвари  ба  ҳамдигар  дӯсту  бародар,  барои  таҳкими  робитаҳои тиҷоративу  иқтисодӣ ҷидду  ҷаҳди  зиёд намуданд. Ба  ин сафари  расмии Сарвазири Узбекистон А. Арипов  ба  шаҳри  Душанбе  шаҳодат  медиҳад. Дар рафти сафари  мазкур  байни  тарафҳо  як  қатор  созишномаҳои тиҷоративу  иқтисодӣ  ба  имзо  расида,  як қатор  чорабиниҳои  барои якдигар  муфиди  иқтисодиву  тиҷоратӣ  гузаронида  шуданд.
 Тоҷикистону  Ӯзбекистон  дар мустаҳкам кардани  робитаҳои  иқтисодиву  тиҷоратӣ  дар доираи  минтақаи  Осиёи Марказӣ низ,  алоқамандии  хос  зоҳир  менамоянд. Дар ин бора роҳбарони кишварҳоямон дар  ду  Форуми сарони давлатҳои  минтақа, ки солҳои  2018 ва 2019 доир гардиданд,  ишора  карданд.
Хулоса, ҳамкориҳои  тиҷоративу  иқтисодӣ байни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии  Узбекистон,  новобаста  ба  мушкилоти бо  коронавирус вобастабуда, дурнамои  хубро доранд. Умед  аст, ки кишварҳоямон  якҷоя   ин  буҳрони  ҳамагирро  бо  сарбаландӣ паси  сар менамоянд  ва  ҳамкориҳои  дутарафаро  боз  ҳам  инкишоф  медиҳанд.

Қурбонов Ф.Х., к
орманди илмии шуъбаи
ОМ ИОМДОА  АМИТ, н.и.т.        
 
 
 
 

БОЗГАШТ