Арминий Вамбери - шарқшинос, олими маъруфи Маҷористонӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Ҳерман Вамбери 19 марти 1832, дар Прессбурги Будапешт ба дунё омадааст. Арминий Вамбери шарқшиноси Маҷористонӣ, сайёҳ ва нобиғаи забондон буд. Ӯ донандаи 30 забони хориҷӣ буда, аз ҷумла форсӣ, туркӣ, арабӣ, олмонӣ, англисӣ, фаронсавӣ мебошад.
  Ногуфта намонад, ки асари ӯ “Таърихи Бухоро аз Мовароуннаҳр то замони муосир” ба забони олмонӣ навиштааст.
  Арминиус Вамбери аз оилаи яҳудитабор буд. Вай аз синни панҷсолагӣ ба модараш (падараш пеш аз таваллуд фавтидааст) барои ҷудо кардани зулук, ки ба дорухонаҳо мефурӯхт, кӯмак мекард. Қобилиятҳои дурахшони ӯ модарашро водор кард, ки ӯро ба мактаб фиристад, то ӯ "доктори тиб" шавад, зеро ин ормони ягонаи модараш буд. Бо вуҷуди ин, дар синни 8-солагӣ, А. Вамбери мактабро тарк карда, ба хизмати либосдӯзӣ дохил шуд. Арминиус орзӯи ба мактаб дохил шуданро дошт ва пинҳонӣ забонҳои олмонӣ, маҷористонӣ ва словакиро меомӯхт. Дере нагузашта ба вай муяссар шуд, ки ба як меҳмонхона дар деҳаи Ниск ба кор даромад. Вай мебоист ба писари мехмонхона аз забони маҷористонӣ дарс медод ва дар соатҳои холӣ ба соҳибаш дар савдо ёрӣ мерасонд. Ишқи омӯхтани дониш А. Вамбериро водор кард, ки ба Братиславаи имрӯза равад ва пас аз як қатор озмоишҳо ба коллегияи калисои динӣ дохил шуд.
  А. Вамбери дар Братислава, Вена, Кечкемет, Будапешт тахсил кардааст.
  А. Вамбери дар синни 20-солагӣ аз фарҳангу адабиёти императории усмонӣ мафтун шуда, ҳамроҳ бо Йозеф фон Этвёс ба Истанбул сафар карда, дар он ҷо бо таълими забонҳои аврупоӣ рӯзгорашро пеш мебурд. Дере нагузашта ӯ дар хонаи Ҳусейн Даим Пошо кор пайдо кард ва ба шарофати ӯ бо вазири корҳои хориҷии Империяи Усмонӣ Меҳмед Фуад Паша мулоқот кард, ӯ ба вазифаи котибӣ қабул шуд. То ин дам ба туфайли тарҷумаи асарҳои муаррихони Усмонӣ А. Вамбери низ унвони узви вобастаи Академияи илмҳои Маҷористонро гирифт.
  А. Вамбери соли 1858 «Луғати туркӣ-олмонӣ»-ро нашр кард ва баъдтар оид ба забоншиносӣ чанд асари дигар навишт.

                                                      

  А. Вамбери соли 1861 ба шаҳри Будапешт баргашт ва аз Академияи Маҷористон чандин ҳазор гилдер гирифта, худи хамон сол дар либоси дарвешона бо номи Решид эфендӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна сафар кард. Роҳи ӯ тавассути Трабзон ба Теҳрон буд. Дар он ҷо ба ҳоҷиёне, ки аз Макка бармегаштанд, ҳамроҳ шуд ва чанд моҳ дар Эрони Марказӣ ҳамроҳи онҳо буд. Баъд ба воситаи Исфаҳон ва Шероз моҳи июни соли 1863 ба хонии Хива ва баъд ба аморати Бухоро меояд. Дар дарбори ҳокими Самарқанд ӯ шубҳаро бедор кард, вале баъди суҳбати нимсоата аз ҳоким ризоият ва туҳфаҳо гирифт. 
  Роҳи бозгашти А. Вамбери аз Ҳирот ва Теҳрон мегузашт ва дар он ҷо гурӯҳе аз дарвешҳоро тарк карда, ба корвоне, ки ба Истамбул мерафт, ҳамроҳ шуд. Вай моҳи марти соли 1864 ба шаҳр омад.
  Арминий Вамберӣ аввалин сайёҳи аврупоӣ буд, ки анқариб тамоми Осиёи Марказиро давр зада, тасвир кардааст. Ба Ӯ муяссар шуд, ки ба гӯшаю канорҳои дурдасти Шарқ сафар карда, дар бораи он ба таври мафтункунанда накл кардааст.

                                                                     

  Таҳқиқоти бисёрқутбии ховаршиноси Маҷористонӣ дар фазои тамаддун аз он иборат аст, ки муаллиф дар бораи асосҳои дини мусулмонӣ, урфу одатҳои маҳаллӣ ва забонҳои шарқӣ, пеш аз ҳама забонҳои халқҳои Осиёи Марказӣ бохабар буд. Аз ин рӯ, дар Аврупо, ки бо Осиёи Миёна кам ошно буданд, асари А.Вамбериро бо шавқу ҳавас пазируфтанд. Қайдҳои ӯ дар бораи мардумон сарзаминҳои номаълум, иқлим ва манзараи Осиёи Марказӣ тасаввуроти равшантар дод. Китоби А.Вамбери бо асолати худ, ҳамчун як асари беҳтарини мардумшиносӣ, шавқовар, қабул карда шуд.
  Дар Будапешт аз соли 1865 то соли 1905 дар Донишгоҳи Будапешт аз забонҳои Шарқ дарс додааст.
  А. Вамбери асарҳои худро бештар ба забонҳои олмонӣ, маҷористонӣ, англисӣ навиштааст. Навиштаҳои ӯ ба бисёр забонҳо, аз ҷумла ба форсӣ тарҷума шудаанд.
  А. Вамберӣ ҷонибдори фарзияи забони маҷорӣ буд ва яке аз ҳадафҳои сафари ӯ ба Шарқ ҷамъ овардани мавод барои тасдиқи фарзияи ӯ буд.
  Дар Дунайска Стредаи Словакия нимпайкараи Вамбери гузошта шуд.

                                                                                             

  Писари Арминиус Вамбери Рустам Вамбери (1872-1948) ҳуқуқшинос, додситон ва баъдан Сафири маъруфи Маҷористонӣ дар Иёлоти Муттаҳида буд.
  Николай Тихонов дар асоси биографияи А. Вамбери достони «Вамбури»-ро дар руҳияи романтизм навишааст.
  А. Вамбери бо олими узбек Мулло Исҳоқ робитаи дӯстӣ дошта, ҳамчунин ба Аврупо сафар карда, аз Маҷористон дидан намудааст.
  Ногуфта намонад, ки дар Тоҷикистон соли 1986 филми мустанади тоҷикфилм бо унвони “Дарвеши ланг” ба навор гирифта шудааст.
  11 феврали соли 2022 дар Будапешт, бахшида ба 190 солагии А. Вамбери ва инчунин, 30-умин солгарди таъсиси равобити дипломатии Тоҷикистону Маҷористон, дар Қасри синамои “Урания” асари муштараки таҳиягарон ва коргардонҳои Тоҷикистону Маҷористон ба намоиш гузошта шуд.
  Филми мазкур дар асоси ёддоштҳои шарқшинос ва муаррихи маҷористонӣ Арминий Вамберӣ ва таассуроти ӯ аз сафараш ба Осиёи Марказӣ дар солҳои 1863-1864, ошноии ӯ аз мардуми тоҷик, таъриху забону фарҳанг ва расму оинҳои он қисса мекунад.
  Дар арафаи рӯзи мавлуди А. Вамбери ин филмномаро намояндагони мақомоти расмӣ, доираҳои илмӣ ва фарҳангии Маҷористон ва ҳайати дипломатии шаҳри Будапешт даъват шуда буданд.
  Ҳамин тариқ, А. Вамбери аз нафосати нозуки шеъри Рӯдакӣ ва ғазалиёти “Булбули Шарқ” Камоли Хуҷандӣ илҳом гирифта, ӯро “Устоди ғазал” номидааст.
  Бо истифода аз фурсати муносиб, ба тамоми олимон, муҳаққиқон, донишмандон ва дигарон, ки дар ҷодаи илм заҳмат мекашанд, саодати рӯзгор ба даст овардани кашфиётҳои тоза ба тоза таманно намуда, хоҳони онем, ки ба арши илм бирасанд!
 
Санавбарбону Воҳидова
доктори илмҳои таърих,
профессор, мудири шуъбаи
Аврупо ва Амрикои Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ