Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону
Вақте ки мо ба таърихи Тоҷикистон назар меандозем,маълум мегардад, ки дар тӯли қарнҳо олмониён таърих ва фарҳанги мардумони Осиёи Марказиро аз ҷумла тоҷиконро ҳаматарафа меомӯзанд. Ошноии олмониён бо Тоҷикистон нахустин бор соли 1928 ба вуқуъ пайваста буд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки соли 1928 як гурӯҳ олимони олмонӣ бо олимони шӯравӣ таҳти унвони «Экспедитсияи илмӣ тадқиқотии Помир» буд, ки иштирокчиёни ин лоиҳа бо роҳбарии Павел Лукнитски барои омӯхтани мардумшиносӣ, иқлим, ҳайвоноту наботот, анъанаҳо, ҳунарҳои мардуми тоҷикон, расму оин сафари нафақат Бадахшони Кӯҳӣ, балки тамоми Тоҷикистонро кардаанд. Баъд аз сафари хеш Павел Лукнитски китоби «Саёҳат ба Помир»-ро чоп намуд.
Дар ҳамаи давраҳои таърихӣ, махсусан дар давраи нав, шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанги Ғарб, аз ҷумла олмониён кишварҳои Шарқро ҳаматарафа таҳқиқ намуда барои худ арзишҳои безаволи ақидаи – экстетикӣ мероси фарҳангии мардумони тоҷикуфорсро кашф намуданд ва онро бо комёбиҳои фарҳанги пешрафтаи кишварҳои худ алоқаманд мекарданд.
Муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Федеративии Олмон моҳи декабри соли 1992 барқарор шуданд. Олмон яке аз аввалин намояндагии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1993 бо Сафири фавқулода ва худмухтор муҳтарам Александр Бекманн оғоз шуданд. Саҳми собиқ дипломати пуркору нотакрор Александр Бекманн ва собиқ роҳбари Хадамоти мубодилаи академикии Олмон (DAAD) доктор Кай Франке алалхусус дар солҳои аввали мушкили истиқлолияти Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои тарафайн хело назаррас ва беназир аст.
Воқеаи таърихӣ ин аст, ки собиқ вазири корҳои хориҷии Олмон Клаус Кинкел ба муносибати баргузор намудани рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Осиёи Марказӣ дар соли 1996 аз ҷумла дар Тоҷикистон қайд кард, ки «Рӯзҳои Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар минтақае баргузор мегардад, ки аз қадимулайём чаҳорроҳи тамаддуни мухталиф будааст. Аз замони салтанати афсонавӣ дар тӯли Роҳи бузурги абрешим мардумони Осиёи Марказӣ аз ҷумла тоҷикон худ соҳибтамаддун буда таъсири тамаддунҳои дигарро ҳам қабул намуданд. Дар ин сарзамин ҷараёни таҷаддуди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бемонеа ба пеш ҳаракат мекунад».
Ба ин тартиб дар густариши муносибатҳои Тоҷикистону Олмон давраи «Ренесанс» – Эҳё ба вуҷуд омадааст, ки бе шубҳа ба рушди фаъолияти гуногуни илмии олимон, мутахассисон, донишҷӯёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки Олмон аз ҳама зиёд санади ҳамкорӣ имзо намудааст ва ба имрӯз байни Тоҷикистону Олмон 40 санади дуҷониба ба имзо расидааст. Барои ҳамкориҳои дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Федералии Германия Франк- Валтер- Штайнмайер 1 –уми апрели соли 2016 ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба доираи стратегияи миёнамуҳлати рушд дар давраи 2016-2022 ва чанд созишномаҳоро ба имзо расонидаанд.
Бояд қайд кард, ки омилҳои таърихӣ ва муносибатҳои судманди Тоҷикистон ва Олмон мебошад, ки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон бо Донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо тамосҳои илмӣ ба роҳ мондааст. Тибқи доираи густариши равобити хориҷӣ табодули афкор ва омӯзиши таҷриба ва дастовардҳои илмии олимон тарғибу ташфиқи забон, фарҳанг, таърих ва адабиёти халқи тоҷик аз 17-уми сентябр то 5 –уми октябр соли 2018 тавассути «курсҳои тобистона» 15 нафар олмониён аз донишгоҳи Ҳумболди Олмон меҳмонони институти мо буданд. Агар ба оинаи таърих назар андозем, донишгоҳи ба номи А. ва В. Ҳумболдтҳоро бахусус қайд кардан ҷоиз аст. Ин донишгоҳ соли 1810 аз ҷониби бародарон Александр ва Вилҳелм фон Ҳумболдт таъсис дода шуда, ба дунёи илм 27 соҳиби ҷоизаи нобелиро тарбия намудааст, амсоли Алберт Эйнштайн, Нилс Бор, Макс фон Планк ва дигарон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Маҳз дар ҳамин донишгоҳ ба тадриси таърих ва фарҳанги мардуми форсизабон, аз ҷумла тоҷикон машғуланд. Алалхусус, дар ин робитаи дуҷонибаи фарҳангӣ нақши босазои яке аз тоҷикшиносони маъруфи олмонӣ Манфред Лоренс Жеҳак ва Томас Лой хеле бузург аст.
Азбаски курсҳои тобистона бо омӯхтани забон ва фарҳанги тоҷик равона шуда буд, иштирокдорони ин курсҳо боздид аз мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор», «Корвонсарои Хиштин» ва «Мадрасаи куҳна» карданд. Ба ғайр аз ин донишомӯзони “Курсҳои тобистона” аз “Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,” “Ҳазрати Мавлоно Яъкуби Чархӣ” “китобхонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ”, “Маркази Исмоилия”, осорхонаи бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ дидан карданд. Дар баробари ин ҳамкориҳо соли 2019 бо роҳбарии шарқшиноси шинохта профессор Ҳерманн Ҳерсих аз Донишгоҳи Оксфорди Лондон 7-нафар донишҷӯён дар тӯли 2-моҳ аз таърих ва фарҳанги Тоҷикистон ошно шуданд.
Вобаста ба ташкилу тақвияти самти фаъолияти шуъбаи Аврупо ва Америка дар Институт конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Дар кори конфронс Атташеи фарҳангии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳид Муизӣ, Атташеи сиёсии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давиде Казале, Сафири Фавқуллодаи Олмони Федерол дар Тоҷикистон доктор Андреас Протманн, Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Туреханов Валихан Амирханули, мудири кафедраи синологии Донишгоҳи Рейнише Вилҳелм Бонн, профессор Ралф Каутс ширкат варзиданд.
Илова бар ин, дар шуъба олимон, муҳаққиқон ва донишҷӯён барои шиносоӣ аз таърих ва фарҳанги тоҷикон аз кишварҳои аврупоӣ ташриф меоранд. Азбаски шуъбаи Авурпо вобаста ба 26 кишвари Иттиҳоди Аврупо омӯзиш ва таҳқиқот мебарад, инчунин барои гузаронидани семинарҳои муштарак бо Иттиҳоди Аврупо дар институт таъсиси маркази Иттиҳоди Аврупо зарур ва мубрам дониста мешавад.
Бо ташаббуси шуъбаи Аврупо ва Амрико як қатор олимон соли 2023 аз Аврупо ба Институт ташриф оварданд, аз ҷумла профессор аз Академияи илмҳои Австрия Флориан Швартс, профессор Ева Ортман аз Донишгоҳи Карл Август Готинген бо Институти Макс Планк (Олмон) созишномаҳо ба имзо расид. Аз ҷумла, бо Маркази Россия, Қафқоз ва Осиёи Марказии Мактаби олии илмҳои ҷамъиятшиносӣ (Фаронса) як Меморандум ба имзо расонида шуд.
Мудири шуъбаи Аврупо д.и.т.,
профессор Воҳидова Санавбарбону