Баъзе хотираҳо аз ҷараёни бозгардонии фирориёни тоҷик аз Кампи Сахии вилояти Балхи Афғонистон соли 1993

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ба 23 солагии Рўзи ваҳдати миллӣ бахшида мешавад
 
         Чун ниҳодам пойи худро бар сари хоки Ватан,
         Борҳо бўсидам аз рухсораи поки Ватан.
         Муддате будам агарчи дур, аммо ёди он,
         Мевазонидам ба сар боди фараҳноки Ватан.
                                                                     (М.Турсунзода)
Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин суханронии худашон ба ҳайси Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосия таърихии XVI, чунин қайд карда буданд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам».
Аз ин лиҳоз яке аз масъалаҳои асосии Иҷлосияи мазкур - ба Ватан бозгардонидани фирориёни тоҷик аз қаламрави Афғонистон буд. Дар изҳороти аз 20 ноябри соли 1992 қабулкардаи Иҷлосия аз ҳамаи фирориён даъват гардид, ки ба ватан, деҳа ва маҳаллаи худ баргарданд. Ҳамчунин, ба мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт супоришҳо дода шуд.
Бо сабаби мушкилии вазъияти сиёсӣ – низомии Тоҷикистон ва Афғонистон, носуботиву ноамниҳо дар ин кишварҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ин вазифаро бар дўши мақомоти амниятии ҷумҳурӣ, ки роҳбарии онро он солҳо Зуҳуров Сайдамир Зуҳурович ба уҳда дошт, вогузор намуд.
Ба ин мақсад, аввалин гурӯҳи кории шашнафара ташкил гардид, ки ба он се нафар корманди КДАМ ҶТ (Маҳкамов Фарҳод Ҳамробоевич – роҳбари гурӯҳи корӣ, Айниев Абдусаттор ва Сангинов Нарзулло), намояндаи ҷамъияти «Пайванд» (Бўрихонов Баҳодур) ва ду корманди телевизион ва радиои Тоҷикистон (Мустафоқулов Шералӣ ва Ғайбуллоев Анвар) шомил буданд.
Имрўз дар қатори мо роҳбари гурӯҳ, чекист ва дипломати варзидаи тоҷик Маҳкамов Фарҳод Ҳамробоевич, аъзои дигари гурӯҳ - Бўрихонов Баҳодур ва Ғайбуллоев Анвар, ки бо сабаби беморӣ аз олам чашм пўшиданд, намебошанд. Вале дар ҷараёни бозгардонии фирориён ҳамон солҳо, онҳо саҳми босазои худро гузоштанд, ки қобили қадрдонист. Бигзор рӯҳи ҳарсеяшон ҳамеша шод бошаду қабрашон пурнур.
Назар ба маълумоти ҳамон замон дар ихтиёрбудаи расмӣ ва ғайрирасмӣ, фирори шаҳрвандони тоҷик ба Афғонистон аз ҳама қисматҳои хатти сарҳадии байни кишварҳоямон вуҷуддошта, яъне аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сар карда, то Шаҳритусу Қубодиён, сурат гирифт. Аз хатти марзии бо ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус пайваста бошад, тоҷикон асосан ба вилоятҳои Қундуз ва Балх фирор карда буданд. Теъдоди аз ҳама зиёд ё беш аз 30 ҳазори онҳо ба вилояти Балх рафта дар минтақаи ба ном Дашти морон (байни шаҳрҳои Мазори Шариф ва Хайратон) паноҳ ёфта буданд. То имрўз оид ба теъдоди шаҳрвандони ба Афғонистон фироркардаи тоҷик маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Тавассути Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид оид ба фирориён дар ин ҷо урдугоҳи калонтарин таъсис дода шуд, ки дар таърих бо номи Кампи Сахӣ машҳур гардидааст. Вазифаи асосии гурӯҳи корӣ ба ватан баргардонидани фирориёри Кампи Сахӣ буд.
Ба гурӯҳи корӣ ваколати ҳукуматӣ дода шуд ва 4 феврали соли 1993 он озими Афғонистон гардид. Худи ҳамон рўз аз тариқи бандари Хайратони Ҷумҳурии Ўзбекистон, вориди шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх гардидем.
Ин ташрифи дуюми банда ба шаҳри Мазори – Шарифи вилояти Балхи Афғонистон ба ҳисоб мерафт. Аввалин маротиба баъд аз хатми шуъбаи забони форсии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, тайи солҳои 1975 – 1978 ба ҳайси тарҷумони забони дарӣ дар заводи нуриҳои минералӣ ва барқи шаҳри Мазори – Шариф, ки бо номи «Фобрикоти куду барқ» ёд мешуд, кор карда будам. Дар ин муддат шаҳри Мазори - Шариф ҳеҷ тағйир наёфта буд. Кўчаву хиёбон, манзилҳои истиқоматии куҳнаи дар атрофи равзаи сафои ба номи ҳазрати Алӣ ибн Абутолиб сохташуда, мағозаву дуконҳои бешумор, ки маркази шаҳрро ташкил медоданд, ҳеҷ тағйир накарда буданд. Мисли собиқ аз чор тараф мусиқии ҳиндӣ, оҳангҳои Аҳмад Зоҳир, Гугуш ва ғайра садо медоданд. Дар баробари мошинҳои гуногунтамға роҳи мошингард пури аробакашҳо буд. Доимо садои сигнали мошинҳо баланд буд, то ки мардум ва аробакашҳоро аз сари роҳи худ дур кунанд.
Ягона навигарии чашмрас ин зиёд шудани шумораи аҳолӣ аз ҳисоби фирориёни тоҷик буд. 18 сол қабл ҳамагӣ даҳ ё бист нафар шаҳрванди тоҷик дар корхонаҳои мухталифи саноатии вилоятҳои шимолии Афғонистон (Балх, Шибирғон, Қундуз ва ғайра), ки аз тарафи Иттиҳоди Шўравии собиқ сохта мешуд, ба ҳайси тарҷумони забонҳои форсӣ – дарӣ, кору иқомат доштанд. Соли 1993 бошад ба аҳолии ҳамонвақтаи вилояти Балх боз зиёда аз 30 ҳазор фирории тоҷик илова гардид. Онҳо дар ҳар қадами шаҳри Мазори Шариф – бозор, дўконҳо ва хиёбонҳо ба чашм мехўрданд.
Рўзҳои аввал фирориёни тоҷик аз ҳайати гурӯҳи корӣ ҳаросида, кўшиш мекарданд, ки дар тамос набошанд. Аммо ба тадриҷ ин фосила аз байн бурда шуд. Аксарияти онҳо, ки барои ҳифзи худ ва наздиконашон аз ватан фирор карда буданд, бо таассуф зиндагии хушу хуррами замони пешро ёдоварӣ мекарданд. Бо итминони комил изҳор медоштанд, ки чунин вазъият дер давом нахоҳад кард ва дар ватани азизашон сулҳу амният барқарор мешаваду, онҳо дубора ба хонаҳояшон бармегарданд.
Як рўз баъд аз расидан ба Мазори Шариф гурӯҳи корӣ кўшиш кард, ки бо муҳоҷирон дар Кампи Сахӣ вохўрӣ гузаронад. Аммо, роҳбарияти урдугоҳ, ки ба он сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва қавмҳо шомил буданд, аз ин вохўрӣ даст кашиданд. Танҳо баъд аз миёнҷигарии намояндагии Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон вохўрии якуми гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти Кампи Сахӣ дар қароргоҳи ин Комиссариат баргузор шуд.
Роҳбарияти Кампи Сахиро Музаффаров Хайрулло ба уҳда дошт. Аз суҳбат бо ў маълум гардид, ки дар Кампи Сахӣ аксариятро бошандагони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қабодиён ташкил медиҳанд ва шумораи умумии онҳо зиёда аз 30 ҳазор мебошад. Вохўрии якум вазнин гузашт. Роҳбарияти фирориён хеле эҳсосотӣ буда, ҳукуматро дар ҳама кор айбдор медонистанд. Вале, ба сардори гурӯҳи корӣ Маҳкамов Фарҳод Ҳамробоевич муяссар гардид, ки бо лаҳни орому фасеҳ мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намояд. Ба онҳо фаҳмонида шуд, ки фирориёни Кампи Сахӣ қисми ҷудонашавандаи аҳолии Тоҷикистон мебошанд ва ба Ватан ҳатман баргардонида мешаванд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус хеле қатъӣ мебошад.
Баъд аз ин вохўрӣ ба гурӯҳи корӣ иҷозат дода шуд, ки ба Кампи Сахӣ ташриф оварда, аз наздик аз вазъияти будубоши фирориён шинос шавад.
Аз нигоҳи таъминоти озуқаворӣ онҳо ягон танқисӣ надоштанд. Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон ҳамаҷониба ва сари вақт гурезагонро бо маводи ғизоӣ таъмин мекард. Кор то ҷое расида буд, ки барои гирифтани миқдори зиёдтари маводи кумакӣ аз Комиссариати номбурда, фирориён шумораи оилаашонро аз ҳисоби наздикон ё хешу табори дар ватанмонда, зиёдтар нишон медоданд. Чунин ҳолат имконият намедод, ки миқдори аниқи фирориён дар урдугоҳи Кампи Сахӣ муайян карда шавад. Бинобар ин, дар ҳисоботи оморӣ рақамҳои мухталиф оварда шудааст. Бо ин роҳ онҳо қисми даркории маводи ғизоӣ – орд, равған, биринҷ ва ғайраро барои истеъмоли рўзмарраашон монда, зиёдатиашро ба бозори Мазори Шариф бурда мефурўхтанду ба ивазаш доллари ИМА ё сиккаҳои тиллоӣ пасандоз мекарданд.
Вале ҳолати будубоши онҳо хеле сангин буд. Аз гармиву сардӣ онҳоро фақат заминканҳои бо хаймаҳои кабуд бомпўшшуда ҳифозат мекард. Бо мурури замон як қисми фирориёни Кампи Сахӣ барои иқомати худ хонаҳои гилин сохтанд. Баъзе хоҷагиҳо ҳамон сол кишти пахтаро дар дашти морон озмоиш карда буданд.
Минбаъд вохўриҳои гурӯҳи корӣ бо фирориён оддӣ шуда монд. Дар ҳар вохўриҳо онҳо шарту талаботи навбатии худро мегузоштанд. Ин шарту талаботи онҳо аз масъалаҳои авфи умум, таъмини амнияти баргаштагон, барқарор кардани хонаву ҳавлиҳои сўзонидашуда ва ғайра, иборат буд. Ҳамаи хостаҳои фирориён сари вақт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешуд. Ба тадриҷ мардуми бегуноҳи фироришуда ба ҳайати гурўҳи корӣ ва нақшаҳои он оид ба бозгардонии онҳо ба Ватан бовар кард. Меҳмонхонаи ба номи Расули Бароти Мазори Шариф - маҳалли иқомати ҳайати гурӯҳи корӣ, ҳамарўза аз субҳ то шом бо қабули онҳо машғул буд. Ба тадриҷ эътимоди мардум нисбати гурӯҳи корӣ, махсусан баъд аз бароварда шудани аксарияти хостаҳои онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд шуд. Чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотии гурӯҳи корӣ натиҷаи хуб медоданд. Хоҳишмандон барои бозгаштан ба Ватан рўз ба рўз зиёд мешуданд.
Баъди чанде дар Кампи Сахӣ овозаҳое паҳн гардиданд, ки дар Тоҷикистон депутатҳои Шўрои Олӣ раисони хоҷагиҳои калонтарини Қубодиёну Шаҳритус Талбак Садриддинов ва Аҳлиддин Афғонов кушта шудаанд. Ҳайати гурӯҳи корӣ талош кард, ки дурўғ будани ин овозаҳоро фаҳмонад. Вале, мардум боварӣ надошт ва аз гурӯҳи корӣ талаб карданд, ки агар зинда бошанд онҳоро ба Кампи Сахӣ биёранд. Роҳбари гурӯҳи корӣ Маҳкамов Ф.Ҳ. тасмим гирифт, ки депутатҳои номбурдаро ба Кампи Сахӣ оварда, беасос будани овозаҳоро исбот намояд. Иҷрои супориши овардани раисон ба Айниев А. ва банда вогузор карда шуд.
Он замон Т. Садриддинов ва А. Афғонов дар Душанбе зиндагӣ мекарданд. Рўзи муайян кардашуда онҳоро бо мошини хизматии ба гурӯҳи корӣ вобасташуда ба Мазори Шариф овардем.
Бояд гуфт, ки сафари Талбак Садриддинов ва Аҳлиддин Афғонов ба маъракаи бозгардонии фирориён як такони иловагии мусбат бахшид. Шумораи мерафтагиҳо дубора рў ба афзоиш ниҳод. 22 майи соли 1992, рўзи оғози баргашти фирориён эълон карда шуд.
Ҳамон рўз аввалин қатора шомили беш аз ҳазор гуреза аз тариқи бандари Хайратон ба вилояти Хатлон раҳсипор гардид. Дар тамоми масири ҳаракати қатораҳо аз Хайратон то Шаҳритус амнияти фирориён гирифта шуд. Фирориён аз Кампи Сахӣ бо мошинҳо ба истгоҳи роҳи оҳани Хайратон интиқол ёфта, аз он ҷо мустақиман ба вагонҳо савор карда мешуданд. Дар навбати худ ҷониби Ҷумҳурии Ўзбекистон барои фирориён шароити осони гумрукӣ ва сарҳадиро ҷорӣ карда буд. Қатораҳо бе кадом мамониат хати марзро мегузаштанд.
Оид ба рафти ҷараёни ба ватан бозгардонии фирориёни иҷборӣ журналисти ботаҷриба Шералӣ Мустафоқулов якчанд барномаҳои телевизионӣ, мақолаҳо таҳия карда, дастрасӣ мардум ва ҷаҳониён гардонидааст. Ў нахустин журналисте мебошад, ки ба ноамниҳо нигоҳ накарда нотарсона филми мустанади таърихиро аз вазъияти Кампи Сахӣ, наворбардорӣ кардааст. Филми мазкур ҳамасола дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ нишон дода мешавад. Дар асоси он чанд филми мустанади дигар низ таҳия гардидааст. Илова ба ин бо ташаббуси ў, ки аз хостаҳои фирориён мебаромад, дар радиои тоҷик барномаи «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар» коркард гардид. Баъд аз ин ба номи ин барнома ҳамарўза ба ихтиёри гурӯҳи корӣ даҳҳо нома аз фирориёни Кампи Сахӣ мерасид. Ҳамаи онҳо ҷамъоварӣ гардида, ба Душанбе ба идораи барномаи мазкур ирсол мешуданд. Бо талаби фирориёни тоҷик дар Кампи Сахӣ чанд баландгўякҳо насб карда шуданд, ки аз тариқи онҳо ҳама ин барномаро мешуниданд. Бо шунидани он ҳисси ватанпарварӣ ва майли ба ватан баргаштани фирориён дубора бедор мешуд. Ҳамин тариқ алоқаи фирориён бо Ватан барқарор гардид. Ба ғайр аз ин, дар байни фирориёни тоҷик маводи зиёди таблиғотӣ, ки аз тарафи ҷамъияти тоҷикони ҷаҳон «Пайванд» дар шакли лавҳаву плакатҳо зери шиори «Мо барои васл кардан омадем» таҳия гардида буд, паҳн карда шуд. Ин мавод низ дар баргашти фирориён ба ватан, нақши мусбатро иҷро кард.
Тақрибан моҳҳои март – апрели соли 1993 журналисти варзидаи тоҷик Умед Бобохонов, ки он вақт рўзноманигори «Комсомольская правда» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, якҷоя бо рўзноманигори дигари шинохтаи рус Игорь Ротар аз «Независимая газета» ба Мазори Шариф сафари хизматӣ доштанд. Муддати ду ё се ҳафта дар меҳмонхонаи Расули Барот ҳамроҳи мо иқомат доштанд ва аз зиндагии фирориёни тоҷик аз наздик шинос шуданд. Дар матбуоти он давра хабарҳои зиёди онҳо низ доир ба ин мавзўъ ба чоп расидааст.
Бархўрди мардуми афғон нисбати шаҳрвандони тоҷик бисёр самимӣ буд. Онҳо кўшиш мекарданд, ки ҳаматарафа ба тоҷикон кўмак намоянд. Дар ин байн гурӯҳи корӣ бо лашкаркашони тоҷиктабори афғон ба монанди генерал Муъмин – фармондеҳи дивизияи 70 – уми Ҷамъияти Исломии Афғонистон, генерал Абдурашид Дўстум – роҳбари Ҷунбиши Миллии Исломии Афғонистон, генерал Мир Алам – фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Ҷунбиши Миллии Исломии Афғонистон ва ғайра вохўриҳои зиёде дошт. Дар ин вохўриҳо онҳо аз иқдоми гурӯҳи корӣ оид ба бозгардонии фирориён ҳаматарафа дастгирӣ карда, кўмаки беғаразонаи худро пешниҳод мекарданд.
Дўстони тоҷири афғониамон Ҳоҷи Абдурауф, Муҳаммад Карим, Вазир Муҳаммад дар ширкатҳои тиҷоратиашон даҳҳо фирориёни тоҷикро шомил гардонида, ризқу рўзиашонро медоданд.
Шодравон Бабрак Кормал - Президенти собиқи Афғонистон он сол гирифтани визаи хуруҷии Россияро интизорӣ кашида, дар ҳамсоягии гурӯҳи корӣ дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекард. Ў бисёр мехост, ки зудтар масъалаи виза ҳал гардаду ба Россия ба дидори зану фарзандонаш биравад. Бо эшон қариб ҳар рўз дар боғчаи назди манзили муваққатиамон суҳбатҳои тўлонӣ доштем. Он кас ҳама вақт исрор мекарданд, ки фирориёни тоҷик ҳатмӣ ба ватан баргардонида шаванд. Ба қавли президенти собиқи Афғонистон дар кӯтоҳтарин вақту замон вазъияти сиёсӣ - низомии Афғонистон ва хусусан вилоятҳои шимолии он, буғранҷтар мегардад. Бинобар ин, аз роҳбари гурӯҳ хоҳиш мекарданд, ки ҳарчи зудтар масъалаи баргашти фирориёнро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал кунад. Пешгўии эшон амалӣ шуд. Се сол баъд, яъне соли 1996 ба саҳнаи сиёсии Афғонистон ҳаракати Толибон баромаданд. Худи ҳамон сол “Толибон” ба шимоли Афғонистон ҳамла карда, онро пурра зери итоати худ дароварданд. Вале, то он вақт аксарияти фирориёни Кампи Сахӣ аллакай ба ватан баргашта буданд.
То охири соли 1993 аз Кампи Сахӣ аз рўи омори тартибдода Комиссариати Созмони Милали Муттаҳида оид ба кор бо фирориён дар ҳудуди беш аз 20 000 фирории тоҷик ба ватан баргардонида шуд, ки ин як муваффақияти гурўҳи кории аввалин ба ҳисоб меравад. Барои тезонидани ин маърака дар давоми ҳафта се маротиба қатораҳо бо кашонидани фирориён машғул буданд. Хулоса, дар давоми кори яксолаи худ гурўҳи кории аввалини ҳукуматӣ ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, аз уҳдаи вазифаи ба зимма гузошташуда баромада, аксарияти фирориёнро аз ин минтақа берун кашид. Гурўҳҳои кории баъдӣ то солҳои 1996 – 1997, яъне замони зери тасарруфи “Толибон” қарор гирифтани шимоли Афғонистон, бозгардонии фирориёнро идома доданд.
23 солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ барои халқи куҳанбунёди тоҷик муборак бошад.
Бигзор халқи тоҷик дигар бора ба чунин мусибат дучор нагардад!
Намехоҳам, ки дубора тоҷикон дар ғарибӣ сарсону овора, зери хаймаву заминканҳо зиндагӣ кунанд, занону духтарони тоҷик ғуломи дигарон бошанд!
Ваҳдати миллии ба машаққат ба дастомада поянда бод!
 
Сангинов Н. Н., мудири шуъбаи Осиёи Марказии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
АМИТ
 

БОЗГАШТ