АСАРЕ, КИ ДАСТОВАРДҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ДАР 34 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР ТАҶАССУМ МЕНАМОЯД

Муаллиф: Сангинзода Дониёр

Расм

(Тақриз ба монографияи Қурбонова Ширин “Пешвои миллат ва 34 соли роҳи сулҳ, ваҳдат ва рушди Тоҷикистон”.Душанбе: -“Дониш” -2025.-200 с.)

         Монографияи "Пешвои миллат ва 34 соли роҳи сулҳ, ваҳдат ва рушди Тоҷикистон", ки муаллиф Қурбонова Ширин Исмоиловна дар соли ҷорӣ нашр намуданд, як тадқиқоти бунёдӣ ва ҳамаҷониба аст, ки ба фаъолияти беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Ин асар ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, фарогири ҳафт боби муҳим мебошад. Муаллиф, ҳамчун доктори илмҳои таърих, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо маҳорати баланди илмӣ саҳми Пешвои миллатро дар ташаккули давлатдории муосир ва баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таҳлил мекунад.

        Ин монография на танҳо як тадқиқоти илмию таърихӣ аст, балки ҳамчун манбаи илҳом барои наслҳои ҷавон, донишҷӯён, омӯзгорон ва олимон хидмат мекунад. Муаллиф бо истифода аз имконоти назариявӣ ва амалӣ, ҳодисаҳои муҳими 34 соли истиқлолиятро сар карда аз ҷанги шаҳрвандӣ то рушди иқтисодию сиёсати хориҷӣ баррасӣ менамояд. Аҳамияти асар дар он аст, ки он нақши Пешвои миллатро ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва пешрафт нишон медиҳад, ки Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба давлати соҳибихтиёр ва демократӣ табдил дод. Ин тадқиқот бо эҳтироми амиқ ба хидматҳои Пешвои миллат навишта шуда, барои фаҳмиши таърихи муосири Тоҷикистон арзиши бузург дорад.

        Муҳарири илмии ин монография академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муқарризон доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Қувватзода Сайдулло Зувайд ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Сангинзода Дониёр Шомаҳмад мебошанд, ки далели сифати баланди илмии асарро мебошад. Феҳрасти адабиёт ва осори Пешвои миллат дар охири китоб манбаҳои фаровонро пешниҳод мекунад, ки ин монографияро ба як энсиклопедияи комили омӯзиши Мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табдил медиҳад.

        Муқаддимаи монография бо тасвири ҳодисаҳои пурталотуми солҳои 1990-ум оғоз меёбад, ки Тоҷикистонро ба буҳрони ҷиддӣ гирифтор карда, ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997), парокандагии халқи тоҷик ва мушкилоти иқтисодию сиёсӣ ба бор овард. Муаллиф бо маҳорат баланд нишон медиҳад, ки чӣ тавр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 масъулияти роҳбариро ба зимма гирифта, миллатро аз нобудӣ ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дод. Дар ин қисмат бо ҳикмати сиёсии Пешвои миллат ҳамчун калиди муваффақияти бунёди давлатдорӣ  таъкид мешавад, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳофару ташаббускор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Қурбонова Ширин  бо далелҳои таърихӣ, аз ҷумла омори талафоти ҷонӣ (150 ҳазор нафар), муҳоҷирати оммавӣ (беш аз як миллион нафар) ва харобии иқтисодии беш аз 10 милиард долари амрикоӣ оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро дар асар дарҷ менамояд ва бо истинод ба асарҳои илмии мавҷуда нишон медиҳад, ки ҷанг на танҳо пешрафтро боздошт, балки миллатро ба нобудӣ овард. Муаллиф  таъкид мекунад, ки талошҳои Пешвои миллат барои сулҳ ва осоиштагӣ парокандагии миллат бартараф шуда, заминаи ваҳдат дар Тоҷикистон гузошта шуд. Муқаддимаи асар на танҳо таърихро бозгӯ мекунад, балки ҳадафи асосиро муайян менамояд: нишон додани саҳми Пешвои миллат ҳамчун намунаи роҳбари давлати адолатпеша ва инсондӯст барои наслҳои оянда. Асар ба ҷавонон нигаронида шудааст, то аз таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат барои халқи худ ибрат гиранд. Муқаддима бо ифтихор аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол анҷом меёбад, ки монографияро ба манбаи илҳом табдил медиҳад.

        Боби аввал "Сулҳофар" роҳи сулҳу осоиштагиро бароҳ мондани Пешвои миллат дар давраи ҷанг, музокироту имзои созишномаи сулҳ ва татбиқи он бахшида шудааст. Муаллиф бо далелҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки "модели тоҷикии сулҳ" дар соли 1997 на танҳо ризоияти дохилиро таъмин кард, балки заминаи сиёсати "дарҳои кушод"-ро ба вуҷуд овард. Ин боб бо таҳлили таъсири сулҳ ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ анҷом меёбад, ки Тоҷикистонро ба узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ табдил дод.

        Боби дуюм "Тоҷикпарвар" ба эҳёи фарҳанги тоҷик, забон ва таърих бахшида шудааст. Муаллиф бо далелҳои таърихӣ тасвир мекунад, ки чӣ тавр ташаббусҳои Пешвои миллат анъанаҳои миллиро таблиғ карда, арзишҳои фарҳангиро таҳким бахшиданд ва санъату адабиётро рушд доданд. Ин талошҳо ифтихори миллиро боло бурда, Тоҷикистонро ҳамчун меросбари тамаддуни қадима муаррифӣ намуданд. Муаллиф бо мисолҳои мушаххас нақши Пешвои миллатро дар ҳифзи ҳувияти миллӣ равшан инъикос менамояд.

        Боби сеюм "Ваҳдатгаро" ба таҳкими ваҳдат тавассути ягонагии минтақаҳо, маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва сиёсати хориҷӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо таҳлили амиқ нишон медиҳад, ки ваҳдат барои сулҳу субот аҳамияти бузург дошт. Ин боб бо заҳматҳои Пешвои миллат ҳамчун калиди муваффақият бахшида шудааст, ки Тоҷикистонро ба кишвари бо ваҳдати миллӣ устувор табдил дод.

        Боби чаҳорум "Ташаббускор" ба ибтикорҳои Пешвои миллат дар дохили кишвар ва ташаббусҳои ӯ дар сатҳи байналмилал бахшида шудааст. Муаллиф бо далелҳои фаровон нишон медиҳад, ки ташаббусҳои Пешвои миллат дар масоили об, иқлим, сулҳ, зеҳни сунъӣ Тоҷикистонро ҳамчун пешоҳанги давлатҳои узви Созмони Миллали мутаҳид муаррифӣ карданд. Ҷалби ҷавонон ба ин ташаббусҳо нишонаи дурбинии Пешвои миллат аст, ки барои пешрафти кишвар замина гузошт. Ин боб бо таҳлили нақши ташаббусҳо дар мустаҳкам кардани давлат анҷом меёбад, ки асарро ба манбаи арзишманд табдил додааст.

        Боби панҷум "Роҳкушо" ба роҳи истиқлолият, лоиҳаҳои инфрасохтори роҳ ва ояндаи устувори давлат дар мутобиқ намудани роҳҳо ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо мисолҳои мушаххас нишон медиҳад, ки Пешвои миллат роҳи мустақилиятро муайян намуда, заминаи пешрафти Тоҷикистонро дар ҷаҳон гузоштанд. Ин боб бо таҳлили лоиҳаҳои бузург, мисли сохтумону таҷдиди роҳҳои дохилӣ ва байналмилалии кишвар бахшида шуда, расидан ба ҳадафи стратегии кишварро - баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ - пурра инъикос менамояд.

       Боби шашум "Нурофар" ба талошҳои Пешвои миллат дар соҳаи энергетика, истифодаи захираҳои обӣ ва дурнамои соҳаи энергетикаи кишвар бахшида шудааст. ҚурбоноваШирин бо далелҳои илмӣ нишон медиҳад, ки нақши Пешвои миллат дар соҳаи энергетикаи кишвар  истисноӣ аст ва ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ тавассути заҳматҳои Пешвои миллат имконпазир гардид. Дар ин боб таҳлили лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва тафриқагузории энергия ба сомон расонида шудааст, ки барои рушди иқтисодӣ замина фароҳам овардаанд.

        Боби ҳафтум "Сипаҳсолор" ба таъсиси артиши миллӣ, ҳифзи марзҳо ва амнияти давлат бо роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Муаллиф бо далелҳои воқеӣ ва маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки Пешвои миллат дар ҳолатҳои фавқулодда устувориро пеша карда,  рамзи пойдории давлатдориро барпо намуд. Ин боб бо таҳлили саҳми Пешвои миллат дар амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом меёбад.

        Дар хулоса бояд такид намуд, ки монографияи Қурбонова Ширин як асари илмии бунёдӣ аст, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон бо таҳлили амиқу дақиқи таърихӣ нишон медиҳад.

 

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад,

муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор  

 

БОЗГАШТ