Ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистони муосир — самараи фаъолияти Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Муаллиф: Ҳайдарзода Рустам

Расм

ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Авзои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз аз ҳар мамлакати муосир талаб менамояд, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва таҳкими минбаъдаи Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои нав ба нав амалӣ намояд. Дар ин қарина ҳар ҷумҳурии соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ба захираи стратегии миллӣ, яъне насли ҷавони худ такя менамояд. Таҷриба ва таърихи мамолики пешқадами олам собит менамояд, ки дар сатҳи давлатӣ зоҳир намудани ғамхорӣ нисбат ба тарбияи ҷавонони масъулиятшинос ва ватандӯст сабаби таъмин гардидани ояндаи дурахшони ҳамватанон ва пойдор мондани Истиқлоли сиёсии дилхоҳ мамлакати дунё гардидааст. Бо назардошти ин воқеият Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 барҳақ иброз намуданд, ки «ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалияти асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд».

Дар ҳақиқат Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон дар Тоҷикистон нақши калидӣ доранд, зеро ба насли ҷавони тоҷик доимо таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ин нигоҳи меҳрубононаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонписарону ҷавондухтарони тоҷик аз таҷрибаи зиндагиашон маншаъ мегирад. Ҳамаи мо дар ёд дорем, ки Президенти ҷумҳуриамон маҳз ҳамчун сарвари ҷавон ва ҷасуру ҷонфидои Ватан зимоми давлатдориро дар Тоҷикистон ба даст гирифтанд. Дар он замони барои Тоҷикистон тақдирсоз, хусусан ақидаҳои нав ва дурандешона оид ба рушди давлатдории миллии тоҷикон, огаҳӣ аз равандҳои муосири ҷаҳонӣ, фарҳанги волои сиёсӣ, ҳувияти олии миллӣ ва неруи ҷавонӣ ба Пешвои миллат имконият доданд, ки чӣ дар арсаи сиёсати дохилӣ ва чӣ дар сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ гомҳои устувор гузоранд. Агар як бор ба таърихи навини давраи истиқлоли давлатии тоҷикон нигарем, пас мебинем, ки аксарияти ҳамандешон ва ҳамрадифони Пешвои миллат дар оғози эъмори мактаби давлатдориашон, ба мисли худашон асосан аз ҷавонони ватандӯсту беғараз, ҷонфидо, ҷасуру бошараф иборат буданд.

Тақдири миллати хуштолеи тоҷик дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта барои наҷоти Тоҷикистони ҷангзада маҳз ҷавони бошараферо интихоб намуд, ки имрӯз номи ӯро тоҷикони ҷаҳон бо ифтихор — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забон меоранд. Миллати тамаддунофари тоҷик ба ӯ бовар намуд, чунки Пешвои миллати тоҷикон дар сухану амал ҳамчун ҷавонмарди асил ва қавиирода рафтор менамуданд. Роҳбарони таҷрибадори ҳамсоядавлатҳо, мамлакатҳои дуру наздик ба сарвари ҷавони тоҷик, яъне муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Истиқлоли давлатӣ эътимод намуданд ва ҳамкорӣ намуданд, чунки дар симои ӯ ояндаи дурахшони Тоҷикистонро медиданд.

Имсол шаҳрвандони ҷумҳурӣ 33-солагии Истиқлоли сиёсӣ, давлатдории миллӣ ва дунявии Тоҷикистонро дар шароити рушди босуботи иқтисодӣ, дастовардҳои бузург дар соҳаҳои илму фарҳанг, варзиш, сиёсати муваффақи дохилӣ ва хориҷӣ, сулҳу субот ва ризоияти миллӣ, руҳияи олии ифтихори миллӣ таҷлил менамоянд. Имрӯз мо мебинем, ки аксарияти муваффақият дар соҳаҳои гуногун ба насли ҷавони тоҷик иртибот дорад.

Дар ин радиф Роҳбари давлати мо иброз медоранд, ки «иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи ҷумҳуриамон мусоидат менамояд. Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд». Дастовардҳое, ки дар варзиш ва фарҳанг, илм, иқтисод ба даст омаданд, ҳамагон натиҷаи амалишаваи сиёсати муваффақи давлатӣ оид ба ҷавонони Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ мебошад.

Дар ҳақиқат, насли ҷавон, ки дар даврони Истиқлол ба воя расид ва аслан дастпарварони Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дар таъмини рушди босуботи ҷумҳурӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлати тоҷикон саҳми назарас мегузорад. Аз ин рӯ Президенти ҷумҳурӣ таъкид менамоянд, ки «ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас мегузоранд».

Татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон дар дилхоҳ давлати муосир ба ду ҳадаф нигаронида шудааст: якум, тарбияи насли ҷавонони донишманд, масъулиятшинос ва ватандӯст; дуюм ҷалби ҷавонони болаёқату бошараф ба мудирияти давлат.

Аз ин рӯ, сиёсати муосири давлатӣ оид ба ҷавонон дар Тоҷикистон имрӯз бо раванди ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонони болаёқат ва ватандӯст ба ҳайати роҳбарикунанда дар ҳама соҳаҳои мудирияти давлатӣ нигаронида шудааст. Президенти Тоҷикистон дар солҳои охир ба модернизатсияи мудирияти давлатӣ дар мамлакати мо афзалияти стратегӣ дода, пай дар пай мутахассисони ҷавонро, ки дар Мактаби давлатдории Пешвои миллат тарбия гирифтаанд, ба ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда дар соҳаҳои гуногуни хоҷагидории Тоҷикистон ҷалб менамоянд. Бояд гуфт, ки дар ҷаҳон танҳо он давлатҳо ба муваффақияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гаштанд, ки ҷавонгардонии ҳайати мудирияти давлатро вобаста ба вазъияти доимо дигаргуншаванда дар ҷаҳон ҳар чӣ барвақт оғоз намуданд.

Имрӯз тамоюли ҷавонгардонии ҳайати идоракунандаи давлати мо бо маром идома дорад. Президенти мамлакат ҷавонони ватандӯст ва кордонро ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар соҳаҳои илму фарҳанг, иқтисоду сиёсат, ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти ҷумҳурӣ таъйин намуда истодаанд, ки дар натиҷаи ин иқдоми наҷиби Сарвари давлат мо дар мудирияти ҷумҳурӣ тағйироти мусбати сифатиро мушоҳида менамоем.

Имрӯз аз ҷониби соҳибкорони ҷавони тоҷик ҳазорон корхонаву иншооти истеҳсолӣ дар кулли қаламрави мо сохта шуданд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҷавонони соҳибистеъдод дар озмунҳои байналмилалии фарҳангӣ соҳиби Шоҳҷоиза мегарданд. Варзишгарони бошарафи мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ғолибият ба даст меоранд. Сиёсатмадорони ҷавони мо аз дастгирии Президенти ҷумҳурӣ руҳбаланд гардида, бо фаъолияти пурсамарашон баҳри ободсозии шаҳру рустои мамлакат камари ҳиммат бастаанд. Масалан, дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии Ҳукумати шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакатамон мувофиқи раддабандии байналмилалӣ ба яке аз шаҳрҳои амнтарин ва аз ҷиҳати экологӣ барои зистани инсон мусоид мубаддал гаштааст. Инфрасохтори пойтахти Тоҷикистон пурра таҷдид гардида, Душанбешаҳр ба макони татбиқи лоиҳаҳои нави инфрасохторӣ, сарзамини гузаронидани чорабиниҳои байналмилалии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии сатҳи баланд табдил ёфтааст. Ин ҳама, бешубҳа, натиҷаи татбиқи сиёсати пурсамари давлатӣ оид ба ҷавонон дар Тоҷикистон аст.

Дар ҳақиқат тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва таҳкими худшиносии миллии онҳо яке аз вазифаҳои мубрами ҷомеаи тоҷик мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани озмунҳои гуногун, ки ба баланд бардоштани шавқу завқи насли ҷавон баҳри омӯзиши таъриху фарҳанг, илм ва донишҳои замонавӣ равона шудаанд,таваҷҷуҳи кулли қишрҳои иҷтимоии ҷомеа ба худомӯзӣ, такмили донишҳои тахассусӣ, аз нав шинохтани таърихи гузаштагон, адабиёту фарҳанги миллӣ ба маротиб афзудааст.

Президенти ҷумҳурӣ дар ин росто иброз менамоянд, ки «танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд. Дар беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд».

Дар ин росто инчунин таъкид бояд намуд, ки агар нашр ва тақсими китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони мамлакат ба афзудани донишҳои кулли ҷомеа ва хусусан ҷавонон оид ба таърихи миллати тоҷик равона гардида бошад, пас интишор ва тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба шаҳрвандонамон, ки иқдоми навбатии Сарвари давлат мебошад, барои боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи ҳувияти миллӣ, ташаккули руҳияи устовори ифтихори миллӣ ва таҳкими ватандӯстии шаҳрвандон, парвариши сифатҳои ҷавонмардӣ, ба монанди ҷасорат, шараф ва шуҷоат баҳри ҳифзи Ватан равона мегардад. Имрӯз агар бигӯем, ки «Шоҳнама»-и Абулқосим Фирдавсӣ ойини ҷавонмардии тоҷикон буд, ҳаст ва мемонад, комилан саҳеҳ аст. Аз ин лиҳоз нашри ганҷинаҳои панду ҳикмати гузаштагони бузурги мо амри табиӣ ва иқдоми мантиқӣ аст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба коркард, бозбинӣ ва татбиқи сиёсати дарозмуддати давлатӣ оид ба ҷавонон вобаста ба вазъи геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ Ҳукумати кунунии Тоҷикистон ба татбиқи барномаи дарозмуддати рушди сармояи инсонии ҷавонон аҳамияти афзалиятдошта медиҳад. Олимони ҷомеашинос низ мегӯянд, ки сармояи инсонии ҷавонон на танҳо аз маълумоти табиии маҷмуи фардони алоҳида, балки аз донишу малакаҳое иборат аст, ки дар низоми маориф, дар оила ва ҷомеа тавассути муассисаҳои давлатӣ–варзишӣ, фарҳангӣ-маърифатӣ, анъана ва расму оинҳои миллӣ ба даст оварда мешаванд, яъне бо ибораи дигар, муҳити зисти як ҷавон шахсияти ӯро ҳамчун инсони масъулиятшинос ва ватандор ташаккул медиҳад.

Чуноне ки Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бе рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад».

Муҳаққиқон ҳамчунин мутмаинанд, ки сармояи инсонӣ ҳамчун маҷмуи қобилиятҳои ҷисмонӣ ва зеҳнии фард, хусусан аз ҷавонон азхудкунии дониш ва таҷрибаи пешрафтаи насли калонсолро талаб менамояд. Ин анъанаҳои давлатдорӣ дар иртибот бо зарфияти ҷавонони худогоҳ омили тавонои пешрафти ҷамъиятӣ мегарданд.

Ҳамин тариқ, таъкид менамоем, ки раванди ҷавонгардонии ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои давлатӣ, хусусан мақомоти қудратӣ ва муассисаҳои илмӣ, ташкилоти соҳаи маориф ва тандурустӣ, фарҳанг зарурати стратегӣ дар раванди давлатдории тоҷикон аст. Бо итминони комил таъкид менамоям, ки ҷалби ҷавонон-дастпарварони Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ба мудирияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи мантиқан асоснокшуда буда, ба талаботи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ ва дунявии тоҷикон пурра ҷавобгӯ мебошад.

Бознашр аз https://khovar.tj/2024/02/avononi-vatand-sti-to-ikistoni-muosir-samarai-faoliyati-maktabi-davlatdorii-mu-taram-emomal-ra-mon/

Рустам ҲАЙДАРОВ,

корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои фалсафа

 

БОЗГАШТ