Муаллиф: Шарифов Искандар
"Бознашр аз сомонаи www.khovar.tj"
Бо назардошти талаботи рӯзафзуни энергетикӣ дар мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва мавҷуд будани захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ зарурати ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика беш аз ҳарвақта муҳимтар гардидааст. Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузургӣ энергетикӣ буда, дар минтақа сохтмони лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ идома дорад.
CASA-1000 (Central Asia–South Asia Electricity Transmission and Trade Project) пас аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» дуюмин лоиҳаи бузурги энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Лоиҳа низоми энергетикии Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро бо ҳам пайваст менамояд. Он аз бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки хати баландшиддати интиқоли неруи барқро таъмин менамояд.
Лоиҳаи CASA-1000 ҳамчун пули энергетикӣ байни ду минтақа хизмат менамояд ва заминаи нав барои ҳамгироии иқтисодӣ ва сиёсӣ фароҳам меорад. Ин ташаббуси созанда на танҳо барои чор давлат муфид аст, балки барои такмил додани низоми интиқоли барқ ва ҳавасмандгардонии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бобати устуворнамоии ҳамкории байниминтақавӣ мусоидат менамояд. Ин қадами аввалин дар роҳи ташкили бозори минтақавии неруи барқ аст, ки захираҳои бузурги энергетикии Осиёи Марказиро барои рафъи камбуди неруи барқ дар Осиёи Ҷанубӣ дар асоси мутақобили судманд истифода хоҳад намуд.
Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа соли 2009 анҷом дода шуда, соли 2011 аз нуқтаи назари тиҷоратӣ тасдиқ гардид. Лоиҳа баъди ба имзо расидан моҳи марти соли 2014 аз ҷониби Шурои Бонки ҷаҳонӣ бо маблағгузории Ассотсиатсияи байналмилалии рушд тасдиқ карда шуд ва корҳои маъмурӣ ва техникии он дар байни ҳамаи мамлакатҳои аъзо хело хуб амалӣ шуданд.
Оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвазирони Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон баргузор гардид. Ҳангоми пурра ба истифода додани ин лоиҳа Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ неруи барқи барзиёд истеҳсолшавандаи худро дар ҳаҷми 1300 мегаватт (70 фоиз аз Тоҷикистон ва 30 фоиз аз Қирғизистон) содир намоянд. Аз ҷумла, содироти неруи барқ аз Қирғизистон 1,5 миллиард кВт/соат ва Тоҷикистон 5 миллиард кВт/соат дар як сол дар назар дошта шудааст. Тибқи маълумот, интиқоли неруи барқи Осиёи Марказӣ ба Ҷанубӣ тавассути CASA-1000 аз моҳи май то сентябри соли 2027 оғоз мешавад.
Арзиши умумии амалисозии лоиҳа беш аз 1,2 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Тибқи маълумоти охирини Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик», маблағи сохтмони зербинои ин лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон 351 миллион долларро ташкил медиҳад. Сармояҳои Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион долларро ташкил медиҳанд. Дар назар аст, ки дар марҳилаи аввал хати баландшиддати 500-киловаттаи интиқоли неруи барқ аз Даткаи Қирғизистон ба Хуҷанди Тоҷикистон бо дарозии 477 километр бунёд шуда, сипас сохтмони хати баландшиддат аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он мамлакат ба Покистон бо дарозии 750 километр оғоз мешавад.
Лоиҳаи CASA-1000-ро Бонки ҷаҳонӣ, Бонки сармоягузории Аврупо, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки исломии рушд, Ҳукумати Британияи Кабир ва USAID сармоягузорӣ доранд. Аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои бахши тоҷикии ин тарҳ 45 миллион доллар, Бонки осиёии рушд 70 миллион доллар ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 110 миллион доллар ҷудо мекунанд. Дар доираи ин лоиҳа интиқоли хати барқ бо 1387 км дарозӣ, ду истгоҳи конверторӣ барои интиқоли 1300 Мвт сохта мешавад. Дар назар аст, ки 477 км хатҳои интиқоли барқ аз зеристгоҳи «Датка»-и Қирғизистон то зеристгоҳи Суғди Тоҷикистон, аз зеристгоҳи Суғд то Сангтӯда, хати 500 кВ ҷараёни тағйирёбанда дар ҳудуди Тоҷикистон байни зеринстгоҳҳои Регар ва Сангтӯда (120 км), се зеристгоҳи конвертерӣ бо иқтидори 1300 МВт дар Сангтӯда, бо иқтидори 300 Мвт дар Кобули Афғонистон ва бо иқтидори 1300 Мвт дар Норшеваи Покистон, 750 км хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, аз ҷумла дар Тоҷикистон 117 км, дар Афғонистон 562 км ва дар Покистон 71 км сохта мешавад.
Соли 2025 қисмати аввали лоиҳаи CASA-1000 пурра ба анҷом расид. 31 март дар нишасти сетарафаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи хати интиқоли барқи 500 кВ Датка-Суғд дар чаҳорчӯби тарҳи байналмилалии энержии CASA-1000 тавассути видеоконфронс баргузор шуд. Бахши тоҷикистонӣ ва қирғизистонии лоиҳаро 544 миллион доллар ташкил медиҳад, ки дар ин қисмат сохтмон ҷараён дошта, ин қисмати лоиҳа 45,3 фоизи ҳаҷми умумии лоиҳаро ташкил медиҳад.
Инчунин интизор меравад, ки моҳи августи соли равон корҳои сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба анҷом расанд. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар қисмати тоҷикистонии лоиҳа дар истгоҳи конвертории Сангтӯда идома доранд. Ин истгоҳ нахустин ва бузургтарин истгоҳи конверторӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, барои интиқоли 1300 МВт неруи барқи истеҳсолнамудаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон дар мавсими гармо пешбинӣ шудааст. Сохтмони он соли 2019 оғоз гардида, дар ҳудуди 25 гектар бунёд шуда истодааст. Иншоот бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ва бо иштироки бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла «Hitachi Energy» сохта шудааст. Таҷҳизоти асосии он аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Шветсия, Чин, Швейтсария, Австрия ва Ҳиндустон ворид шуда, таҷҳизоти иловагӣ низ мавҷуд аст, ки дар ҳолати мушкилот ба таври автоматикӣ фаъол мешавад.
Дар байни Сангтӯда ва Пешовари Покистон тавассути ағбаи Соланг ва Кобул хати 750-километрии ҷараёни баландшиддати мустақим сохта мешавад. Хатҳои интиқоли барқ барои интиқоли 1300 МВт неруи барқ пешбинӣ шудаанд, ки ба Афғонистон 300 МВт ва Покистон 1000 МВт неруи барқ ҷудо намудааст. Хатҳои ҳавоӣ дар CASA-1000 бо иқтидори иловагӣ барои тақрибан ду баробар зиёд намудани қувваи интиқол тарҳрезӣ шудаанд, ки барои сохтани системаи дуюми хати интиқоли ҷараёни мустақими пуршиддат дар оянда захираи кофӣ фароҳам меорад. Дар Пешовар як истгоҳи табдилдиҳандаи иқтидори 1300 МВт сохта шуда, ба шабакаи барқи Покистон пайваст мешавад, ки он қисми асосии лоиҳа ба шумор меравад.
Қисми асосии лоиҳаҳо дар дохили Афғонистон аллакай 70 фоиз иҷро шуда, 95 фоизи таҷҳизоти зарурӣ дар маҳалҳо ҷойгир шудаанд. Истифодаи хати CASA-1000 ба Қирғизистон имкон медиҳад, ки сармоягузориҳои худро давоми 15 сол ва қарзҳоро давоми 29-35 сол ҷуброн намояд. Тавре коршиносон мегӯянд, татбиқи пурраи CASA-1000 имкони транзити неруи барқ тавассути Афғонистонро боз мекунад, ки ҳамкории энержии давлатҳои минтақаро таҳким бахшида, ба онҳо имкон медиҳад, ки дар оянда лоиҳаҳои нав таҳия намоянд.
Лоиҳаи дигари энергетикии байниминтақавӣ TUTAP мебошад. Лоиҳаи энергетикии TUTAP (бо номи кишварҳои иштирокчӣ: Туркманистон – Узбекистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Покистон) н замимаи дигари лоиҳаи CASA-1000 ҳисобида мешавад. TUTAP барои мусоидат ба рушди тиҷорати неруи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ тарҳрезӣ шудааст, аз ин рӯ, онро метавон н як қадам дар роҳи ташаккули бозори минтақавии энергетикӣ арзёбӣ намуд. Дар баробари ин лоиҳа бояд ба эҳёи Афғонистон саҳм гузорад ва ба таври умум ба таъмини ниёзҳои манотиқи шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон ба неруи барқ нигаронида шудааст.
Дар доираи TUTAP пешниҳод шудааст, ки системаҳои энергетикии мамлакатҳои иштирокчии лоиҳа барои тамоми сол (ба фарқ аз CASA-1000) содироти неруи барқи ҳам дар неругоҳҳои ҳароратӣ (Туркманистон, Узбекистон) ва ҳам дар неругоҳҳои барқи обӣ (Тоҷикистон) истеҳсолшавандаро ба Афғонистон, ки имкони содироти дубораи он ба Покистонро доранд, пайваст карда шаванд. Лоиҳа дар чаҳорчӯби барномаи CAREC (Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ) бо маблағгузории Бонки Осиёии рушд амалӣ мешавад. Ҳоло хатҳои 220-киловолта ба истифода дода шудаанд, ки системаҳои энергетикии Узбекистон (2009) ва Тоҷикистон (2011)-ро бо системаи энергетикии Афғонистон мепайванданд. Ҳаҷми содироти неруи барқ мутаносибан 1500 ГВт/соат ва 650 ГВт/соатро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, TUTAP барои Афғонистон судманд аст, ки на танҳо мушкилоти таъмини неруи барқро ҳал мекунад, балки мақоми онро ҳамчун ҷумҳурии транзитӣ мустаҳкам ва ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Ҳадаф ва аҳамияти лоиҳаи CASA-1000 ва TUTAP инҳоянд:
1.Интиқоли неруи барқи изофии мавсими тобистона аз Тоҷикистон ва Қирғизистон (Осиёи Марказӣ) ба Афғонистон ва Покистон (Осиёи Ҷанубӣ) мебошад;
2.Тақвияти тиҷорати минтақавии неруи барқ ва беҳтар намудани самаранокии истифодаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ дар минтақа;
3. Талоши интегратсияи энергетикӣ ба хотири пешбурди ҳамкории байниминтақавӣ ва беҳтар намудани шабакаҳои энергетикӣ;
4.Дастрасии бештар ва устувор ба манбаъҳои арзони энергияи «сабз», паст намудани вобастагӣ аз сӯзишвории нафтӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ ва дастгирии рушди саноат.
Искандар ШАРИФОВ,
ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон