Муаллиф: Саидов Нуралӣ
«БОЗИИ БУЗУРГИ НАВ» ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ:
ХУСУСИЯТ ВА ДУРНАМО
Дар сиёсати ҷаҳони муосир, минтақаи Осиёи Марказӣ дар марҳилаи ташаккулёбии низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ ва шаклгирии ҷаҳони бисёрқутба ба пойгоҳи муассири рақобати ҷадиди геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геостратегӣ байни Ғарбу Шарқ табдил ёфта истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар таърихи кишварҳои Осиёи Марказӣ рақобати абарқудратҳои калидии ҷаҳон барои пайдо кардани нуфуз дар ин минтақа падидаи нав набуда, раванди мазкур ҳанӯз аз миёнаҳои асри XIX ибтидо мегирад. Маҳз дар ҳамон замон рақобати шадиди сиёсӣ, дипломатӣ ва низомии байни Империяи бузурги хушкигард Русия ва Империяи бузурги баҳрӣ Бритонии Кабир барои тасарруф ва ҳукмронии қаламравҳои бузурги Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба вуқуъ пайваст, ки минбаъд ба худ сиёсати ба ном “Бозии бузург”-ро касб кард.
Мафҳуми “Бозии бузург” истилоҳи таърихнигориест, ки барои тавсифи рақобати бозигарони калидӣ-империяҳои Бритонияи Кабир ва Русия дар раванди забти Осиёи Марказӣ истифода гардида, солҳои 1813 то 1907-ро дар бар мегирифт ва дар ин муддат тамоми Аврупо ва қариб кулли Осиёро дар ҳолати ҷанг қарор дода буд.
Омӯзиш ва таҳлили таърихи “Бозии бузург” нишон медиҳад, ки руйдоди мазкур таърихи дусадсола дошта, фарогири хусусияти умумӣ ва ҷиҳатҳои хоси фарқкунанда мебошад.
Пеш аз ҳама, хусусияти умумии раванди “Бозии бузург” аз он иборат мебошад, ки дар муддати дуру дарози таърихӣ, новобаста аз тағйиротҳои куллӣ дар равандҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геостратегии ҷаҳон ва ба ин раванд ворид шудани акторҳои нав, мақсаду мароми бозигарони фароминтақавӣ тағйир наёфтааст.
Ҳадафи асосии бозигарони ҷаҳонӣ дастрасӣ ба захираҳои зиёди табиӣ, махсусан газ, нафт, тилло, мис, нуқра, уран, металлҳои ранга ва нодири зеризаминии Осиёи Марказӣ буда, дар давраи ҳозира бошад, таваҷҷуҳ ба уран ва энергияи атомӣ зиёдтар шуда истодааст.
Сониян, ҳадафи дигари Ғарб дар ҳама давру замон ба он равона гардидааст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири Россияро заиф ва маҳдуд намояд.
Баъдан, бозигаронӣ калидии ҷаҳонӣ, дар марҳилаҳои муайян баъди расидан ба мақсадҳои худ, ки мазмуни усулӣ доштанд, роҳу воситаҳои муборизаи худро дигар карда, ба таври пушидаву махфӣ ба фаъолият мегузаштанд. Аммо баъди сипарӣ гардидани як давраи муайян ва тағйир ёфтани вазъи ҷаҳонӣ раванди “Бозии бузург” миёни абарқудратҳо боз аз нав зинда мегардид. Акторҳои ин раванд шаклу восита ва роҳҳои амалӣ сохтани мақсадҳои хешро бо истифодаи технологияҳои навтарин дигар мекарданд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва пайдо гардидани ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол дар Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон боиси аз нав зинда гардидани раванди нави “Бозии бузург” гардид, ки он хусусиятҳои хосро доро буда, онро муҳаққиқон «Бозии бузурги нав» номиданд.
Истилоҳи ”Бозии бузурги нав” тавассути Аҳмад Рашид, нависанда ва рӯзноманигори машҳури Покистонӣ, эҷод шуд.
Баъд аз ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва оғози амалиёти неруҳои эътилоф дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ба минтақаи идеологияҳои рақобаткунанда миёни бозигарони фаромитақавӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи абарқудратҳо ба он чандин баробар афзуд, ки боиси маъмул гардидани мафҳуми "Бозии бузурги нав" гардид.
Мафҳуми «Бозии бузурги нав» истилоҳест, ки дар адабиёти журналистӣ барои тавсифи геосиёсии муосир дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳаммарз бо он истифода шуда, дар пажӯҳишҳои илмӣ, маҷаллаҳо ва хабарҳои расмӣ ба таври возеҳу равшан баҳрабардорӣ гардида истодааст.
Консепсияи «Бозии бузурги нав” аз нигоҳи аслии «Бозии бузург» ба таври назаррас фарқ мекунад. Бо назардоши ин, мувофиқи мақсад мешуморем, ки оид ба тафовутҳое, ки дар аҳдофи бозигарони “Бозии бузурги нав” ва навъи классикии он вуҷуд доранд, таҳлили муқоисавиро ба роҳ монем.
Омӯзиш ва таҳлили раванди “Бозии бузурги нав” шаҳодати он аст, ки новобаста аз таърихи начандон дуру дароз доштани он, зуҳуроти хеле мураккаб, серпаҳлу ва гуногунҷабҳа мебошад. Бинобар ин, мо якчанд паҳлуҳои ин равандро, интихоб намуда, вобаста ба он таҳлили муқоисавӣ гузарондем.
Аз ин рӯ, аз нуктаи назари мо, тафовутҳои “Бозии бузург”-и классикӣ аз “Бозии бузурги нав” дар айни замон дар самтҳои зерин зоҳир мегарданд:
Аввалин самте, ки мо онро мавриди таҳлили муқоисавӣ қарор додем, муайян намудани минтақаҳое, дар он бозӣ сурат мегирад ё ин, ки майдони бозӣ мебошад.
Дар “Бозии бузурги нав” минтақаҳои азиме, ки дар маркази ҷуғрофӣ ё Heartland - (қисмати азими марказӣ ва шимолу шарқии қитъаи Осиёро ифода мекунад) ҷойгиранд, бозигарони ҷаҳонӣ, фароминтақавӣ ва минтақавӣ онро ҳамчун майдони рақобатҳои геополитикӣ барои пешбурди бозӣ интихоб кардаанд.
Дар “Бозии Бузург”-и классикӣ бошад, бозигарони калидӣ таваҷуҳи асосиро ба як ё ду минтақа равона карда буданд.
Масъалаи дигаре, ки мо ба он таваҷҷуҳ намудем, он тағйири ҳайати бозигарон ва шакли бозӣ мебошад. Ба “Бозии бузурги Нав” бозигарони ҷаҳонӣ ва минтақавӣ: Амрико, Русия, Чин, Покистон, Эрон, Туркия, Япония, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳинд, ворид гардиданд.
Қобили тазаккур аст, ки ҳар яке аз абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барномаҳои мушаххаси стратегии дарозмуддати худро барои тасарруфи Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ кардааст. Дар айни замон се барномаи сиёсӣ-иқтисодии бузургҳаҷм: «Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё», аз ҷониби Россия, «Камарбанд ва Роҳ» аз ҷониби Чин ва «Осиёи Марказии бузург» аз тарафи Амрико тарҳрезӣ ва амалӣ шуда истодаанд.
Инчунин, ба раванди “Бозии бузурги нав” ширкатҳои трансмиллӣ низ барои ҳимояи манфиатҳояшон ворид шуда истодаанд.
Илова бар ин, дар «Бозии бузурги нав» соҳибони воситаҳои ахбори омма (ВАО) - медиамагнатҳо фаъолона ширкат варзида, тавассути расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳо, фанновариҳои иҷтимоӣ ва абзорҳои моливу иқтисодӣ ҷангҳои иттилоотӣ ташкил дода, ба воситаи ин гуна ҷангҳо ба сиёсати иттилоотии ба кишварҳое, ки рақибашон ҳастанд зарба зада истодаанд.
Дар “Бозии Бузург”-и классикӣ бошад, ду кишвари бузурги аврупоӣ (Империяҳои Россия ва Британияи Кабир) ҷонибҳои асосии низоъ ҳисобида мешуданд.
Масъалаи таъсири равандҳои Афғонистон ба вазъияти Осиёи Марказӣ, яке аз масъалаҳои асосии “Бозии нав” мебошад.
Хадафи асосии Ғарб дар “Бозии бузурги нав” табдил додани Афғонистон ба як маркази тиҷоратии минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамгироии Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бунёди робитаҳои бисёрсамта байни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мебошад.
Дар “Бозии бузурги нав” Афғонистон ҳамчун майдони мусоид (плацдарм) барои муқовиматҳои ҳарбӣ, бесуботии сиёсӣ ва зарба ба амниятӣ минтақа аз ҷониби бозигарони калидӣ истифода мешавад.
Дар шакли классикии “Бозии бузург” Афғонистон ҳамчун як нуқтаи ба истилоҳ буферӣ (“сарҳади сиёсӣ” ё пасҳавлӣ,) барои ҳифзи амният байни қудратҳои даргир қабул гардида буд, ки барои таъмини бехатарии Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон истифода мегардид.
Вобаста ба масъалаи истифодаи воситаҳои муосир дар “Бозии бузурги нав” бояд гуфт, ки дар ҷараёни рақобати бозигарон дар баробари пешбурди амалиётҳои ҳарбӣ, инчунин шаклу усулҳои муосир, фишангҳо ва технологияҳои навтаринро васеъ истифода мешаванд, ки коршиносон онро ҷанги омехта - гибридӣ меноманд.
Дар шакли классикӣ “Бозии бузург” танҳо воситаҳои ҷосусӣ ва истихбороти (разведкавӣ) истифода мешуданд.
Оид ба ҷанбаи истифодаи қувваҳои дастнишондод маврид ба зикр аст, ки дар “Бозии бузури”- классикӣ, қувваҳои дастнишондод барои вайрон кардани мувозинати сутунҳо, ки қоидаҳои бозиро муайян мекунанд, истифода мешуданд.
Дар “Бозии бузурги нав” пеш аз ҳама гуруҳҳои ғайридавлатиӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. Бозигарон як воситаи нав - (прокси- миёнарав) ҷанг бо дасти ягон каси дигар, васеъ истифода мебаранд. Истифодаи гурӯҳҳои террористӣ, ҷудоихоҳ, радикалии динию мазҳабӣ алайҳи дигар кишварҳо, таҳрик додани онҳо, шабакаҳои қочоқи маводи мухаддир, аслан дар баробари фаъолиятҳои ҷосусӣ як ҷузъи муҳими ин бозиро ташкил медиҳанд.
Дар шакли классикии “Бозии бузург” ба муҳориба танҳо бозигарони давлатӣ дохил карда мешуданд.
Яке аз ҷузъҳои асосии “Бозии бузурги нав”-ро бархӯрди тамаддунҳо ташкил менамояд. Дар “Бозии бузурги нав” принсипи муқовимати фарҳангию тамаддунӣ як принсип ва қоидаи аз ҷониби умум қабулшуда мебошад, ки доираи рақобатро дар ин чаҳорчӯба танзим менамояд. Дар ин самт метавон рақобат ва ҳамзистии осоиштаи тамаддунҳои чинӣ, православӣ, ҳиндӣ, туркӣ, ҷопонӣ, англосаксонӣ ва дигар тамаддунҳоро номбар кард.
Масалан, як қатор давлатҳои Ғарб сиёсатеро пеш гирифтаанд, ки дар маркази он тарғибу таҳмили арзишҳои ғарбӣ нуҳуфтааст. Дар сурате, ки қисми зиёди арзишҳои Ғарб ба расму оин, фарҳанг ва дини мардуми Шарқ мувофиқ намеоянд ва қобили қабул ҳам нестанд.
“Бозии бузург”-и классикӣ, на дар бораи бархӯрди фарҳангҳо, балки хавфи бозигарони калидӣ аз он буд, ки дар раванди рақобати гегемонӣ, абарқудратҳо минтақаҳои бузургтарро забт мекунанд.
Оид ба масъалаи набудани идеологияи давлатӣ ва бартарияти гегемонияи сиёсӣ бояд қайд кард, ки дар “Бозии бузург-и классикӣ масъалаҳои таъмини ҳукмронии гегемонияи сиёсӣ ва идеологияи давлатӣ масъалаҳои калидӣ маҳсуб меёфтанд.
Дар “Бозии бузурги нав”, рақобат миёни бозигарон бидуни мавҷудияти ягон идеологияи давлатӣ ва сиёсӣ сурат мегирад ва дар мадди аввал манфиатҳои иқтисодӣ ва ба даст овардани фоида гузошта мешавад.
Бисёре аз таҳлилгарон бар он ақидаанд, ки мақсади асосии “Бозии Бузурги нав” назорати нафт мебошад. Аммо, қисми дигари таҳлилгарон чунин мешуморанд, ки “Бозии бузурги нав” пеш аз ҳама мубориза барои назорат аз болои минтақаҳои физикӣ, салоҳияти назорати шартномахои фоидаовар, хатсайрҳои қубурҳо, роҳҳои танкерӣ ва ғайраҳо ки ба воситаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мегузаранд мебошанд.
Хулоса ҷаҳони муосир ба марҳилаи гузариш ба низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ, ки хеле пурзиддияту пурпечутоб ҷараён гирифта истодааст, қарор дорад. Дар ин замина, тамоюли ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ ба мушоҳида мерасад, ки дар ин раванд, Осиёи Марказӣ ба пойгоҳи муассири рақобати ҷадиди геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геостратегӣ қарор гирифтааст.
Новобаста аз тағйиротҳои бузург, ки дар ҷаҳони муосир сурат гирифта истодаанд мақсаду мароми бозигарони фароминтақавӣ аз ибтидо то замони ҳозира тағйир наёфтааст.
Ҳадафи асосии бозигарони ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар“Бозии бузурги нав” дастрасӣ ба манобеи зерзаминии манотиқи Ҳартлендро ташкил медиҳад.
Дар доираи “Бозии бузурги нав” масъалаҳои муҳимтарин аз қабилӣ: минтақаҳое, ки дар онҳо бозӣ сурат мегирад ва ё майдони бозӣ, тағйири ҳайати бозигарон ва шакли бозӣ, таъсири равандҳои Афғонистон ба вазъияти Осиёи Марказӣ, истифодаи воситаҳои муосир ва корбурди қувваҳои дастнишондод, “бархӯрди тамаддунҳо”, рақобат миёни бозигарон бидуни мавҷудияти ягон идеологияи давлатӣ ва сиёсӣ дар мавриди “Бозии бузурги нав” қарор гирифтаанд.
Бозигарони фароминтақавӣ талош доранд, ки ба василаи бесуботсозии минтақаӣ, бозигарони калидии минтақаро, ки ба таври анъанавӣ дар ин ҳавза нуфуз доранд аз Осиёи Марказӣ хориҷ намоянд.
Терроризм, гардиши маводи мухаддир ва ҷудоихоҳӣ, ҷанбаҳои асосӣ ва устувори ин бозӣ маҳсуб меёбанд.
Ҳамин тариқ ,метавон зикр намуд, ки “Бозии бузурги нав” бо тарзу усулҳои гуногун дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома ёфта истодааст.
Зимни таҳқиқ ва омӯзиши масъалаи мазкур метавон хулоса кард, ки он бештар ба баррасии муфассалу васеъ ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни мавзуъ таҳқиқоти мазкурро метавон иқдоми аввалини муаллиф дар ин соҳа шуморид.
Н. САИДОВ
номзади илмҳои фалсафа,ходими пешбари илмии
шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
САРЧАШМАҲО:
1.Рашид А. Талибан. Ислам, нефть и новая Большая Игра в Центральной Азии Пер. с англ. М. Поваляева.—М.: Библион — Русская книга, 2003.— 368 с.
2.Бозии Бузурги қадиму ҷадид- муқоиса. Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар" [манбаи элетронӣ] https://sangar.info/ta/k/bozii-buzurgi-adimu-adid-mu-ois
3.Сайнаков С, П; Комилбек А. Ё; Бозии бузург: Рақобати геополитикии Британия ва Россия дар Осиёи Миёна ва таъсири он ба тақдири тоҷикон [манбаи элетронӣ] https://journal.apa.tj/wp-content/uploads/2022/02/ B8-N4-1-2021-1.pdf см 11.04.2024
4. Новая большая игра в Центральной Азии -Newtimes.az12:52-03/05/2013 Баку, 3 май - 1News/az (манбаи электронӣ) https://1news.az/news/20130503124930842-Novaya-bolshaya-igra-v-TSentralnoi-Azii-Newtimes-az см 09.04.2024
5.Казанцев А,А«Большая игра» в Центральной Азии: вчера, сегодня, завтра [манбаи элетронӣ] https://magazines.gorky.media/nz/2009/4/bolshaya-igra-v-czentralnoj-azii-vchera-segodnya-zavtra.html см 09.04.2024
6.Казанцев А.А. "Большая игра" с неизвестными правилами: мировая политика и Центральная Азия / А.А.Казанцев. - М.: МГИМО-Университет, 2008. - 382 с. - ISBN 978-5-9228-0447-9. [манбаи элетронӣ] https://mgimo.ru/upload/iblock/559/55956fb39207dbd6dd783339b4b5b7e4.pdf см 09.04.2024
7. Казанцев А. А. 29 августа 2012 Центральная Азия: «Большая игра» продолжается [манбаи элетронӣ] http://www.viaevrasia.com/bg/% html см 09.04.2024
8.Князев А.; "Большая игра" в Центральной Азии идет с переменным успехом [манбаи элетронӣ] https://www.ng.ru/courier/2015-11-16/11_game.html
9.Мурадян И.; "Большая игра" в Центральной Азии. Новый этап 09:01 14.03.2009 Источник -Фонд стратегической культуры [манбаи элетронӣ] Постоянный адрес статьи -https://centrasia.org/newsA.php?st=1237010460 санаи муроҷиат 04.02.2024