АНЪАНАҲОИ МИЛЛИИ ҶОПОНИҲО “花見-ҲАНАМИ” ДАР БАҲОР

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Ҳар як кишвар фарҳанги миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллии худро дорад, ки аз замони қадим сарчашма гирифта, то ба имрӯз боқӣ мондаанд. Ҳамзамон қобили зикр аст, ки ҳар як миллат бештар тавассути урфу одат ва анъанаҳои фарҳанги миллӣ кишвари худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Фарҳанги Ҷопон низ аз ин раванд дур набуда, бо анъанаҳои хоси худ дар ҷаҳон муаррифӣ шудааст. Ҷопон як кишвари осиёгӣ буда, дорои ҷашнҳои миллӣ мебошад, ки аз замони қадим манша гирифтааст. Аз ин рӯ, яке аз ҷашнҳои анъанавии ҷопонҳо, ки хурду бузург онро қайд мегиранд, (花見Ҳанами) мебошад, ки ҳамасола дар фасли Баҳор ҷашн гирифта мешавад. Калимаи Ҳанами ҷопонӣ буда, маънои тамошои гули дарахти ( Сакура)- ро ифода мекунад ва яке аз анъанаи миллии ҷопонӣ аст.
  Ҳанами тақрибан 1200 сол пеш, дар давраи Ҳейан пайдо гардидааст. Қобили зикр аст, ки Ҳанами таърихи қадимаи фарҳанги тамошои гули дарахти сакураро дошт, ки бештар аз ҷониби ашрофзодагон ҷашн гирифта мешуд. Аз солҳои 1600 инҷониб фарҳанги тамошои гули дарахти сакура аз доираи ашрофон баромада, ба ҷашни миллӣ табдил меёбад. Дар аввал мардуми Ҷопон дар баробари парвариш кардани дарахти Сакура, ки аз Чин ворид карда шудааст, шеъру тарона ва суруд эҷод мекарданд ва пас аз давраи Ҳейан ба дарахти гулҳои Сакура таваҷҷуҳашон бештар гардид. Парвариши дарахти Сакура фаъолона ба роҳ монда шуда, маъмултарин навъи он “Сомей Ёшино” маҳсуб меёбад.
  Мардуми Ҷопон аз замони пайдоиш то ҳол ҳангоми фарорасии Ҳанами ба куҳи Уэно, ки ҳамчун як макони тамошои гули Сакура машҳур аст, рафта дар ҳалқаи ёру дӯстон бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар зери дарахти Сакура Ҳанамиро ҷашн мегиранд.
  Бояд қайд намуд, ки шукуфтани гули Сакура ин барои деҳқонон хабари хуш аст, зеро ҳосили зироати хуб ба даст оварданро дорад, ки деҳқонон дар тамошои гули сакура лаззат бурда, дуои ҳосили хуб мекунанд ва ин барои деҳқонон аҳамияти калон доштааст.[1] Гулҳои дарахти Сакура аз 15- уми март ба шукуфтан оғоз намуда, давраи хазоншавиаш тақрибан як ҳафта мебошад. Ҳарчанд ин гул умри кутоҳ дорад, аммо дар хотираи одамон хело хотирмон мемонад ва ҷопониҳо мегӯянд, ки умри инсон ҳам ба мисли гули Сакура хело зебо ва хело кутоҳ аст. Дар баҳор ҳангоми шукуфтани гули Сакура одамон ҳамроҳи оила ва дӯстонашон ба боғҳо рафта, дар паҳлуи дарахти Сакура ба мисли иди Наврӯз дастархон ороста, ҷашн мегиранд.
 
Сурайёи Абдуқосим,
ходими хурди илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
                         Сарчашма:
[1] https://omatsurijapan.com/blog/ohanami-yurai-rekishi/2/

БОЗГАШТ