Ҳамкориҳову потенсиалҳои муштараки Тоҷикистону Озарбойҷон дар рушди туризми минтақа (дар ҳошияи сафари Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон 5-6-уми апрели 2023)

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Тоҷикистон чун кишвари озоду мустақил ва дорои сиёсати дарҳои боз қадамҳои хешро устувор гузошта, бо мамолики ҷаҳон равобиту дӯстии худро тақвият бахшида, дар масоили муҳим нақш мебозад. Мисоли онро метавон дар сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон дид, ки бо мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду давлат 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
  Дар ин зимн, қайд бояд кард, ки Озарбойҷон яке аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз буда, зодгоҳи Низомии Ганҷавӣ ва маркази пур аз сарватҳои табиӣ мебошад. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи 1992 барқарор шудааст.
  Аз 22 сентябри соли 2007 дар Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 23 марти соли 2008 фаъолиятро оғоз кард.
  Ҳамин тариқ, муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври анъанавӣ дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикӣ инкишоф меёбанд. Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибдори устувору пайгиронаи густариш ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мебошанд ва мавқеи муштаракро оид ба баланд бардоштани самаранокии СММ, САҲА, ИДМ, СҲИ, ЭКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба онҳо аъзо мебошанд, тарафдорӣ мекунанд.
  Ба рушд ва таҳкими муносибатҳои тарафайн асосан вохӯриҳои сарони ду давлат дар форматҳои гуногун мусоидат мекунад. Дар ин зимн, дар маҳфили пазироӣ оид ба 100 солагии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе собиқ сафири Озарбойҷон бо забони софу ноби тоҷикӣ суханронӣ карда, аз дӯстии ҳар ду кишвар ва фарҳангу меҳмоннавозӣ ёдоварӣ кард.
  Озарбойҷон минтақаи сершор аз сарватҳои табиӣ буда, дорои тамаддуну таърихи қадим мебошад. Тибқи баъзе сарчашмаҳо Озарбойҷон аз ду бахш иборат аст. Калимаи "озар" маънои "мард”, “ҷавони қаҳрамон", "оташнишон", ё "хазинадор"-ро ифода мекунад ва "байҷан" маънои "хок” ё “замин" мебошад. Баъзе бозёфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки аввалин инсон дар инҷо 1,8 миллион сол қабл иқомат доштааст.
  Ин кишвар осори хело қадима дорад, ки таърихи қадимии онро дар минтақа нишон медиҳад. Ин кишвар низ забон, фарҳанг ва тамаддуни таърихие дорад, ки дар ҷаҳон маҳбубияти хос дорад. Мардуми он таърихи давлатдории 5000 сола доштанд, ки ба охирҳои 4000 ва аввалҳои 3000 соли қабл аз мелод рост меояд. Дар асри VII мардум дини исломро пазируфта, одобу сунати худро нигоҳ доштаанд. Дар асрҳои XV-XX манотиқи зиёди инҷо ба монанди Сафавӣ, Афшар ва Гаҷар аз тарафи роҳбарони ин миллат идора мешуд.
  Дар натиҷа, рӯзи 28 майи соли 1918 аввалин кишвари демократии Озарбойҷон чун мамлакати озод, ҳуқуқбунёд арзи ҳастӣ намуд. Озарбойҷон яке аз аввалин кишварҳои Осиёи Миёна ва шарқӣ аст, ки овоздиҳиро барои занон расман иҷозат дод.
  Дар натиҷаи талошу муборизаҳо мардуми ин кишвар тавонист, сарвату дороиҳои худро ҳифз намояд ва сокинонашро дар рӯҳияи ватандӯстию саховатмандӣ тарбият намояд. Баъд аз фурӯпошии шӯравӣ 18-уми октябри 1991 ин кишвар истиқлолияти худро бар асоси идеяҳои миллӣ, ватанхоҳӣ, ахлоқӣ ва мустақилият эълон кард. Ҳайдар Алиев соли 1993 аввалин президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб гардид ва кишварро чун давлати мустақил ва соҳибихтиёр роҳбарӣ кард.
  Ин кишвар узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ ба монанди СММ, Созмони Ҳамкори Исломӣ, САҲА, ИДМ, ЭКО ва ғайра буда, дар лоиҳаҳои хурду калон саҳм мегузорад. 
  Тибқи баррасиҳои дарёфтшуда, сайёҳон ин кишварро ба хотири доштани нукоти зерин интихоб намуда, дидан менамоянд:
  1.Боду ҳавои субтропикии хос, меваҳои гуногунранг, ба монанди апелсин, лимон, кивӣ ва дар қисматҳои ҷануб дарахти банана ва соҳилу обшорҳо.
  2.Калонтарин баҳри шӯри дунё, яъне баҳри Каспий дар Озорбойҷон аст, ки масоҳаташ 371000 км мураббаъ ва чуқуриаш 1025 метр.

  3.Маконҳои таърихӣ ба монанди Гобустон ва Ичери (шаҳри қадима) шомили рӯйхати ЮНЕСКО
  4.Истироҳатгоҳи Нафталон, ки дар 20 км шаҳри Ганҷа барои табобат ва истироҳат, вулқонҳои гилӣ (800 вулқони дунё 300)
  5. Ҷойгиршавии дар гузаргоҳи Шоҳроҳи Абрешим (таърихи 2500 сола дошта)
  6.Чорбоғи Боку дорои шакли ҷаззоб буда, атрофашро қаҳвахонаҳои зебо, парк, мағозаҳои бузург ва марказҳои истироҳатӣ ва тиҷоратии замонавӣ, Бурҷи шуъла ва Кристал Ҳол (Толори блурӣ) шуҳрати ҷаҳонӣ дошта.
  Дар ин зимн, Тоҷикистон низ бо мавҷуд будани қуллаи баландтарини дунё- Исмоили Сомонӣ (баландии зиёда аз 7000 метр),шаҳри қадимаи Панҷакент ки таърихи 5000 (номгӯи мероси фарҳангии ЮНЕСКО), табиати хоси меҳмондорӣ ва гиёҳҳои нодир, Истироҳатгоҳҳои кӯҳии Гармчашма, Шоҳамбарӣ, Хоҷаобигарм ва Обигарм, Зиёратгоҳи пирони хирад чун Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (дар Кӯлоб), Мавлоно Яъқуби Чархӣ (дар Душанбе) Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (дар шаҳри Панҷруд), Абулайси Самарқандӣ (яке аз муридони мавлоно Яъқуби Чархӣ дар маҳаллаи Теппаи Самақандӣ), Ҷунунӣ (дар ҷамоати Роҳатӣ), Абумусо Ашъарӣ (дар Кӯҳистони Масчоҳ), Бозори қадимаи Панҷшанбеи Хуҷанд, қалъаҳои таърихиву таълимии Ҳисору Ҳулбук, Кохи Наврӯзу Боғи Рӯдакиву Айнӣ, бинои Китобхонаи пурҳашамати камназир, атласи хуҷандӣ, куртаи чакани кулобӣ, ҷӯробу попӯшҳои бадахшонӣ, нонҳои хосси зарафшонӣ, қурутобу шакароб бо табақи махсуси тоҷикӣ аз ҳунару русуми мардуми тоҷик, ва ҷойгиршавӣ дар қисмате аз Роҳи Абрешим, дарёҳо, обҳои тозаву мусаффо, чашмаҳову обшорҳои фаровон мардуми сайёрарро ҷазб кардааст.
  Хулоса, Тоҷикистону Озарбойҷон бо ҳамин хусусияту сарватҳои худ чун ду кишвари дӯст, дорои фарҳангу русуми муштарак, равобити ҳасанаи худро идома дода, вуруди роҳбарияти кишвар ба Тоҷикистон заминаҳои ҳамкориро тақвият мебахшад. Ҳамин тариқ, ҳар ду кишвар аз таҷрибаҳои якдигарро дар бахши сиёсат, адабиёт, фарҳанг, сайёҳат дар партави дипломатияи мардумӣ истифода карда, муносибатҳоро тақвият мебахшанд.

Мирсаид
Раҳмонов,
таҳлилгари Институти
Осиё ва Аврупои АМИТ
 
 

БОЗГАШТ