“Ҷангҳои  иттилоотӣ”  алайҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  замони муосир

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар  натиҷаи  таҳлили  маводи  сершумори  илмӣ, сиёсӣ,  низомӣ, иқтисодии  чопию расонавӣ -  интернетӣ  муайян  карда  шуд, ки  ахиран  алайҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон яке  аз калидитарин  технологияҳои  “ҷангҳои  омехта”, - “ҷангҳои   иттилоотӣ” – и бесобиқа  роҳандозӣ  гардидааст.
Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат - Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳанӯз  соли 2009 дар Паёми  навбатии  худ  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  доир ба  масъалаи  мазкур, чунин  ишора   карда  буданд:
«Вобаста ба ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба масъалае ҷалб намоям, ки имрӯзҳо боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Агар шумо эътибор дода бошед, солҳои охир дар сомонаҳои гуногуни интернет як маъракаи огоҳонаву  муғризонаи  зидди Тоҷикистон  идома  дорад.
Комилан яқин аст, ки соҳибистиқлолии давлати тоҷикон ва сиёсати бисёрсамтаи  мо ба доираҳои муайян хуш намеояд. Ҳатто  агар ба унвони маводи ғаразнок ва сирф фармоишӣ назар андозем, чунин тасаввур  ҳосил мешавад, ки гӯё давлати мо ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ  муяссар  нагаштааст ва дурнамои инкишофи он норавшан аст.
Як далел меорам: мутобиқи таҳлили коршиносон солҳои 2004-2007 аз тариқи сомонаҳои интернет, ки дар Тоҷикистон маъмуланд, қариб 30 ҳазор хабару гузориш  интишор ёфтааст. Зиёда аз 80 фоизи онҳо фақат аз тӯҳмату бадгӯӣ, матлабҳои ғаразнок ва пешгӯиҳои бебунёд иборат мебошад. Ин раванди номатлуб имрӯз боз ҳам қувват гирифтааст. Муборизаи иттилоотие, ки бар зидди мо аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта шурӯъ кардаанд, фақат як ҳадаф дорад: паст задани мақому мартабаи  давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, бадном кардани миллати тоҷик ва дар ниҳояти кор рӯҳафтодаву ноумед сохтани  мардуми  мо  ба  ояндаи  худ». [1]
Бояд гуфт, ки шумораи 30 000 хабару гузоришҳои дезинформатсионии пахшшуда, ки ба он Пешвои миллат ишора карданд, танҳо  се сол,  яъне  2004 – 2007 - ро  дарбар гирифтааст. Аз  соли  2007 ба ин тараф, оид ба маводи дезинформатсионии  алайҳи  кишварамон  пахшшуда,  ягон  омори расмӣ  вуҷуд надорад ва  касе  онро ҳисоб накардааст. Ба  ақидаи мо, дар  ин  муддат  шумораи  чунин  мавод  ба  маротиб  афзудааст.
Илман ва амалан исбот шудааст, ки “ҷангҳои иттилоотӣ” – ин як навъ таъсири мақсадноки  иттилоотӣ барои ба даст овардани манфиати  сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии  абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ  бар кишвар  ва  минтақаи  мавриди  назар  ба  ҳисоб  меравад.
Доир ба “ҷангҳои иттилоотӣ”, дар доираҳои сиёсию илмии ҷаҳон ду мафҳуми дигар - фармоишгар ва иҷрокунанда пайдо ва мавқеъ гирифтаанд. Ба  ҳайси  фармоишгар  асосан  абарқудратҳо, хадамоти  махсус ва  доираи  сиёсии онҳо, ташкилотҳои гуногуни ғайридавлатии  байналмилалӣ  ва ғайра, баромад  мекунанд. Иҷрокунандагон  маъмулан  аз ҳисоби намояндагони аҳзобу гурӯҳҳои  мухолифини кишварҳои мавриди назар, мухлисони онҳо, зархаридон ва унсурҳои  манфии  дигар интихоб  карда  мешаванд, ки  дар асоси  супориши  фармоишгарон мақолаву  асарҳои  илмии тамоюлноку  ғаразнок ва бардурӯғро  интишор  мекунанд. Ба ин асос, маъмулан,  “фармоишӣ”  будани  мақолаву асарҳои илмии дар партави “ҷангҳои  иттилоотӣ”  чопшаванда,  зуд  маълум  мешавад.
“Ҷангҳои  иттилоотӣ” ба ақидаи коршиноси  сиёсӣ Ҷ. Муқим, аз  ҷангҳои  глобалӣ  ё  анъанавӣ  чунин  фарқият  доранд:
1.Ҷангҳои  глобалӣ ё анъанавӣ пешгӯишавандаанд ва дар онҳо истифодаи  чорабиниҳои  мудофиавӣ  имконпазир  мебошад. Дар чунин ҷангҳо  кишвари аз нигоҳи низомӣ пурқувват пирӯз мегардад. “Ҷангҳои  иттилоотӣ” бошад ба  шуури  инсон  таъсир  мерасонад. Дар аксарияти  ҳолатҳо фаҳмидани самти  ҳуҷуми эҳтимолии “ҷангҳои  иттилоотӣ” номумкин  мебошад.   
2.Дар рафти ҷанги глобалӣ ё анъанавӣ  ҳудуди  кишвар ё минтақа бо зӯрӣ ё  истифодаи  аслиҳаи ҷангӣ пурра  тасарруф  мегардад. Ҳангоми “ҷангҳои иттилоотӣ” бошад, танҳо  шуури инсон   тасхир карда мешавад  ва  ғайра. [2]
Асоси «ҷангҳои иттилоотӣ» - ро иттилооти бардурӯғ ё «дезинформатсия»  ташкил  медиҳад. Ҳаминро  ба  инобат  гирифта  олими рус Г. Г. Почептсов онро «ҷангҳои дезинформатсионӣ» номидааст. «Дезинформатсия ё иттилооти бардурӯғ чунон моҳиронаю устокорона истифода мешавад, ки ба ҳақиқат будани вай ҳеҷ шубҳа намемонад. Баъзан муаллифи воқеии дезинформатсия ва манбаъи онро муайян кардан хеле мушкил аст. Дезинформатсияро барои табақаҳои ҷомеа ба таври хоса омода мекунанд. Зеро ба ҳамон як хабари дурӯғ на ҳама бовар мекунанд. Хабари бардурӯғ тавассути каналҳои гуногун дастраси мардум мешавад. Масалан, агар баъзе хабарҳо дар байни  мардум ба таври овоза паҳн шаванд, иттилооти дигари бардурӯғ аз тариқи сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои  иҷтимоӣ, ВАО ва ғайра  интишор  мегардад”. [3] Ба ақидаи  мо,  истифодаи  ҳар  ду  мафҳум  иштибоҳе  надорад.
Олими руминиягӣ И. М. Пачепа чунин меҳисобад, ки калимаи “дезинформатсия” ё иттилооти бардурӯғ маҳз ба туфайли Ю.В. Андропов - Раиси Кумитаи бехатарии Иттиҳоди Шӯравии собиқ  оммавӣ  гардидааст. ӯ ин мафҳумро  ба  таври  зерин  шарҳ  додааст: “Дезинформатсия” ё иттилооти бардурӯғ  ҳамчун  кокаин  таъсир  мерасонад. Агар  шумо  онро як  ё  ду бор  бӯй  кашед,  шояд он ҳаёти шуморо  тағйир  надиҳад.  Вале, агар ӯро  ҳамарӯза  истеъмол  кунед, шумо  одами  дигар  мешавед ва он  шуморо  ба  нашъаманд  табдил  медиҳад”. [4]
Аз ин хотир, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки дар як вақт ҳам хабари воқеӣ ва ҳам хабари бардурӯғ аз ҷониби ВАО, шабакаҳои интернетӣ,  иҷтимоӣ ва ғайра  паҳн мешавад, дар  маҷмӯъ  амнияти ҷомеа зери хатар  қарор мегирад. Агар ҳадафи иттилооти воқеӣ – ин ба одамон расонидани ҳақиқат, некӣ  ва кӯмак кардан барои баромадан аз вазъияти  вазнин  ва  мақсадҳои хуби дигар бошад,  ҳадафи  иттилооти  бардурӯғ - фиребгарӣ  ва  тахрибкорӣ  мебошад.
Оид  ба  ҷой ва мақоми  мафҳуми  “ҷангҳои  иттилоотӣ”  фикру  ақидаҳои  мухталиф  мавҷуд  аст. Чунончи, ба қавли олими дар боло зикргардида Г. Г. Почептсов: ”Иттилооти манфиатнок ё дезинформатсия ба шуур, психика, ҳолати  руҳӣ  ва  рафтори  аҳолӣ, қувваҳои мусаллаҳи ҳариф ё душман ба мақсади паст кардани  қобилияти  ҳаётии онҳо таъсир мерасонад. Бинобар ин, дар  ҳамаи  давру  замон ба ин таркиби иттилоотии “ҷангҳои омехта” аҳамияти  аввалиндараҷа  медоданд”. [5]
Олими финляндӣ Рене Нюберг бошад, иттилооти бардурӯғ ё дезинформатсияро бо аждаҳои бисёрсара муқоиса кардааст: «Дар  шароити муосир мавҷудияти сарчашмаҳои зиёди  хабарӣ,  барои гумроҳ кардани аҳолӣ бо роҳи дезинформатсия, заминаи хуби афзалиятнокро барои ҷониби муҳоҷим (ҳуҷумкунанда)  муҳайё  месозанд. Аммо  ҷониби мудофеъ (дифоъкунанда)  дар  ҳолати  мушкил  қарор  мегирад, зеро агар яке  аз  сарҳои  аждаҳоро  қатъ  кунад,  ҳеҷ  вақт  намедонад, ки сари  дигари он  бо  мавҷи  хабарҳои  бардурӯғ  аз  куҷо  пайдо  мешавад». [6]
Ҳамин тариқ, субъектҳои асосии пиёдакунандаи чунин “ҷангҳои  иттилоотӣ”  инҳо  мебошанд:
1.Абарқудратҳои  ҷаҳониву  минтақавӣ.
2.Неруҳои  оппозитсионии дар  хориҷи  кишвар  буда.
3.Баъзе  ҳамсоякишварҳое,  ки бо онҳо ҷумҳуриамон  проблемаҳои  ҳалношудаи  марзӣ, истифодаи  оқилонаи  захираҳои обӣ,  тақсимоти  замин  ва  ғайраро  дорад.
 Солҳои охир аз тарафи абарқудратҳои  ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон “ҷангҳои иттилоотӣ” - и  мақсаднок амалӣ карда мешавад. Бо ин роҳ ҳар  яки  онҳо  кӯшиш  мекунад, ки  ҷумҳуриамонро ба лоиҳаҳои  гуногуни  иқтисодию  амниятии ба онҳо марбутбуда  ҷалб намоянд.    Ба таври мисол, дар фазои  Осиёи  Марказӣ, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба он  шомил мебошад, дар ҳоли ҳозир лоиҳаҳои зерини байналмилаливу минтақавӣ татбиқ карда  мешаванд: ИИАО (Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё) - и Русия; “Як камарбанд - як роҳ” – и Ҷумҳурии Халқии Хитой; “Мушорикат баҳри  сулҳ” -и Иттиҳоди Аврупо; “Осиёи Марказии Бузург” ва G 5 + 1 – и ИМА, “Иттиҳоди кишварҳои  туркизабон”, “Тӯрони бузург” - и Туркия  ва  ғайра. 
Дар доираи татбиқи ин лоиҳаҳо  ҳар  як  абарқудрати  ҷаҳониву минтақавӣ,  иттиллооти  ғаразноку  тамоюлнокро   ба  манфиати  худ  пахш  менамояд. Масалан, ду се  соли охир, расонаҳои  русӣ ба мақсади ҷалб  кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИИАО (Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё)  силсиламаводи  тамоюлноки  барои  Русия  манфиатнокро  интишор менамоянд. Ба ин мақолаҳои муаллифони зерин  мисол  шуда  метавонанд: В. Панфилова: Душанбе  не  спешит в Евразийский союз [7], С. Кузнецов. Муки выбора: почему Таджикистан не  спешить вступить  в  ЕАЭС  и  чем это  грозит [8] ва  ғайра. Дар  робита  ба  ин,  мақомоти  русӣ  нисбати  муҳоҷирони  меҳнатии  тоҷик  монеъаҳои  сунъӣ  эҷод   менамояд.  Тамоми  чорабиниҳои  дар  атрофи  ин  масъала  андешидашаванда, тавъам  бо пахши  иттилооти  ғаразноку  манфиатдор  сурат  мегирад.
Илова ба ин, аксарияти  расонаҳои хабарии  Русия, Аврупо ва дигар давлатҳо,  ҷумҳурии  моро ба таври сунъӣ чун «минтакаи муташанниҷ» ва интиқолдиҳандаи асосии маводи мухаддир аз Афғонистон нишон дода, эътибору  нуфузи онро паст заданӣ мешаванд. Дар аксари барномаву мақолаҳои онҳо, танҳо қочоқгарони тоҷик  паҳнкунандагони ин мавод ба Русия ва мамолики Аврупо арзёбӣ мегарданд.
Ба ин мақолаҳои зерин  мисол шуда метавонанд: А. Космарский. Дурман для диктатуры [9]; А. Азамова. Военные контролируют таджикский наркобизнес [10]; “Героин: таджикский завоз” [11]; В Таджикистане задержаны руководители МВД, "крышевавшие" наркомафию [12]; Шерали Табаров – первый  наркобарон, приговоренный в России к пожизненному [13]; Богатые таджики  оказались  крупными  наркобаронами  Подмосковья [14]  ва ғайра.
Аммо мутобиқи маълумоти ташкилотҳои байналхалқӣ бошад, қисми зиёди маводи мухаддир ба Русияву Аврупо бештар аз тариқи ба ном “масири ғарбӣ” ё “масири Балкан”, ки қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон, Туркияро  дарбар гирифта то ба нимҷазираи Балкан  мерасад,  интиқол  дода  мешавад.[15]
Ёдовар  бояд  шуд, ки  абарқудратҳои  ҷаҳониву  минтақавӣ  солҳои  охир  бӯҳрони  Афғонистонро  хеле  моҳирона  ҷиҳати  пиёда  кардани  ҳадафҳои стратегии худ  нисбат  ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  дар  маҷмуъ  Осиёи  Марказӣ,  истифода  мекунанд. Ба  туфайли онҳо  Афғонистон  имрӯз  ба  як кишвар - омили  тарсдиҳанда табдил  ёфтааст. Ба ин  мақсад,  онҳо  бо  истифода  аз  омили  “толибон”,  иттилооти  бардуруғро   паҳн  намуда,  давлатҳои ҳаммарз бо  Афғонистонро аз  ҳуҷуми  эҳтимолии  онҳо   ҳушдор медиҳанд. Бо  ин роҳ  онҳо  танҳо як ҳадаф, яъне  мустаҳкам  кардани  ҳузури  хешро  дар  ин  ҷо, татбиқ  мекунанд.     
Аз сентябри соли 2015, ки ба замони ҳамчун ҳизби террористию  экстремистӣ  эълон шудани ҲНИТ (минбаъд - ТЭТ ҲНИ), “Гурӯҳи - 24”  ва  созмону ҳаракатҳои дигар ва мамнуъ эълон гардидани фаъолияти онҳо дар  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, то инҷониб “ҷангҳои  иттилоотӣ” – ро алайҳи кишварамон   ҳизб ва  ҳаракатҳои номбурда  бурда   истодаанд.
ТЭТ  ҲНИ, “Гурӯҳи - 24”, Анҷумани  Озодандешони Тоҷикистон ва ғайра, солҳои охир иттиҳодеро бо номи Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ)  таъсис  карда, фаъолият доранд. Пойгоҳҳои   асосии иттилоотию тарғиботии зиддитоҷикии онҳо инҳоянд: Паём. нет (https://payom.net); АЗДО ТВ (https://azda.tv); Ислоҳ. нет (https://isloh.net); Бомдод. ком (https://www.bomdod.com); Наҳзат. орг (https://nahzat.org); Анҷумани  Озодандешони  Тоҷик  (https://ozodandishon.org) ва монанди   инҳо. 
Яке аз пойгоҳи  иттилоотии дигар  бо номи “Кимиёи  саодат” (ksaadat.co),  ки  раёсати онро Сайидюнуси  Истаравшанӣ  ба  ӯҳда  дошт, аз охири соли 2020 ба интараф, гӯё аз тарафи мақомоти  эронӣ  бо  сабабҳои номаълум  масдуд  гардидааст. Вале, худи Сайидюнуси  Истаравшанӣ ин ҳолатро  ба  ҳуҷумҳои хакерӣ ба сомонааш вобаста  карда, изҳор доштааст, ки  ба наздики он  дубора  бо  номи  дигар фаъол   хоҳад  шуд. [16]
Аз  тариқи  пойгоҳҳои  номбурда дар доираи “ҷангҳои иттилоотӣ” ҳамарӯза мавҷи  иттилооти  бардурӯғ  алайҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон пахш карда   мешавад. Муҳтавои  тамоми  суханронию  мусоҳибаҳои лидерон ва аъзои қатории онҳо тамоюлнок ва  зиддиҳукуматӣ мебошад.
Бесабаб нест, ки Пешвои  миллат  дар Паёми худ  ба  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 26  декабри  соли 2018  онҳоро  бадхоҳон ё хоинони  миллат  номида,  чунин  қайд  кардаанд:
«Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки  худ  даст  накашидаанд, гирифтор  намешаванд». [17] 
Нерӯҳои  мазкур бо пуштибонии  молиявӣ ва маънавии хадамоти махсус, созмону  ташкилотҳои байналмилалии ҳифзи  ҳуқуқи  башар, аз тариқи сомонаҳои дар боло зикргардида, инчунин, саҳифаҳои «Фейсбук», «Инстаграм» ва ғайра, дар талошанд, ки бо роҳи тӯҳмату бӯҳтонҳо, паст  задани  обрӯи  эътибори  роҳбарияти  кишвар, ғалат  нишон  додани  вазъияти  воқеии  босуботи  ҷумҳурӣ ва  ғайра,  ба шуури мардуми тоҷик таъсири манфӣ расонида, сохти конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  зери  хатар  гузоранд.   
Дар ин бора Пешвои миллат зимни  ифтитоҳи Академияи ВАО – ҷумҳурӣ, чунин гуфтаанд: “Тарғиби ғояҳои мухолифи арзишҳои миллиамон  аз тарафи хоинон и  миллат, тавсифи экстремизми динӣ  дар  фаъолияти  созмонҳои экстремистӣ оқибатҳои  хатарнокро  ба  сохти  конститутсионӣ доранд”. [18]
Дар асоси таҳлилҳо маълум гардид, ки солҳои  охир «ҷангҳои  иттилоотӣ» - ро бар зидди Ҷумҳурии  Тоҷикистон баъзе  ҳамсоякишварҳо низ татбиқ менамоянд. Ба  ин, пеш аз  ҳама, проблемаҳои дохилиминтақавии мавҷуда аз қабили: масъалаҳои то ба охир  ҳалношудаи  сарҳадӣ, этникӣ, экологӣ, норасоии  об ва ғайра  мусоидат  мекунанд. Чунин ҳолат солҳост, ки дар муносибатҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  Ҷумҳурии Қирғизистон  рӯи  масъалаҳои  баҳсбарангези сарҳадии то ба охир ҳалношуда, проблемаи норасоии оби ошомиданӣ ва зироатӣ, бараъло  ба  чашм  мерасад. 
Дар  атрофи  масъалаи  мазкур дар  Ҷумҳурии Қирғизистон  як навъ  фазои  иттилоотии  зиддитоҷикӣ  ҷорӣ  карда  шудааст. Масалан, баъд  аз  ҳар  муноқишаи   наздисарҳадӣ,  воситаҳои  ахбори  оммавӣ, сомонаҳои интернетии ин  кишвар мақолаву  хабарҳои  тамоюлнокро  ба  чоп  мерасонанд. Дар ин  самт расонаҳои хабарии 24-kg (https://24.kg); Парус. инфо (https://paruskg.info);  Гезиттер. орг ( https://www.gezitter.org)  ва  ғайраи  Қирғизистон  хеле  фаъоланд.
Мақолаҳои зерин: «Власти Кыргызстана постоянно идут на уступки в  переговорах с Таджикистаном» [19]; «Конфликт на границе. Депутаты требуют отчета  комиссии по делимитации»  [20], Дипломатия   минометов [21]  ва  амсоли инҳо,  аз  гуфтаҳои боло шаҳодат  медиҳанд.
Илова ба ин, «ҷангҳои иттилоотӣ» - ро ба муқобили Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо фармоиши абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ВАО – и хориҷӣ (Радиои Озодӣ, радиои ББС, Тасним. ир ва ғайра), сомонаҳои интернетӣ (Центразия. ру, Фергана. ру, Ка - ньюс ва ғайра), созмонҳои  байналмилалии ҳифзи  ҳуқуқи башар  (Амнистия  интернешнл, Хьюман Райтс Вотч  ва  ғайра)   амалӣ   мекунанд. 
Бинобар ин, дар  назди  ҳар  як  кишваре, ки алайҳи он “ҷангҳои  иттилоотӣ”  пиёда  карда  мешаванд,  масъалаи  муқовимат  ба  он  дар  мадди  аввали  мубориза  меистад. Зеро, “ҷангҳои  иттилоотӣ”  ба  пояҳои  амнияти  миллӣ   таъсири  манфӣ  мерасонанд. 
Аз ин лиҳоз, Пешвои  миллатамон  ба ин масъала ҳангоми суханрониашон  дар маросими ифтитоҳи  Академияи  ВАО чунин ишора  кардаанд:
«Ҳар  як  кишвар  ва ҳукумати  “ҷангҳои  иттилоотӣ” - ро  бохта,  наметавонад амният  ва  мустаҳкамии  сохти  конститутсионии  худро   ҳифз  намояд. Ҳодисаҳои  солҳои  ахири  дар  ҷумҳуриҳои  пасошӯравӣ ва кишварҳои  Шарқи  Наздик  ба  вуқуъ  омада  нишон  доданд, ки «инқилобҳои  ранга» пеш  аз  ҳама дар  фазои  иттилоотӣ сурат  гирифта,  баъдан  ба  воқеъияти  сиёсӣ  табдил  ёфтанд”. [22]
Ахиран фазои  иттилоотии  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро мавҷи иттилооти тамоюлноки  зиддитоҷиқӣ бо истифода аз пандемияи  коронавирус   COVID – 19,  фаро  гирифтааст.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, метавон хулоса намуд, ки  “ҷангҳои  иттилоотӣ”  алайҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  оянда  низ  истифода  бурда  мешаванд. Ин бо се сабаб вобастагӣ дорад.
1.Манфиатҳои  стратегии  абарқудратҳои  ҷаҳониву минтақавӣ, хусусан Русия, ИМА ва ҶХХ  нисбат ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тағйир наёфтааст  ва онҳо  дар оянда  низ  барои зери нуфузи  худ  нигоҳ  доштани  кишварамон  талош  мекунанд.
2.Неруҳои  оппозитсионии  дар хориҷи кишварбуда,  барои  носубот  гардонидани  кишвар  аз  пахши  иттилооти  ғаразнок  даст намекашанд.
3.То ба  охир ҳал нагардидани  масоили  ба марз, замин ва об бо ҳамсоякишварҳо  марбутбуда, барои  идомаи  “ҷангҳои  иттилоотӣ”  аз тарафи  онҳо,  ҳамчун  омили  мусоидаткунанда  боқӣ  мемонанд.      
 
Адабиёти истифодашуда
1.Раҳмон Э. Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон. 15 апрели соли 2009. АМИТ  «Ховар»/ khovar. tj. [1]
  1. Муқим Ҷ. Сиёсат ва ҷанги иттилоотӣ.- Душанбе: Деваштич, 2006.- 71 с. [2]
  2. Почепцов Г.Г. Пять новых направлений трансформации информационной войны: реализованные подходы//электронный ресурс/ Режим доступа/http://www.warandpeace.ru/ru/analysis/view/122239/ [3]
  3. Пачепа И.М., Рычлак Р. Дезинформация. Тайная стратегия абсолютной  власти. (FAKE.Технологии фальсификаций).  Москва. ООО «Издательство «Э», 2016. - с.- 274. [4]
  4. Поцепцов Г.Г. Гибридно-информационная война и роль пропаганды и контр-пропаганды // Электронный ресурс/ Режим доступа/
http://osvita.mediasapiens.ua/trends/1411978127/gibridnoinformatsionnaya_voyna_i_rol_propagandy_i_kontrpropagandy/[5]
  1. Нюберг Р. Гибридные операции  и  устойчивость  общества: уроки финской истории https:// Электронный ресурс/ Режим  доступа/Carnegie.ru/?lang=ru [6]
  2. Панфилова В.: Душанбе не спешит в Евразийский союз// Электронный ресурс/ Режим доступа/ [7]
http://www.ng.ru/cis/2020-02-05/6_7786_tajikistan.html
  1. Кузнецов С. Муки выбора: почему Таджикистан не спешить вступить в ЕАЭС  и чем это грозит// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://tj.sputniknews.ru/analytics/20191202/1030322421/eaes-dengi-migranty-ekonomika-tajikistan.html [8]
  2. Космарский А. Дурман для  диктатуры// Электронный  ресурс/ Режим доступа/  https://fergana.ru/articles/103444/ [9]
  3. Азамова А. Военные контролируют таджикский наркобизнес// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://flb.ru/info/2449.html [10]
  4. Героин: таджикский завоз// Электронный ресурс/ Режим доступа/ www.compromat.ru › page_18011[11]
  5. В Таджикистане задержаны руководители МВД, «крышевавшие» наркомафию// Электронный ресурс/ Режим доступа/
https://www.newsru.com/crime/26jan2012/drugmvdarsttadzh.html [12]
  1. Шер Табаров- первый наркобарон, приговоренный  в России к  пожизненному // Электронный  ресурс/ Режим доступа/
    https://akhbor-rus.com/-p2267-96.htm [13]
14.  Богатые  таджики  оказались  крупными  наркобаронами Подмосковья// Электронный ресурс/ Режим  доступа/
https://www.ntv.ru/novosti/324402/ [14]
15.Губайдулина М. Ш. Маршрутизация наркотрафика  «Северный» и «Каспийский» в проблематике региональной безопасности// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://articlekz.com/article/16240 [15]
16. Масдуд шудани пойгоҳи “Кимиёи саодат” ва хомӯшии гардонандаҳояш// Электронный ресурс/ режим доступа/
 https://euctj.org/masdud-shudani-pojgohi-kimiyoi-saodat-va-homushii-gardonandahoyash/ [16]
  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Электронный ресурс/ Режим доступа/ http://khovar.tj/category/president/ node/19088 [17]
18.  Раҳмон  Э. Суханронӣ дар маъракаи ифтитоҳи муассисаҳои  давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо»  ва  Академияи ВАО// Электронный ресурс/ Режим доступа/  khovar. tj. [18]
  1. Власти Кыргызстана постоянно идут на уступки в переговорах с  Таджикистаном// Электронный ресурс/ Режим  доступа/
https://24.kg/obschestvo/134707_vlasti_kyirgyizstana_postoyanno_idut_naustupki_vperegovorah_stadjikistanom_/ [19]
  1. Конфликт на границе. Депутаты требуют отчета комиссии по делимитации// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://24.kg/vlast/138438_konflikt_nagranitse_deputatyi_trebuyut_otcheta_komissii_podelimitatsii/ [20]
  2. Дипломатия минометов.
 Газета Коммерсантъ" №169 от 18.09.2019, стр. 6 [21]
22.  Раҳмон  Э. Суханронӣ дар маъракаи ифтитоҳи муассисаҳои  давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо»  ва  Академияи ВАО/ Электронный ресурс/ Режим доступа/  khovar. tj.
 
 
Сангинов Н.Н.,мудири 
шуъбаи ОсиёиМарказии 
ИОМДОА  АМИТ, н.и.с.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

БОЗГАШТ