Таърихи пурғановати халқи тоҷик пур аз ҳодисаву воқеаҳои муҳиму ибратомӯз аст, ки омӯхтани онҳо ва муайян кардани роҳи фардо дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ аҳаммияти муҳим дорад. Доир ба таърих ва фарҳанги моддиву маънавии халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ дастхатҳо, сарчашмаҳо, ёдгориҳои бостонӣ, асарҳо доир ба мавзуъҳои алоҳида хеле зиёданд. Бахусус, дар солҳои 20-уми қарни XX доир ба таърихи сиёсӣ ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ таҳқиқоти нав аз қабили асарҳои безаволи С. Айнӣ, В.В. Бартолд, А.А. Семёнов, М.С. Андреев таълиф ва нашр гардиданд. Аммо ин асарҳо ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷикро ба пуррагӣ таҷассум намекарданд. Ноадолатиҳои соли 20-ум, бахусус тақсимоти Осиёи Марказӣ ва бо мақсади ба пантуркистон нишон додани қадимӣ будани халқи тоҷик фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Б. Ғафуровро водор месозад, ки доир ба сарнавишт ва таърихи миллати тоҷик асари ягона офарад.
Соли 1944 асари калонҳаҷми Б. Ғафуров ва Н.Прохоров “Халқи тоҷик дар мубориза баҳри озодӣ ва истиқлолияти Ватани худ: Очерк аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон ” дар шаҳри Сталинобод ба нашр расид, ки дар он бори нахуст дар шакли мукаммал таърихи халқи тоҷик тафсир шудааст. Ва соли 1947 нахустин асари нисбатан мукаммали Б. Ғафуров “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” (ҷилди 1), зери таҳрири А. Мирзоев, бо забони тоҷикӣ, ки таърихи халқи тоҷикро аз давраҳои қадимтарин то соли 1917 дар бар мегирад, дар шаҳри Душанбе рӯйи чоп омад. Соли 1949 китоби “Таърихи мухтасари халқи тоҷик аз давраи қадимтарин то Инқилоби Кабири сотсиалистии Октябри соли 1917”, (ҷилди 1), дар нашриёти “Госполитиздат”-и шаҳри Москва, зери таҳрири И.С. Брагинский ба забони русӣ интишор шуд. Ҳамин китоб бо тағйиру иловаҳо соли 1952, дар нашри дуюм ва соли 1955 дар нашри сеюм дар нашриёти “Госполитиздат”-и шаҳри Москва аз чоп баромад. Ҳамзамон, Б. Ғафуров дар таълиф ва таҳрири “Таърихи халқи тоҷик”, ки солҳои 1963-1965 аз ҷониби Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар шаҳри Москва нашр гардид, ширкат кардаанд.
Бобоҷон Ғафуров то лаҳзаҳои охирини умр ба тавзеҳ ва такмили асари асосиашон - «Тоҷикон» машғул буданд. Дар тӯли 30 соли кори эҷодии худ Б. Ғафуров бо такя ба маводи фаровони илмӣ ҳаҷми “Тоҷикон”-ро аз як китоб ба ду китоб мерасонанд, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Москва шаш маротиба чоп шудааст. Китоби «Тоҷикон» - яке аз шоҳкориҳои таърихи миллӣ, дар шакли мукаммал соли 1972, бо забони русӣ бо теъдоди 10 ҳазор нусха дар Маскав аз чоп баромад ва хеле зуд маҳбубият пайдо кард. Аммо, теъдоди ками он ба Тоҷикистон расид ва дӯконҳои китобфурӯшӣ ин китобро «зери остин» фурӯхтанд.
Донишманди маъруфи тоҷик М. Шакурӣ иброз медоранд, ки «Асари академик Б.Ғафуров «Тоҷикон», ки соли 1972 ба табъ расида буд, зуд маҳбубият пайдо кард. Ҳар фарди босаводи тоҷик кӯшиш мекард, ки ин китобро ба даст орад ва ҳар нафаре, ки муваффақ шуд, якбора онро мутолиа мекард».
Китоби “Тоҷикон” дувумин китоб пас аз китоби В.И. Абаев бо номи “Осетинҳо” буд, ки бо номи миллате дар ИҶШС чоп шуда буд. Б. Ғафуров дар асар назарияи халқи «бегона» будани тоҷиконро рад карда, аз ҷиҳати илмӣ исбот кардаанд, ки ташаккули тоҷикон дар замони қадим ва маҳз дар қаламрави Осиёи Марказӣ сурат гирифтааст. Нисбат ба китоби “Тоҷикон” ҳам дар доираи сиёсӣ ва ҳам дар илмӣ ҳарфҳои зиёде буданд. Бархе мегуфтанд, ки “тамоми фарҳанги Осиёи Миёнаро ба тоҷикон додааст”, бархеи дигар мегуфтанд, ки Кумитаи Марказӣ бо “миллатчӣ” буданаш масъалаи Б. Ғафуровро мебинад. Аммо, дар китоб, ки таҳлили ҳаматарафаи тақдири таърихии халқи тоҷик дар асоси сарчашмаҳои зиёди таърихиву бостонӣ, маъхазҳои хаттии дар он замон дастрасшуда, инчунин маълумотҳои бостоншиносӣ, забоншиносӣ, антропологӣ, нумизматикӣ ва дигар илмҳо ҷой дошт ва асоснок шуда буд, душманон натавонистанд, ба ҳадаф расанд.
Асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳамчун асари фундаменталӣ ба чандин забонҳои дигари олам тарҷума ва нашр шуд ва шуҳрати ҷаҳонии он боз ҳам афзун гардид. Соли 1977 «Тоҷикон» бо забони ҷопонӣ, соли 1978 дар Варшава бо забони полякӣ аз чоп баромад.
Соли 1980 асари муҳташами Б. Ғафуров ва муаррихи юнонитабор Д.И. Сибукидис “Искандари Мақдунӣ ва Шарқ” дар нашриёти “Наука” нашр гардид.
Профессори Донишгоҳи Кобул Ҷалолиддин Сиддиқӣ, соли 1984 дар Кобул «Тоҷикон»-ро аз рӯйи китоби якуми чопи Душанбе бо хатти арабӣ дар ҳаҷми беш аз 700 саҳифа ба нашр ҳозир намуд. Баъдан китоби дуюми «Тоҷикон» низ нашр шуда, ба хонандагони тоҷики Афғонистон дастрас гардид.
Муаллиф орзу дошт, ки «Тоҷикон» ҳарчӣ зудтар ба забони тоҷикӣ нашр ва дастраси доираи васеи хонандагон гардад, вале ин орзуи олим пас аз маргаш ҷомаи амал пӯшид. Муҳаррири масъули китоби “Тоҷикон” бо забони тоҷикӣ, Аҳрор Мухторов бо ризояти муаллиф асарро ба ду ҷилд тақсим намуданд ва соли 1983 нашриёти «Ирфон» китоби якум ва соли 1985 бошад, китоби дувуми «Тоҷикон»-ро аз чоп баровард. Бобоҷон Ғафуров пеш аз вафот хоҳиш мекунанд, ки бо назардошти ба фурӯш нарафтани он ва сарфи беҳудаи коғаз, китобашонро аз 50000 нусха зиёд чоп накунанд. Аммо, то ин дам, дастандаркорони чопи китоби “Тоҷикон” бо теъдоди 150000 нусха садҳо тонна коғаз, картон ва дигар лавозимотро ба Қазон фиристода буданд. Аз тарафи дигар коҳиши теъдоди нашр ба иҷро нашудани нақшаи солонаи нашриёти «Ирфон» ва ҳам нақшаи комбинати полиграфии Қазон сабаб мешуд. Аз ҳисоби кам кардани адади “Тоҷикон” китоби «Ҳазору як шаб» дар Қазон чоп карда мешавад. “Тоҷикон” 50 000 нуха чоп мешавад, аммо пас аз 40 рӯз хонандагон онро пурра мехаранд. Ва боз 150 000 нусхаи дигар чоп карда мешавад.
Соли 1985 китоби “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” дар Ҷумҳурии мардумии Хитой аз рӯйи нашри русии соли 1955, бо забони хитоӣ чоп шуд. Ҳамзамон, дар ин сол ин китоб бо номи “Тоҷиклар таърихи” бо забони уйғурӣ ва бо хатти арабӣ дар Ҷумҳурии мардумии Хитой нашр гардид. Соли 1998 ба муносибати 90-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ва 1100-солагии давлати Сомониён китоби “Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Китобҳои якум ва дуюм” дар як ҷилд, зери таҳрири академик Аҳрор Мухторов дар нашриёти “Ирфон”-и шаҳри Душанбе, дар 10 ҳазор нусха нашр шуд.
Инчунин соли 2008 ба муносибати 100-солагии зодрӯзи аллома Б. Ғафуров “Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Китобҳои якум ва дуюм” дар як ҷилд, дар нашриёти “Дониш”-и шаҳри Душанбе, бо теъдоди 800 нусха чоп карда шуд.
Пас аз чанд даҳсола, аз рӯйи намунаи русии китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, аз ҷониби рӯзноманигори ӯзбек, Ҳасан Бердиқулов он дар ду ҷилд, дар ҳаҷми 1523 саҳифа ва қариб 300 аксҳои гуногуни таърихӣ бо маҳорати баланд тарҷума ва нашр шуда, ба хонандагони ӯзбекзабон дастрас гардид.
Бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби фонди захиравии президент бознашр шуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар хонаводаи тоҷик ройгон тӯҳфа карда шуд.
Шахсе, ки таърихро медонад, гумроҳ кардан душвор аст. Дар ҷаҳони имрӯза мо дар ҷараёни доимии иттилоот зиндагӣ мекунем. ВАО, бахусус интернет, ҳар рӯз садҳо паёме нашр мекунанд, ки посухи моро талаб мекунанд. Муаллифон барои исботи андешаи худ ба воқеаҳои дар гузашта рухдода муроҷиат мекунанд.
Вақте ҷавонони мо аз ҷасорати қаҳрамонҳои халқи тоҷик Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон огоҳ мешаванд, дар вуҷуди онҳо ҷасорат ташаккул меёбад ва ин замина мешавад барои меҳанпарастӣ. Нафъи таърих барои наслҳои ояндаро нодида гирифтан мумкин нест, онро қадр кардан ва хулосаҳои дахлдор баровардан муҳим аст.
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии худ дар соли 2023 озмуни “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллатро роҳандозӣ намуданд, ки он таърихи халқи тоҷикро аз аҳди бостон то имрӯз дар бар мегирад.
Озмуни мазкур дар ташаккули худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва ғурури миллӣ нақши мондагор мегузорад.
Асари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бешубҳа асари безавол ва шоҳкории таърихи миллат ба шумор меравад. Он аз ду китоб ва аз шаш фасл иборат аст. Сохти ҷамоати ибтидоӣ дар Осиёи Миёна дар фасли якуми “Тоҷикон” тавсиф шудааст. Фасли дуюм ҳаёти қавму қабилаҳои мухталиф – аҷдоди тоҷикон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдориро тавзеҳ медиҳад. Тақдири таърихии Осиёи Миёна дар давраи зуҳури муносибатҳои феодалӣ дар фасли сеюми асар инъикос гардидааст. Дар фасли чорум доир ба вазъияти Осиёи Миёна дар давраи тараққиёт ва барқарории сохти феодалӣ сухан меравад. Китоби дувум фаслҳои панҷум ва шашумро дар бар мегирад: фасли панҷум таърихи халқи тоҷикро аз ибтидои асри ХVI то миёнаи асри ХIХ ва фасли шашум аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия ва тараққӣ ёфтани муносибатҳои сармоядориро то ғалабаи Инқилоби Октябр тавсиф менамояд. Маълумоти мухтасари манбаъҳои таърихӣ, рӯйхати адабиёт ва маъхазҳои иқтибосшуда, феҳристи номҳои тамоми асар дар охири китоби дувум оварда шудааст.
Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки “Тоҷикон” натанҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт”. Асари “Тоҷикон”, воқеан шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро ба бор оварда ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳу равон бахшид”.
Профессори Донишгоҳи Кобул Ҷалолиддин Сиддиқӣ шаҳомати шоҳасари “Тоҷикон”-ро чунин баррасӣ кардааст: “Китоби «Тоҷикон» дарвоқеъ, асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик бо халқҳои дигари бародари Хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгарии низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ инъикос ёфтааст ва фарози нишебиҳои ин халқҳоро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва бодиққати олимона баён доштааст”.
Доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, эроншиноси амрикоӣ Ричард Фрай ба асари “Тоҷикон” чунин баҳо додааст: “Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари русӣ доир ба мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак он «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аст”.
Озмуни “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ба насли ҷавону умедбахши мо имкон фароҳам меорад, ки аз роҳи тайкарда, шаклу тарзи давлатдорӣ, вазъи иқтисоду иҷтимоиёт, сиёсату илму фарҳанги гузаштагон огоҳии комил ёбанд ва барои рушду такомули соҳаҳои мухталифи ҷомеа бо ифтихори баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ муносибат карда, миллатро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифгар бошанд. Озмуни мазкур ба таърихдон шудани садҳову ҳазорҳо замина мегузорад.
Турсунов Т.Х.
сарходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ