ҶАРАЁНИ ДИНӢ-ЭКСТРЕМИСТИИ «САЛАФИЯ»

Муаллиф: Салимов Акбар

Расм

Дар ҷараёни муборизаи чандинсола мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ як қатор ташкилот, ҳизбу ҳаракатҳо, равия ва ҷараёнҳои сершумор, ки падидаи номатлуби терроризму экстремизми муосирро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардаанд, ошкор намуданд ва фаъолияташон дар асоси Қарори Суди Олии ҶТ дар ҳудуди кишвар мамнуъ эълон шудааст. То ба имрӯз ҳизбу ҳаракат ва ҷараёнҳои динии хусусияти террористӣ-экстремистӣ ба 18 адад расидааст ва дар марҳилаи кунунӣ яке аз хавфноктарини онҳо ҷараёни динӣ-экстремистии «Салафия» маҳсуб ёфтааст.

Ҷараёни динии «Салафия»-и ғайриқонунӣ амалкунанда дар асоси ҳалномаи Суди Олии ҶТ аз 8 январи соли 2009 фаъолияташ манъ карда шуд ва аз 8 декабри соли 2014 ҳамчун ҷараёни динӣ-экстремистӣ эътироф гардида, дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Аз таҳлили ҳалнома бармеояд, ки фаъолияти ҷараёни «Салафия» хусусияти динӣ-экстремистӣ дошта, аз рӯи мақсад, вазифа ва идеологияаш пурра бар зидди асосҳои сохтори конститутсионии ҶТ равона карда шуда ба моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягонагии давлат мухолифат мекунад.

Бо дарназардошти дарки таҳдиди ҷиддии фаъолияти ҷараёни динӣ-экстремистии «Салафия» ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди он яке аз вазифа ва самти муайяни кориро дар фаъолияти мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён овард.

Барои коркарди чораҳои самараовар дар мубориза бар зидди фаъолияти тахрибкоронаи ҷараёни динӣ-экстремистии «Салафия» мо пеш аз ҳама бояд дар бораи заминаҳои таърихии пайдоиш ва паҳншавии ғояҳои он дар ҶТ, мақсад вазифа, идеология ва шаклу усулҳои фаъолияти тахрибкоронаи ҷараёни мазкур донишу фаҳмиши зарурӣ дошта бошем.

Нимаи дуюми асри XX дар дохили дини Ислом – ҳамчун низоми ифодакунандаи муносибати динӣ дар ҷомеа, дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд меояд. Ин гуна дигаргуниҳо, пеш аз ҳама, боиси пайдоиши ташкилот, ҳизбу ҳаракат, равия ва ҷараёнҳои динӣ-сиёсии исломӣ гашт, ки онҳо худро исломӣ номида, дар соҳаи сиёсат фаъолияти хешро оғоз намуданд. 

Чунин ҷараёнҳои сиёсӣ ва зеҳнии навтаъсисро дар Ислом, олимон ва мутахассисони соҳа «фундаментализми исломӣ» номиданд, ки маънои «баргаштан ба бунёди динӣ»-ро дорад. Худи мусулмонон «Салафия» номидани чунин ҷараёнро дуруст мешуморанд. Тарафдорони «Салафия» бар он ақида мебошанд, ки мусулмонон аз меъёру қоидаҳои аслии ислом дур шудаанд ва дар ҳамаи кирдору ақида, меъёру қоидаҳо бояд он ақидаҳои аввалияи (ибтидоии) исломиро, ки дар замони Пайғамбари ислом ҷорӣ шуда буданд, риоя кунанд.

Бояд қайд кард, ки чунин фундаментализм дар Ислом зуҳуроти нав нест. Ин гуна ҷараён бо тарзи даврзанӣ мунтазам такрор мешавад. Вале, чи хеле ки олимони соҳа қайд мекунанд: «… маҳз салафияи охири асри XX шакли маъмултарини радикализми исломӣ ба ҳисоб рафта, мақсади ниҳоии он – барқарор кардани ҳокимияти исломии ҳақиқӣ мебошад, ки ба меъёрҳои «шариат»-и давраи ибтидоии уммаи исломӣ рост меояд…».  

Таърихи пайдоиши ҷараёни «Салафия» ба ибтидои асри IX рафта мерасад, ки дар он давра мақсади асосии салафиҳо озод кардани заминҳои «исломӣ», аз Байтулмуқаддас то Андалузия, аз дасти «кофирон» ба ҳисоб мерафт. Асосан, ҷонибдорони ин ҷараёнро тарафдорони мазҳаби Имом Аҳмад Ибн Ҳанбал ташкил мекарданд. Ҷараён охири асри XIII ва ибтидои асри XIV бо таълимоти Ибн Таймийя аз сари нав эҳё шуд.

Номи ҷараёни мазкур аз калимаи арабии салафа, «ас-салафу-с-солиҳу» гирифта шуда, маънои пешина будан, парҳезгор, гузашта будан, гузаштагони некном, гузаштагони зоҳидро дорад. Қайд кардан лозим аст, ки дар замони муосир ин калима бо маънои аслии худ истифода бурда намешавад.

Ғояҳои салафия дар асри XVIII асоси идеологияи «ваҳҳобия»-ро ташкил кард.

Дар асри XX бошад, ғояҳои «салафия» аз ҷониби «Ихвон-ул-муслимин» қабул карда шуд.

Салафияи муосир дар таърихи ислом, асосан дар таърихи араб давраи нави гароиш ба салафия мебошад, ки аз рӯи мазмуну ҳадафи худ дар асл як намуна аст, ки дар заминаи муборизаҳои миллӣ-сиёсии араб барои нигоҳ доштани нуфузу эътибори худ ва идора кардани ҷаҳони ислом ба манфиати худ ба вуҷуд омадааст.

Салафияи муосирро як самти нав дар ислом меноманд ва фарқияти асосии салафиҳо дар он аст, ки онҳо кӯшиш мекунанд дини Исломро аз навовариҳо тоза карда, ба шакли ибтидоии ӯ, баргарданд. Салафиҳо худро ҷонибдори ягон мазҳаб намешуморанд, фақат он ақидаҳои баъзе мазҳабҳо ва мактабҳои анъанавии ҳуқуқиро дуруст мешуморанд, ки аз рӯи Қуръони Карим ва Сунна дурустии онҳо далелнок гаштааст. Барои ҳамин ҳам, маҳз аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта «салафия» нақши ҳамчун таъқибкунандаи тарафдорони исломи анъанавӣ ба шумор меравад.

Дар роҳи расидан ба мақсадҳои фундаменталистии худ салафиҳо риоя намудани чунин талаботҳоро яке аз шартҳои асосӣ мешуморанд:

  • қатъиян нигоҳ доштани принсипи «тавҳид» (яккахудоӣ);
  • рад кардани ҳамагуна навовариҳо дар дин - «бидъат»;
  • танқид кардани ҳамагуна тақлидкорӣ (кӯркӯрона ҷонибдорӣ кардан ба ягон ақидаи равияи динӣ ё уламои дин).

Дар масъалаи мафҳуми «ҷиҳод», салафиҳо бо тарафдорони дини Исломи анъанавӣ, махсусан дар мавзуи «ҷиҳод нисбати режими ҳукмрон», баҳс меҷӯянд. Мусулмонони анъанавӣ ҷиҳодро ҳамчун инкишофдиҳандаи маънавиёти динии инсон дар роҳи худошиносӣ мешуморанд ва бар он ақидаанд, ки ҷиҳодро танҳо бо мақсади мудофиавӣ гузаронидан мумкин аст. Салафиҳо ин масъаларо ҳамчун масъалаи муҳими динӣ-сиёсӣ шуморида, мегӯянд, ки «ҷиҳод – ин рӯҳи дини Ислом аст, ки бе ҷиҳод дин ба монанди «тани бе ҷон мебошад». Ҷиҳод – ин мубориза барои паҳн кардани дини Ислом дар тамоми ҷаҳон мебошад ва ӯ метавонад характери мусаллаҳона дошта бошад. Ҷиҳодро нисбати дилхоҳ ҳукумате, ки бар муқобили «даъвати исломӣ» гунаҳкор ҳисобида мешавад, гузарондан мумкин аст».

Асоси иҷтимоии ин ҷараёнро дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷавонон ташкил мекунанд. Ба ин тоифа он ҷавононе мансубанд, ки ҷавоб ва ҳалли аксари қазияҳои иҷтимоӣ ва шахсии худро дар дини Ислом меҷӯянд, онҳо дар ҳароси ислоҳкунии чунин «камбудиҳои» иҷтимоӣ мебошанд. Маҳз ҳамин омилро «салафиҳо» ба инобат гирифта, ба сафи худ бештар ҷавонони сатҳи инкишофи гуногундоштаро ҷалб мекунанд.

Аз ҷиҳати зоҳирӣ салафиҳо риши дарози бетартиб, ба худ хос кулоҳ, курта ва шими почакӯтоҳ доранд. Онҳо бартарии ақида ва фуруотҳои равияи динии «Салафия»-ро дар масъалаҳои ба мазҳаби суннатии дини Ислом мухолиф, аз қабили маҳс кашидан бар ҷӯроб, ҳангоми гузоштани намоз пойҳоро васеъ гузошта, пеш аз рукуъ кардан дастҳоро ба боло бардошта, то зери гӯш бурда нарасонида, дар охири сураи «Фотиҳа» калимаи «Омин»-ро бо овози баланд талаффуз кардан тарғиб мекунанд.

Муайян карда шуд, ки ҳама гуна таблиғ ва даъватҳои салафиҳо оид ба риоя намудани меъёрҳои шариатии исломи ибтидоӣ, гузаштан ба тарзу қоидаҳои нави намозхонӣ ва фаъолияти ҷалбкунии онҳо вобаста ба зиёд кардани сафҳои худ, боиси ҷудоиандозӣ, ба миён омадани низоъҳои динӣ-мазҳабӣ дар ҷомеа гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти Тоҷикистон таҳдиди бевосита доранд. Ин ҷараён мақсад дорад бо роҳи ташвиқот, даъват ва таблиғ ҷомеаро, асосан ҷавононро ба сафи худ ҷалб намуда, бобати сарнагун кардани давлатҳои ғайриисломӣ замина омода созад.

Бо ҳалномаи Суди Олии ҶТ аз 8 январи соли 2009 баҳри таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти ҶТ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва паст задании шаъну эътибори миллӣ, фаъолияти равияи динии «Салафия», ҳамчун ғайриқонунӣ амалкунанда ва аз 8 декабри соли 2014 ҳамчун ҷараёни динӣ-экстремистӣ эътироф гардида, дар қаламрави ҶТ фъолияташ манъ карда шудааст. Ба ҳудуди ҶТ бо мақсади ташвиқу тарғиботи ғояҳои равияи динии «Салафия» ворид ва паҳн намудани аудио, видеосабтҳо, адабиёту варақаҳои он манъ карда шудааст.

Аз ҳалномаи мазкур бар меояд, ки равияи динии «Салафия» дар ҶТ ғайриқонунӣ фаъолият намуда, ғояҳои иғвогаронааш ба воситаи адабиёт, аудио ва видео байни мардум паҳн мешаванд. Ин амалҳо зиддиконститутсионӣ, зиддидинӣ ва зиддимазҳабӣ буда, хилофи талаботи моддаи 8-и Конститутсияи ҶТ, моддаи 21-и Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», моддаи 3-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва моддаи 22-и Қонуни ҶТ «Дар бораи табъу нашр» ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии ҶТ мебошанд, ки ба сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, оромию суботи ҷомеа хатари ҷиддиро пеш меоранд.

Таҳдиди баланди ҷамъиятии фаъолияти тахрибкоронаи салафиҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд, гурӯҳи муайяни иҷтимоиро доир ба мансубиаташон ба ягон миллат, нажод, маҳал, дин, вобаста ба муносибаташон ба ягон равия ва мазҳаби исломӣ поймол намуда, ҳаёт ва саломатии одамонро зери хатар монда, ба амнияти ҷомеа хатари ҷиддӣ ба вуҷуд меоранд.    

Тибқи хулосаҳои муттахассисон, маводи салафиҳо хусусияти экстремистӣ дошта дар онҳо бартарии мазҳаби мазкур нисбат ба мазҳабҳои дигар, инчунин даъват ба пайравӣ аз ақидаи «салафия» ва дигар мазҳабҳои барои мусулмонони Тоҷикистон бегона мавҷуд аст, ки ин боиси барангехтани кинаю адовати динӣ мегардад.

Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба зидди ҳамагуна тундгароию ифротгароии исломӣ, аз ҷумла дар шакли «салафия», ки падидаи тафаккурӣ аст, ба он муқобил гузоштани идеология ва тафаккури тавоною солимтарро, ки ниёзҳои мардумро ҳамаҷониба инъикос карда тавонад, тақозо менамояд.

Бо дар назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза, дарки таҳдиди ҷиддии падидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизми муосир ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи имрӯзаи кишвар, хусусан ҷавононро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ташвиқоти ақидаҳои ифротӣ нагарданд ва бо дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати кунунии Ҳукумати кишвар барои ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта бошанд.

 

Номгӯи адабиёт:

 

  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе-2016
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ)», № 1655 аз 02. 01. 2020.
  3. Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009.
  4. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, соли 2004.
  5. С. С. Ятимов Идеология ва манфиати миллӣ. Душанбе-2015
  6. Возженников А.В. Международный терроризм: борьба за геополитическое господство (Терроризми байналмилалӣ: мубориза барои ҳукмронии геополитикӣ). Монография. Москва, соли 2005.
  7. Маводи ВАО.

 

Салимов А.,

ходими калони илмии шуъбаи

Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ