БАРГУЗОРИИ VII – УМИН КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛИИ “НАҚШИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ДАР РУШДИ ИЛМ, ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯ”

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  VII – умин конференсияи байналмилалии илмию амалии “Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология” бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар санаи 7 – уми декабри соли 2022 бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Шӯрои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мамадюсуфова Мену, раисони Шӯрои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла намояндагон аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва инчунин дигар олимону муҳаққиқонои ҷавони дохилию хориҷӣ, ки дар Институти Геологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок доштанд.
  Ба кори конференсияи байналмилалӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бо сухани ифтитоҳии худ оғоз бахшида, аз дастовардҳои ҷавонони кишвар дар даврони истиқлол ёдовар шуда, қайд намуданд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат ва махсусан Пешвои миллат қарор дошта, давлат ва Ҳукумат барои пешбурди сиёсати ҷавонон ва ҷалб намудани онҳо дар самти пешбурди илм ва инноватсия дар Тоҷикистон нақшаҳои гуногуни давлатиро дар амал татбиқ намуда истодааст. Ташкил ва гузаронидани озмунҳои ҷумҳурияии гуногун дар кишвар ва бо ин васила дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон ва кашшофони оянда, нишони ин гуфтаҳост. Инчунин зикр намуданд, ки имрӯзҳо барои ҷалби ҷавонон дар соҳаи илм ва инноватсия ва таъмини шароити хуби имлӣ - омӯзишӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Олимони ҷавон метавонанд, ки бо истифода аз ин фурсатҳои муносиб таҳсил ва таҳқиқотҳои илмии худро дар хориҷи кишвар идома диҳанд.  
  Фарҳод Раҳимӣ дар поёни суханронии худ аз ҳамаи иштирокчиёни дохилию хориқии конференсия ҷиҳати иштирокашон изҳори сипос намуда, ҳамкориҳои судманди илмиро миёни муассисаҳои илмии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фоли неке барои олимону муҳаққиқони ҷавони оянда хонданд ва барои расидан ба қуллаҳои баланди илмӣ ва таҳқиқотӣ баҳри ҳар яки онҳо комёбиҳои беназир орзу намуданд.
  Сипас Раиси Шӯрои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мамадюсуфова Мену баромад намуда, сараввал ҳамаи иштирокчиёни дохилию хориҷиро хуш омадед намуда, аз дастовардҳои олимон ва муҳақиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва фаъолияти назарраси Шӯрои олимони ҷавонони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассалро баҳри иштирокчиён пешниҳод намуд. Инчунин муовини раиси Шӯрои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зиёев Субҳиддин ба ҳайси аввалин маърӯзагар дар мавзӯи “СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ВА ТАТБИҚИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН” баромад намуда, аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои беназири Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба ҳамаи сохторҳои давлатӣ ҳамчун неруи созанда ва бунёдкор ба таври муфассал бо такя бо далел ва нишондодҳои оморӣ маълумот пешниҳод намуд. Маърӯзадиҳанда инчунин дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» маълумот дода, қайд намуд, ки ҳадафи он мусоидат ба инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад ва дар ин самт барномаҳои давлатӣ қабул ва тадбиқ гардида истодааст.
  Яке аз муҳақиқони ҷавон ва боистеъдоди Институти физикаи ба номи С. Умарови АМИТ дар мавзӯи “Таърихи оғози омӯзиши нурҳои кайҳонӣ дар Помир (1944-1960с.)) маърӯза намуда доир ба аҳамияти ин таҳқиқот дар илми кайҳоннавардии Иттиҳоди Шӯравӣ сухан ронда, зикр намуд, ки уране, ки бар киштиҳои кайҳонӣ ва яроқҳои ядроии Иттиҳоди Шӯравӣ истифода карда мешуд, маҳз дар Тоҷикистони Советӣ истеҳсол мегардид ва бидуни анҷом додани ин таҳқиқот дар Тоҷикистони Шӯравӣ, дар он давра ба чунин дастоварди беназир ноил гардидани олимони рус ғайриимкон буд.
  Дар ҳошияи ин конференсия яке аз олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидова Фазилат дар мавзӯи “Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, ба иштирокчиён доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалдӣ маърӯза намуд.
  Баротов Самариддин аз Институти ботаника физиология ва гетеникаи растании АМИТ маърӯзаи худро таҳти унвони “Татбиқи ГМО- и растании соя таркиби маводҳои ғизоӣ бо роҳи реаксияи полимеразӣ” пешкаши олимон ва муҳаққиқони дохилию хориҷӣ намуд. Номбурда зикр намуд, ки ГМО - и мазкур дар занҷири истеҳсолотӣ нақши муҳимро иҷро менамояд ва истифодаи дурусти он дар маводҳои ғизоӣ кафолати солимии исъелмолкунандагонро таъмин менамояд.
  Дар давоми кори конференсия бо иштироки олимон ва муҳаққиқони ҷавони дохилию хориҷӣ, инчунин гузоришҳои илмии маҷозӣ (онлайн) сурат гирифт, ки Демин Дмитрий Викторович - ҷонишини раиси ШОҶ-и Академияи илмҳои Россия, Станислав Юретский - ҷонишини раиси ШОҶ-и Академияи илмҳои Белорусия, Геворг Варданян – н.ил. физ.-мат., раиси ШОҶ-и Академияи миллии илмҳои Арманистон, Морякова Малика - ҷонишини раиси ШОҶ-и Академияи миллии илмҳои Қазоқистон, Жапаров Сухроб - н.и.тиб., раиси ШОҶ-и назди Фонди Нурсултон Назарбоев Саид Ғуломов - раиси ШОҶ-и Академияи илмҳои Ӯзбекистон ва Мамадюсуфова Мену – Раиси ШОҶ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки ҳамаи баромадкунандагон аз ташкили чунин як ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд дар миёни олимон ва муҳаққиқони ҷавони ИДМ ба раиси Шӯрои олимон ҷавони АМИТ ва кумитаи тадорукот изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо метавонад ҳамкории олимону муҳаққиқони ҷавони моро дар самтҳои гуногуни илмӣ густариш бахшад. Дар фарҷом иштирокнунандагон роҳҳои дар оянда боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотиро миёни ҳамдигар баррасӣ намуда, иброз доштанд, ки дар ин самт ҳамаи имкониятҳои мавҷудаи хешро сафарбар хоҳанд кард.
  Бо ҳамин VII – умин конференсияи байналмилалии илмию амалии “Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология” ки бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ба кори худ хотима бахшид.

Таҳияи ходими хурди илмии
шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик
Турсунов Ҳусенбой

БОЗГАШТ