Мавриди зикр аст, ки гардиши мол байни ду мамлакат зиёд шуда, содирот беш аз 6,6 миллион доллар ва воридот зиёда аз 9,6 миллион доллари ШМАро ташкил медиҳад. Тибқи омори нав, дар даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду мамлакат то 100 миллион доллари амрикоӣ расида, тарафҳо талош доранд, то онро афзоиш дода, ба 500 миллион доллари ШМА расонанд.
Яке аз дигар самтҳое, ки Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам наздик месозад, амалисозии лоиҳаи CASA-1000 мебошад, ки ташаббусгарони асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон буда, мақсаду ҳадафи асосии он тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Дар шаҳри Исломободи Покистон нахустин шӯрои байниҳукуматии чаҳор кишвар баргузор шуд, ки дар он қарорҳои калидӣ, аз ҷумла фармоиши асосноккунии фаннӣ-иқтисодии лоиҳа қабул гардид.
Лоиҳаи CASA-1000 яке аз бузургтарин тарҳҳои энергетикӣ миёни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буда, ба масофаи 750 километр хатти баландшиддати интиқоли барқ аз қаламрави Афғонистон гузашта, ба Покистон хоҳад расид. Дар натиҷаи ин лоиҳа низоми энергетикии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон хубтару муназзамтар гардида, кишварҳои иинтақа бо як пайванди систематикӣ фаъолият хоҳанд кард.
Баррасиву арзёбии пешакии техникӣ-иқтисодии мушовирони лоиҳаи мазкур нишон медиҳад, ки сатҳи аввалияи изофаи содиротӣ пас аз қонеъ кардани талаботи дохилӣ бо иловаи лоиҳаи НБО Сангтӯда аз ду кишвари Осиёи Марказӣ иборат буда, ба Афғонистону Покистон интиқол дода мешавад.