Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид
Диёри Тоҷикистон, ҳама гаштаст гулистон,
Зи Ваҳдату дӯстӣ, Ватан шудаст нуристон.
Бояд қайд кард, ки Тоҷикистони навин солиёни дароз зери мудирияти собиқ Иттиҳоди Шуравӣ қарор дошт, ки шомили 15 кишвар буд. Аҳолии ин сарзамин ҳамеша талошу мубориза мебурданд, то чун қавм ё миллати дорои тамаддуну таърихии бостонӣ мустақилона дар чаҳорчӯбаи қонунҳои миллии худ умр ба сар бурда, тамаддуну фарҳанги худро ҳифз намуда, барои ободии мардумони худ хидмат намоянд.
Бо чунин ормону орзуҳои хуб мардумони ин сарзамин соҳиби давлат шуда, бо истифода аз донишу хирад ва роҳнамои фарзандони фарзонаи худ таҳти сарпарастии сиёсатмадор ва ташаббускору созанда Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи арзишҳои фарҳангиву миллӣ талошу мубориза намуда, Ватанро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карданд.
Дар ҳақиқат Истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки ҳар қавму миллат барои дарёфти он аз равишу роҳҳои дурусту муносиб, муборизаву талошҳо ва бедорхобиҳову худгузариҳо ва ватандӯстиву ватансозӣ истифода карда, саҳм мегузоранд. Нуктаи муҳим дар мубориза барои озодихоҳӣ ин доштани роҳбари хирадманд аст, ки миллатро месозад. Тавассути роҳнамоӣ ва дастури оқилонаи ин ё он шахси соҳибмаърифат қавм ё миллат дар таърих номи худро боқӣ мегузорад.
Ҳамасола Тоҷикистон санаи 9-уми сентябр ҷашни Истиқлолияти худро таҷлил карда, аз дастоварду пешрафтҳои он натиҷагирӣ менамояд. Имсол Тоҷикистони навину муосир 32-солагии худро қайд менамояд, ки чун заминагузор барои рушду нумуи худшиносии миллӣ дар партави донишу хирад ва ватандӯстиву сулҳофаринӣ қадам гузошта, имконоти хуберо фароҳам месозад.
Бо назардошти шароити мураккаби таърихӣ ва фарҳангӣ ба халқу миллат хусусан ҷавонону талабагону кӯдакон омӯзонидани рӯйдодҳои миллӣ кори душворе мебошад. Дарси Сулҳу Дониш ва Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон аз чорабиниҳоеанд, ки дорои мазмун ва аҳамияти муҳиму арзанда мебошанд. Дар ин мақола мехоҳем бидонем, ки чӣ гуна мо муаррифии ин санаҳои созанда ва аҳамияти онҳоро барои мардумони худ аз ҷумла ҷавонону талабагону кӯдакон ба таври оддӣ ва ҷолиб шарҳ дода метавонем.
Дар ин асно, ҳамчун анъанаи хубу хирадмандона, ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаҳои олии кишвар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Президенти кишвар баргузор мегардад. Бо омадани ин санаи муборак Президенти муҳтарам оғози соли нави таҳсилро ба тамоми сокинони Ватани азизамон табрику таҳният мегӯянду дар оғози Дарси сулҳ пурарзиш будани неъмати сулҳ ва ба ҷо овардани шукронаи онро ба ҳамаи сокинони кишвар хотиррасон менамояд.
Ҳамин тариқ, Рӯзи истиқлолият дар кишвари мо ҳамасола 9 сетнябр ҷашн гирифта мешавад. Ин сана дар таърихи Тоҷикистон рӯзи хотирмонест, ки он чун туҳфаи қимматбаҳо дарёфт шуда, баъд аз тай кардани фарозу нишебиҳо ва талошу муборизаҳои пайваста заминаҳои худшиносиро дар партави хираду дониш озодиву ободиву оромиро фароҳам овард. Маҳз бо дарёфти ҳамин рӯз аввалин маротиба мардуми мутамаддини мо сарзамини худмухтори миллии худро бо парчаму нишон ва суруду миллӣ ба даст оварда дар миёни кишварҳои ҷаҳон шинохт пайдо карданд.
Инҷо метавон савол кард, ки "Рӯзи истиқлолият чист?" ва метавонем ба мардумони кишвар ва хусусан ба кӯдакону мактбачагони худ онро ба ҷашни бузурги зодрӯзашон монанд кард. Бале дар ҳақиқат Рӯзи истиқлолият яъне рӯзе, ки кишвари мо ҳамчун Тоҷикистони озод таваллуд шуд. Ин рӯзест, ки ба мо заминаҳоро дар шинохти дурусти худшиносиву худогоҳӣ ба вуҷуд оварду макатаби сулҳу созандагиро эҷод намуд, ки мо онро пайваста ба ёд меорем.
Бо чунин арзишҳояш метавон аҳамияти таҷлили Рӯзи Истиқлолият фаротар аз дигар ҷашнҳо шинохт. Зеро он ёд овардани гузаштаи худ, дарки арзиши озодии мо ва бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Он инчунин таҷлили рӯҳияи ваҳдат ва гуногунрангӣ, ки кишвари моро муайян мекунад.
Барои пурмазмун кардани Рӯзи истиқлолият моро лозиму зарурист то барои ҳамаи аҳолии кишвар аз ҷумла кӯдакон таъриху достони бузургону равшанфирон ва ташаббускорону муборизонро барояшон фароҳам сохта нақл кард. Онро метавон бо эҷоди ҳикояву достону афсонаҳои ҷаззобу ибратомӯзи бузургони аҳли адабу хираду ҷасорат ба монанди Рӯдакиву Фирдавсиву Саъдиву Ҷомиву Мавлоно, Бедилу Зебунисову Айниву Турсунзодаву Лоиқ, Рустаму Суҳробу Темурмалик ва дигарон, ки ҳаёти худро ба худшиносиву худогоҳӣ ва озодандешиву озодагиву ҷасорату фаросат бахшидаанд, дарс дод.
Дар ин зимн, ҳамаи сокинони ҷасуру тавонои мо аз ҷумла мардон ва занони донишманду диловар барои худшиносиву худмухторияти мо мудом мубориза бурданду мебаранд. Онҳо пайваста орзуву умед доштанду доранд, ки кишвари худмухторе бошад, ки дар он мо қонунҳои худро созем ва озодонаву ободона зиндагӣ кард.
Ҳамин тариқ, арзишу аҳамияти ҷашни Истиқлолиятро метавон тавассути таъсири он ба ҳисси ваҳдат ва ҳувияти миллӣ пайваст донист. Зеро бо таҷлили Рӯзи Истиқлолият, барафрохтани парчам, сурудани суруди миллӣ ва табрикоту суханронии роҳбарияти кишвар ба мо таъриху тамаддун ва ҷасорату фаросати мардумони хирадманди моро хотиррасон мекунанду моро водор месозад то пайравӣ аз онҳо дошта бошем.
Ҳамин тавр, ба мо ва кӯдакон ин ҷашнҳо метавонанд ҳисси ифтихорро нисбат ба миллати худ бедор кунанд ва онҳоро барои саҳми мусбат дар ҷомеа роҳнамоӣ намоянд. Ин ба онҳо кӯмак мекунад, ки дарк кунанд, ки мисли муборизону ҳомиёни Ватани озоди мо, онҳо низ метавонанд дониши худро такмилу тавсеа бахшида ба халқу мардуми худ кӯмак расонанд.
Барои беҳтару бештар фаҳмидани арзишу аҳамияити Рӯзи Истиқлолият ба нукоти зер бояд бисёртар таваҷҷуҳ карду такя намуд:
Парчамдӯстиву парчамсозӣ: Ҳар сокини кишвар хусусан кӯдакону ҷавонону талабагонро бояд пайваста тарғибу ташвиқ кард, ки бо дарки дурусту дастони худ парчами кишварро сохта, онро дӯст доранд ва арзишу аҳамияти ҳар як ранги онро шарҳ диҳанд, то аз нишонаҳои аслии он яъне далерӣ, сулҳу созандагӣ ва шукуфоиву шоистагӣ воқиф гарданд.
Мусобиқаҳои санҷишӣ ба муносибати Рӯзи истиқлолият: Саволу ҷавобҳо ё викторина оиди таърихномаи Тоҷикистон ва мафҳуми маънои истиқлолият ва рамзҳои миллӣ ташкил намуда заминаро барои худшиносиву худогоҳӣ ва омӯзишҳои шавқовар ва интерактивӣ бештар кард. Дар ин зимн, ҳамаи сокинони кишвар аз ҷумла ҷавонон, кӯдакону талабогон метавонанд чун рамзи ватандӯстиву ватансозӣ либосҳои рангоранг пӯшида, рӯйдодҳои муҳими таърихро дубора ба намоиш гузоранд.
Барои дарки бештару хубтари арзиши Истиқлолият, тавзеҳу шарҳ додани ҷашнҳо муҳим буда он омӯзишу парвариши маърифати фарҳангу тамаддун ва рушди фарогири ҷомеаи созандаву солиму саодатманд замина мегузорад. Суруди миллӣ васфи Ватани мо буда, вахдату иттиҳоду иттифоқро ифода мекунад, ки мо якҷо онро месароем.
Ҳамин тариқ, эҷоди мактаби сулҳу созандагии кишвари мо ва ташаббусҳои муҳими минтақавиву фароминтавии Тоҷикистон аз ҷониби Президенту мардуми бо тамаддуни он нишон медиҳад, ки чӣ гуна бо халқу миллиятҳои ҷаҳон муносибат карду муноқишаҳоро бо роҳи осоишта ҳал намуд.
Хулоса, Рӯзи дарси Сулҳу Дониш ва ҷашни Истиқлолият имкони хуберо фароҳам меорад, ки сокинони кишвар хусусан кӯдакону талабогони мактаб арзиши озодиву ватандориро омӯзанду дар партави хирад ба воя расанд. Ин як имкониятест, ки ба онҳо таълим дода шавад, ки набояд озодии худро ба таври муқаррарӣ қабул кунанд, балки онро қарзи ватанӣ дониста, дар назди ҳамватанон, ҷомеа ва дар маҷмӯъ миллат масъулият доранду хидмати халқу миллати худ ва дар умум аҳли башарро муҳимтарин вазифаи инсонӣ шуморанд.
Хулоса, тавзеҳ додани аҳамияти Рӯзи дарси Сулҳу Дониш ва ҷашни Истиқлолият фаротар аз омӯзиши таърих буда, баррасиҳову пешниҳодҳои дар боло зикршуда заминаҳоро дар худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси ҳувияти миллӣ ва ташаккули насли огоҳу масъулиятшинос фароҳам мегузоранд. Дарси Сулҳу Дониш ва Истиқлоят метавонад сабақи озодиву озодандешӣ, таъриху тамаддун ва дарси шинохти арзишу арҷгузорӣ бошад, ки ҳама дар як ҷо ҷамъ оварда шудаанд. Ҳамаи ин имконоти фароҳамшуда ба мо маорифпарварону устодону донишомӯзону талабагон вобаста аст, ки аҳамияти ин рӯзро бо тамоми ҷалолу ҷамоли худ ба фарзандони ҷасуру тавонманди худ интиқол дода барои озодиву оромиву ободии Ватан саҳми арзанда гузорем.
Дар ниҳоят бояд қайд кард, ки дарси Сулҳу Дониш ва Рӯзи Истиқлолият заминагузори худшиносиву худогоҳӣ, паёмрасони озодиву ободиву оромӣ ва амонии кишвар буда, чун як армуғон ё туҳфаи арзишманд, мо ва наслҳои моро ба сӯи қуллаҳои баланд дар партави донишу хирад ва худшиносӣ роҳнамоӣ менамояд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, дарси Сулҳу Дониш ва ҷашни Истиқлолияти миллиро барои ҳамватанон муборакбод гуфта, ба ташаббускорону меъморону сулҳовар ва мардумони бо фаросату ҷасорати Тоҷикистон иқболу парвози абадӣ орзу намуда, зери шиори “Тоҷикистон ба пеш” якҷо Ватанро зери формулаи эҷодшудаи камина “PEACE” (СУЛҲ), ки аз таҷрибаи мактаби сулҳу созандагии Тоҷикиситон маншаъ мегирад, яъне бо роҳи
Promotion-тарвиҷу тарғиби сулҳу суботу созандагӣ
Economization-сарфаҷӯии иқтисодӣ ва рушди микроэкономика ва макроэномикаи он
Activation-фаъолсозии барномаву лоиҳаҳову ташаббусҳо
Cooperation-ҳамкорӣ, ҳамсоягӣ ҳамзистӣ
Elimination-маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа саҳм гузошта Тоҷикистонро ОЗОДУ ОБОДУ ОРОМ нигоҳ дошта, марзбуми кишварро ҳимоят намоянд.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
таҳлилгар, ходими калони илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ