“Баҳори Араб” дар Тунис: омил ва натиҷаҳои он

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Аз аввали соли 2011 дар бисёр кишварҳои арабу мусулмоннишин мавҷи васеи тазоҳурот ва табаддулотҳо ба амал омад. Ҳангоми тазоҳурот усулҳои гуногуни муқовимати шаҳрвандӣ - корпартоӣ, ҳамоиш, раҳпаймоӣ ва гирдиҳамоӣ истифода шуданд. Ин равандҳо дар сар то сари ҷаҳон  бо номи "Баҳори Араб" ё "Бедории Араб" маъруф  гардид.
Одатан "Баҳори Араб" -ро маҷмӯи дигаргуниҳои куллии сиёсӣ, ки дар кишварҳои араб ба амал омадааст, меноманд. Рӯйдодҳои "Баҳори Араб" заминаҳои ҷиддии дохилӣ ва хориҷӣ доштанд.
Бисёре аз коршиносон аз байни сабабҳои ба вуқуъ омадани “Баҳори Араб” ду омили муҳимро муайян мекунанд. Ин омили иқтисодӣ (рукуд, фасод, бекорӣ ва фақр) дар ин кишварҳо ва инчунин омили геополитикӣ мебошад [7].
Дар воқеъ, ҳодисаҳои аввал аз 18-уми декабри соли 2010 бо эътирозҳо дар Тунис  пас аз худсӯзии Муҳаммад Буазизӣ ҳамчун нишони эътироз алайҳи фасод ва бадрафтории пулис оғоз ёфт. Ғайр аз он, мавҷи нооромиҳо кишварҳои Либия, Миср, Алҷазоир, Яманро фаро гирифта, сипас ба кишварҳои дигари Шарқи Наздик  паҳн гардид. Намоишҳои калонтарин дар ин кишварҳо дар намози асри рӯзи ҷумъа баргузор шуданд ва дар байни мардум ин ҷумбиш "Рӯзи ғазаб" номида шуд. Дар аввал талабҳо иҷтимоӣ буда, пас аз саркӯбии тазоҳуроткунандагон  аз ҷониби пулис , даъвоҳои онҳо рангу мазмуни  сиёсӣ гирифта,  ҷамъ омадани онҳо ба майдон бештар гардид .
Аз моҳи майи соли 2012 инқилобҳо боиси сарнагунии баъзе сарони давлатҳо шуданд. Дар Тунис Президент Бен Алиро маҷбур карданд, ки ба Арабистони Саудӣ гурезад. Дар Алҷазоир ва Миср бошад, ҳолатҳои фавқулодда бекор карда шуданд [6].
 Тавре ки маълум аст, маҳз Тунис нуқтаи асосии рӯйдодҳои инқилобии «Баҳори Араб» гардид, ки дар он бисёр давлатҳои минтақа дар давраи тазоҳурот ва эътирозҳои мардумӣ, тағирёбии низомҳои сиёсӣ ва ҷангҳои шаҳрвандӣ ширкат варзиданд. Аммо чаро маҳз Тунис, ки сайёҳон ва сармоягузорони бисёреро ҷалб карда, ҳамчун давлати устувори ҷаҳони араб ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ шинохта шудааст, аввалин маркази норозигии мардум шуд; бо назардошти баъзе омилҳои дохилӣ, ки дар моҳи декабри соли 2010-ум боиси тазоҳуроти бузург дар Тунис шуд, ба посухи ин савол наздик шудан мумкин аст.
Дар ҳақиқат, "Баҳори Араб" дар Тунис натиҷаи омезиши бисёр омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буд. Аммо шадидтарин аз миёни онҳо, ки тунисиҳоро ба тазоҳурот водор кард ин омили иқтисодӣ буд. Тавре медонем, маҳз кӯшиши худсӯзии як тоҷири ҷавони бекор омили асосие гашт, ки мардуми хашмгинро ба хиёбонҳо бароварад ва  онҳо талаб намуданд, то нархи маҳсулот паст карда шавад, ҷойҳои корӣ зиёд шаванд, мубориза бо коррупсия пурзӯр шуда, ислоҳот гузаронида шавад. Аз ин рӯ мо аввал ба таҳлили омилҳои иқтисодӣ шурӯъ менамоем.
Якум, барои Тунис бартараф намудани сатҳи бекории аҳолӣ хеле муҳим буд, зеро  "бекорӣ дар охири соли 2010 14%" зиёд шуд ва  шумораи бештари онҳоро ҷавонони мутахассиси бекор ташкил менамуданд. "Хатмкардагони ҷавони донишгоҳҳо ба мушкилоти ниёзмандӣ ва нодаркор будан ба давлати худ рӯ ба рӯ шудаанд. Ҳарчанд давлат ҳамаро таҳсили ройгон диҳад ҳам, аммо кафолати таъмин намудан ба корро намедиҳад" [3, с. 16]. Дар робита ба ин, дар ҷомеаи Тунис беқурбшавии таҳсилоти олӣ ба амал омад, зеро доштани он кори музднок ва вазъи шоистаи иҷтимоиро кафолат дода наметавонист. Ин амал табиатан аҳолиро, алалхусус ҷавонони аз ҳама фаъолро барои тағйирот ва ҳаракатнокии бештари ҷомеа водор сохт. Ин вазъ бештар ба набудани тағйироти саривақтии иқтисодӣ ва ислоҳот вобаста гардид.
Омили дуввум ва  хеле муҳим ин сатҳи баланди коррупсия дар давлатҳои минтақаи Африқои Шимолӣ, алахусус дар Тунис ба ҳисоб мерафт. Илова бар ин, коррупсия дар ин ҷо тавассути сохтори қудратии мушаххас шаклёфта, шадидтар гардид ки моликияти давлатиро дар дасти худ мутамарказ кардааст. Мардум аз вазъи иқтисодии нобасомон ба хашм омаданд, тавре ки дар боло ишора рафт, фасод ва бекорӣ дар сатҳи хеле баланд қарор дошт ва мақомот барои беҳбуди воқеии вазъи камтарин талоше накарданд. "Ҳатто мардуми оддии Тунис дар бораи истисмори шахсони мушаххаси фасодкор кушоду равшан ҳарф мезаданд”       [1, с. 82].
Саввум, тақсимоти нодурусти фоидаи иқтисодӣ дар дохили кишвар мебошад, ки дар натиҷа кишвар ба ду қисм: шимоли сарватманд (бо доштани нефт ва истихроҷот, гардишгарии созмонёфта) ва ҷануби камбизоат тақсим гардид. Ҳамчунин тамоюли шаҳрсозӣ ва афзоиши аҳолӣ дар шаҳрҳо, ки хоси давлатҳои минтақаи Африқои Шимолӣ мебошад, мушкилоти бекориро шадидтар мекунад. Дар натиҷаи набудани ислоҳоти иқтисодӣ ва дастгирии оқилонаи давлат, аҳолӣ бо мушкилоти нави иқтисодӣ, аз қабили болоравии нархи озуқаворӣ, нигоҳдорӣ ва «касоди» -и мушкилоти ҳалношудаи иқтисодӣ рӯ ба рӯ омад [9].
Муҳаққиқи рус Капилова И. А. илова бар сабабҳои иқтисодӣ, ки ҷомеаи Тунисро барои  норозигии ошкоро аз ҳукумат водор сохт, мушкилоти иҷтимоии аҳолиро ба назар гирифта, дар мадди  аввал  вазъи демографиро мегузорад, ки дар давлатҳои минтақаи Африқои Шимолӣ бо афзоиши баланди табиии аҳолӣ вобастагии зич дошта, бинобар набудани дигаргуниҳои мусоиди иқтисодӣ як қатор мушкилоти  дигари иқтисодии миллиро ба вуҷуд овардаанд. «Вазъи демографӣ дар кишварҳои арабро ба шумораи зиёди ҷавонон нисбат медиҳанд, ки якҷоя бо омили урбанизатсияи шадид, дар маҷмӯъ, таъсири махсусан пурқувваткунандаи бесуботиро ба амал оварданд. Илова  бар ин, чунин ҷавонон дар шаҳрҳои калонтарин - марказҳои сиёсӣ ҷамъ оварда шудаанд» [9].  Дар ин ҷо сухани С. Хантингтон, ки «Ҷавонӣ - ин шахсияти эътирозгар, ноустувор, ислоҳотчӣ ва инқилобӣ аст» рост бармеояд [5, с. 72]. Тааҷҷубовар нест, ки вазъи кунунии Тунис боиси бесуботии ҷиддии сиёсӣ, алахусус дар шароити аз даст додани мақомот дар байни мушкилоти иқтисодӣ шудааст.
 Пасон, тавре ки медонем, ҷаҳони араб қаламрави ислом, тавҳид ва ақидаҳои анъанавист, аммо бо назардошти ҳузури намояндагони дигар ҷараёнҳои мазҳабӣ дар Тунис, нобоварии тарафайн ба шаҳрвандон истисно карда нашудааст. Ҷолиби диққат аст, ки омили исломӣ дар ҷараёни рӯйдодҳои инқилобии "Баҳори Араб " ба таври назаррас шиддат гирифт, шояд ба ин суқути нуфузи мақомоти дунявӣ, аз даст додани эътимоди мардум ба раҳбари давлат мусоидат кардааст. «Оммаи васеи мусалмонон ба онҳое, ки аз ҷиҳати рӯҳӣ ва минталитет ба арзишҳои сирф динӣ наздиктар буданд, рӯ оварданд, зеро ислом асоси ягонаи идеологии фарҳанг ва сохтори иҷтимоии кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ буду боқӣ мемонад ва он тамоми соҳаҳои зиндагии онҳоро фаро гирифта, хусусиятҳои онро муайян мекунад » [4, с. 14].
Дар мавриди сабабҳои сиёсӣ бошад, метавон ақидаи муҳаққиқи англис Алексис Ариефро қайд намуд, ки чунин гуфтааст: «Сабаби сиёсии сар задани  “Баҳори Араб” дар Тунис на фақат далели муддати дароз дар сари қудрат мондан, балки далели забти авторитарии он аст» [6]. Яъне, гарчанде ки касе плюрализми де-юре ва интихоботи президентро бекор накарда бошад ҳам, мухолифин пайваста саркӯб карда мешуданд, аз ин рӯ амалан танҳо як ҳизб ҳамеша қудрат дошт.
Ҳамин тариқ, сабабҳои сиёсие, ки ба низоми Бен Алӣ таъсири харобиовар расонданд, омехтаи хашму ғазаби қисми зиёди аҳолии кишвар алайҳи ҳукумати Тунис буд, ки сарнавишти низоми кунуниро пешакӣ муайян кард. Аммо талабҳои сиёсии тазоҳургарони Тунис, хоҳиши озодии сухан, озодии гирдиҳамоӣ, плюрализми сиёсӣ, интихоботи одилона ва ошкоро боиси норозигии мардум шуд. "Калимаи "демократия" дар ҳама ҷо шунида мешуд, аммо агар мепурсиданд, ки ин чист, тафсирҳои гуногуни ин истилоҳ пайдо мешуд ва ҳар кас ба таври худ ин мафҳумро мефаҳмид. Аз ин рӯ, на хоҳиш ба "демократия", балки баръакс, ба «адолат» қавитарин ангезаи рӯйдодҳои инқилобӣ буд » [10].
То соли 2014 дар Тунис гузариш ба низоми нави конститутсионӣ ва сиёсӣ ба анҷом расид, дар кишвар интихоботи озод баргузор гардид ва конститутсияи нав қабул шуд.
Аммо, пас аз қариб 11 соли оғози “Баҳори Араб”, мушкилоти асосӣ дар Тунис ҳамчунон идома дорад - вазъи иқтисодии аҳолӣ нобаробар боқӣ мондааст, фасод решакан нашудааст ва қарзи миллӣ 15% афзудааст. Ҳамзамон, сокинони кишвар солгарди инқилобро бо тазоҳуроти нав пешвоз мегиранд ва элитаи сиёсиро ба он айбдор мекунанд, ки вазифаҳои худро иҷро карда наметавонанд [8].
Ҳамин тавр метавон гуфт, ки "Баҳори Араб", ки дар Тунис ба вуҷуд омад, натиҷаи омезиши доираи васеи мушкилоти дохилӣ буд, ки бори вазнин барои аҳолӣ шуд. Мардуме, ки аз фишори роҳбарони он вақт, номутаносибии иқтисодӣ дар байни аҳолӣ ва набудани имкониятҳои иқтисодӣ барои зиндагии шоиста хаста шуда буданд, аввал тағйироти иқтисодӣ ва баъдан сиёсӣ талаб карданд. Аммо ҳалли чунин мушкилоти мураккаб ва амиқи ҷомеа, ки дар тӯли зиёда аз даҳ сол ҷамъ шудааст, танҳо бо тағйир додани роҳбари кишвар наметавонад анҷом ёбад. Дар ҳақиқат, дар Тунис бо вуҷуди дигаргуниҳои мусбӣ, нобоварии аҳолии кишвар ба сохторҳои нави қудратии давлат, пешвоёни сиёсӣ ва фаъолияти онҳо боқӣ монд.
Баррасии омилҳое, ки дар Тунис боиси тазоҳуроти бузург ва эҳсосоти инқилобӣ гардида, ба Баҳори Арабии хатарнок, калонмиқёс ва эҳтимолан ғайричашмдошт мубаддал гашт, Тунис тасодуфан аввалин қурбонӣ буд, на қасдан.
Адабиётҳои истифодашуда:  
  1. Видясова М. Ф. Куда идет тунисская «революция»? /М. Ф. Видясова / Обозреватель – OBSERVER. №10. 2011. – 79-96 с. [сарчашмаи электронӣ]. – (таърихи муроҷиат: 27.06.2021).
  2. Кашина А. А. «Жасминовая революция» в Тунисе./ А. А. Кашина / Обозреватель – OBSERVER. №7. 2011. – 74-82 с. [сарчашмаи электронӣ]. – (таърихи муроҷиат: 13.07.2021).
  3. Лаумулин М. Т. «Арабская весна» 2011 года: социально-политические изменения на Арабском Востоке и их международные последствия/ М. Т. Лаумулин/ Алматы: КИСИ, 2011.  – 236 с.
  4. Федорченко А. В., Крылов А. В. Ближний Восток: возможные варианты трансформационных процессов / А. В. Федорченко, А. В. Крылов / Аналитические доклады. М.: МГИМО – Университет, 2012, №3. – 84 с.
  5. Хантингтон С. Столкновение цивилизаций/ С. Хантингтон/ М.: АСТ, 2006. –   576 с.
Сомонаҳои электронӣ
  1. Alexis Arieff Political. Transition in Tunisia, December 16, 2011 // Congressional Research Service. https://fas.org/sgp/crs/row/RS21666.pdf (таърихи муроҷиат: 22.07. 2021).
  2. https://www.inform.kz/ru/arabskaya-tragediya-prichiny-uroki-i-vyvody_a2663761 (таърихи муроҷиат: 16.07. 2021).
  3. https://www.gazeta.ru/politics/2021/02/27_a_13493900.shtml (таърихи муроҷиат: 26.07. 2021).
  4. Капилова И. А. Причины «Арабской Весны » в Тунисе // Евразийский Союз Ученых.   https://cyberleninka.ru/article/n/prichiny-arabskoy-vesny-v-tunise/viewer (таърихи муроҷиат: 04.07. 2021).
  5.         Филатов С. Ближний Восток: «Идеальный шторм». Международная жизнь. №2. 2011. [Сарчашмаи электронӣ]. – Режим доступа: https://interaffairs.ru/news/show/664
 
Субҳиддин Зиёев, мудири Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
Фарида Давлатова, ходими хурди илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ