Муаллиф: Одинаев Абдуҳалим
Қитъаи Осиё минтақаи муҳимми стратегӣ буда, дорои таърихи қадима мебошад ва яке аз калонтарин қитъаи сайёра ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст оварди истиқлолияти сиёсӣ, равобити худро бо кишварҳои мамолики зиёде ба роҳ мондааст. Агар чанде ин истиқлолият дар мадди аввал марҳалаи имтиҳони мушкилоти зиёди амнӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро пушти сар мекард, аммо бо роҳбарии Асосгузрои сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин марҳалаи гузаришро сарбаландона паси сар намуда, дар арсаи байналмилалӣ обрӯи хосса пайдо намудааст.
То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи 152 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта шуда, бо 130 кишвар муносибати дипломатӣ барқарор намудааст. Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 51 созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад [6,80].
Аз ин лиҳоз дурнамои ҳамкории хориҷӣ, ҳадафҳо ва стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятнок барои рушди кишвар, ки ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст дар паёми Пешвои миллат 16 апрели соли 2005 дар бораи робитаи хориҷии кишвар ироа гардид, ки: «Ҳадафи аслӣ ва стратегии сиёсати хориҷии мо татбиқи амалии манфиатҳои олии давлат ва миллат, қабл аз ҳама таъмини амният, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръат ва таҳкими иқтидори дохилии кишвар, аст» [3, 66].
Минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ 11 кишварро ташкил медиҳад, ки инҳо Тайланд, Мянма, Лаос, Камбоҷа, Ветнам, Малайзия, Сингапур, Индонезия, Бруней, Тимори Шарқӣ ва Филиппин мебошанд. Миёни ин кишварҳо панҷтоаш Бруней, Индонезия, Сингапур, Тимори Шарқӣ ва Филиппин аз кишварҳои ҷазиравӣ мебошанд [10; 2,16].
Дар робита ба дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ сарвари давлат қайд намуданд, ки: «Ҳамкории оғозшудаи мо бо Малайзия, Индонезия ва кишварҳои дигари Осиёи Ҷанубу Шарқӣ талошу фаъолияти минбаъдаи сиёсӣ ва иқтисодиро тақозо дорад. Мо метавонем сармоя ва технологияҳои навини давлатҳои пешрафтаи ин минтақаи бузургро ба манфиати рушди босуръати кишварамон ҷалб намоем» [3,83].
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръат инкишофёбандаи сармоя, технология, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои араб ва Осиёи Ҷануби Шарқӣ аз самтҳои афзалиятнок меҳисобад.
Малайзия давлати тараққикардаи минтақаи Ҷанубу Шарқии Осиё буда, дорои таъриху фарҳанги ғанӣ мебошад. Ин кишвар дар панҷоҳ соли истиқлолияташ ҷаҳиши кайҳонии иқтисодӣ карда, аз як давлати «ҷаҳони сеюм» ба давлати пешрафта табдил ёфт. Ин кишвар воқеъан тавонист худашро дар радифи панҷ кишвари «бабрҳои осиёӣ», ки Индонезия, Филиппин, Таиланд ва Ветнам мебошанд, ҷой кунад [6,4; 7]. Малайзия мавқеъи муассирро дар робита бо аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайдо намудааст. Инчунин тавсеъа ва пешрафти бахшҳои саноатӣ ва иҷтимое, ки дорои барномаҳои муваффақи иқтисодӣ мебошанд, дар ин кишвар амал мекунанд.
Дар Малайзия қавмҳову халқиятҳои зиёде умр ба сар мебаранд ва бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд. Забони давлатӣ малайзӣ «малолойӣ» буда, намунаи ҳамзистии байни фарҳангҳо, нажодҳо ва мазҳабҳои гуногунро муаррифӣ намудааст, ки ин яке аз сабабҳои рушди кишвар мебошад. Ин рангорангии нажодӣ дар рушди иқтисодии ин кишвар таъсири мусбӣ расонида, ба ин восита дар солҳои оянда метавонад ба як кишвари мутараққӣ табдил ёбад. Махсусан Малайзия кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар кашмакашҳои сиёсии ҷаҳон барои нигоҳ доштани нуфузу қудрати худ аз таъсири абарқудратҳо миёни дигар кишварҳо мавқеъи хосса дошта бошад. Бештари таҳлилгарон пешрафти «муъҷизаи малайзӣ»-ро ба асосгузораш Маҳатҳир Муҳаммад нисбат медиҳанд [6,9], ки то соли 2018 ҳафтумин сарвазири такрории Малайзия мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатии худро бо Малайзия 11 марти соли 1992 барқарор кардаанд. Ҳарду кишвари дӯст ҷиҳати баланд бардоштани ҳамкориҳо ва фароҳам овардани фазои густаришёфтанро доро буда, уфуқҳои навро дар ин ҷода фатҳ намуданд.
Имрӯз робитаҳои тарафайн аз рушди гуногунҷабҳаи муносибатҳо ба сатҳи баланд расида, аҳамияти густариши ҳамкориро дар ҳама соҳаҳо таъкид мекунанд [11]. Махсусан дар солҳои охир дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар аз ҷониби Вазорати маорифи Малайзия ва ширкати «Exhibitions Promotion and Management Sdn.Bhd» (EXPAM) бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ва такмили ҳамкориҳо дар соҳаи маориф миёни ду кишвари дӯст, намоишгоҳҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд [9], ки дар соли 2014 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар беш аз 200 нафар тоҷикон илм меомӯзанд [6,18].
Дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Малайзия рӯ ба тараққӣ мебошад. Ва таърихи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин кишвар рӯйдоди муҳим буда, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба такони ҷиддӣ мебахшад [4,68].
Аммо ҷиҳати бо самаранок истифода бурдани ин ҳамкориҳо ва ба даст овардани самтҳои афзалиятноки он дар суханони Асосгузрои сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки «Ҳамкории оғозшудаи мо бо кишварҳои пешрафта ва босуръат рушдёбандаи Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ – Япония, Ҷумҳурии Корея, Сингапур, Малайзия, Индонезия, Таиланд – тавсеа ва густариш меёбад, вале сатҳи баландтари он талоши пайгирро тақозо дорад» [3,96]. Барои пойдор ва густариши дурнамои ҳамкориҳо ва пиёда намудани асоси робитаҳои хориҷӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ бо Сарвазири Малайзия Дато Сри Муҳаммад Наҷиб ибни Тун Абдул Раззоқ мулоқот анҷом дода буданд, ки зимни суҳбат дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Малайзия дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардиданд. Ва ҷонибҳо ҳамчунин аз рушди гуногунҷабҳаи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Малайзия изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти густариши ҳамкориро дар ҳама соҳаҳо таъкид карданд [11].
Ҳамин тариқ муносибатҳо ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм, иқтисод ва савдо миёни кишварҳои Тоҷикистон ва Малайзия метавонад боиси рушди кишварҳои мазкур гардад ва дар сатҳи ҷаҳонӣ метавонад муаррифгари таъриху тамаддун ва фарҳанги ғании кишварҳо бошад. Аз ин лиҳоз барои тақвият бахшидани робитаҳо ва тавсеъа бахшидани фаъолияти бисёрҷониба бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла Малайзия дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва илму фарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд доманаи ҳамкориҳоро густурдатар намояд. Зеро кишвари Малайзия дар минтақа аз кишварҳои пешрафта маҳсуб меёбад ва Тоҷикистон метавонад аз таҷрибаи ғании ин кишвар зиёдтар баҳраманд гардад.
Одинаев Абдуҳалим,
Мирзоев Закариё,
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
АИ ҶТ
A. Рӯйхати адабиёти истифодашуда:
B. Сомонаи интернеӣ:
Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Малайзия ва Сингапур. Ҳабиб Мирзоев. 14.02.2018. (https://osiyoavrupo.tj).
Малайзия. Инсклопедияи ҷаҳони араб. Соли
Муносибатҳои Тоҷикистон бо Малайзия. 01.03.2013. ВКХ ҶТ. (https://mfa.tj/).
Осиё: Қитъаи калонтарини дунё ё минтақае дар ҳоли рушд. Ҳабибҷон Мирзоев. 28.09.2018. (https://osiyoavrupo.tj).
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардиданд. АМИТ «Ховар». Душанбе, 01.08.2016. (https://khovar.tj/2016/08).