ҲАМКОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (СҲИ)

Муаллиф: Қурбонзода Фарида

Расм

Дар ҳошияи  сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар  XVII-умин Саммити сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар

Ҷумҳурии Озарбойҷон,4 июли 2025

     Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамгироиҳои минтақавӣ мақоми ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам мекунад. Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) метавонад дар рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳим дошта бошад. Дар доираи ҳамкорӣ бо СҲИ, Тоҷикистон метавонад ба технологияҳои нав, сармоягузорӣ ва бозорҳо барои молҳои худ дастрасӣ дошта бошад.

     Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲШ) таърихи тӯлонӣ ва пурмаҳсули ҳамкорӣ доранд. Соли 1992 Тоҷикистон узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ гардида, аз замони шомил шудан ба он Тоҷикистон дар барномаҳо ва ташаббусҳои гуногуни пешниҳоднамудаи созмон фаъолона иштирок мекунад.

     Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) соли 1985 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст. Дар соли 1992 ҳафт кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Қазоқистон,  Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, аъзои СҲИ шудаанд.

     Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ ё ЭКО) як созмони минтақавии байниҳукуматӣ буда, беш аз 460 миллион нафар аҳолӣ, беш аз 8 миллион километри мураббаъро дар бар мегирад ва ҳаҷми муомилоти солонаи миёни кишварҳои аъзо 1,8 миллиард долларро ташкил медиҳад.  Мақсаду ҳадафи умумии он рушди устувори иқтисодии давлатҳои аъзо ва минтақа мебошад ва кишварҳои аъзо ҳамгироии минтақавиро дар партави “Дурнамои ЭКО 2025” идома дода, дар рушди минтақа ва татбиқи барномаҳову лоиҳаҳои созмон саҳмгузор мебошанд.

     Асоси ҳамгироии иқтисодиро муносибатҳои тиҷоратӣ байни кишварҳои узви созмон ташкил медиҳанд. Дар ин замина дар сохтори СҲИ созишнома ба монанди Созишномаи Тиҷоратии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ вуҷуд дорад, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 дар Исломобод (Покистон) дар нишасти 2-юми Вазирони савдои СҲИ имзо шудааст.

     Дар ҷараёни ин ҳуҷҷат (дар соҳаи савдо) чунин натиҷаҳои пешбинишуда гузошта шуданд:

 - созишномаи тиҷоратии СҲИ ҷорӣ ва амалӣ карда мешавад ва узвият дар СҲИ  зиёд хоҳад шуд;

 - миқёси СТСҲИ аз савдои имтиёзнок то Созишномаи савдои озод васеъ карда мешавад;

 - ба кишварҳои ғайри аъзои СҶТ барои пайвастан ба СҶТ кӯмак расонида мешавад;

     Аз руи таҳлилҳо бармеояд, ки на ҳамаи нақшаҳои дар боло зикршуда амалӣ карда шуданд. Тибқи маълумоти расмии созмон вақтҳои охир фаъолияти СҲИ бештар ба таҷдиди роҳҳои транзитӣ равона карда шуда буд. Дар доираи созишномаҳои тиҷоратӣ кишварҳои иштирокчӣ тадриҷан созишномаҳои тиҷоратиро ба амалиёти тиҷорати рақамӣ тағйир медиҳанд. Инчунин ҳар сол дар ҳар як кишвари иштирокчӣ ярмаркаҳои гуногун гузаронида мешаванд.

     Гардиши савдои берунаи Тоҷикистон бо кишварҳои СҲИ дар соли 2024 қариб 20% нисбат ба соли 2023 афзоиш ёфта, ҳиссаи савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲИ  33 фоизро ташкил додааст. Динамикаи савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲИ бештар ба Қазоқистон ва Узбекистон рост меояд, ки ин аз афзоиши тиҷорати мутақобилаи байни кишварҳо нишон медиҳад. Молҳои асосии содирот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон инҳоянд: гандум, гази табиӣ, оксидҳо ва гидроксидҳои алюминий, орди гандум, ҷав, макарон. Молҳое, ки  аз Тоҷикистон ба Қазоқистон воридот мешаванд, инҳоянд: маъданҳо ва консентратҳои руҳ, маъдан ва консентратҳои сурб, маъдан ва консентратҳои мис, барҳо ва профилҳо алюминий, мева ва сабзавот, меваҳои хушк ва ғайра мебошанд. Молҳои содиротии Узбекистон ба Тоҷикистон инҳоянд: хизматрасониҳои нақлиётӣ, молҳои хӯрокворӣ, маҳсулоти нафту газ, нуриҳои минералӣ (азотӣ, фосфорӣ ва ғайра), маҳсулоти нассоҷӣ, металлҳои сиёҳ, пластмасса ва маҳсулоти онҳо, маҳсулоти электротехникӣ ва ғайра. Воридот аз Тоҷикистон ба Узбекистон: маъданҳо ва консентратҳои цинкӣ, маводи сохтмонӣ (семент), нерӯи барқ, металлҳои сиёҳ, металлҳои ранга. Нишондиҳандаи пасттарини ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистон танҳо бо Озарбойҷон дида мешавад.

     Дар асоси Стратегияи навбатии рушди СҲИ барои солҳои 2026-2035, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, рушди сабз, аз ҷумла энергетикаи сабз, мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, инчунин нақлиёт ва логистика диққати аввалиндараҷа мешуморад.

     СҲИ ба Тоҷикистон тавассути дастгирии молиявӣ, мубодилаи иттилоот, кӯмаки техникӣ ва дигар чорабиниҳо дар таҳкиму суботи иқтисодӣ ва рушди кишвар кӯмаки худро мерасонад. Ҳамкориҳои тарафайн байни Тоҷикистон ва СҲИ барои ҷонибҳо аҳамияти калон дорад. Барои Тоҷикистон ин имконият барои дастгирӣ ва захираҳо барои рушди иқтисодиёт ва инфрасохтор буда, барои созмон ҳузуру худро дар қаламрави кишварҳои Осиеи Марказӣ тақвият бахшидан ва беҳтар намудани робитаҳои иқтисодӣ дар минтақа. Ҳамин тариқ, ҳамкории байни Тоҷикистон ва созмон рушд ва таҳкимро идома дода, манфиатҳо ва мусоидат ба рушди иқтисодии ҳарду ҷониб ба вуҷуд меоранд.

     Яке аз ҷанбаҳои асосии рушд, ки ҳамкорӣ бо СҲИ пешниҳод карда метавонад, ин тавсеаи шарикии тиҷоратӣ ва иқтисодӣ мебошад. Иштироки Тоҷикистон дар лоиҳаҳои иқтисодии СҲИ, ба монанди ташкили минтақаҳои савдои озод, сармоягузории якҷоя ба инфрасохтор ва технологияҳо инноватсионӣ ба коҳиш додани изолятсия ва таҳкими суботи иқтисодӣ дар кишвар метавонад оварда расонад. Илова бар ин, ҳамкорӣ бо СҲИ метавонад ба рушди нақлиёт инфраструктура, баланд бардоштани самаранокии энергия, ҳамкорӣ дар соҳаи сайеҳии байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи маориф ва илм мусоидат кунад.

     Аммо барои рушди бомуваффақияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СҲИ ба инобат гирифтан муҳим аст хусусиятҳо ва ниезҳои кишвар, нигоҳ доштани муколама ва ҳамоҳангсозии амалҳо байни иштирокчиен, инчунин таъмини шаффофият ва устувории лоиҳаҳо.

ҚУРБОНЗОДА Фарида

ходими илмии шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ