Бардошт аз ПАЁМ. Омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ-педагогӣ-асоси рушди ҷомеа

Муаллиф: Холиқова Шоира

Расм

Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” воқеан ҳам ҳуҷҷати муҳим, тақдирсоз ва муайянкунандаи самтҳои мубрами иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсати пешгирифтаи кишварамон мебошад.

Дар ҷаҳони имрӯза омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ-педагогӣ, масъалаи сатҳу сифати таълим яке аз масоили умда дар низоми маорифи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Яъне дар шароите, ки кишвар роҳи рушди инноватсиониро дар тамоми самтҳои ҳаётии ҷомеа пеша намудааст, талабот ба тарбия ва омодасозии мутахассисони сатхи ҷаҳонӣ рӯз ба рӯз меафзояд ва амалӣ шудани он албатта бе захмати ҳайати омӯзгорони соҳибихтисос ғайриимкон аст.

Имрӯз соҳаи маориф ва илм ҳамчун омили муҳими бунёди миллати мутамаддин маҳсуб ёфта, бомаром афзалияти бештарро касб менамояд. Давлат ва ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода мунтазам барои рушд ва нумӯи соҳаҳои муҳими ҳаётии ҷомеа, барои расидан ба мақсад ва ҳадафҳои пешгузоштаи худ зина ба зина роҳу тадбирҳои заруриро ҷустучӯ ва амалӣ карда истодааст.

Роҷеъ ба ин масъала дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар санаи 28.12.23 баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуданд, ки:

1. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

2. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илм бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.

3. Дар ин замина бояд рушди иқтидори илмии муассисаҳои зикршуда, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад.

4. Дар ин раванд, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд.

5. Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

6. Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, уҳдадоранд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд.

7. Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд.

8. Зарур аст, ки дар раванди амалисозии лоиҳа муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад.

9. Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад.

Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ дуруст қайд ва иброз намуданд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад ва ҳамзамон хотирнишон карданд, ки “авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рузафзуни ҷомеаро тақозо менамояд”.

Хулоса, дар замони ҷаҳонишавӣ, рушди техника ва технологияи навин аз ҳамаи мо, махсуман насли наврас ва чавонон тақозои онро менамояд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ талошу ташаббусҳои созандаи худро барои боз ҳам рушд додани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона намуда, мутахассиси соҳаи худ бошем ва дар назди халқу ватани азизамон хизмати шоиста намоем.

 

Холиқова Шоира,

ходими пешбари илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ