Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои кулли мардуми соҳибшарафу сарбаланди тоҷик самимона муборакбод мегӯям!
Воқеан, дар таърихи давлатдории тоҷикон 16 - уми ноябр ҳамчун санаи саъду муборак дониста мешавад. Зеро ин марҳилаест, ки заминагузори суботи сиёсиву рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ, фаъолияти самаровару талошҳои созанда, заҳматҳои пайваставу хидматҳои некбинона ва покзамиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумӯи Тоҷикистони азиз барои тоҷикон ва дигар оламиён возеҳу равшан аст.
Итминон дорам, ки имрӯз ҳар фарди бонангу ватандӯсти кишвар бо сарфарозиву ифтихор ва бо сарбаландиву саодатмандӣ Рӯзи Президентро муқаддасу муборак ва муаззаму муътабар медонанд.
Дар тантанаи ин Рӯзи шодмонибахшу саодатовар зикри чанд андешаи холисонаву софдилонаамро ба маврид мешуморам:
- Эмомалӣ Раҳмон офтобе ҳастанд, ки дар радифи хуршеди тобнок ба сарзамини Тоҷикистон нӯр мепошанд, аз ин рӯ, ба қадри чунин офтоб бояд расид.
****
- Ватандӯстӣ, накӯкорӣ, самимият, шуҷоъат, далерӣ, иродатмандӣ, поквиҷдонӣ, сулҳхоҳӣ, дурандешӣ, ботамкин будан, таҳаммулпазирӣ, сабурӣ сифатҳое ҳастанд, ки аз бузургиву мукаррам ва муътабар будани инсон шаҳодат медиҳанд, пас комилан Пешвои муҳтарами миллат Эмомалӣ Раҳмонро метавон инсони бузургу мукарраму муътабар донист.
****
- Борҳо исбот шудааст, ки сухани Эмомалӣ Раҳмон таъсири хосса дорад, ки ин аз ҳикмат холӣ нест.
****
- Қаҳрамонии Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон басо пурҷило ва зарин сабт хоҳад шуд, ки насли оянда низ ин тавоноиву шуҷоат ва матонату далериро бо сарфарозӣ ҳифз менамоянд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора сиҳатмандиву саломатӣ, саодатмандиву сарбаландӣ ва музаффарияту муваффақиятҳои беназирро таманно дорам.
Ардамеҳр Ашурзода,
ходими пешбари илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка