ҶАВОНОН - НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

ҶАВОНОН - НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ

“Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд. Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд”.                          

                                                                                                                                        Пешвои  миллат, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ оид ба нақши ҷавонон дар пешбурди сиёсати давлатӣ ва рушди кишвар таъкид менамоянд, ки ҷавонон пояи миллат ва давомдиҳандаи насли ояндаи кишвари азизамон Тоҷикистон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавонони шуҷои Ватан бо ифтихор аз бовариву эътимоди Пешвои миллат, баҳри муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар арсаи ҷаҳонӣ устуворона ва содиқона талошҳои худро равона месозанд. Ногуфта намонад, ки тайи солҳои охир дар тамоми соҳаҳо, махсусан дар самтҳои роҳбарикунанда, низ саҳми ҷавонони донишманду болаёқат назаррас мебошанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ, вобаста ба дастгирии ҷавонон чандин барномаву тадбирҳои зарурӣ рӯи кор омадааст. Барои муҳим арзёбӣ гардидани ҷавонон дар пешбурди сиёсати давлатӣ ва пешрафти ҷомеа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, ки 22-юми декабри соли 2016 баргузор гардид, соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд, ки ин иқдом ба руҳияи ҷавонон таъсири махсус гузошт.  Маҳз аз ин давра саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар хело зиёд гардид.

Барои дастгирии ҷавонон ва тарбия намудани насли нави ҷавон дар соҳаи варзиш имрӯз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои гуногунро баҳри рушди маҳорату малакаҳои ҷавонони лаёқатманд таҳия ва амалӣ намуда истодаанд. Қобили зикр аст, ки ҷавонони далери кишвар дар риштаи варзиш саҳми босазо гузошта, бо медалу дастовардҳои хеш халқу миллати бофарҳангу куҳанбунёди тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда истодаанд. Танҳо соли 2023 дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 медали тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин 226 медал нисбат ба соли 2022 зиёдтар мебошад. Қобили зикр аст, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарварии наврасону ҷавонон мавриди таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар қарор гирифтааст.

Боиси хушнудист, ки дар баробари илму донишандӯзӣ ва фаъолияти назаррас дар корҳои ҷамъиятӣ иштироки насли ҷавонро дар ҳайати маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ низ мебинем. Дар сафи чунин маҳфилҳои сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҷавононро зарур аст, ки дар баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифативу иттилоотӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайраҳо саҳми арзандаи худро гузоранд. Имрӯз баръало мушоҳида мегардад, ки ҷавонон дар масири пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат қадамҳои устувор мегузоранд.

Дар ҳама давру замон ҷавонон нерӯи бузургу созанда ва нигоҳдорандаи давлату миллат ба шумор мераванд. Солҳои охир, ҷавонон дар рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаъолона ширкат варзида, барои нигоҳ доштани арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ пайваста талошҳои худро равона месозанд. Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони лаёқатманди тоҷик ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он дар соҳаҳои мухталиф таҳсили илм намуда, дар ҷомеа саҳми назарраси худро мегузоранд. Гузашта аз ин, кишвари азизамон Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо маҳорату фарҳанги волои  хеш муаррифӣ месозанд.

Солҳои охир ҷиҳати самаранок истифода намудани вақт аз ҷониби ҷавонон, тарбияи дурусти онҳо ба илму касбомӯзӣ, варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар ин самт аз усулҳои муосиру пешқадами таълиму омӯзиш истифода карда мешавад. Ба шарофати амалӣ гардидани тадбирҳои судманд беш аз ду даҳсола аст, ки бо истифода аз донишу малакаи ҷавонон пешрафти бомарому устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъмин ва дастовардҳои илмиву варзишии ҷавонони тоҷик боиси афзудани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҷавонони саодатманди тоҷик ҳамеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки халқи озодихоҳи тоҷик асрҳои аср барои ба даст овардани Истиқлоли давлат талошу ҷоннисориҳо карданд. Акнун ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бузург, таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҷавонони Ватандӯст мебошад. Бояд гуфт, ки танҳо ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод, бонангу номус ва дорои ҷаҳонбинии муосир метавонанд ҳамчун ворисони сазовори таъриху фарҳанги миллӣ рисолати ватансозиро ба дӯш гирифта, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан сарбаландона иҷро намоянд.

Маҳз сиёсати сулҳпарварона ва ватандӯстонаи Роҳбари Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул ва самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расонида шуд, ки бо мурури замон қонуни мазкур дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004 қабул гардид. Сиёсати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ нисбат ба ҷавонон аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» инъикос гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир амалҳои номатлуби баъзе ҷавонон дар ҷомеа бештар ба назар мерасад, ки боиси нигаронии ҳукумату давлат гардидааст. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҷавонон муроҷиат намуда, таъкид менамоянд, ки: “Зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ набояд аз даст диҳем ва Ватану кишвари азизи худро аз сидқ дӯст дошта, баҳри рушди кишвар содиқона хизмат намоем”. Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки дар ҳар вохӯриву баромадҳояшон ба насли ҷавони кишвар таъкид месозанд, ки: “Мову шуморо дар ягон давлати дунё ҳеҷ кас интизор нест” ин беҳтарин суханони Пешвои миллат мебошад, ки хусусияти хос дошта, ҳангоми шунидани ин суханҳои пурмуҳтаво дар дили ҳар як шаҳрванди баору номуси ватан ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ пайдо мегардад. Мавриди зикр аст, ки ҷавонони ба ору номуси насли даврони соҳибистиқлол сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҳимояи марзу буми Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии миллати кӯҳанбунёди тоҷикро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморанд. Боиси ифтихор аст, ки дар байни ҷавонони донишманд ва бонангу номус нафароне ҳастанд, ки аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар пайравӣ намуда, бо назардошти манфиатҳои миллӣ мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд.

Ҳамин тавр, ҷавонони ватандӯсти мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ барои пешрафти Ватани муқаддаси худ, таҳким ва густариши ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ташаббусҳои созанда нишон дода, мавқеъ ва нақши Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ месозанд.

  Файзуллаева Нигора.

ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ