Баррасии диссертатсияи Кушо Фаҳим дар мавзӯи “Нақши созмонҳои байналмилалӣ дар рушди маорифи Афғонистон (солҳои 2001-2016)

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Санаи 26-уми апрели соли 2022 баррасии диссертатсияи Кушо Фаҳим дар мавзӯи “Нақши созмонҳои байналмилалӣ дар рушди маорифи Афғонистон (солҳои 2001-2016) барои дарёфти дараҷаи илмии доктор фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси 6D.020302 – Таърихи умумӣ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ баргузор гардид.
  Докторант Кушо Фаҳим дар бораи мазмуни асосии кори диссертатсионии хеш баромад намуд ва сипас саволу ҷавобҳо сурат гирифт. Дар қисмати музокирот доктори илмҳои филологӣ Ҳ. Раҷабов, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Ш. Каримов, номзади илмҳои филологӣ Ғ. Қодиров, номзади илмҳои филологӣ Н. Ваҳобова, номзади илмҳои филологӣ С. Зиёев, номзади илмҳои таърих А. Ашуров ва Ҳ. Қурбонов баромад намуда, кори диссертатсионии Кушо Фаҳимро мусбат арзёбӣ карданд.
  Дар интиҳо қарор карда шуд, ки кори диссертатсионии Кушо Фаҳим дар мавзӯи “Нақши созмонҳои байналмилалӣ дар рушди маорифи Афғонистон (солҳои 2001-2016) ба талаботи КОА назди Президенти ҶТ ҷавобгӯ буда, муаллифи он барои дарёфти дараҷаи илмии доктор фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси 6D.020302 – Таърихи умумӣ сазовор мебошад ва лоиҳаи тақриз ба диссертатсияи мазкур тасдиқ карда шавад ва ба шӯрои диссертатсионии 6D.020302 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод гардад.

БОЗГАШТ