Муаллиф: Қудратов Комрон
БАРДОШТ АЗ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ «МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНИИ РУСИЯ ВА КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ»
Дар санаи 12 апрели соли 2024 бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ дар заминаи нақша-чорабиниҳои Бахши омӯзиши Русияи шуъбаи ИДМ ва дар ҳамкорӣ бо Институти миллии илмӣ-таҳқиқотии рушди равобит (НИИРК, Русия) конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Муколамаи тамаддунии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» гузаронида шуд.
Ҳадафи конференсияи мазкур рушди равобити илмӣ ва таҳкими мавқеъи олимону коршиносони варзидаи кишварҳои гуногун, аз қабили Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, инчунин таҳияи тавсияву пешниҳодҳои илмӣ ҷиҳати рушди муколама ва пайдо намудани эътимоди байналмилалӣ дар байни ин кишварҳо мебошад. Дар конференсия иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, институтҳои илмӣ, васоити ахбори омма ва дигар коршиносон иштирок намуданд.
Дар бахши ифтитоҳии чорабинии мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович, ҷонишини директори Институти миллии илмӣ-таҳқиқотии рушди равобит (НИИРК, Русия), доктори илмҳои сотсиологӣ Комлева Валентина Вячеславовна, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Қосимшо Искандаров иштирок ва суханронӣ намуданд.
Семён Григорев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин бо сухани ифтитоҳӣ муроҷиат намуда, конференсияи мазкурро хеле муҳим арзёбӣ намуда, саривақтӣ будани онро таъкид намуд.
Дар суханронии ифтитоҳӣ С.В. Григорев иқтидори баланди муколамаи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъсири мусбати вохӯриҳои мунтазами сарони ин давлатҳоро ба рушди ҳамдигарфаҳмӣ дар минтақа хуб арзёбӣ намуда, чунин таъкид намуд: “мардумони Русия ва Тоҷикистон аз ҷиҳати тамаддун ба ҳам наздиканд, аз ин рӯ муҳоҷирони тоҷик маҳз дар Русия худро роҳат эҳсос мекунанд ва русҳо низ дар навбати худ, вақте ки ба Тоҷикистон меоянд, худро дар ватан эҳсос мекунанд”.
Дар суханронии худ, инчунин ба нақши Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ҳамгироии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод ва изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон, ки таҷрибаи кишварҳои ҳамсояро аз наздик меомӯзад, дар чаҳорчӯби ин иттиҳодия ба самти амиқтар шудани ҳамкориҳо пеш меравад.
Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Искандаров Қосимшо ба иштирокдорони конференсия сухани ифтитоҳии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтро қироат намуда, гуфтугӯ ва муколамаи тамаддунии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро судманд арзёбӣ намуд.
Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкурро рушди робитаҳои илмӣ ва муттаҳидсозии мавқеъи олимону коршиносони варзидаи кишварҳои гуногун, инчунин таҳияи тавсияву пешниҳодҳо ҷиҳати рушди муколамаи байналмилалӣ ва эътимод ба дипломатияи илмию коршиносӣ арзёбӣ карданд. Инчунин қайд намуданд, ки “дар шароити хеле душвори ҷаҳони ноором ва тағйирёбанда, таҳдиду хатарҳои муосири ба истиқлолият, озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти минтақавию байналмиллалӣ, афзудаст ва аз ҳарвақта дида бештар муттаҳид ва ояндабин бошем. Тоҷикистон таҳкимбахши равобити мутақобилаи байни халқҳо ва миллатҳои гуногун ва қувваҳои созанда дар саросари ҷаҳон ва инчунин кишварҳои ИДМ мебошад”.
Олег Карпович, ноиби ректори Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба корҳои илмӣ, узви раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Русия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, дар гузориши худ “Русия ва Осиёи Марказӣ: замони тасмимгириҳои масъулиятнок” оид ба мавзӯи равобити дӯстонаи Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ иттилоъ дод. Инчунин, дар суханронии худ Олег Геннадевич таъкид намуд: “дар минтақае, ки халқу миллатҳои гуногун зиндагӣ доранд ва дар гуфтугӯ ва муколамаи тамаддунӣ қарор доранд муваффақияти бузург мебошад. Имрӯзҳо ҳеҷ қавму миллите аз Русия рафтан намехоҳанд. Аз ин рӯ, Русия минбаъд низ дар арсаи ҷаҳонӣ, анъанаҳои муколамаи байни халқу миллатҳоро идома хоҳад дод”.
Гузел Майтдинова, директори Маркази таҳқиқоти геополитикии Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор суханрониро идома дода, таъкид намуд, ки “омили тамаддунӣ дар равобити байналмилалӣ дар Авруосиёи Марказӣ дар заминаи сохти нави ҷаҳонӣ” ба вуҷуд омадааст. Гузел Майтдиновна назари худро дар бораи муколамаи тамаддуни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баён намуда, пешниҳод намуд, ки ба далелҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир шавад:
“Дар фазои Авруосиё дар раванди рушди тамаддун бунёд ва таҳкими пояҳои тамаддуни нав, ки рушди муштараки тамаддунҳои маҳаллиро пешниҳод мекунад, зарур аст. Дар шароити вусъат ёфтани ҷаҳонишавӣ барои нигоҳ доштани гуногунии тамаддунӣ дар фазои Авруосиё талош кардан лозим аст. Дар идеологияи нави рушди равобит бояд арзишҳои тамаддуни умумибашарӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод бартарӣ дошта бошанд”.
Игор Следзевский, доктори илмҳои таърих, ходими пешбари илмӣ, роҳбари Маркази таҳқиқоти тамаддунӣ ва минтақавии Институти Африқои Академияи илмҳои Русия, суханрониро идома дода, ба имконоти муколамаи тамаддунҳо дар заминаи рушди фазои фарҳангии фаромарзӣ, “макони бидуни марз” ва “ҷаҳони бидуни макон” диққати бештар зоҳир намуд. “Мафҳуми тамаддунро ҳамчун шабакаи васеъи мутақобила ва иртиботот, ки қаламрави давлатро аз байн мебарад ва тамаддунҳоро ба воҳидҳои кушода, фарогир, ва коммуникатсионӣ табдил медиҳад, аҳамияти нав ва ояндадор пайдо мекунад шарҳ дод. Равиши шабакавии равобит, ки дар ин консепсия ҷойгир шудааст, маъно ва аҳамияти мафҳуми муколамаи тамаддунҳоро васеъ мекунад, аз муколама танҳо «муошират дар шароити баробар» - муколамаи намояндагони тамаддунҳои гуногун, муколама ҳамчун низоми устувори равобит ва дарки равобити байнифарҳангӣ, имкони дар ин замина ташаккул ёфтани шаклҳои махсуси равобити тамаддунӣ – «муоширати тамаддунҳо», истиқболи дастовардҳо ва ҳувияти таърихии тамаддунҳо, муоширати фаромарзӣ ва натиҷаи он дар шакли симбиози динҳо, забонҳо, дастовардҳои фарҳангҳои гуногун ва объектҳои мероси фарҳангӣ фаҳмида мешавад.
Владимир Сажин, номзади илмҳои таърих, ходими калони илмии Маркази таҳқиқоти Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия дар мавзуи «Эрон ва системаи тамаддуни Осиёи Миёна» маъруза намуда, чунин таъкид кард: «Осиёи Марказӣ як минтақаи беназири кураи замин аст, ки дар он таърихан бисёртамаддунӣ вуҷуд дошт, тамаддунҳо дар муколама ва бо ҳам рӯбарӯ буданд ва дар ин ҷо осори худро гузоштаанд. Муҳимтарин омили таъмини рушд, шукуфоӣ ва гуногунрангии минтақа Роҳи бузурги абрешим буд, ки тақрибан дуюним ҳазор сол пеш тавассути Осиёи Марказӣ гузошта шуда, Чин ва Аврупоро ба ҳам мепайваст. Вай на танҳо ин ду нуқтаи дури сайёра, ин ду тамаддуни дурро бо ҳам пайваст менамуд, балки ба ин раванди ҷаҳонӣ бисёр халқҳоро ба ҳам овардааст. Имрӯз аҳамияти Осиёи Марказӣ суст намешавад. Он як пайванди васлкунанда дар тамоми Авруосиё боқӣ мемонад ва бисёр кишварҳоро ба худ ҷалб мекунад, ки мехоҳанд манфиатҳои худро дар минтақа таъмин кунанд”.
Раҳимбек Бобохонов, номзади илмҳои таърих, ходими калони илмии Маркази таҳқиқоти тамаддун ва минтақавии Институти Африқои Академияи илмҳои Русия дар мавзӯи «Транзити тамаддуни пасошӯравӣ дар Осиёи Марказӣ» баромад намуда, тезисҳои зеринро пешбарӣ намуд: 1. Боқӣ мондани мероси маданию таърихӣ ва тамаддунӣ. Коркарди лоиҳаи модернизатсияи он дар Осиёи Марказӣ; 2. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ: пайдоиши ИДМ (1990), ЕврАзЭС (2001-2014) ва ЕАЭО (2014); 3. Дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омадани давлатҳои сохибихтиёр: Тоҷикистон, Қазокистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Киргизистон ва гузариши осоишта ба шакли президентӣ, ба истиснои Тоҷикистон, ки даргири ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) буд; 4. Эҳёи ислом дар арафаи фурӯпошии Шӯравӣ ва дар замони пасошӯравӣ. Раванд ва паёмадҳои исломикунонии ҷомеа ва сиёсӣ шудани ислом дар минтақа. Инчунин, аз нав дида баромадани таърих ва таърихнигории миллӣ буданд.
Мирзоаҳмедов Камолиддин Мансурҷон ӯғлӣ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Узбекистон ба номи Мирзо Улугбек дар мавзӯи "Таҳлили муқоисавии равандҳои рушди устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ" суханрониро идома дод.
Намояндаи дигари Ҷумҳурии Ӯзбекистон Равшан Назаров, ходими калони илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ӯзбекистон дар формати онлайн баромад намуд ва дар маърӯзаи худ вазъи кунунии ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар бахшҳои маориф, илм ва фарҳангро баррасӣ карда, таъкид кард, ки “байни кишварҳои мо нуқтаҳои иртиботӣ хеле бештар ҳастанд”.
Конференсияи байналмилалии мазкур иштироки васеъи коршиносонро фаро гирифта буд, дар бахши ниҳоии он баромадҳои пурмуҳтаво, муколамаи созанда ва мубоҳисаи сухангӯёну иштирокдорони конференсия сурат гирифт.
Дар ҷараёни муколамаи созанда ва мубоҳисаи сухангӯёну иштирокдорони конференсия имконот дурнамои муколамаи тамаддунии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ матраҳ шуд. Дар ин самт иштирокдорони конференсия ба мувофиқа омаданд, ки имкони татбиқи лоиҳаи муколамаи тамаддунии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити кунунӣ қобили қабул аст ва дар ин замина бояд мубодилаи афкори мутахассисону коршиносони соҳа ҷой дошта бошад.
Дар пушидашавии чорабинии мазкур директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра қайд намуданд, ки гузаронидани чунин конференсияҳо ба татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, аз ҷумла, ташаккул ва татбиқи низоми ҳамкориҳои байналмилалии таълимӣ ва таҳқиқотӣ, дастгирии рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, њавасмандгардонии мутахассисони љавон ба илм ва дигар вазифањои дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардида мусоидат хоҳанд намуд.
Мудири шуъбаи ИДМ Қудратов К.А.