Тайи як моҳи охир, баробар бо хориҷ шудани қувваҳои НАТО аз Афғонистон, Толибон бар фаъолиятҳои хеш афзуда, пайи ҳам вилоёт ва шаҳрҳои бузурги Афғонистонро зери тасарруфи худ дароварданд.
Солҳои қаблӣ Толибон фаъолиятҳои хешро бештар ва аввалтар аз ҳама дар қисматҳои ҷанубӣ, ҷанубу шарқӣ, марказӣ ва ғарбии кишвар сомон медоданд. Зеро дар ин манотиқ бештари аҳолӣ паштунҳо буданд ва аз он ки аксари кулли Толибон низ паштунзабон мебошанд, онҳо ба ҳаммиллатон ва ҳамзабонони хеш умеди бештари дастгирӣ доштанд ва ҳамеша бо осонӣ ин манотиқро тасарруф карда, баъдан рӯ ба шимол меоварданд.
Дар шимол ҳамеша ба муқовимати сахте рӯ ба рӯ мешуданд. Дар тамоми муддати муқовимат миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон, ба хусус байни нерӯҳои Эътилофи шимол ва Толибон танҳо як маротиба ба Толибон муяссар гардида буд, ки ба шимол ворид шаванд ва он ҳам бо хиёнати аз ҷониби қӯмондон Абдулмалики ӯзбек рух дода. Хамон вақт низ вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар минтақа хеле муташанниҷ гардида, ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва ба хусус, Тоҷикистону ӯзбекистон интизори мавҷи гурезаҳо ба хоки кишвар буданд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону ӯзбекистон дар манотиқи сарҳадӣ ҷойҳоеро барои қабул ва кӯмаки фирориён дар назар гирифта, бо ёрии кишварҳои дӯст ба ҷамъоварии маводи мавриди ниёзи гурезагон корҳоеро анҷом дода буданд.
Вазъияти вахими ба амал омадаро танҳо ҷиддият, истодагарӣ, шучоату нотарсӣ, хирадмандӣ ва обрӯву эътибори дар миёни мардум ба даст овардаи марҳум қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ба ислоҳ оварда тавонист ва кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистонро аз ҳама ташвишҳо ва хатарҳо наҷот дод. Қаҳрамон Аҳмадшоҳ ҳамон рӯзҳо беҳтарин ва ҷиддитарин суханҳояшро, ки: «агар дар зери поям ба андозаи кӯлоҳам ҷойи холӣ аз Толибон боқӣ бимонад, ман муборизаамро идома хоҳам дод» буданд, нисбати вазъи баамал омада изҳор дошта, ҷонибдоронашро бо ин суханон рӯҳбаланд намуда, ҷабҳаи ягона ва мустаҳкамеро бар зидди Толибон таъсис дод. Ҷабҳаи ягонаи Эътилофи шимол таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳ дар ҳамон шароити нисбат ба ҳоло чандин маротиба мушкилтар, дорои камбудиҳои бештари яроқу аслиҳа, баста будани роҳҳои таъминот, набудани иртибот бо Марказ ва ғайраҳо тавонист, ки Толибонро на танҳо аз шимол, балки аз дигар манотиқи ҳамсарҳад низ биронад.
Ин дафъа Толибон аз чӣ бошад, ки тактикаи ҳешро тағйир дода, тамоми қувваҳояшонро пеш аз ҳама ба шимол партофтанд. Ва дар як муддати кӯтоҳ бисёр сариъ ва бисёр ба осонӣ тавонистанд, аксари вилоятҳо ва шаҳрҳои калони Шимолро забт намоянд.
Толибон дар ишғоли вилоёт ва шаҳрҳову вулусволиҳо тақрибан ба ягон муқобилияти шадиде дучор нагардиданд. Суоле ба миён меояд, ки урду ё артиши Афғонистон, ки таи наздик ба 20 сол бо қӯмак ва дастгирии Амрико ва ҳампаймонҳояш ташкил шуду омӯзиш дид ва бо яроқу аслиҳаи ҳозиразамон мусаллаҳу муҷаҳҳаз гардид, куҷо шуд, чаро аз худ дифоъ накард,чаро ҷузъу томҳои ин артиш яке паси дигар ба ҷониби Толибон гузаштанду таслим шуданд? Охир, амрикоиҳо дар ҳама нишастҳову сӯҳбатҳо ва мусоҳибаҳояшон бо намояндагони ВАО аз пешрафтҳои урдуи Афғонистон, аз триллион доллари барои таълиму таъминот, бозомӯзӣ ва машқу тамрини ин урду сарф гардида сухан мегуфтанд-ку? Ку натиҷа. Ё онҳо ин урдуро барои таслим гардидан ба Толибон омода карда буданд?
Ҳодисаҳои Афғонистон то андозае воқеоти Ироқ дар замони Саддом Ҳусейн ва ҳамлаи амрикоиҳо ба ин кишварро ба ёд меоранд. Ин ҷо ҳам то замони ҳамлаи амрикоиҳо дар ҳама нишасту суҳбатҳо ва мусоҳибаҳо мавзӯи асосӣ қувва ва қудрати артиши Ироқ дар Шарқ ҷои асосиро мегирифт. Вале, замони ҳамлаи амрикоиҳо аз тарафи ин артиши таърифӣ ғайр аз паси ҳамдигар таслим гардидани ҷузъу томҳо, ақаллан хурдтарин муқовимате сурат нагирифт. Ҳатто Горди Президентии Ироқ, ки бисёр васфаш мекарданд, коре анҷом надод. Баъдан маълум гардид, ки тамоми фармондеҳон ва шахсони расмии таъсиргузори давлат қабл аз ҳамлаи амрикоиҳо фурӯхташуда, ба Ватану савганди хеш хиёнат кардаанд.
Таҳлили ҳодисаҳои Афғонистон низ ҳамин манзараро дар пеши назар ҷилвагар месозанд. Тамоми он шахсони масъуле, ки хиёнатро пеша кардаанд, дар хоки кишвар боқӣ монданд ва бо Толибон созиш хоҳанд кард. Танҳо чанд нафаре, ки ба хиёнат сар нафароварданд, кишварро тарк карданд.
Амрикоиҳо бештар аз 200 000 нафар тарафдорон ва онҳоеро, ки тайи 20 соли дар он ҷо буданашон хизматашонро кардаанд, бо худ ба Амрико бурданд. Боқимондаҳоро ба зери дору зарбаи шамшери Толибон гузошта, бо ҳар баҳона яроқу аслиҳаро ба Толибон вогузошта, мардуми бечора ва бадбахти афғонро бо душмани ҷонии саропо мусаллаҳ танҳо ба танҳо гузошта, худ шармандавор фарор карданд.
Рафтори амрикоиҳо ҳеҷ гоҳ бо рафтори Шӯравиҳо ҳангоми хориҷ шудан аз Афғонистон қобили қиёс нест. Шӯравиҳо бо сари баланд, мардонавор аз ин кишвар хориҷ гардида, аз худ хотира ва нишонаҳои нек барои мардум боқӣ гузоштанд, аммо амрикоиҳо номардона, мисли дузд пинҳонӣ хориҷ гардида, аз худ хотироти номатлуб ва мағшуш ба ҷо гузошта, ба тамоми мардуми бечораи афғон хиёнат карданд.
Н. Холназаров,
ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ