Чунонки дар боло ишора шуд, на ҳамаи фаъолиятҳои инсон ба воситаи шуури ӯ танзим мешаванд. Як идда аз фаъолиятҳои инсон ба таври ғайрииродӣ мустақиман тавассути зершуур, ки дар он барномаҳо ва дастурамалҳои фитрӣ аз тариқи генҳо сабт шудаанд, танзим мегарданд. Масалан, фаъолияти дастгоҳи нафаскашӣ, низоми ҳаракати хун, инстинктҳову рефлексҳо, ниёзмандӣ ба хоб ва амсоли инҳо аз қабили фаъолиятҳои доимиву хеле муҳими ҳаётии инсон мебошанд, ки бидуни дахолати ақлу иродаи мо ба таври фитрӣ ва табиӣ мунтазам ва хеле дақиқ танзим мегарданд. Ин қабил фаъолиятҳои ба таври табиӣ барномарезишуда мутлақан таҳти таъсири омилҳои фитрӣ қарор дошта, дахолат дар танзими онҳо ба воситаи ирода аслан таъсири ҷиддӣ ва бунёдӣ наметавонад дошта бошад.
Ба иловаи ин фаъолиятҳо баъзе ангезаҳои фитрии дигар аз қабили ғаризаҳои табииву талаботи биологӣ, минҷумла эҳтиёҷот барои рафъи гуруснагиву ташнагӣ, талабот барои идома додани насл, ниёз ба доштани маҳалли зист, талош барои амнияту ҳифзи бақо ва ангезаҳои дигари ба инҳо монанде ҳастанд, ки дар зершуури инсон барномарезӣ шудаанд ва танзими онҳо ба воситаи ақлу ирода фақат ба таври ҷузъиву нисбӣ ва муваққатӣ имконпазир аст. Ин ангезаҳои табииву биологӣ, ки талаботу эҳтиёҷоти аввалии инсонӣ ном гирифтаанд, тамоми инсонҳоро дар тӯли умр ҳамеша таҳти таъсир қарор медиҳанд ва дунболагирӣ мекунанд. (Авраам Харолд Маслоу, ниг. ба китоби “Маслоу о менеджменте”, соли 2003)
Оре, инсон мавҷуди соҳибақл аст ва маънии зиндагии инсон дар қонеъ кардани ин ниёзҳо ва “хуру хобу хашму шаҳват” нест. Инсон бояд арзишҳои воло дошта бошад ва барои ҳадафҳои воло талош варзад. Аммо инсон дар сурате барои расидан ба ҳадафҳои воло имкон ва фурсати талош варзиданро пайдо мекунад, ки ҳадди ақал қудрати қонеъ кардани эҳтиёҷоту ангезаҳои сатҳи аввали биологии худ ва аҳли хонаводаи худро дошта бошад. Шахсе, ки бо кору заҳмати ҳаррӯзаи худ наметавонад ҳатто дар сатҳи зарурӣ маводи ғизоии аҳли хонаводаашро таҳия кунад, чӣ гуна метавонад шароити такмили маънавию таҳсили шоистаи онҳоро ба вуҷуд оварад? Касоне, ки барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти аввалии биологии худ мушкилӣ мекашанд, табиист, ки барои расидан ба ҳадафҳои созандаву саҳмгузорӣ дар рушди Ватан фурсату имконият ва ҳатто иштиёқи камтар хоҳанд дошт. Гузашта аз ин, чунин ашхос ва аҳли хонаводаи онҳо аксар маврид нисбат ба зиндагӣ нигоҳи хушбинона нахоҳанд дошт ва аз вазъи мавҷудаи ҷомеа норизо хоҳанд буд. Дар кишварҳое, ки бинобар вазъи мушкили иқтисодӣ сатҳи камбизоатӣ меафзояд, фазои ақидатии ҷомеа низ ба тадриҷ тира шуда вазъи сиёсӣ осебпазир мегардад. Эътимоди аксари ашхосе, ки дар шароити мушкили маишӣ ба сар мебаранд, нисбат ба ояндаи неки ҷомеа ба тадриҷ коҳиш меёбад. Мавҷуд будани чунин фазои носолими ақидатӣ дар ҷомеа табиист, ки ба афкори умуму рӯҳияи миллӣ, ҳисси миллӣ, худшиносиву худбаҳодиҳии миллӣ, ки қисматҳои таркибии менталитети миллӣ мебошанд, таъсири хеле амиқи номатлуб хоҳад расонд. Аз ин рӯ, барои ҳифзи бақо ва рушди ояндаи миллат бояд фазои мусоиди иқтисодиеро ба вуҷуд овард, ки шаҳрвандон бо истифода аз он на фақат имкони қонеъ кардани ниёзҳои аввалии худ, балки қудрати талош дар роҳи ҳадафҳои волоро низ дошта бошанд.
Иқтисодиёти миллӣ бо масъалаи амнияти миллӣ низ робитаи мустақим дорад. Равандҳои иқтисодӣ дар ҳолати бенизом ва печида шудан вазъи иҷтимоиву сиёсиро ҳам муташанниҷ карда, метавонанд ба омили ҷиддии хатар барои амнияти миллӣ табдилё банд. Аз ин рӯ, рушди иқтисодӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии мардум яке аз василаҳо ва омилҳои муҳими таҳкими амнияти миллӣ ба шумор меравад.
Рушди иқтисод ва беҳдошти иҷтимоии аҳолӣ метавонад тундиҳои эътирозу норизоии мардумро аз байн бурда тамоили марказгурезии маҳалҳо ва шиддати давлатситезии ниҳодҳои мухолифро дар ҷомеа коҳиш диҳад.
Мушкилоти вазъи иқтисодии ҷомеа боиси норизоии мардум гардида, заминаи мусоидеро барои он фароҳам меоварад, ки гурӯҳҳои мухолиф бидуни ҳеҷ заҳмат ва хидмат ба мардум дар байни қишрҳои осебпазири ҷомеа соҳиби нуфуз ва маҳбубият гарданд. Яъне мо бо беэътиборӣ ба масъалаҳои иқтисодӣ ба таври нохудогоҳ ва ғайримустақим ба рақибони сиёсии худ кӯмак мерасонад. Таҳти мафҳуми рақибони сиёсӣ мо набояд фақат гурӯҳҳои кӯчаки ифротгарои хурофотпараст ва ё сепаратистони маҳаллиро тафҳим кунем. Онҳо аслан на рақибони сиёсӣ, балки абзорҳои рақибони сиёсии моянд. Рақибони аслӣ ва қудратманди сиёсии мо нерӯҳои манфиатҷӯи сатҳи минтақа ва байналмилалӣ мебошанд, ки зоҳиран дӯстнамоянд, аммо ҳамеша аз мушкилоти дохилии мо ба нафъи худ моҳирона истифода мекунанд. Ба вуҷуд овардани вазъи чолишзои дохилӣ дар шароити кунунии байналмилалӣ, ки қудратҳои фурсатталаби минтақаву ҷаҳон барои дастёбӣ ба минтақаҳои муҳими геополитикӣ чун гургони гурусна дар паи сайди ғофил талош мекунанд, ҳаргиз наметавонад ба нафъи кишвари тозаистиқлоли мо бошад. Вакили Парлумони Афғонистон, раҳбари Ҳизби “Кунгураи миллӣ”-и Афғонистон, шоир ва сиёсатмадор Латифи Пидром дар конференсияи илмӣ-амалии “Афғонистон 2017: дурнамои рушди вазъият, чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ барои Осиёи Марказӣ”, ки рӯзи 23 майи соли 2017 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИҶТ баргузор гардид, дар ин мавриди сӯиистифодаи қудратҳои манфиатҷӯи минтақавию байналмилалӣ аз вазъи нохушоянди иҷтимоиву иқтисодии мардум дар кишварҳои ҷаҳони сеюм таъкид кард:
“Дар баробари ҷаҳонбинии мазҳабӣ ва тафаккури мазҳабии равияҳои аҳли суннат ва ҷамоат, масъалаи Толибон ва ДОИШ масъалаи иқтисодӣ ҳам ҳаст. Ҳарчанд ин сабаби меҳварӣ нест, аммо бекорӣ ва маоши ночизи корхонаҳои давлатӣ ва дар баробари ин, маоши баланди Толибон, боиси густариши ҳаракати Толибон дар шимоли Афғонистон шудааст. Толибон ба аъзои худ моҳона дар ҳаҷми 1000 доллари амрикоӣ медиҳанд ва бо як мотосикл таъмин мекунанд. Дар баробари ин, агар Афғонистон ором шавад ва манобеи табиии худро ба бозор барорад, рақиби асосии кишварҳое, ба монанди Қатар ва Арабистон мешавад. Ин кишварҳо барои нигаҳдории мавқеи худ Афғонистони оромро намехоҳанд ва Толибонро кӯмак мекунанд ё ДОИШ-ро дар Афғонистон дастгирӣ мекунанд. Ҳама он мадрасаву масоҷиде, ки ин кишварҳо дар Покистону Афғонистон сохтаанд, барои ифротӣ кардани ҷавонони минтақа истифода мешаванд. Тақрибан 8000 мадраса дар Покистон амал мекунанд. Аммо инҳо як озмоишгоҳи шимиёвӣ ё физикӣ намесозанд. Чун мақсад омода кардани террористони мазҳабӣ мебошад, ба рушди илму маориф ва инфрасохтори дигар таваҷҷуҳ, аслан сурат намегирад. Ба даст гирифтани хатҳои фурӯши маводи мухаддир дар шимол ва баъди соли 2011 дастрасӣ ба кумакҳои НАТО, ки аз шимол ба Афғонистон дохил мешуданд, аз ҷумлаи авомили дигари иқтисодии густариши ҳаракати Толибон дар шимоли Афғонистон маҳсуб меёбад.” (Маҷаллаи академии илмию оммавии “Илм ва ҷомеа”, №2 (6), 2017, саҳ.84-85)
Барои он ки мардуми мо арзиши истиқлоли миллӣ ва давлати миллиро ба таври воқеӣ ва шоиста дарк намояд, ҳатман мебояд, ки дар ҷомеаи мо бунёди ҳама корҳо ва ба вижа масъалаи таъминоти иқтисодии мардум ҳадди ақал дар қиёс ба давлатдории қаблии ғайримиллӣ ва истеъморӣ беҳтар ба роҳ монда шавад. Дар сурате, ки вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии миллат дар замони истиқлол ва давлати миллӣ харобтар аз даврони ғайримилливу истеъморӣ (масалан даврони Шӯравӣ) бошад, он гоҳ ба ҷуз теъдоди каме аз ватанпарастони хушбин дигар ақшори ҷомеа нисбат ба давлати миллӣ дидгоҳи хушбинона нахоҳанд дошт ва авлавияти арзишҳои волое чун истиқлол ва давлати соҳибистиқлоли миллиро дуруст ва воқебинона дарк нахоҳанд кард.
Ҳар як фард ва ба вижа афроде, ки ҳанӯз то сатҳи шахсияти миллӣ рушд наёфтаанд (ва бояд гуфт, ки дар ҷомеаи мо чунин одамон аз лиҳози теъдод афзалияти мутлақ доранд), аз рӯи ғаризаи худнигаҳдорӣ ва манфиатмеҳварӣ зиндагӣ мекунад. Чунин афрод на фақат барои хидмати бедареғ ва фидокорӣ ба миллату ҷомеаву давлат худро чандон масъул намедонанд, балки баръакс, умедворанд, ки давлат масъулияти бароварда кардани эҳтиёҷот ва ҳалли мушкилоти онҳоро ба зимма гирад. Дар ҳолати амалӣ нашудани ин умедвориҳояшон онҳо аҳёнан ба таври ошкор ва аксаран ба таври пинҳон нисбат ба давлат норизоӣ мекунанд.
Барои таҳкими давлату бақои миллат муносибатҳои иҷтимоиро бояд тарзе ба роҳ монд, ки ҳар як шаҳрванд ҳамчун мавҷуди биологӣ ва иҷтимоӣ, ҳатто бо авлавият додани манфиатҳои шахсиву хонаводагии худ низ дарёбад ва мутмаин бошад, ки дар қаламрави Тоҷикистон зистану фаъолият кардани ӯ пеш аз ҳама ба нафъи ӯ ва бақои хонадони ӯст. Танҳо дар чунин муҳити амну суботи сиёсӣ ва таъминоти иқтисодӣ имкон дорад, ки ба тадриҷ бо истифодаи роҳкорҳои тарбиятиву таълимӣ ва тарғиботӣ заминаи тарбия ва ташаккули эҳсоси ифтихору ғурури миллии шаҳрвандонро тақвият бахшида умедвориву эътимоди онҳоро ба ояндаи равшани кишвар ба вуҷуд овард. Дар акси ҳол хондани мавъизаи ватанпарастӣ дар гӯши касоне, ки шиками гурусна доранд, таъсири амиқе нахоҳадд ошт.
Мушкилоти мо дар ин росто, яъне дар ростои корбурди сохторҳои давлатӣ ва худи давлат ҳамчун абзори асоситарини ҳифзи манофеи миллӣ барои таъмини амнияти иқтисодӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии мардум дар он аст, ки аслан худи кормандони давлатӣ тафаккури миллӣ ва мавқеи давлатӣ надоранд ва то ин сатҳи фикриву маънавӣ ташаккул наёфтаанд, зеро онҳо ҳам дар бистари ҷомеае тарбия ёфтаанд, ки аксарияти афроди он ҳувийяти бисёр заифи миллӣ доранд ва ё аслан ҳувийяти миллӣ надоранд. Аз ин рӯ, онҳо низ чун намунае аз бисёру муште аз хирвори ҷомеаи худ наметавонанд рангу бӯи ба куллӣ мутафовите дошта бошанд. Менталитети онҳо ҳамчун падидаи устувори психологӣ, табиист, ки наметавонад филфавр бо мутолиаи дастурамали рафтори хидматчии давлатӣ тағйир ёбад. Ин вазъи равонӣ ва сатҳи рушди фикрӣ далели дигарест ба иддаои аслии навиштаи мазкур, ки омили асосии мушкилоти миллии мо дар набуди тафаккури милливу мавқеъгирии давлатии мост, аз ҷумла дар зеҳн, дар дидгоҳ, дар аҳдоф ва ориентатсияи кормандони масъул. Барои рафъи ин мушкилот асоситарин ва муассиртарин роҳкор он аст, ки ҷобаҷогузории кадрӣ тибқи меъёрҳои шоистасолорӣ (принсипҳои меритократия) ба роҳ монда шаванд. Бояд ба дастгоҳи давлатӣ афроде ҷалб карда шаванд, ки дар баробари доштани ихтисоси соҳавии марбута ва таҷрибаи корӣ ҳатман тафаккури милливу мавқеъгирии давлатӣ дошта бошанд. Маҳз дар ҳамин ҳолат давлат функсия ва рисолати худро ҳамчун дастгоҳи ҳифзи манофеи миллӣ метавонад иҷро кунад.
Рӯйхати адабиёт
- Аристотель, «Политика». –М.: Рипол классик, 2010. –С.470
- Абдуллоҳи Раҳнамо, "Ислом ва амнияти миллӣ", Душанбе, "Ирфон", 2011.
- Абдуллоҳи Раҳнамо, "Мавқеи ҳизбӣ ва мавқеи миллӣ", Душанбе, нашриёти "Бухоро", 2012.)
- Авраам Харолд Маслоу, “Маслоу о менеджменте”, Москва, 2003г.
- Алӣ Ризоқулӣ, “Ҷомеашиносии нухбакушӣ”, Теҳрон: Нашри Най, 1377.
- Алии Шариатӣ, "Бозгашт ба хештан", Теҳрон, нашрияи “Ҳумо”, 1351.
- Андерсон Б. "Воображаемие сообщества. Размышления об истоках и распространение национализма", Москва. "КАНОН-пресс-Ц", "Кучково поле", 2001.
- Амирҳусайни Лодан, "Худосолорӣ ва дармондагӣ", Теҳрон, ширкати “Китоб”, соли 1393(2014)
- Акбар Турсон. Эҳёи Аҷам. Душанбе, 1984.
- Вернер Штегмайер. Оянданигарии фалсафӣ. Берлин/Ню Йорк: Валтер де Гройтер, 2008.
- Вернер Штегмайер,“Оянданигарӣ (ориентатсия)-и фалсафӣ аз нигоҳи Фридрих Нитше”, Маҷаллаи академии илмию оммавии “Илм ва ҷомеа”, №2 (6), 2017
- Гегель Г.В. Энциклопедия философских наук. Т. 3 Философия духа.– М.: Мысль, 1977.
- Галлнер Э. "Нации и национализм", Перевод с английского, Ред. и послесл. И.И.Крупника. Москва. "Прогресс", 1991. -стр.23.
- Дарси хештаншиносӣ. (Маҷмӯаи мақолаҳо). 2 ҷилд. Душанбе, 1989-1991.
- Ду қарни суқут-Абдулҳусайни Зарринкуб, Теҳрон, 1970.
- Дуктур Аҳмади Эронӣ. Волтер файласуфи кӯбандаи дин. Лос Анжелис, с.1991
- Девид Метюз, “Сиёсат барои мардум”, Душанбе, 1998, -316с.
- Дюрант Вилям Ҷеймс. Торихи фалсафа. Тарҷумаи Аббоси Зарёб. Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ. Теҳрон:-1387, 501 саҳ.
- Садриддин Айнӣ, «Таърихи инқилоби Бухоро», - Душанбе: Адиб, 1987. - 240 с.
- И.Д.Ковальченко, «Методы исторического исследования». –М.: Наука, 2003. –С.88
- Кант И., Трактаты и письма. – М.: Наука, 1980. – С. 360.
- Қамар Нурулҳақов. Ислом ва муносибатҳои миллӣ. Душанбе, 1989.
- Мо чигуна мо шудем? Решаҳо ва сабабҳои ақибмондагӣ дар Эрон Содиқи Зебокалом. Теҳрон, 2000.
- Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ-Комил Бекзода. Душанбе, 2012.
- Чунин гуфт Зардушт-Фридрих Нитше Душанбе, 2017.
- Ибни Балхӣ. Форснома. Душанбе, Ирфон, 1989.
- Н.И.Кондаков. Логический словарь – справочник. - М.: Наука, 1975.
- Колеман Д. Комитет 300: Тайны мирового правительства. 5-е изд. М.: Витязь, 2011.
- Маҳдии Бозаргон, "Созгории эронӣ", Теҳрон, нашрияи “Сабо”, соли 1384;
- Савин Н.В. "Педагогика", нашриёти "Маориф"-и ш.Душанбе, с.1975.
- С.Ятимов, “Таҳлили стратегӣ ва ояндабинии сиёсӣ”, Душанбе, Ганҷ нашриёт, 2015
- С. Ятимов, “Илм ва амният”, Маҷаллаи академии илмию оммавии “Илм ва ҷомеа”, №2 (6), 2017
- Ятимов С. Назарияи эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ. //Ҷумҳурият №252 (22557), 24 декабри соли 2014
- Садриддин Айнӣ, «Таърихи инқилоби Бухоро», боби «Оё халқ ба ислоҳот толибу ҳозир буд?»
- Закариёи Розӣ. Мунтахаби осор, Душанбе: Адиб, 1989
- Камолова Х.Қ., Ҳайдарова С.С., Камолова М.Р. “Этика ва эстетика”, Душанбе: Истеъдод, 2010
- Эрнест Ренан "Что такое нация?"// Ренан Э. "Собрание сочинений в 12-ти томах. Перевод с французского под редакцией В.М.Михайловского. Т.6. Киев, 1902.
- Коротаева В. "Теории национализма в зарубежных социальных науках". Москва: РГГУ, 1999.
- Лермонтов М.Ю. Собрание сочинений в четырех томах, Л.: Наука, том I.
- "Муқаддима ба назарияи миллатшиносӣ", Душанбе, "Ирфон", 2012,
- Маҷаллаи академии илмию оммавии “Илм ва ҷомеа”, №2 (6), 2017
- https: //studbooks. net/1348755 /psihologiya/natsionalnyy_ mentalitet_ predmet_sotsialno_ psihologicheskogo_ issledovaniya)
- -www.president.tj/habarho 270611.htm1
- –www .president. tj/habarho_080908.htm
- сомонаи интернетӣ; мақолаи "Таърихи Эрон-раванди тахриби осори бостонии Эрон шиддат гирифтааст";
- рӯзномаи "Баҳор", 29/фарвардин/1392-и ҳиҷрӣ
- сомонаи интернетӣ; мақолаи "Нобудии осори бостонии Эрон: Чӣ касе посухгӯст?", 19/ баҳман/1385-и ҳиҷрӣ
- сомонаи интернетӣ; мақолаи "Аносири аслии ҳувийяти миллии эрониён", 10/дай/1394-и ҳиҷрӣя
- -www.president.tj/habarho_260209.htm
- Суханронии Президенти ҶТ ба муносибати 14-умин солгарди Ваҳдати миллӣ. 26-уми июни с.2011. -www.president.tj/habarho 270611.htm1
- Энциклопедический словарь. -М., 1991
Омода кард: Назрӣ Асадзода