ЧАРО БАРОИ МО ЭҲЁИ МИЛЛӢ ЗАРУР АСТ?

Муаллиф: Шарифов Искандар

Расм

ЧАРО БАРОИ МО ЭҲЁИ МИЛЛӢ ЗАРУР АСТ?

Ҳар давраи таърихӣ бо хусусиятҳои хеш, талабот, арзиш, манфиат, мақсад ва тағйиротҳо аз дигар давраҳои таърихӣ фарқ мекунад. Моҳияти ҳамаи тағйиротҳо дар пешрафту ташаккули афкори ҷомеа ва давлату халқҳои гуногун таҷассум мегардад. Таърихи инсоният собит месозад, ки дар ин тағйиротҳо ва инкишофу тараққиёт, маҳз “инсон” дар марказӣ он будааст. Сабаби аслии инкишофу тараққиёти ҷамъияти инсониро ақл, дониш, хирад ва маърифатнокии ӯ ташкил медиҳад. Маҳз хирад инсониятро аз вартаи нобуди наҷот дода, ба сӯйи инкишофу пешрафт ва дастовардҳои беназир ҳидоят намудааст. Барои гузаштан аз давраи ҷоҳилият ба давраи озодӣ, тағйироти иҷтимоиву сиёсӣ, пешрафти иқтисоду афкори умумӣ, илму маърифат, ақлсолорӣ ва хирадгароӣ чун пул хизмат кардаанд.

Профессор С.С. Ятимов дар мақолаи “ЭҲЁИ МИЛЛАТ БАҚОИ ДАВЛАТ”, ки дар маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 3(33), соли 2023 ба нашр расидааст, моҳияти давлат ва масъалаҳои ҷаҳонбинии он, субот, давлати миллӣ, манфиат, таҳаввулоти таърихии давраи Эҳёи Аврупо, муҳимияти Эҳёи миллии тоҷикро мавриди таҳлили илмӣ ва арзёбии воқеӣ қарор додаанд.  Мавсуф таъкид менамоянд, ки “тамоми системаҳо дар болои коғаз хоҳанд монд, агар хештаншиносӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ бар маънавиёти бегонапарастӣ ғолибият накунад. Агар манзалати Илму Маърифат, Ақлсолориву Хирадгароӣ бар таассубу хурофот ва ҷаҳонбинии асримиёнагӣ, ки тавлидгари ифроту терроризм аст, чира нагардад”. Дар ин ҷо ҷаҳонбинии асримиёнагӣ давраеро дар худ таҷассум менамояд, ки бартарияти дину руҳоният бар шууру ақлу тафаккур буд. Ҳамзамон “маънавиёти бегонапарастӣ ба он маъност, ки имрӯз истилоҳҳои ба мо маълум “тақлид”, “хурофот” аз он сарчашма мегиранд ва теша ба маънавиёти ҳазорсола шакл гирифтаи миллат мезананд. Дар роҳи давлатсозӣ ва эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, олуда гардидани онҳо ба манфиат набуда, хунсо намудани онҳо ба манфиати кор арзёбӣ мегардад.

Дар таърихи гузаштаи инсоният давраҳои рушду инкишоф ва ҳам инқирозу таназзул мавҷуданд. Аммо дар байни онҳо давраи Эҳёи Аврупо бо хусусиятҳои хеш фарқ мекунад. Дар гузашта, имрӯз ва фардо дин манбаи даромади шахсиву гурӯҳӣ, абзори таъсиррасон ба шууру тафаккур, абзори ҷангу хушунат буд ва боқӣ мондааст.  Сабаби чунин ранг гирифтани ҳодисаҳо бесаводӣ, бедонишӣ, бемаърифатии худи инсон ба шумор меравад. Агар дар Аврупои асримиёнагӣ дин дар дасти Попҳо монда беобрӯ шуда бошад, дар асри XXl ислом дар дасти муллоҳои бесавод, воизони манфиатхоҳ ва як тудаи бесар монда, обрӯву нуфузи худро аз даст дода истодааст. Безорӣ аз дин ва секуляризм дар Аврупои асримиёнагӣ барои он шакл гирифт, ки попҳо ва руҳониён сӯистифода аз дин бурданд. Аз ҷумлаи ҷиноятҳои онҳо “аз замин истода бегуноҳӣ ва гуноҳкории мардуми бесавод, бедониш ва бемаърифатро бо маблағи зиёд шаҳодатнома медоданд”, “заминҳои ҷаннатро мефурӯхтанд”, “заминҳои серҳосили Аврупоро дар ихтиёр доштанд”, “хонумони зебои Аврупо дар хизмати эшон буд” ва “барои ҳавасманд кардани қишри наврас дар таҳхонаи калисоҳо клуби диско ва дигар клубҳои дилхушӣ месохатанд”, ки боиси нафрат ва бадбинии мардуми Аврупо гардид. Дар натиҷа “зиёиёни Даврони Эҳёи Аврупо барои аз торикӣ, таассуби асримиёнагӣ, ҷаҳолат, фақирӣ, озод кардани миллатҳои худ бо руҳониёни ватандӯст ва бонангу номус ба тавофуқ расида, ҷонбозиҳо карда, ба мақсад расиданд”. Метавон таҷрибаи Эҳёи асримиёнагии Аврупоро ҳамчун як модели нав барои Эҳё намудани суннатҳои аҷдодони худ ва мубориза бар ҷаҳолату динзадагӣ, фанатизму радикализм истифода бурд. Чи тавре, ки устод С.С. Ятимов овардааст: “барои Даврони Эҳёи Аврупо ду омили аслӣ истифода шудааст: зиёиён бо руҳониёни миллатпараст (1) ва маводҳои аслӣ – ҷабҳаи маънавӣ – бозгашт ба илм, адабиёт ва фарҳанги ниёгон(2)”.

Тавре маълум аст, масъалаи марказии даврони Эҳёи Аврупо азнавсозӣ ва ба манфиатҳои миллӣ мувофиқ гардонидани таъинот, назария ва амалияи дин буд. Ва ин раванд ва ташаббус бо ҳаракати ходимони илмӣ, зиёиён ва равшанфикрони Аврупо бо муваффақият хотима ёфт. Муваффақиёти онро метавон дар созиши зиёиён бо руҳониён ва ғолибияти хирад бар ҷаҳолат номид. Зеро маҳз бо ибтикори ин ду қишр ин созиш ба миён омад ва тамаддуни Ғарб нисбат ба дигар тамаддунҳои олам ғолиб аст.

Давраи Эҳёи миллати тоҷик падидаи нав набуда, он таърихи тулонӣ ва давраҳои рушду таназзули хешро дорад. Тавре, ки ба мо маълум аст, ибтидои Эҳёи миллати тоҷик ба асрҳои IX –X рост меояд. Маҳз дар ҳамин давраи Эҳё саромадони адабиёти тоҷик, илм ва фарҳанг – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ, Абунасри Форобӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва даҳҳои нобиғаҳои дигари илмӯ адаби Машриқзамин ба корзори илму маърифат ворид шуданд. Онон машъалҳое ба шумор мераванд, ки дар дарозои таърих роҳи миллату давлати тоҷиконро равшан намуда, аз нобудшавӣ, таназзул ва ҷаҳолат нигоҳ доштаанд. Ё ба қавли устод Саймумин Ятимов “инҳо бунёд, хазина, сарчашма ва силоҳи бузурги маънавӣ ҳастанд барои муваффақ гаштан ба амали ҳаётан муҳим – наҷот бахшидани насли имрӯза аз доми ҷаҳолат, торикӣ, таассуб, хурофот, ифротгароӣ, терроризм ва фоҷеаи навбатии умумимиллӣ”.

Даврони навини Эҳёи миллати тоҷик давраи истиқлолият буда, бо ба корзори сиёсат ворид шудани Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Ин давраи таърихӣ, ки се даҳсоларо паси сар кард, пур аз шебу фарозҳо, бурду бохт ва инкишофу муваффақиятҳо дар роҳи сохтани давлатдории миллӣ мебошад. Устод С.С. Ятимов ин марҳилаи навинро як шонси давлатсозӣ ва давлатдорӣ номида, чунин баён намудааст: “Бо такя ба таълимоти Пешвои муаззами миллат бояд таъкид кард, ки чунин шонс (имконият, иқбол, умед) – и фавқулода ва нотакрор барои як халқ дар тӯли садсолаҳо як бор падид меояд. Ва ҳамватанони мо, ки ҳазор сол азияти бедавлатӣ ва ғуломиро кашидаанд, зарурати ҳаётӣ аст ҳама сар ба сар эҳсоси масъулияти миллатдӯстӣ ва ватанпарастӣ намоянд. Аз ҷаҳолати рӯ ба афзоиши оммавӣ худдорӣ кунанд”. 

Бо изҳори таассуф метавон қайд кард, ки имрӯз яке аз вазифаҳои асосии тамоми қишрҳои мамлакат ҳамчун давлат нигоҳ доштани Тоҷикистон мебошад. Ва зарур аст, ки маҷмӯи арзишҳо, чорабиниҳо ва ғояҳо сафарбар карда шаванд. Баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, пос доштани истиқлолияту амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, устуворӣ,  пешрафт, инкишоф ва ҳастии моро кафолат медиҳад. Барои ин мо ба созиши зиёӣ бо руҳонӣ, зиёӣ бо таълим ва ба Эҳёи маънавӣ, ба Эҳёи ғоявӣ, ба Эҳёи иқтисодӣ ва дар умум ба Эҳёи миллии сартосарӣ эҳтиёҷ дорем.

Шарифов Искандар

ходими илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ