ҶАННАТИ РӮИ ЗАМИН ДАР ЗЕРИ ПОЯТ, ОЧАҶОН

Муаллиф: Ширин Қурбонова

Расм

Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.

                                                                                                                                                                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

ОЧАҶОН

Ёд кардам меҳрубониҳои ту,

Нони гарму файзи дастурхони ту,

Лаҳни ширин, бачаҷонгуйҳои ту,

Очаи ҷон, очаҷон, ҷон очаҷон.

 

Мисли оча  нест дар рӯи замин,

Ҳеҷ зан зебову хубу, маҳҷабин,

Мекунӣ дунёи мо меҳрофарин,

Очаи ҷон, очаҷон, ҷон очаҷон.

 

Бо дуои ту замин гул мекунад,

Меҳру маҳ гармиву нуре медиҳ.

Зиндагӣ аз ту таҷаммул мекунад,

Очаи ҷон, очаҷон, ҷон очаҷон.

 

Гармии хуршеди тобон бе ту ҳеҷ,

Зиннати боғу гулистон бе ту ҳеҷ.

Эй замину осмонро нурбахш,

Очаи ҷон, очаҷон, ҷон очаҷон.

 

Ҳаст Ҷаннат дар қудуми модарон,

Фазлу дониш дар суруди модарон,

То абад хоҳам, ки бошӣ ҷовидон,

Очаи ҷон, очаҷон, ҷон очаҷон!

 

ҶАННАТИ РӮИ ЗАМИН ДАР ЗЕРИ ПОЯТ, ОЧАҶОН

Очаҷон, ҷон очаҷон, рӯи туро пазмон шавам,

Дар ду олам аз барои меҳри ту қурбон шавам.

Очаҷон, овардӣ манро бар ҷаҳони рӯшанӣ,

Лаҳзае гар нестӣ, раҳгуму саргардон шавам.

 

Ёд кардам нони гарми дегдонат, очаҷон,

Мегирад ҳар гаҳ хуморам файзи хонат, очаҷон.

Менишастем гирди хонат хоҳарону додарон,

Мешукуфтӣ ҳам чу гул бо хонабонат, очаҷон.

 

Ҷаннати рӯи замин дар зери поят, очаҷон,

Рӯшании рӯям аз нуру сафоят, очаҷон.

Дар ҷаҳон баъди Худо бошӣ бароям муттако,

Бахту тахту зиндагиям аз дуоят, очаҷон.

Дар дунё гиромитар аз модар мавҷуде нест, чунки ҳама рафтору гуфтори ӯ аз меҳрубониҳо сар мешавад. Мавзӯи модар дар адабиёти тоҷик яке аз муҳимтарин ва ҷовидонтарин мавзӯъҳост, ки дар тӯли асрҳо бо эҳсосоти амиқ ва муҳаббати бекарон қалби хонандагонро гарм кардааст. Дар фарҳанги тоҷик, модар на танҳо асоси оила, балки рамзи меҳру муҳаббат, фидокорӣ ва пойдории ҷомеа мебошад. Башар ҳақиқатро дар табиати модар мебинад, чунки ин табиат дар ҳеҷ сурат тағийр намеёбад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз хурду бузург саркарда дар васфаш модарномаҳо менависанд. Дар адабиёти муосир, ин мавзӯъ бо шаклҳои тоза ва наздик ба эҳсосоти имрӯз дубора зинда мешавад, ки намунаи барҷастаи онро дар эҷодиёти шоири муосир Дониёр Сангинӣ дар сатҳи олӣ модарро таранум кардааст, метавон дид. Шеърҳои “Очаҷон” ва “Ҷаннати рӯи замин дар зери поят, очаҷон” ду паёми пур аз муҳаббат ба модар мебошад, ки бо забони сода, тасвирҳои хонаводагӣ ва эҳсосоти самимӣ дар қалби хонанда ҷойгоҳи махсус пайдо кардааст. Ин шеърҳо на танҳо муҳаббати фарзанд ба модарро балки хушбаёнӣ, ширинсухании ӯро нисбат ба фарзанд, меҳрномаи модар   ба фарзанд, ки ба ғайр аз ӯ ҳеҷ кас эъҷод карда наметавонад, инъикос мекунад. Меҳри модарӣ вижагиҳои махсуси модарон аст, ки фақат ва фақат аз табиати модар сарчашма мегирад, вагарна биҳитро Муҳаммади Мустафо дар зери қадамҳояш намегузошт.  

Шеърҳои “Очаҷон” ва “Ҷаннати рӯи замин дар зери поят, очаҷон”, ки бо қалами Дониёр ду намунаи барҷастаи адабиёти лирикии муосири тоҷик мебошад, ин шеърҳо ба мавзӯи модар рамзи муқаддас дар фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Ин шеърҳо на танҳо муҳаббати фарзанд ба модар, балки арзишҳои фарҳангии тоҷикро, ки танҳо ба модари тоҷик хос мебошад ва инро ҷомеа эҳтиром мекунад, инъикос мешавад. Шеърҳо дар фазои адабии Тоҷикистони мустақил эҷод шудаанд, ки пас аз истиқлолияти соли 1991 бо тағйироти зиёди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ буд. Давраи пас аз ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) бо мушкилоти иқтисодӣ ва барқарорсозии ҷомеа ҳамроҳ буд, ки дар адабиёт ба ҷустуҷӯи арзишҳои устувори фарҳангӣ, аз қабили нақши модар ҳамчун манбаи амният ва муҳаббат, сабаб шуд. Шеърҳои Дониёр модарро чун рамзи пойдории фарҳанги миллӣ тасвир мекунад, ки бо эҳсосоти шахсӣ ва хотираҳои оилавӣ пур шудааст. Мавзӯи модар дар адабиёти тоҷик таърихи тӯлонӣ дорад, ки дар адабиёти муосир бо шаклҳои тоза ва наздик ба эҳсосоти имрӯзаи модарони Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки макони пур аз меҳру муҳаббат мебошад, фарогир аст.

Дар шеъри “Очаҷон”-и Дониёр муроҷиат ба модар, дӯстдориву дӯстдоштаниҳои фарзанд нисбати модар ва модар нисбати фарзанд, ки аз тинати модар сарчашма мегирад, дарҷ ёфтааст. Мисраи “Очаи ҷон, очаҷон, ҷон очаҷон” дар охири ҳар банд мусиқият ва ритми хоси худро дорад, ки танҳо такрор ба такрор ҷон гуфтани фарзанд нисбати модар муҳаббати фарзандро нисбат ба модар нишон медиҳад. Дар ҳар ду шеър вазни адабии муносиб ба анъанаҳои тоҷик истифода шудааст, ки эҳсоси ошноӣ бо адабиёти гузаштаро меофарад. Такрори ибораҳои “Очаи ҷон, очаҷон, ҷон очаҷон” дар шеъри “Очаҷон” ва дар шеъри “Ҷаннати рӯи замин” ба шеърҳо оҳанги мусиқӣ ва эҳсоси муроҷиати самимӣ ба модарро илова мекунад. Ин мисраҳои шеър барои хонанда фаҳмо ва пурэҳсос буда, онҳо бо забони муосири тоҷикӣ ба хонандаи имрӯза пешкаш мешавад.

Дар маъно, ҳар ду шеър муҳаббати фарзанд  нисбат ба модарро чун мавзӯи асосӣ инъикос мекунад. Дар шеъри “Очаҷон”, шоир модарро ҳамчун манбаи меҳрубонии бекарон ва рӯшноии зиндагӣ тасвир кардааст. Мисраъи “ Ҳаст Ҷаннат дар қудуми модарон” ба як анъанаи маъруф ишора дорад, ки модарро чун манбаи хушбахтӣ меҳисобанд. Дар шеъри “Ҷаннати рӯи замин дар зери поят, очаҷон”, модар ба фаришта баробар донистанд, чунки модар маҳрум аз гуноҳ мебошад ва фақат барои парвоз болу пар надорад. Шоир дар дар шеъри “Ҷаннати рӯи замин”, мисраъи “Очаҷон, овардӣ манро дар ҷаҳони рӯшанӣ” нақши модарро ҳамчун офарандаи ҳаёт меҳисобад. Ибораи “Лаҳзае гар нестӣ, раҳгуму саргардон шавам” вобастагӣ аз эътимоди фарзанд ба модарро ифода мекунад, ки ҳаётро бидуни модар бемаъно мешуморад. Ҳар ду шеър ба хотири оила ва оиладорӣ, аз қабили мисраи “Нони гарму файзи дастурхони ту” дар шеъри “Очаҷон” ва мисраи “Ёд кардам нони гарми дегдонат, очаҷон” дар шеъри “Ҷаннати рӯи замин” шоир ишора мекунад, ки эҳсоси гармӣ, тинҷиву оромии оила танҳо ба модар хос аст, ки онро ба ҷигарбандаш тақдим медорад. Ин тасвирҳо барои мо хеле шинос мебошанд. Шоир дар мисраъи “Фазлу дониш дар суруди модарон” дар шеъри “Очаҷон” ва “Рӯшании рӯям аз нуру сафоят, очаҷон” дар шеъри “Ҷаннати рӯи замин” зоҳир мешавад, ки модар тифлро бо сухан месозад, ӯ модарро шабеҳи омӯзгор медонад, ки дар хуну рагу пӯсташ меҳри Ватан ҳувайдост.  

Дар шеъри “Очаҷон” модар ҳамчун “хуршеди тобон” ва “замину осмонро нурбахш” эҳсоси зебоии модар таъкид шудааст. Ба фарзанд аз модари худаш дида дигар зани зебо вуҷуд надорад. Дар шеъри “Ҷаннати рӯи замин” модар тасвири “нуру сафо” ва “гул”, ки ба хонанда эҳсоси меҳрубонӣ, дӯстдории беҳад зиёд нисбат ба фарзанд ва баракс дӯстдории зиёд нисбат ба модарро нишон медиҳад. Ин тасвирҳо бо фарҳанги миллии тоҷикӣ, ки модарро чун манбаи меҳр медонад, танҳо хос ба миллати тоҷик мебошад. Забони ҳар ду шеър бо забони содда ва ноби тоҷикӣ, навишта шуда, меҳри модарро ба фарзанд самимӣ медонад. Ибораҳое дар шеър чун “бачаҷонгуйҳои ту” ва “нони гарми дегдонат” моро ба давраи кӯдакӣ мебарад, ки ҳар яки мо аз ин хотираҳо ҳам хушҳол ва ҳам ғамгин мешавем. Шоир дар шеърҳояш анъанаҳои оилавиро истифода бурда,  нақши модарро ҳамчун асоси пойдории оила меҳисобад.

Барои муқоиса шеърҳои “Очаҷон” ва “Ҷаннати рӯи замин дар зери поят, очаҷон” бо шеъри “Замину осмони ман туӣ модар”-и (с. 1986) Лоиқ Шералӣ, ки дар маҷмуаи “Садои қалб” нашр шудааст, баррасӣ мешавад. Шоир Лоиқ дар ин шеър модарро чун “замину осмон”, “ягона меҳрубон” ва “устоди забон” гуфта, тазаккур медиҳад, ки модар тифлро аз хурдӣ ба саводнокӣ ҳидоят менамояд.  Мисраъи “Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам?” ба таъсири модар ба эҷодиёти фарзанд таъкид мекунад. Шеърҳои Дониёр сохтори монанд ба анъанаҳои миллӣ наздик аст, дар ҷое ки шоир Лоиқ сохтори муосиртарро дорад. Дар маъно ҳар се шеър модарро чун рамзи муқаддас ва манбаи зиндагӣ тасвир мекунад. Дониёр ба хотираҳои оилавӣ таваҷҷӯҳ дорад, дар ҷое ки шоир Лоиқ ба нақши модар дар тарбияи фарҳангии фарзанд, ки нақши калидӣ доштанашро дарҷ мекунад. Дар шеъри “Ҷаннати рӯи замин” “нуру сафо” аст, дар ҷое ки дар шеъри Лоиқ “чароғи дудмон” мебошад. Забони шоирии Дониёр соддатар буда, дар ҷое ки Лоиқ забони муосир, вале пур аз образҳои фарҳангиро истифода мекунад. Шеърҳои Дониёр бештар эҳсосиянд, дар ҷое ки шеъри Лоиқ ба нақши модар, забон, фарҳанг таъкидҳо дорад. Бо вуҷуди ин дар ҳар се шеър модар ҳамчун манбаи меҳру вафову муҳаббат тасвир шудааст.

Аз нигоҳи илмӣ, фарҳангӣ, тарбиявӣ ва иҷтимоӣ шеърҳои Дониёр Сангинӣ арзиши модарро дар фарҳанги миллии тоҷик, ки дар он модар нақши асосӣ мебозад, аз ҳама чиз боло медонад, яъне ҳастии модар дар дунё танҳову танҳо, фарзанди ӯст. Дар ашори шоир на танҳо муҳаббати фарзанд ба модар, балки арзишҳои амиқи фарҳангии миллати мо, ки модарро чун макони меҳру вафо мешуморад, инъикос мешавад. Таҳлили шеърҳо нишон медиҳад, ки мавзӯи модар дар адабиёти тоҷик бо шаклҳои гуногун, вале бо як маънои умумии эҳтиром ва ҳурмату иззат ба модар зоҳир шудааст. Бо муқоиса аз шеъри “Замину осмони ман туӣ модар”-и Лоиқ Шералӣ аҳамияти ин шеърҳоро дар идомаи анъанаҳои адабӣ ва таҳкимии арзишҳои миллию фарҳангӣ нишон медиҳад.

Дар ашори Дониёр дар бораи нақши модар ҳамчун асоси пойдории оила ва ҷомеа нишон дода мешавад. Бо муроҷиати самимӣ ва тасвирҳои пур аз меҳр ин шеърҳо на танҳо эҳсосоти моро нисбат ба меҳри модарӣ бедор мекунад, балки моро ба эҳтироми бештару бештар ба модар ва арзишҳои поки оилавӣ даъват мекунад. Навозишҳое, ки модар нисбат ба фарзанд дорад, он навозишҳо вобаста ба табиати хеш фақат дар тинати модар пайдо мешавад. Дар маҷмӯъ шеърҳои “Очаҷон” ва “Ҷаннати рӯи замин дар зери поят, очаҷон” шоир Дониёр як ганҷинаи адабӣ мебошад, ки дар адабиёти тоҷик ҷойгоҳи хосаи худро мегирад ва ба таҳкими муҳаббат ва иззату эҳтиром нисбат ба модар, ки сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт мебошад, мусоидат мекунад.

 

ҚУРБОНОВА ШИРИН

 сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

доктори илмҳои таърих. 

БОЗГАШТ