Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул

Расм

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон

идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ

 

Қайд кардан зарур аст, ки пояи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун давлатҳои соҳибистиқлол 27 январи соли 1993 тибқи санад “Доир ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон” оғоз гардида буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо сиёсати созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати ояндадори “Дарҳои боз” тавонист фазои дӯстона ва муносибатҳои густурда бо мамлакатҳои ҳампаймон ва ҳамрадифаш барқарор намояд. Аз ҷумла, Тоҷикистон бо Туркманистон шарикии стратегӣ ва ҳамкории густурдаро дар соҳаҳои гуногун барқарор намуд. Маҳз дӯстиву бародарии роҳбарони ин ду давлат аст, ки робитаҳои давомдор ва ҳамкории мутақобилан судманд дар низоми давлатдории ин ду мамлакат мустаҳкаму устувор гардидааст.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст аз 3 то 5 апрели соли 2024 бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангӣ байни ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст.

Тибқи барнома, ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва консерти устодони санъати Туркманистон 3 апрели соли ҷорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

4 апрел дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи «Кохи Борбад» барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом - муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон бо номи «Шоми дӯстӣ» намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ, идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва омили муҳимми рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду давлат мебошад.

Консерти ҷаззоби «Шоми дӯстӣ» бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду давлат, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Туркманистон мебошад, хушу хотирмон баргузор шуд[1].

Ёдовар мешавем, ки сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман рӯзҳои 4-5 апрели соли 2024 ҷараён гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни ду давлат 5 санади нав доир ба ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, омодасозии кадрҳои дипломатӣ, сохтмон, илм, зилзиласанҷӣ ва бародаршаҳрӣ миёни Хуҷанд ва Аргадаг ба имзо расид. Аз ҷумла:

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2024-2025;

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон;

- Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимлики шаҳри Аркадаги Туркманистон дар бораи ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ;

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сохтмон ва меъмории Туркманистон;

- Ёддошти тафоҳум байни Институти геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти сейсмология ва физикаи атмосфераи Академияи илмҳои Туркманистон[2].

Инчунин дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон бо ширкати намояндагони зиёиёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони “Махтумкули Фраги - равшанфикри ғояи дӯстии халқҳо” бахшида ба 300 - солагии зодрӯзи маорифпарвари Шарқ Махтумкули Фраги баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва президенти Академияи илмҳои Туркманистон Аширов Аллаберди Аширович бо сухани муқаддимавӣ баромад намуданд. Ҳамзамон, олимони тоҷику туркман оид ба осори Махтумкули Фраги маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.   

Ҳамзамон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагону зиёиёни Туркманистон ва ходимони илмии институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори Раёсати АМИТ рӯнамои ду китоби президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов баргузор гардид. Китоби якум таҳти унвони “Анау - культура из глубины тысячелетий” ва китоби дуюм “Молодёжь - опора Родины”. Зимни ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, президенти Академияи илмҳои Туркманистон Аширов Аллабердӣ Аширович, директори Институти забон, адабиёт ва дастхатҳои миллии ба номи Махтумқулии Академияи илмҳои Туркманистон Оразсахедов Довут, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва дигар намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва  Туркманистон суханронӣ намуданд. Оид ба китоби “Молодёжь - опора Родины”, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра баромад намуда аз ҷумла афзуд: “Дар воқеъ ҷавонон қувваи бузурги пешбаранда маҳсуб меёбанд. Сиёсати давлатии ҷавонон дар кишварҳои мо, яъне  Тоҷикистону Туркманистон ҳамсон мебошаду як заминаи муҳим барои тавсеаи ҳамкориҳои байни мо мебошанд. Миллати тоҷику туркман аз қадимулайём  бо ҳамдигар муносибати  неку дӯстона доштанд. Анъанаҳои миллии мо ҳам ба якдигар  шабоҳатҳои зиёд доранд. Ба эҳёи анъанаҳои миллӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам Туркманистон диққати ҷиддӣ дода мешавад, яъне дар ин самт мо ба якдигар монанд мебошем.”

Дар охир ба ҳамаи иштирокчиён китобҳои Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов тақдим гардиданд.

Бо мақсади таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг мубодилаи гурӯҳҳои эҷодӣ, иштироки мутақобил дар фестивалҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳо дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки барои густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ин ду кишвар ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон саҳми арзанда мегузоранд. 

Робитаҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Туркманистон дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятнок боқӣ мемонад.

Дар ин замина самти робитаҳои илмию фарҳангӣ мақоми махсусро барои худ касб намуда, дар шинохти комил ва муаррифии ҳамаҷонибаи халқҳои ҳар ду кишвар саҳми арзанда мегузорад. Қобили зикри хос аст, ки роҳбарияти сиёсии ҳар ду кишвар барои таъмини амнияти саросарӣ ва рушди устувори кишварҳо мавқеи ягона ва ҳамдигарфаҳмии комил доранд, ки дар ниҳояти кор барои боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Туркманистон мусоидат хоҳад намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани соҳибистиқлолии мамлакат бо кишварҳои гуногун, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои хуби дипломатии худро нигоҳ дошта, барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ бо давлатҳои минтақа ҳамкории дуҷонибаро ба роҳ мондааст.

Дар ин миён равобити байни Тоҷикистон ва Туркманистон қобили таваҷҷуҳ буда, паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои ду кишвар ба таҳлил ва омӯзиш ниёз дорад.

Ҳамкориҳои байни ду давлат на танҳо дар соҳаи сиёсат, балки дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисодиёт, техника, илм, маориф ва фарҳанг рушд мекунанд.

Соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф дар ҳамкории дуҷониба яке аз самтҳои афзалиятноки кишварҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мутахассисони соҳаҳои фарҳанг ва илму маорифи ҳар ду кишвар пайваста дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Туркманистон баргузор мегардад, ширкати фаъолона менамоянд.

Дар ин муддат чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангии байни давлатҳо баргузор гардидааст. Аз ҷумла, бо ибтикори сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон пайваста баргузор мегарданд, ки ин, албатта, ба таҳкими дӯстии халқҳои ин ду кишвари бо ҳам дӯст мусоидат менамояд.

Метавон гуфт, ки вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон дар самти иҷтимоӣ, бахусус, соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф мунтазам рушд ёфта истодааст.

Дар ҳақиқат, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон имрӯз дар сатҳи баланд қарор доранд ва умед аст, ки дар оянда низ ин робитҳо бо мақсади рушди устувор боз ҳам қавитару наздиктар мегардад.

                                    Сарчашма:

  1. Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд. Манбаи электронӣ: https://khovar.tj/2024/03/dar-to-ikiston-r-z-oi-far-angi-turkmaniston-barguzor-megardand-2/. Санаи муроҷиат: 02.04.2024.
  2. https://khovar.tj/2024/04/safari-rasmii-peshvoi-millii-hal-i-turkman-raisi-hal-masli-atii-turkmaniston-gurbongul-berdimu-amedov-dar-um-urii-to-ikiston-an-om-yoft/. Санаи муроҷиат: 08.04.2024с.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна,

ходими пешбари илмии Шӯъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ