БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ШАРҚИ НАЗДИК ВА МИЁНА: РАВАНДИ СУЛҲОФАРИНӢ ВА МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ”

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 -уми майи соли 2019, Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм” бо даъвати олимону муҳаққиқон аз давлатҳои Олмон, Туркия, Афғонистон, Эрон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор менамояд.
   Конференсия дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода хоҳанд шуд:
  1. Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ҳамчун модели сулҳофаринӣ барои кишварҳои буҳронзада;
  2. Раванди сулҳофаринӣ дар кишварҳои буҳронзадаи Афғонистон, Сурия, Ироқ, Фаластин, Яман ва ғайра;
  3. Нақши қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ташкили музокироти сулҳи Афғонистон;
  4. Ҷараёни ҳамкориҳои кишварҳои абарқудрат ва минтақавӣ дар раванди сулҳофаринӣ дар кишварҳои буҳронии Шарқи Наздик;
  5. Ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои минтақа ва таҷрибаи мавҷуда алайҳи терроризм ва экстремизм;
  6. Мақом ва ҷойгоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар раванди сулҳофаринӣ дар ҷаҳони муосир;
  7. Омилҳои дохилӣ ва берунаи низоъ дар кишварҳои Шарқи Наздик: мушкилоти шинохт ва ташхиси он;
  8. Таҷрибаи миллии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар шароити муосир;
  9. Сиёсати кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар самти ҳалли низоъҳои дохилии давлатҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик;
  10. Ҷойгоҳи созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз қабили СКИ, СҲШ, СААД, ИДМ ва ғайра дар ҳалли низоъ ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм.
   Бинобар ин, аз хоҳишмандон даъват ба амал оварда мешавад, ки барои иштирок ва маърӯза намудан дар Конференсияи мазкур номнавис шаванд.
   Забонҳои кории Конференсия: тоҷикӣ, русӣ, арабӣ ва англисӣ мебошанд.
   CV –и гузоришгарон то 15 апрели соли 2019 ва фишурдаи гузориш бо шрифти (Times New Roman, Times New Roman Tj), 14, фосилаи 1, то 20 апрели соли 2019 бо нишонаи электронии  salimov@osiyoavrupo.tj ва euroasia-institute@mail.ru ирсол карда шавад.
   Мӯҳлати ниҳоии ирсоли CV: 15 апрели  соли 2019.
   Мӯҳлати ниҳоии ирсоли фишурдаи гузориш: 20 апрели соли 2019.
   Макони баргузорӣ: 
Маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
   Масъули тамос: котиби Кумитаи тадорукот - С. Зиёев
   Рақами телефонҳо барои тамос: (+992) 92-704-09-08, (+992) 919-81-02-12
  1. МАКТУБИ ИТТИЛООТИ БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ;
  2. МАКТУБИ ИТТИЛООТИ БО ЗАБОНИ РУССӢ;
  3. МАКТУБИ ИТТИЛООТИ БО ЗАБОНИ АНГЛИСӢ;
  4. МАКТУБИ ИТТИЛООТИ БО ЗАБОНИ АРАБӢ.
МАЪМУРИЯТИ ИНСТИТУТ

БОЗГАШТ