Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ тақозои вақт аст

Муаллиф: Ваҳобова Назира Сатторовна

Расм

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ тақозои вақт аст

Мо аз нахустин рӯзҳои  сарвари Тоҷикистон интихоб шудани чунин шахсияти маъруф, ба мисли фарзанди ба халқу ватани хеш дилсӯз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шоҳиди он шудем, ки ин марди далеру бошуҷоат фаъолияте дорад  пурсамар ва  қалбе дорад пур аз муҳаббат ба халқу Ватани азизаш. Ҳамин аст, ки имрӯз мо Ҷаноби Олиро бо ифтихор ва эҳтироми беандоза ҳамчун Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдат мешиносему шукронаи дар оромиву осоиштагӣ  зистанамонро дорем. Мо дар як муддати кутоҳи таърихӣ борҳо шоҳиди он шудем, ки ин шахсияти дурандеш бо пешниҳодҳои пурарзиш ва боманфиати  худ, ки  ҳам ифодакунандаи манфиати мардуми сарзамини Тоҷикистон ҳастанду ҳам мардуми тамоми олам, паҳлӯҳои гуногуни ҷомеаи тозабунёди Тоҷикистонро қавитар карда истодаанд. Дар таърихи 30 декабри соли 2023  боз шоҳиди он шудем, ки Пешвои миллат  соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданд, ки  он  ба ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   бахшида шудааст. Ин  иқдом худ як марҳилаи нави рушди ҷомеаи мо мебошад.

  Маърифати ҳуқуқиро ҳар як фарди ба камол расида, албатта, бо ҳамон андозае, ки огоҳии ҳуқуқиву сиёсӣ дорад, мефаҳмад ва мукаммал набошад ҳам, шарҳ медиҳад. Лекин барои боз ҳам пурратар донистани қонунҳое, ки дар моддаҳои гуногуни Конститутсия дарҷ гардидаанд ва саҳеҳтару боманфиат аз худ кардани онҳо зарур аст, ки боз дубора ба андозаи қонундонии худ эътибор диҳем. Ғайр аз ин нуқтаи дигарро зикр кардан ба маврид аст. Яъне ҳатман боз одамоне ҳастанд, ки шояд ба ин масъала боре ҳам махсус диққат надода бошанд. Ин, албатта, бештар аз он сабаб аст, ки мо дар симои сарвари давлат ҳомии адолатпарварро мебинем ва Конститутсияи ҳуқуқҳои моро ҳимоя мекардагӣ амал карда истодааст. Ин як зарра моро бепарво мекунад. Лекин аз ҷониби дигар, бешак,  ин  нуқта низ маълум аст, ки як қисми  шаҳрвандони мо   барои донистани ҳуқуқҳои худ, ки аз тариқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисто  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат  муайян шудааст кам истифода мебаранд ва ё тамоман истифода намебаранд ва донистаншонро ҳатмӣ намешуморанд.Андешаи онро намекунанд, ки  рӯзе мерасад, ки паст будани маърифати ҳуқуқӣ касро ба масъалаҳои гуногуни тақдирсоз рӯ ба рӯ мекунаду мо он гаҳ оҷизӣ мекашем. Ҳадафи асосии соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон кардани сарвари давлат  ҳам қабл аз ҳама дар ҳамин аст, ки ҳар як шаҳрванди  Тоҷикистон дар ин самт оҷиз намонда дастболо бошад.

Тавре, ки маълум аст пас аз бесару сомониҳои бисёр ва ба мушкилиҳову беназмиҳо гирифтор шудани Тоҷикистон, ки  аз  ҷониби моҷароҷӯёни гуногунақида ва созмонҳои гуногунандеш  дар солҳои навадуми асри гузашта муддате  сарзамини Тоҷикистонро ба ҷанги  шаҳрвандӣ расонда буданд, вакилони   солимандешаи иҷлосияи шонздаҳуми тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  аз 16 ноябр   то  2 декабри соли  1992 дар вилояти Суғд идома ёфта буд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. Дар ҳамин иҷлосия инчунин яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи навин ин таҳияи Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони мустақилу озод ба миён гузошта шуд. Баъдан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардид ва  6 ноябри соли 1994 пас аз  раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Пас,  26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он боз тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар  Конститутсия таъкид шудааст, ки инсон, ҳуқуқ, ва озодиҳои ӯ    арзишҳои олӣ мебошанд. Мо ифтихор мекунем, ки чунин ҳуҷҷати пурқувват ва барои  халқ ниҳоят заруру боаҳамият дорем. Дар дунё мамлакатҳое ҳастанд, ки Конститутсияи ягона надоранд,  яъне ягон хуҷҷати ягонае надоранд, ки онро ҳамчун қонуни асосии ҳамин мамлакат номидан мумкин бошад. Бар ивази коститутсия онҳо маҷмӯи қонунҳо ва урфу одатҳо доранд.  

Шояд ҳоло саволе пайдо шавад, ки аслан барои чӣ зарур аст, ки мо ба маърифати ҳуқуқӣ махсус эътибор диҳем? Гап дар он аст, ки бидуни  баланд бардоштани дараҷаи  маърифати ҳуқуқӣ   манфиатҳои қонунӣ ва ӯҳдадориҳои худро пурра фаҳмида, истифода бурда ва ба ҷо оварда наметавонем. Аз тариқи  Конститутсия ба мо маълум аст, ки мо ҳуқуқи озод будану озод таҳсил кардан, касб омӯхтану касб интихоб кардан ва мисли инҳоро дорем, лекин ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки мо пурра ҳамаи паҳлӯҳо ва ҳамаи нозукиҳои ин неъматҳои бебаҳои аз тариқи Конститутсия ба мо атокардаи давлатро медонем. Ин бештар ҳамон вақт равшан мегардад, ки мо ба масъалаҳои зикршуда бевосита ба таври ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавем. Барои ҳамин ҳам ҳар як  шаҳрвандро  зарур аст, ки бояд савияи дониши ҳуқуқии худро  ҳатман баланд бардорад.  

Қобили зикр аст, ки дар фаъолияти шахсони ҷудогона баъзан вайрон кардани қонунҳо мушоҳида карда мешавад ва вақте ки сабаби онро мақомоти  ҳуқуқӣ дар асоси қонунҳои мавҷуда  аз ин гуна одамон пурсон мешаванд, онҳо  маъмулан чунин ҷавоб медиҳанд, ки “ман намедонистам, ки ин кори кардаи ман ғайриқонунӣ аст”, ё “мо намедонистем, ки чунин фаъолияти мо ғайриқонунист”.

Агар ин гуна ашхос ба Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, ба моддаи рақами 42-юми он, ки чунин аст:  “Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад”  шинос бошанд ва моҳияту аҳаммияти онро пурра сарфаҳм раванд пас, гумон аст, ки дар ҳар гуна амалу гуфтори худ бепарво бошанд. Ин нуқта пӯшида нест, ки дар натиҷаи надонистани қонун  зиёни зиёде ба худи шаҳрвандони аз қонун ноогоҳ ва ҳатто ба ҷамъият, давлат ва шахсони ҷудогонаи ноогоҳ  мерасад. Аз ин хотир бисёр хуб мешавад, ки барои бартараф намудани чунин нофаҳмоиҳо   барномаҳои махсус дар радио ва телевизион бахшида ба ин масъала, яъне    мавзуъҳои ҳуқуқшиносӣ  ҳафтае ақалан як-ду маротиба, агар ҳар рӯз набошад ҳам, дар соатҳои муайян  бо истифода аз назари донишмандони ҳуқуқшинос пахш карда шавад.

Инчунин ташкили семинарҳо бо ҷалби ҳуқуқшиносон низ бахшида ба масоили маърифати ҳуқуқӣ бисёр бо манфиат аст.

Назира Ваҳобова,

ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ