Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

               
     Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ рӯйдодҳои бисёр пуртаҳлукаю ҳассоси таърихиро пушти сар намуд. Дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ роҳнамоӣ менамояд. Ин тасмими арзишманд кишварамонро ба рушди босуботу амнияти комил ва касб намудани обрӯву эътибори арзанда дар арсаи байналмилалӣ ноил гардонд, ки  бе муҳобот дар ниҳоди насли ҷавон ба хостаҳо ва нерӯву тавоноӣ ва умед бахшидан ба ояндаи дурахшони Ватанамон аз омилҳои асосӣ гардид.
     Ҳарчанд давраҳои тақдирсози кишварамон бо хотираҳои ибратомӯзу таърихӣ пушти сар шуданд, вале дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ назди мо, ҷавонон, вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо барои таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳмияти бузургеро доро мебошанд. Бо ибораи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Пеш аз ҳама бояд сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои ҳассосу тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудраҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа, мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ, яъне Ватан ва истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».
     Бешубҳа, дар чунин шароит зарур аст, ки асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амният, ҳифзи тамомияти арзӣ ва татбиқӣ манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳанд. Барои насли ҷавони имрӯза арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистон ва ҳифзи онҳо бояд аз ҳама гуна манфиатҳо бартарӣ дошта, бо роҳу усули муосиру ҷавобгӯй ба талабот ҳаёти онҳо пойдевори тарбияи ватандӯстии ҷавононро фаро гирад.
     Таҷрибаи сиёсии ҷаҳони муосир собит сохт, ки иқтисоди ғаниву устувор ва ҳатто артиши пуриқтидори замонавӣ наметаванд амнияти давлатро ба таври бояду шояд таъмин намояд. Дар ин дигаргуниҳои сиёсӣ ва хатарҳои умумибашарӣ танҳо давлатҳое амнияти худ ва осоиштагии мардумро аз чунин ҳодисаҳои фоҷиабор эмин дошта метавонанд, ки сиёсати озмудашударо бо пуштибонии халқи дорои хирад ва зиракии сиёсӣ амалӣ намоянд. Далели ин гуфтаҳои банда, кишварҳои Сурия, Ироқ ва Ливия аст, ки сатҳи рушди маърифати сиёсии бархе аз сокинонаш аз ҷумла ҷавонон паст буда, оқибат боиси фалаҷ гардидани амният ва суботи кишварашон гардид. Ин амалро мо ҷавонон хиёнат ба Ватан ва миллат меҳисобем.
     Бархе аз таҳлилгарон ва сиёсатшинос бар он ақидаанд, ки сокинони кишварҳои зикргардида, дорои зиракии сиёсианд, вале онҳоро дахолати баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ба ин ҳол гирифтор намуд. Пас дар ин ҷо суолҳое пайдо мегарданд: Кӣ ва чӣ онҳоро ба ин ҳол гирифтор намуд? Пас агар онҳо дорои донишҳои хуби сиёсианд чаро ватани худро ба чунин ҳол гирифтор кардаанд? Магар касро ба роҳи бад бо зурӣ бурда мешавад? Қобили қайд аст, ки дилхоҳ амалҳои манфӣ паёмадаш вобаста аз зарфи донишҳои сиёсист.
     Бинобар ин, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонон таъкид менамоянд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро огоҳ будан аз равандҳои сиёсиву ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ моро водор месозад, ки пеш аз ворид шудан ба ҳаводиси сиёсӣ онро таҳлил ва муайян намоем.
     Мутаассифона, имрӯзҳо бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва гумроҳи мо низ ба якчанд амалҳои номатлуб, ба монанди ифротгароӣ ва хусумати мазҳабиро пайравӣ намуда, бо даъвати афроди иғвогару ҷиноятпеша даст ба ифротгароӣ ва амалҳои хилофи амният ва суботи кишвари мо зада истодаанд. Дигаронро низ мехоҳанд ба ин роҳи бад раҳнамоӣ намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин кирдорҳои ҷиноятпеша муқобили манфиатҳои миллии мо буда, ҳимоя ва ё пешгирии он имрӯзҳо хусусиёти умумимиллӣ пайдо мекунад.
Қобили қайд аст, ки раванди ифрогароӣ яке аз падидаҳои номатлуб буда, тамоми ҷаҳонро ба такон оварда, дар ибтидои асри 21 хислати ҷаҳониро ба худ касб намуда аст, ки на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст.
     Яке аз чунин гурӯҳҳои ифротию террористӣ ин гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» аст. Аслан тибқи маълумоти мавҷуда ҳадафи аслии ин гурӯҳи террористӣ таъсиси хилофат буда, бар зидди давлатҳои дунявӣ ва деморатӣ равона гардидааст. Тибқи нақшаи ин гурӯҳи хунхор бояд ҳамаи давлатҳо маҷбуран ишғол кардаву тобеи хилофати худ гардонанд.  Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ҳамчум давлати дунявӣ ва демократӣ дар нақшаи худ ҷой додаанд. Чунончи, дар давоми солҳои охир тамоми амалҳои террористии дар кишварамон суратгирифтаро ин гурӯҳи террористӣ бар душ гирифтааст (куштори сайёҳон дар Данғара ва ғайраҳо).
Барои амалӣ намудани ҳадафҳои носолими худ ин гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», аз ҳар роҳу восита истифода намуда, ҷавононро, ки ҳамчун қишри ҳассос ва таъсирпазири ҷомеаанд ба коми худ мекашанд. Аслан ин гурӯҳи террористӣ барои ҷалби ҷавонон ба сафи худ аз чунин роҳу воситаҳо истифода менамоянд:                
     Якум, тариқи фазои маҷозӣ - шабакаҳои интернетӣ яке аз субъекҳои паҳннамоии хабарҳо ва алоқаҳои бемаҳдуд байни инсонҳо гардида аст, ифротгароён маҳз барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои худ аз интернет истифода мебаранд. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ному насабҳои гуногун ва ҳатто духтарона бо тарзи гунонгун бо дилхоҳ инсонҳо шинос шуда, онҳоро баъди омӯзиш ва баъд аз пайдо намудани ҷои заифии ҷавонон дарёфт намуда, онҳоро фиреб мекунанд ва ба сафи худ даъват менамоянд.
     Дуюм, таҳрифи ақидаҳои исломӣ ва тарғиби он миёни ҷавонон – бо истифода аз дини Ислом ва ваъдаи ҷиҳод ҷавонони намозгузор ва эътиқодмандро ба сафи худ даъват менамоянд. Мисол: Барои ҷалби ҷавони эътиқодманд  сараввал бо он баҳсҳои аз Ислом ва сураҳои Қуръон менамоянд ва баъди дӯстӣ дар муддати муайян ӯро ба сафи худ даъват мекунанд.
     Сеюм, пешниҳоди маблағҳои калон - дар дилхоҳ ҷомеа ҷавононе мавҷуданд, ки ба мушкилоти иқтисодӣ гирифторанд ва барои ҳалли ин мушкилот онҳо ҳама роҳу воситаҳоро меҷӯянд ва баъзеашон ба чанголи ин гурӯҳи террористӣ меафтанд.
     Чорум, тариқи даъвати шиносҳо ва ё хешутаборон – бо даъватӣ шиносону наздикон ба ин роҳ мераванд. Бадбахтии ҷомеаи имрӯза дар он аст, ки имрӯзҳо тақлидкорӣ миёни ҷавонон авҷ гирифтааст ва ҳангоми дидани баъзе наворҳо аз ҷониби дӯстон ва ё дидани дӯстони худ савори мошинҳо, ҳисси тақлидкории онҳо авҷ гирифтаву онҳоро ба ин роҳ гирифтор менамоянд. 
     Панҷум, бемории равонӣкамина бар он ақидааст, ки 70%-и ҷавонони ба сафи гурӯҳҳои террористӣ аз он ҷумла ба ном «Давлатӣ исломӣ» пайвастаанд, гирифтори бемории равонӣ мебошанд, зеро ҷавони солим ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин роҳ намеравад. Омилҳои боздорандаи ӯ хоини Ватану миллат, оила ва волидайн аст.
     Ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки пуштибонӣ аз чунин афрод хатои бузург ва хиёнат ба давлату миллат буда, баръакс, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва эктремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллии сохти конститутсионӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номуси кишвар мебошад.
Ҳамчунин, хотиррасон бояд намуд, ки ҳодисаҳои ваҳшатборе, ки зери ниқоби дини Ислом бо қатли ваҳшонияти одамон ҳатто занҳои мусалмон рух дода истодааст, бори дигар исбот намуд, ки чунин аъмоли ваҳшиёна ба дини Ислом умуман иртибот надорад ва шариати Ислом онро дар ҳама шакл ва ба чи хотире набошад, қатъиян маҳкум мекунад. Ба ибораи дигар, дини муқаддаси Ислом ба чунин «пуштибонҳо»-и ҷоҳилу разил эҳтиёҷе надорад.
       Бинобар ин, ҳар фарди солимфикр ва равшаниродаро зарур аст, ки барои ҳидояти ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои милливу инсондӯстӣ бетараф набошанд.
     Таърихи тамаддун ва дастоварҳои арзандаи кишварҳои абарқудрату мутамаддин собит менамоянд, ки омӯзиши афкори насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани омилҳое, ки ба нерӯҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо замина мегузорад, асоси  рушди пешрафти ҳар кишвар аст. Бо инобати он, ки насли ҷавон табақаи ҳассоси ҷомеа ва ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда шинохта ва эътироф шудааст, мақоми сиёсию иҷтимоии он низ на фақат неруи демократии ҷомеа ва давлатро, балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад. 
     Маҳз ҳамин ҷанбаҳои муҳимми тақдирсози ояндаи кишварамонро ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳамаи баромадҳои худ ва дар ҳамаи Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба пешрафт, зиракии сиёсӣ ва татбиқи сиёсати ҷавонон таъкид менамоянд. Ҳатто барои дастгирии ҷавонон бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2017-ум дар кишвар «Соли Ҷавонон» эълон гардида буд.
     Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дар назардошти боло рафтани ниёз ба ворид намудани технологияҳои муосир дар рушди соҳаҳои ҳаёти халқ ва дар ҷойи дигар бурузи тамоюли ифротгароӣ, ки дар маркази ҳар дуи он ҷавонон қарор мегиранд, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар вобаста ба рушди илму маориф ва сатҳу сифати таълим ва ҷалби ҷавонон ба илм таъкид намуданд, ки то ин қишр аз ҳар вақта беш ба созандагию рушд ҷалб карда шуда, падидаҳои ифротгароӣ миёни онҳо коҳиш дода шаванд.      
     Дар гузашта миёни мардум ақидае вуҷуд дошт, ки гӯё ватандӯст будан, ин ҷон супоридан барои Ватан бошад. Албатта, ин андеша то ҷое дуруст аст. Ҳамзамон ватандӯстӣ аз амалҳои хурдтарини ҳар як шахс метавонад маншаъ гирад, аз ҷумла доштани оилаи хуб, беҳтарин мутахассиси ягон соҳа шудан, доштани касб ва умуман, амале, ки манфиатовар бошад ва ҳатто дар ҳолати манфиатбахш набудан, басанда аст, ки зараррасон набошад. Ҳар лаҳза бо ғурур қоил мешавем, ки Ватани худ ифтихор дорем. Албатта, бо Ватан ифтихор кардан хуб аст, вале беҳтар он аст, ки аз рафтору кирдори мо, аз дастоварду ташаббусҳои мо, аз созандагиву бунёдкориҳои мо Ватан аз мо ифтихор кунад.

   
     Муллоев Мулломухтор, ходими илмии
     шуъбаи Осиёи Марказии Институт

БОЗГАШТ