Бори дигар дар бораи интихобот

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Мафҳуми интихобот барои мо нав нест. Мо дар маҳфилу ҷамъомадҳо, расонаҳои хабарӣ, васоити ахбори омма, маҷаллаю рӯзномаҳо оид ба интихоботу интихобшавандагон мешунавему иттилоъ дорем. Ҳамзамон кӯшиш намудем, ки оид ба баъзе мафҳуми калимаҳои ба интихобот вобаста равшанӣ андохта шавад. Интихобот ду ҷанба дорад: шахсӣ ва сиёсӣ. Мо аз хурдӣ пайваста чизеро интихоб мекунем, ба монанди бозичаҳо, донишгоҳ, касб, ихтисос ва ғайраҳо, ки инро ҷанбаи шахсӣ меноманд. Ҷанбаи сиёсӣ бошад, бо интихоби ашхос ба мақомоти давлатӣ вобастагӣ дорад. Интихоботи президентӣ - намунаи равшани он аст, ки имрӯзҳо халқи сарбаланди тоҷик дар арафаи чунин маъракаи сиёсӣ қарор доранд.
 Чуноне ки ба мо маълум аст, рӯзи 11 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад, ки ин шашумин интихобот дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолу мустақил мебошад ва он тибқи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонбаргузор мегардад.
Мафҳумҳои дигари бо интихобот вобаста инҳо мебошанд:

1. Номзад - шахсе, ки хоҳиши ба вазифаи муайян интихоб шуданашро изҳор намудааст;

2. Интихобкунандагон - шахсоне, ки эҳтимолан дар интихобот иштирок мекунанд.

3. Комиссияи интихобот - шаҳрвандоне, ки барои гузаронидани расмиёти интихобот таъин шудаанд. Онҳо барои баргузории чорабинии овоздиҳӣ масъуланд, риояи тартиботро дар участкаҳои интихоботӣ таъмин мекунанд, "шаффофият" - и интихоботро назорат ва пас аз ба итмом расидани интихобот шумораи умумии овозҳоро ҳисоб мекунанд;

4. Бюллетен - шакли расмии намунаи ягона барои баргузории интихоботи мушаххас;

5. Қуттии овоздиҳӣ - контейнер барои ҷамъоварии бюллетенҳо. Барои ҳисобкунии овозҳо танҳо, пас аз ба охир расидани интихобот аз ҷониби комиссияи интихобот кушода мешавад;

6. Овоздиҳӣ - додани овозҳо (изҳори ризоият) ба як номзад ва ғайра.

Ҳавзаи интихоботӣ - қаламраве мебошад, ки номзадҳо аз он интихоб карда мешаванд ва иборат аст, аз участкаҳои интихоботӣ бо ҷои мушаххаси овоздиҳӣ.
Ин мафҳумҳо атрибутикаи асосии ҳар як интихобот ба ҳисоб рафта, дар тамоми ҷаҳон якхел мебошанд ва он аз Руми қадим сарчашма гирифтааст. Интихобот на танҳо тартиби интихоби "касеро дар ҷое", балки инчунин ибрози ақидаи худ дар бораи як номзад ва дар шахси ӯ дар бораи ҳизби сиёсӣ, ҳаракати ҷамъиятӣ ва ғайра мебошад. Иштирок дар интихобот ифодаи иродаи шаҳрвандӣ аст, маънои амиқ дорад.
 
 Дар маҷмӯъ гуфта метавон, ки интихобот равандест, дар он интихобкунандагон номзади арзандаи худро барои зиндагии шоиста озодона интихоб намуда, тақдири худро бо дасти хеш менависанд.
 
 Давлиёрова С.Т.

БОЗГАШТ