Авҷ чашмаи шифобахш

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар Тоҷикистон тақрибан 60 чашмаҳои шифобахши обҳои минералӣ мавҷуданд, ки барои сиҳатии мардум фоидаовар ҳастанд. Яке аз ин чашмаҳои оби минералидошта чашмаи “Авҷ” мебошад, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шудааст. Умуман, Помир бо чашмаҳои шифобахшаш дар ҷаҳон машҳур аст. Дар ин ҷо Гармчашма, чашмаи Бибифотимаи Заҳро, Ҷелондеҳ, Зонг,  Авҷ ва дигарҳо мавҷуданд. Ҳанӯз дар даврони шӯравӣ аз гӯшаю канори кишварҳои собиқ шӯравӣ ба Помир барои муолиҷа ва истироҳат ба ин чашмаҳо меомаданд. Ҳоло бошад, бо ба даст овардани истиқлолият ба ин ҷойҳо аз тамоми ҷаҳон одамон ҳам барои тамошою дамгирӣ ва ҳам муолиҷа меоянд. Бо шарофати истиқлолият шароити зисту истироҳат дар ин истироҳатгоҳҳо боз ҳам хубтар ба роҳ монда шудааст.
Шифохонаи "Авҷ" дар масофаи 80 километр аз шаҳри Хоруғ ва 28 километр аз маркази ноҳияи Ишкошим, дар  баландии 2450 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Ҳарорати оби "Авҷ" 37-38 дараҷа мебошад, ки ҳатто барои онҳое, ки фишори баланд доранд, дар он метавонанд ванна қабул кунанд. Шифохона соли 1978  дар заминаи чашмаи шифобахши "Авҷ" ба кор оғоз кард. Омилҳои асосии табобати оби шифобахш аз мавҷудияти гази карбон, ионҳои гидрокарбонат, сулфат, калсий, магний иборат мебошад. Оби ин чашма аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба оби сулфати нарзани Кисловодск монанд буда, аз ҷиҳати баландии ҳарорат аз он фарқ мекунад. Оби чашма ба мақсади нӯшокии муолиҷавӣ, шустани меъдаву рӯда ва қабул намудани ваннаҳо истифодабурда мешавад. Авҷ барои касалиҳои чашм, устухон, остеохандроз, медаю руда, рагҳо, дил фоидаовар мебошад. 
Ҳозир, ки  барномаи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” идома ёфта истодааст, шифохонаи “Авҷ” метавонад ҳамчун туризми табобатӣ истифода шавад. Туризми табобатӣ талаботҳои инсонро дар ташхис ва талаботҳои хизматрасонӣ бо истифода аз сарчашмаҳои табобатии табиӣ муайян менамояд. Ин шакли туризм, ки метавонад дар осоишгоҳҳо, бунгоҳҳои махсуси тиббӣ ё марказҳои тиббӣ бо истифодаи технологияи муосири тиббӣ ва аз сарчашмаҳои табобатии табиӣ амалӣ гардад табиати зебоманзари чашмаи “Авҷ” бо оби минералии шифобахши худ ҳамаи ин талаботҳоро доро мебошад. Ягона камбудӣ ин аст, ки роҳ то ба ин чашма ва на фақат то ин ҷо, балки то дигар чашмаҳои шифобахши Помир тӯлонӣ ва бетаъмир мондааст. Хушбахтона, дар охирин сафараш Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмири роҳи Дарвозро то дарвозаи ноҳияи Рушон оғоз бахшид. Боиси хушнудист, ки ба таъмири роҳҳо, ки пайвандгари дилҳо мебошанд аз тарафи роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон аҳамияти хоса дода мешавад.
Чуноне, ки дар урфият мегӯянд, саломатии инсон гаронтарин арзиш барои инсон мебошад ва инсон барои саломатии худ чизеро дареғ намедорад. Барои барқарор кардани саломатӣ ва пешгирӣ кардани бемориҳо мардум ба осоишгоҳҳо рафтанро дар солҳои охир пешаи худ кардаанд. Осоишгоҳҳои Тоҷикистон қариб, ки дар тамоми мавсимҳо серодам буда, хизматрасонии онҳо рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст.
Осоишгоҳҳои Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон машҳурият пайдо карда, дарҳои худро ба мардуми маҳаллӣ ва хориҷӣ боз намуда, яке аз сарчашмаҳои даромади буҷаи давлат ба ҳисоб мераванд.

Нигина Душанбиева
 

БОЗГАШТ