Ҳамкориҳои СҲШ ва АSЕAN: дастовардҳо ва дурнамо

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

Созмони Ҳамкории Шанхай (минбаъд-СҲШ) созмони байниҳукумати ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад ва инчунин бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақивӣ робита дорад. Аз он ҷумла бо созмони Ассотсиасияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (минбаъд- АСЕАН).

Мавриди зикр аст, ки соли 2004 дар шаҳри Тошканд  ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардида, раҳбарони кишварҳои узви СҲШ  бо дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо пешниҳоди тадриҷан таъсиси шабакаи шарикони ассотсиатсия муроҷиат карданд. Як қатор кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ, аз ҷумла созмони Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ изҳор намуданд.[1] Коршиносон бар он боваранд, ки барои густариши ҳамкориҳои байни СҲШ ва АСЕАН дар бисёр масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавқеъҳои якхела доранд.

Бояд гуфт ки робитаи СҲШ ва АСЕАН дар соли 2004 дар шаҳри Тошканд оғоз гардид. 21 апрели соли 2005 дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия Ёддошти тафоҳум байни котиботи СҲШ ва АСЕАН ба имзо расида, самтҳои асосии ҳамкорӣ ва робитаҳои ду созмони байналмилалиро муайян намуд. Тибқи санадҳои мазкур, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ оид ба самти мубориза зиддитерроризм, қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа, шустушӯи пул ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ мебошад. Инчунин тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соҳаҳое иқтисодию молия, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ, гидроэнергетикӣ ва сӯзишвории биологӣ ҳамкорӣ кунанд.

Муносибатҳои байни СҲШ ва АСЕАН соли 2005 пас аз имзои Ёддошти тафоҳум байни котиботи ин ду созмон ба расмият дароварда шуданд. Ҳамкории СҲШ ва АСЕАН тавассути табодули иттилоот байни котиботи ин созмонҳои минтақавӣ тавассути машваратҳои коршиносон сурат мегирад. Кишварҳои узви СҲШ ба рушди ҳамкорӣ бо ASEAN манфиат доранд. Дар ин бора собиқ дабири кулли СҲШ Рашид Алимов соли 2016 дар мулоқот бо сафирони кишварҳои АСЕАН изҳор дошт[2]. Моҳи ноябри соли 2008 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин дар сатҳи Котиби генералии СҲШ ва АСЕАН вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар рафти он бо мақсади мутақобилаи нигоҳ доштани робитаҳои мунтазам дар асоси меморандуми қаблан қабулшуда тасдиқ карда шуд[3].

22 октябри соли 2019 дар Котиботи Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) дар Ҷакарта мизи мудаввар дар мавзӯи «АСЕАН ва СҲШ: савдо ва иқтидори сармоягузорӣ» ташкил карда шуд. Ин аввалин чорабинии муштарак дар байни котиботи СҲШ ва АСЕАН дар моҳи марти соли 2019 мебошад, ки тибқи Ёддошти тафоҳум моҳи апрели соли 2005 ба имзо расида буд, ба шумор меравад.[4] Мавзӯъҳои асосии муҳокимаи мизи мудаввар потенсиали иқтисодии кишварҳои узви СҲШ буд. Дар он муовини дабири кулли СҲШ  Ш.Ҷонон, муовини дабири кулли АСЕАН Аладдин Д.Рилло, сафирони кишварҳои узви СҲШ, масъулини Котиботи АСЕАН, инчунин коршиносон ширкат варзиданд.

Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ба Дабири кулли Анҷумани кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ Лим Ҷок Хой ба муносибати 53 -умин солгарди таъсиси ин созмон, ки ҳамчун "Рӯзи АСЕАН" таҷлил мешавад, паёми табрикӣ фиристод. Тавре ки В.Норов таъкид кард, ин сана рамзи ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ ва гуногунрангиро ифода мекунад, ки шиори АСЕАН -ро дуруст инъикос мекунад: "Як дидгоҳ, як шахсият, як ҷомеа".[5]

Мавриди зикр аст, ки АСЕАН яке аз созмонҳои бонуфузи минтақавӣ дар Осиё мебошад, ки 500 миллион аҳолӣ дорад ва  ҳудуди он беш аз 4,5 миллион метри мураббаъро фаро мегирад. Аз моҳи августи соли 1967 то инҷониб шумораи кишварҳои узви он дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз 5 то 10 афзоиш ёфтааст. Ҳуҷҷати асосии сиёсии Ассотсиатсия ин  Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар соли 1976 мебошад.

АСЕАН як созмони сиёсӣ, иқтисодӣ фарҳанги ва байниҳукумати мебошад. 8 августи соли 1967 дар шаҳри Бангкок “Эъломияи АСЕАН” ба имзо расид, ки бо номи “Эъломияи Бангкок” маъруф аст, таъсис ёфтааст.

Кишварҳои узви СҲШ ва АСЕАН дар минтақаи Осиё буда, бо наздикии ҷуғрофӣ ва манфиатҳои муштарак дар минтақа мебошанд, пайванданд. АСЕАН таҷрибаи 54 -сола дорад ва дар оянда метавонад барои ҳамгирои СҲШ кумак намояд. Зеро СҲШ соли 2021 20 солагии худро ҷашн гирифт. Илова бар ин, бояд қайд кард, ки АСЕАН ва СҲШ сохторҳои гуногун дар онҳо дида мешавад. Бо вуҷуди ин, онҳо ҳадафҳои муштараки рушди иқтисодиро доранд.

Барои дурнамои рушди ҳамкориҳои минбаъда истифодаи таҷрибаи АСЕАН барои СҲШ муҳим аст. Зеро ин минтақа модели ҳамгирои дар саҳоҳои сиёсӣ, амният, иқтисодию тиҷорат, молия бонкдорӣ, техналагоя, илм-инноватсия, институтҳои тадқиқоти ва сармоягузорию тиҷорат рушд намудаанд. Ҳамкории кишварҳои СҲШ бо АСЕАН саривактӣ буда, барои ҳамкориҳои судманд ва дарозмуддат мусоидат хоҳад кард. Татбиқи лоиҳаи “Як камарбанд, як роҳ” метавонад робитаҳои мутақобилан судманди ҳарду созмони минтақавиро афзоиш диҳад. Ҳар ду созмонҳо созмони минтақавӣ буда, дар СҲШ ду давлати абарқудрат Руссия ва Чин аъзо мебошанд.

Дар айни замон, аксари кишварҳои узви СҲШ аз он ҷумла Тоҷикистон бо Ассотсиатсия муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодиро барқарор кардаанд. Дар даврони Истиқлолият Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар умум зиёда аз 36 санад ва ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, маориф ва фарҳанг ба имзо расониданд.

Барои рушди ҳамкориҳои СҲШ ва АСЕАН чунин пешниҳод менамоям: таҷрибаи модели ҳамкории молиявӣ, низому қонунҳои  муҳоҷират ва ҳамгирои иқтисодии кишварҳои АСЕАН истифода карда шавад.

 

Соҳиби Баҳруло докторант PhD

 ва ходими хурди илмии

Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

 

[1]СОТРУДНИЧЕСТВО ШОС-АСЕАН: ВО ИМЯ ОБЩИХ ИНТЕРЕСОВ: http://sco russia.ru/cooperation/20140828/1013171366.html  санаи муроҷиат:24.09.2021

 

[2] ШОС заинтересована в развитии отношений с АСЕАН https://tass.ru/mezhdunarodnaya panorama/3772209 санаи муроҷиат 21,09,2021

[3] АСЕАН и ШОС: возможности и перспективы взаимодействия https://ria.ru/20080115/96826048.html санаи муроҷиат 21,09,2021

[4] В Джакарте прошел круглый стол на тему «АСЕАН-ШОС: торговый и инвестиционный потенциал»

http://rus.sectsco.org/news/20191023/589294.html снаи муроҷиат 21,09,2021

[5] Генеральный секретарь ШОС поздравил Генерального секретаря АСЕАН с «Днём АСЕАН»

http://rus.sectsco.org/news/20200812/667694.html санаи муроҷиат 22.09.2021

БОЗГАШТ