Осиёи Ҷанубӣ
|
|
кишварҳо
|
· Афғонистон
· Бангладеш
· Бутан
· Ҳиндустон
· Молдиф
· Нэпал
· Покистон
· Шриланка
|
|
|
Пойтахт
|
· Коломбо
· Дакка
· Исломобод
· Кобул
· Катманду
· Моли
· Деҳлии нав
· Тимфу
|
Минтақаи Осиё аз қораи бузуртарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Инҷо бо тамоми арзишҳову манобеии табииаш дорои аҳамиятҳои стратегӣ буда, омӯзишу баррасии он хело муҳим арзёбӣ мегардад. Лиҳозо рушд ва суботи минтақавии Осиё аз ҷониби муҳаққиқон ва коршиносон доимо мавриди таҳлилу таҳқиқ шуда, то ҳол идома дорад. Зеро эҷоди амну субот ва рушд дар Осиё ягонаи воситаи инкишоф, беҳбудӣ, тиҷорат ва савдо дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Рушду субот метавонад, кафолат барои зиндагии хуби мардум ва пешравии иқтисодӣ ва иҷтимоии онон гардад. Мавриди зикр аст, ки арзишҳои Осиёиро шоирон ва нависандагон ба мисли Аллома Муҳаммад Иқбол ва Мирзо Турсунзода низ хуб дарк карда аҳамияти стратегии минтақаро дар шеъру достонҳояшон равшану возеҳ баён кардаанд. Муҳаммад Иқбол онро чун як пайкари обу гил дониста, ҳамгироии мардумони Осиёро муҳим арзёбӣ кардааст. Ҳамин тавр шоир ва нависандаи роҳи озодӣ ва сулҳ Мирзо Турсунзода низ минтақаи Осиё ва тамаддуну сарватҳои онро арзишманд ва гаронбаҳо шуморида, таҳти унвони "Садои Осиё" дар шеъраш аз стратегияҳои қораи Осиё огоҳӣ дода, чунин хитоб мекунад:
Осиё бедор шуд, бедор тарки хоб кард,
Ростию дӯстиро оқибат дарёб кард.
Меваҳо аз меваҳо гиранд пайванди наве,
Гирад аз ҳамсояҳо ҳамсоя пайванди наве.
Мирзо Турсунзода қораи Осиёро қитъаи мардуми огоҳдил ва тавону ҷасур ва ҳомиёни озодии ватану миллати худ дониста, чунин менинорад:
Ман суруди Осиёям, қитъаи огоҳдил,
Қитъае, ки кард қомат рост аз болои гил.
Шарқ боғашро намояд ҳифз аз ғоратгарон,
Аз ҳуҷуми гармселу офати боди хазон.
Нест аммо қувва, ки азмро орад завол,
Рӯҳи озодипарастонро намояд поймол.
Баҳри озодӣ садои Осиё омад ба гӯш,
Хуни халқи Осиё омад ба ҷӯш, Омад ба ҷӯш.
Ҳамаи гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки қораи Осиё чун маркази стратегӣ ва тамаддунпарвару фарҳангсолор нақши муҳим дар ҳамгироӣ минтақа ва ҷаҳон шинохта шуда, арзишҳову манобеъи табиии он чун сарвате нокашфудаи ҷаҳон маҳсуб мешаванд, ки ба манфиати мардумон ҳамаи сайёра тамом хоҳад шуд.
Бояд зикр кард, ки яке аз тавонмандиҳо ва бурдбориҳои қитъаи Осиё дар он аст, ки он бо номҳои ҷуғрофӣ маҳдудтар бо давлатҳои бузургу хӯрд ва бостону қадим тақсимбандӣ шуда, минтақаро зебу зиннат бахшидааст. Минтақашиносон қитъаи Осиёро дар баробари худ ба ҳудудҳои ҷуғрофӣ ҷудо кардаанд, ки иборатанд аз Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ.
Дар мақолаи зер мо бештар бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳ дода, онро аз нигоҳу назар ва афкори коршиносон мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Зеро бештари аҳолии қораи Осиё дар минтақаи Ҷануби Осиё сукунат доранд ва баррасии вазъу геополитикӣ, суботу амният ва ҳамкорӣ ва рушд ва таъсири он ба рушди иқтисодӣ ва тиҷоратии он бо минтақа ва хусусан Осиёи Миёна муҳим арзёбӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки Осиёи Ҷанубӣ аз лиҳози ҷуғрофӣ бо Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ховари Миёна ва уқёнуси Ҳинд пайвандӣ дорад. Минтақа бо кишварҳои Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдиф, Непол, Покистон ва Шриланка тақсимбандии географӣ шудааст. Мардумони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ баъд аз озодшавиашон аз зери салтанаи мустамликадарони англис дар даврони солҳои 1940-1950 иқтисодиёти заифро аз онҳо мерос гирифтанд, аммо дар натиҷаи роҳбарии дуруст, то андозае тавонистанд, ба комёбиҳои назаррас дар даврони инстиқлолияташон ноил гарданд, ки онҳоро дар сатҳи ҷаҳон эътироф мекунанд. Аҳолии минтақа беш аз 1 миллиарду 785 миллион мебошад, ки 22% аҳолии дунёро ташкил медиҳад. Баррасии вазъи иҷимоӣ ва сиёсӣ, рушди иқтисодӣ, амният ва кашмакашу ихтилофот аз масоиоли умдаи ин минтақа арзёбӣ мешаванд, ки муҳаққиқону коршиносони соҳа фикру мулоҳизаҳояшонро тавассути мақолаву рисола ва садову симо мудом баён мекунанд, ки аҳамияти стратегии минтақаро ифода мекунад.
Дар воқеъ "ману ту гӯиҳо" ва баҳсу равандҳои геополикии дунё ба мисли ҷангҳои Сард, ноамниҳои Афғонистон, Ироқ, Сурия, Либия, Фаластин, мубориза бо даҳшатгардӣ ва эҷоди гурӯҳҳои хатарафзо зери номҳои "Алқоида", "ДОИШ" ва ғайра низ ба амну оромии минтақа ва ҷаҳон асари манфӣ гузошта, омили бесуботии минтақа ва монеаи рушди иқтисодии он шудааст. Таҳдиду хатарҳо омили коҳиши суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гашта, хавфу даҳшатгардиро рӯз то рӯз бештар карда ба кишварҳо таҳдид гузоштааст.
Чуноне ки болотар зикр кардем суботи минтақавии инҷо метавонад, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро афзоиш дода, зиндагии мардумашро сарватмандтар ва беҳтар созад. Зеро бештари кишварҳои инҷо саршор аз захоиранд, ки истифодаи дурусту муносиби онҳо омили некуаҳолии мардумонаш мегардад. Инҷо метавон зикр кард аз истеҳсоли ангишти Ҳинд, таъмини барқ тавассути газу нафти Покистон ва Бангладеш, тавлиди барқи гидрогении Бутан ва Непол, куҳҳои маъдании нокашфшудаи Афғонисон ва ҷазираҳои ҷаззобу моҳипарвари Молдифу Шриланка аз манобеъ ва масодири аслии Осиёи Ҷанубӣ ба шумор мераванд, ки истифода ва коркарди онҳо захоири табиӣ ва энергияи ин минтақаро боз меафзоянд.
Қобили зикр аст, ки дар муддати кутоҳ давлатмардони кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бо нишон додани натоиҷи назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тавонистанд аъзои фаъоли созмону форумҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид гашта, дар аксари барномаҳои иқтисодӣ, мадании он саҳми чашмрас дошта бошанд, ки қобили фахр ва қадрдонӣ аст. Минтақаро Созмони ҳамкории минтақавӣ ё SAARC[1] бо ҳам дар пайванду ҳамкории дохилӣ нигоҳ медорад, зеро муассисаи мазкур аз муҳимтарин форумҳои пайвандгари минтақавиест, ки бар асоси рушд ва нумуи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии манотиқ таъсис ва ташкил шуда, то имрӯз фаъолият менамояд. Дар натиҷаи фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ[2] мардумони Осиёи Миёна[3] истиқлолиятро чун туҳфае пурарзиш дар даврони солҳои 1989-1992 ба даст оварда, чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Дар натиҷа онҳо барои рушди минтақавии худ чун кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ қадамҳои нахустини худро гузоштанд ва ҳамкориро бо кишварҳои минтақа оғоз карданд. Дар натиҷа кишварҳои ОМ созишномаҳои ду ҷониба ва чанд ҷонибаро бо давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Ҳиндустону Покистон имзо карданд, ки шомили лоиҳаҳои муҳим ва стратегӣ мебошанд, ки ба манфиати рушди ҳамаи кишварҳо маҳсуб мешаванд. Аз ҷумлаи созишномаҳо лоиҳаҳои интиқоли неруи барқ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ ё CASA-1000[4] (Тоҷикистон, Кирғизистон, Афғонистон ва Покистон) ва интиқоли лулаи газ аз ОМ ба ОҶ ё TАPI[5] (Туркманистан, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) низ аз тарҳҳои муҳимми иқтисодӣ ва байниминтақавӣ маҳсуб меёбанд, ки дар рушд ва тиҷорати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ кумак мерасонанд.
Аммо мутаассифона бо вуҷуди доштани чунин тавоноиҳо ва имконот, ҳануз сӯи тафоҳумҳое мавҷуданд, ки монеаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоии минтақа шуда, роҳбарон ва шарикони рушд онҳоро водор месозад, то бо истифода аз дипломатияи созанда ва ақли солиму ояндабин истифода карда, ин масоилро мавриди ҳаллу фасл қарор диҳанд.
Зеро хатар ва набуди амният ва суботро имрӯз тамоми роҳбарони кишварҳои ҷаҳон, мавриди баҳс ва гуфтугӯ қарор дода, барои истиқрор ва оромии он шабонарӯзӣ талош меварзанд. Бештари онҳо ба ин назаранд, ки бо истифода аз адолат ва рушду ҳамкории минтақавӣ ва фароминтақавӣ метавон дар ҷаҳон амният ва сулҳро ба даст овард ва робитаҳои дипломатиро беҳтару истеҳком бахшид.
Чуноне ки зикр кардем Осиёи Ҷанубӣ аз лиҳози ҷуғрофӣ стратегӣ буда, ҳамкории минтақавӣ ва фароминтақавии он муҳим мебошад. Аз ин сабаб роҳбарони минтақа аз вазъи мардуми худ, ки гоҳу ногоҳ дар кашмакашҳо ва мухолифатҳо қарор дошта, даҳшату ваҳшати тиру террор, нофаҳмиҳо ва мухолифатҳои кишварҳои ҳамсоя ва ҳамзабону муштарак назару тавсияҳои худро барои фароҳамоварии амну субот ва ҳамкорӣ зарур шуморида чораҳо меандешанд.
Дигар мушкилоти минтақаро мавриди омӯзиш қарор дода, метавон арзиш ва қимати сулҳу суботро ташхис кард ва гуфт, ки устувории рушди ҷомеа ва равобити тиҷоратии он вобастагии комил ба суботи минтақавии он дорад.
Бояд зикр кард, ки Афғонистон чун марказ ва пули иртиботиест, ки Осиёи Миёнаро бо Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Ғарбӣ пайваст карда, равобити тиҷоратии минтақавиро таҳким мебахшад. Лиҳозо амну субот дар Афғонистон омили фарохии ҳамаи Осиё буда, фасоду касоди он минтақаро ба чолишҳову хатарҳо оварда мерасонад ва ба қавли Иқболи Лоҳурӣ,
Осиё як пайкари обу гил аст,
Миллати афғон дар он пайкар дил аст.
Аз фасоди ӯ фасоди Осиёст,
Дар гушоди ӯ гушоди Осиёст.
Бо ҳамаи ин пасту баландиҳо ва чолишу хатарҳо саволе ба миён меояд, ки давлатмардони Осиёи Ҷанубӣ сулҳ ва оромии минтақавиро намехоҳанд ва барои таҳкими равобит ва некуаҳволии мардум омода нестанд ва оё субот ва амнияти Осиёи Миёна метавонад барои таҳкими муносибатҳои минтақавӣ кумак бирасонад, то пули тиҷоратии ин минтақа устувор ва рушд боқӣ монад.
Ҷавоби саволҳо ва андешаҳои муҳаққиқонро метавон аз китобе таҳти унвони “Таҳким сулҳ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Ҷанубӣ: Ҳавасмандиҳо ва маҳдудиятҳои таҳлилгарони минтақа” пайдо кард. Зеро коршиносон ба ин назаранд, ки дар қадами аввал эътироф бояд кард, ки бештари барномаҳои умдаи Созмони ҳамкории минтақавии (SAARC) мукаммал мавриди иҷро намешаванд ва ба баъзе он ба ислоҳоти шадид зарурат доранд. Муҳаққиқон минтақаро арзёбӣ карда, мушкилоту масоили марбут ба таҳкими равобити кишварҳо ва амнияти инсонӣ ва дурнамои Осиё ва рушди иҷтимоӣ ва ҷилавгирӣ аз воқеаҳои даҳшатноку ваҳшатноки ҷомеа ҳастанд, ки дар афзоиши иқтисодӣ ва тиҷорати минтақавӣ монеа эҷод мекунанд.
Бояд зикр кард, ки форуми минтақавии SAARC яке аз созмонҳои стратегии минтақаи Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки ҳадафи асосии он фароҳамоварии сиёсати одилона, амнияти инсонӣ ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангу муштаракоти минтақа буда, дар рушд ва суботи минтақавӣ онҳоро муттаҳид месозад.
Муассисон, роҳбарон ва аҳолии минтақа ин созмони SAARC-ро муҳим ва стратегӣ эътироф карда, ба ин назаранд, ки ҳама фарҳанг, расму ривоҷ, димломатияи мардумӣ ва сайру сайёҳат муштарак якхела ва ҳархела дошта, метавонанд бо ин ҳама муштаракот ба мардум зиндагии хубу муносибро замингузорӣ намоянд.
Ҳамаи арзишҳову манобеи Осиёи Ҷанубиро коршиносон ва таҳлилгарон дар рушд ва суботи минтақавӣ он дониста, чунин пешниҳод менамоянд, ки ҳама давлатмардони онро зарур ва лозим аст, то бо истифода аз стратегияи инсонгароӣ зери унвони “афзоиши тиҷорат”, “коҳиши ҷангу ҷаҳолат”, “ҳамдиливу ҳамзабонию фароғат ” кор гирифта, тавассути он поя ва сутуни рушди устувор ва амниятро дар минтақа фароҳам оваранд, то тавонанд муштаракона минтақаро ба як маркази нави тиҷоратӣ, сайёҳативу саноатии Осиё ва ҷаҳон табдил диҳанд.
Дар хулоса метавон зикр кард, ки минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дорои стратегияи ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ буда, ҳамкорӣ ва пайванди он бо давлатҳои Осиёи Миёна муҳим арзёбӣ шуда, омили рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, субот ва амният хоҳад буда, зеро оромӣ ва ҳамкории ин манотиқи омили суботи равонӣ ва рӯҳии тамоми мардумони он ва минтақа буда, заминаро дар рушду нумуи таммаддун ва марокизи таърихиву бостонии онҳо, ки ҷаҳон маъшуқ ва мафтуни онанд, ба вуҷуд меоварад.
Манобеъ:
Islamabad Policy Research Institute
www.saarc-sec.org
TAPI Online Wikipedia
CASA-1000.org
Indostan.ru
Central Asia on Britanica.com
Мирсаид Раҳмонов,
таҳлилгари шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
[1] South Asian Association for Regional Cooperation founded on 8th December 1985 in Dhaka capital of Bangladesh
[2] 15 кишварҳои шуравии собиқ
[3] Тоҷикистон, Узбекистон, Кирғизистон, Казоқистон, Туркманистон
[4] Central Asia and South Asia electro-hydro power project
[5] Turkmenistan, Afghanistan, Pakistan and India gas project