Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”)
Назария ва таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки дар воқеъ Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳимтарини давлатдории миллати тоҷик ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбад. Боиси зикри хос аст, ки таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон дар шароити мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон омили устувори худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳувияти миллӣ ва бақои миллату давлат ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид, воқеъбинона таъкид намуданд, ки новобаста аз “вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир - терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд. Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод. Ҳадафи мо аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад. Таъкид менамоям, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд”[1]. Бо итминони комил таъкид бояд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлоли Ватан аст. Сиддқан метавон иброз намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ бо шарофати хизмати содиқонаи афсарону сарбозон ва риояи волоияти қонун аз рӯзи таъсис то имрӯз рушду такомул ёфта истодааст.
Боиси хушбахтии кулли мардуми шарифу сарбаланди тоҷик аст, ки имсол 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои амну ободӣ ҷашн гирифта мешавад. Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш иброз намуданд, ки “тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад”[1].
Раванди азнавтақсимкунии дунё, махсусан дар шароити зудтағйирёбии (мувозинати) таносуби қувваҳо дар арсаи ҷаҳон фаъолона амалӣ гардида истодааст. Терроризму экстремизм бо шаклҳои нав зуҳур намуда, ба амнияти кишвар таҳдиду хатарҳои муосир эҷод менамояд. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки ғояи “.... аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон”[1] пешниҳоди муҳимму саривақтӣ аз ҷониби сарвари мамлакат мебошад. Ҳамзамон дар даврони соҳибистиқлолӣ амнияти мудофиавии кишварро қавитар ва дар “баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон”[1] нақши муҳимму ҳалкунанда мебозад. Боиси тазаккур аст, ки бо беҳтарин шароити арзандаи зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими раванди худшиносию худогоҳии миллӣ, ормонҳои миллӣ, садоқатмандӣ дар иҷрои уҳдадориҳои касбии афсарону сарбозон заминаи боэътимод арзёбӣ мегардад.
Қобили зикри хос аст, ки Артиши миллӣ рукни муҳимтарини давлатдории миллӣ, худшиносии миллати тоҷик ва сипари боэътимоди кишвар ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳонҳову озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишвари тозаистиқлоламон тақдирсоз бо баҳои ҷони хеш, бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ барои амну суботи кишвар сипар гардида, амнияту осудагии мамлакатро то имрӯз ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд.
Инчунин, ёдовар шудан ба маврид аст, ки “ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамалакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш иқдоми шоиста пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамзамон, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин иқдом тадбирҳои зарурӣ андешанд[1].
Ҳамин тариқ, метавон зикр намуд, ки баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии сокинон, тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои боз ҳам баландтар бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, тарбияи шаҳрвандӣ, нигоҳдории якпорчагии сарзамин, ватандӯстӣ, худшиносиву хештаншиносӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Инак, 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифта, барои ояндаи дурахшону созанда ва боз ҳам дар сатҳи байналмилалӣ омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусии онҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар замони пурошубу вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ қарзи фарзандию номуси ватандории ҳар як афроди худшиносу худогоҳи ҷомеаи тоҷикистонӣ ва шахсони мутасаддии ин соҳа маҳсуб меёбад.
Умеди бузург дорем, ки минбаъд низ зери дастгириҳои ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти хеш дар роҳи ба эътидол овардани вазъи мамлакат, пуштибонии сулҳу субот, фурӯ нишондани ошӯбҳои исёнгарона ва зарбаи қатъи задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд сохтани гурӯҳ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, пешгирии табаддулотҳои ҳарбӣ ва қочоқи маводи мухаддир хизмати беназири хешро барои суботу амнияти Ватани маҳбуб дареғ нахоҳанд дошт. Мардуми сулҳпарвари тоҷик дар симои Кувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони содиқи Ватанро мебинад ва дилпурона дар роҳи бунёдкориву созандагӣ бо азму талош кору зиндагӣ мекунад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст” [2].
Қобили зикр ва мояи ифтихори модари тоҷик аст, ки имрӯз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баробари мардон занону бонувон низ хизмати содиқона намуда истодаанд. Бешубҳа, саҳми занону бонувони тоҷик дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ назаррас аст.
Аз ин минбари муқаддас истифода намуда, тамоми хизматчиёни ҷузъу томҳои ҳарбиро ба ифтихори истиқболи ҷашни 31-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, осмони софу беғубор, зиндагии шоиста, хизмати сидқан бовафоро ба халқу миллати тоҷику тоҷикистониён орзу менамоям. Ҳамеша сарбаланду шоистаи таҳсин бимонед, зеро масъулиятшиносию ватандӯстию ватанпарастии Шумо афсарону сарбозони далери миллати тоҷбарсари тоҷик кафили амну суботи кишвар аст.
Кулли афсарону сарбозони шуҷоъи миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро бо ин ҷашни фархунда муборак бод мегӯям!
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна
номзади илмҳои фалсафа, дотсент,
ходими пешбари илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои
Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Адабиёти истифодашуда:
1.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». 28.12.2023, Душанбе.
2.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, “Нашриёти Ганҷ”, 2016, саҳ. 22.
Бознашр аз сомонаи https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/artishi-mill-rukni-mu-imtarini-davlatdorii-mill-va-khudshinosii-millati-to-ik.html