Кишварҳо ва миллатҳои дунёро бо ҳифз, арҷгузорӣ ва рушди забон, фарҳанг, иқтисод ва доштани амнияту ваҳдат эътирофу эҳтиром мегузоранд. Вале мутаассифона имрӯз бештари мардуми сайёра ранҷу вазъияти мушкилсозу пуртазодеро аз сар мегузаронанд, ки яке аз ин чолишҳо набуди амну субот ва оромӣ дар миёни онҳо мебошад. Ноил шудан ба як сарзамини орому босубот талошу бедорхобиҳои шабонарӯзиро мехоҳад, то миллат ба мақому мартаба бирасад. Миллати мо аз замони пайдоиш то ҳоли ҳозир саргузаштҳои талху ширинеро паси сар кардааст. Ба монанди дигар кишварҳо мо ҳам ба мушкилот ва чолишҳои ҳалокатовар, даҳшанок ва номатлуб рӯ ба рӯ шудем ва ҳанӯз аз он бисёриҳо ранҷ мебаранд. Вале барои раҳои аз чунин вазъи ноустувор халқу миллати мо сари вақт аз зиракӣ ва заковатмандӣ истифода карда, ватан ва мардуми худро наҷот дод. Мақсади ягонаи халқи тоҷик ва роҳбарияти он ҳифзи истиқрору истиқлолият давлату миллат ва ваҳдату осоиштагӣ дар чунин вазъияти мураккаби ҷаҳонишавӣ аст.
Бояд эътироф кард, ки дарёфти истиқрору сулҳ, таъмини амният ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳимояи арзишҳои миллӣ кори саҳлу осон набуд, ин вазифаи муҳим ва рисолати пурарзишро танҳо он қавму миллате ба ҷо оварда метавонад, ки ҳуввияти миллӣ, худшиносӣ ва маърифату андешаҳои комил дошта бошад. Мавриди зикр аст, миллати мо зуд аз хобу ғафлат сари вақт бедор шуд ва зиракии сиёсиро истифода карда, ба созишномаи истиқрори сулҳ расидаданд, ки он сабаби хатми ҷангҳои хонумонсӯзи миллату ватан гашт.
Ёдовар бояд шуд, ки истиқрору истиқлол калима ё вожае арабиасл буда, маъноҳои хосро ифода мекунанд. истилоҳоти мазкур ба мо ва тамоми башарият маъонии хуб ва хушхабарӣ мерасонанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар забони арабӣ аксар калимаҳое ки бо ист оғоз мешаванд маънои талаб кардани чизе ё касеро мефаҳмонанд. Ин калимаҳо тибқи қоидаи грамматикии забони арабӣ зери боб ё вазни "истифъол" омада, талаб кардани чизе ё шахсеро ишора мекунанд.
Вожаи истиқрор ҳамвазни истифъол омада, маънои дар ҷое ё маконе талаби қарор гирифтан ё қарор оварданро ифода мекунад. Ба ҳамин шакл калимаи истиқлол низ ҳамвазни ҳамин боб буда, маънои талаби озод будан ё шуданро ифода мекунад.
Боиси ифтихор аст, ки тавассути худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ ва шинохти дурусти маъонии вожаҳои истиқрору истиқбол ҳамасола дар 27-уми июн мардуми тоҷик такрор ба такрор қадру манзалати онро дониста, ба забон меоранд. Истиқор ё ваҳдати мо баъди чандин солҳои кашмакашиҳо ва тазодҳои ҳалокатафзо дар сарзамини ҳосилхез сулҳ ва ҳамдигарфаҳмиро овард, ки бо ин васила миллату халқ равишу роҳи пурамну суботро интихоб карда, ба ҷаҳониён қадру манзалати сулҳофаринӣ ва фарҳангсолории худро исбот намуданд.
Мавриди зикр аст, ки 27 июни 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Масква ба имзо расид, ки мавриди қабули ҳамаи қавму миллаҳои муқими Тоҷикистон гардид.
Инак зиёда аз бисту як сол мешавад, ки мо зери сояи истиқрору истиқлол умр ба сар мебарем, ки он дар гузашти таърих сонияе беш нест. Аммо дар чунин сония мо тавонистем, Ватанро бо ҳифз ва арҷгузории забону фарҳанг, расму русуми миллӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба минтақа ва ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Замоне буд, ки барои шиносоӣ ва эътирофи қавму миллат ба хориҷиён аз Шӯравӣ ёд мекардем, вале имрӯз ба забон овардани вожаи истиқлол ва истиқрор кофист, чун як давлати озод, ки аз ҷониби СММ пазируфта шудааст, эътироф ва эҳтиром гардем. Ҳамаи ин дастовардҳои кишвар метавонад моро ба самти шукуфоӣ ва пешрафт роҳнамоӣ кунад, то мактаби сулҳеро ба вуҷуд орем, ки аҳли сайёра аз он ба таври кофӣ истифода ва манфиат бибаранд. Зеро сулҳи тоҷикон заминаи муносибе барои кишварҳои минтақа ва дунё шинохта шудааст.
Ин ҷо метавон хулоса кард, ки калимаҳои истиқрор ва истиқлол арзишманд буда, аҳли башарро мебояд, ки ба дарку манзалати онҳо бирасеанд.
Аз фурсат истифода бурда, ҷашни Ваҳдати миллиро барои ҳамватанон муборакбод гуфта, ба ташаббускорони сулҳоварӣ Тоҷикистон иқболи баланду парвози абадӣ хоҳонем.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
корманди Институт